ИМТИҲОНИ ИЛОҲӢ ЧИСТ?

Вожаи имтиҳон дар забони Араб аз боби Ифтиъол ба маънои “ибтило” ва “ихтибор” аст. Решаи ин вожа “маҳн” ба маънои озмоиш аст. Ин вожа дар ҷое ба кор меравад, ки чизе ё касеро биозмоянд.
 
 
Вақте гуфта мешавад “тило ва нуқраро озмоиш мекунанд”; яъне ба василаи оташ онро соф ва холис месозанд. Имтиҳони донишомӯз ва донишҷӯ низ аз ҳамин қабил аст.[1]

Илова бар вожаи имтиҳон, ки ба маънои озмоиш аст, вожаҳои дигаре ҳам ба ҳамин маъно омада аст:

1. Тамҳис

Гоҳе имтиҳон ва озмоишро “тамҳис” меноманд.

وَلِيُمَحِّصَ اللّهُ الَّذِينَ آمَنُواْ وَيَمْحَقَ الْكَافِرِينَ

То Худованд касонеро, ки имон овардаанд холис гардонад ва кофиронро (кам-кам) нобуд созад.[2]

Роғиби Исфаҳонӣ дар китоби худ Муфрадоти Роғиб, мегӯяд:”Маҳс дар асл ба маънои холис кардан ва аз байн бурдани айбу эрод аз як чиз аст ва мисли тазкия ва татҳир(пок кардан) мебошад”.[3]

Тамҳис низ аз “маҳс” ба маънои холис кардани чизе аз омехтагӣ ва нохолисиҳое аст, ки аз берун дохили он шуда аст. Хосияти холиссозӣ дар инсон, маълум кардани имони мӯъминон бо ҷудосозии мӯъмин аз ғайри мӯъмин, холис кардани  имон аз нохолисиҳои куфру нифоқ ва фисқу фуҷур аст. Худованд куфру нифоқ ва фисқу фуҷурро кам кам аз вуҷуди инсон мезудояд ва аз байн мебарад то ғайр аз имонаш чизи дигаре боқӣ намонад ва имонаш холис барои Худо башад.[4]

Дар натиҷа имтиҳон ва тамҳис яке ҳастанд ва он иборат аст аз шукуфоии истеъдодҳои инсонӣ.

Вақте имтиҳон барои мӯъмин пеш меояд ва боис мешавад фазоили дарунӣ ва нуҳуфтааш аз разоил ҷудо гардад ва ё вақте ин имтиҳон барои қавме ё ҷамоате пеш ояд ва мӯъминони онҳо аз мунофиқон ва бемордилон ҷудо шаванд, унвони “тамҳис” яъне “холис ва мутамоиз кардан” сидқ мекунад.[5]

2. Гирифторӣ ва бало

Ин вожа низ ба маънои имтиҳон ва озмоиш аст. Дар забони Араб  “бало, балво, балватун, балиятун, ҳама ба як маъно буда ва ҷамъи онҳо “балоё” мебошад”.[6]

Унвони “бало” як унвони куллӣ аст; яъне ҳам дар мавриди неъмат ба кор меравад ва ҳам дар неқмат (зарару зиён).

 “فَأَمَّا الْإِنسَانُ إِذَا مَا ابْتَلَاهُ رَبُّهُ فَأَكْرَمَهُ وَنَعَّمَهُ فَيَقُولُ رَبِّي أَكْرَمَنِ ﴿15﴾ وَأَمَّا إِذَا مَا ابْتَلَاهُ فَقَدَرَ عَلَيْهِ رِزْقَهُ فَيَقُولُ رَبِّي أَهَانَنِ”

Аммо ҳангоме ки Парвадигораш инсонро меозмояд ва азизаш медорад ва неъмати фаровон ба ӯ медиҳад, мегӯяд: Парвардигорам маро гиромӣ дошта аст.

Ва аммо чун вайро меозмояд ва рӯзиашро бар ӯ танг мегардонад, мегӯяд: Парвардигорам маро хор карда аст.[7]

Аз ин ояти муборака бардошт мешавад: Чунон ки инсони бемор ба беморӣ мубтало аст, инсони солим низ ба саломатӣ мубтало ва гирифтор аст ва дар олам чизе нест, ки “бало” ва “балво” набошад. Гоҳе Худои субҳон, инсонро бо саломатӣ имтиҳон мекунад то бибинад ӯ қадри ин неъматро медонад ва шукгузори вай ҳаст ва аз ин неъмат баҳрае мегирад ё не, ва ҳамчунин гоҳе инсонро бо беморӣ ва маризӣ меозмояд то мушоҳида кунад, ки ин бандаи ӯ дар муқобили балоҳо собир аст ё собир нест.[8]

3.  Фитна

Фитна дар забони Араб ба мънои дохил кардани тило ва нуқра дар оташ барои мушаххас намудани ъаёр ва хубиву бадии он аст ва ҷамъи он “фитан” мебошад.[9]

Сайиди Разӣ (рҳ) барои фитна чанд маънои гуногун нақл карда аст:

  • Гирифторӣ
  • Залолат ва гумроҳӣ; ҳамчунон, ки марди фитнакунанда ба маънои марди гумроҳ аст.
  • Озмӯн ва санҷиш; ҳамонанди озмӯдани тило ва нуқра.

Ӯ мегӯяд, ки ҳамин маъно маънои аслии фитна буда ва маъноҳи дигараш фаръӣ мебошад.[10]

Дар Қуръони карим вожаи “фитна” ба маънои имтиҳон ва озмоиш омада аст:

أَحَسِبَ النَّاسُ أَن يُتْرَكُوا أَن يَقُولُوا آمَنَّا وَهُمْ لَا يُفْتَنُونَ

Оё мардум пиндоштанд, ки то гуфтанд: имон овардем, раҳо мешаванд ва мавриди озмоиш қарор намегиранд?[11]

Аллома Таботабоӣ (рҳ) дар бораи ин ояти шарифа мефармояд:

Калимаи “фитна” ба маънои озмоиш аст.[12]

Таъбирҳои дигаре ҳам монанди “тамйиз”  дар маъно имтиҳон ба кор меравад.

Дар бар гирандаи ҳамаи ин таъбирҳо ин аст, ки саҳнаи дунё бо ҳамаи манзараҳои он василаи имтиҳони бандагони Худо аст то сидқу кизби имону нифоқ аз ҳам ҷудо шуда ва ҳуҷҷати парвардигор бар ҳамагон тамом шавад.

Аркони асосии имтиҳону озмоиш

Дар ҳар имтиҳон ва озмун ҳатто дар имтиҳоне, ки аз донишомӯзон гирифта мешавад, чаҳор асли асосӣ ва меҳварӣвуҷуд дорад, ки моҳиятқ ҳақиқати имтиҳон вобаста ба онҳо аст:

  • Имтиҳонкунанда ва озмоишгаре, ки фард ва ё гурӯҳ ва ифтимоеро мавриди имтиҳон қарор медиҳад.
  • Имтиҳоншаванда, афрод, гурӯҳҳо ва ҷомеаҳое, ки имтиҳон мешаванд.
  • Абзори имтиҳон, васила ва чизҳое, ки ба василаи он имтиҳон анҷом мешавад, ки дар ҳақиқат баҳс аз шаклу шамоили мубалифи абзори имтиҳон аст на худи имтиҳон.
  • Ангеза ва ҳадафи имтиҳон

Имтиҳонкунанда

Ҳамон тавре, ки дар зиндагии рӯзмаррамон мушоҳида мекунем, имтиҳонҳо ва озмунҳои гуногуне дар гушаву канори ин ҷаҳони паҳновар дар фаслҳои мухталифе дар ҳоли шаклгирӣ аст. Имтиҳонкунандагон инсон ва ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ, созмонҳо ва муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ғайра ҳастанд. Намунаи ошкори ин озмунҳо, озмунҳое аст, ки муаллимони муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо аз донишҷӯён ва мактаббачаҳо мегиранд. Вале дар озмунҳои Илоҳӣ, имтиҳонкунанда фақат ва фақат Худованд аст. Қуръони карим дар ин бора мефармояд:

وَلِيَبْتَلِيَ اللّهُ مَا فِي صُدُورِكُمْ وَلِيُمَحَّصَ مَا فِي قُلُوبِكُمْ وَاللّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ

Ва Худованд ончиро дар сина доред меозмояд то дилҳои шумо комилан холис гардад ва ӯ ба ҳамаи асрори даруни шумо огоҳ аст.[13]

Оятҳои зиёде дар Қуръони карим мавҷуд аст, ки далолат бар имтиҳонкунанда будани Худованди маннон дорад. Дар Қуръон бештар аз бист маврид имтиҳон ба Худованд нисбат дода шуда аст.[14]

Равшан аст, ки имтиҳони паёмбарон ва авлиёи илоҳӣ низ ба Худо бармегардад. Лозим аст имтиҳонкунанда огоҳии лозим аз мавзуи озмоиш ва ҳачунин маҳорати кофӣ дар баргузории озмун дошта бошад ва ҳадафи имтиҳонро бо абзори он бо ҳам наёмезад.

Озмоишшаванда

Инсон дар оғози ҳаёти хеш таклифе надорад, вале бо гузашти замон кам кам бо расидани ба синни балоғат мукаллаф мешавад ва дар натиҷа тарки муҳаррамот ва анҷоми воҷибот бар ӯ воҷиб ва лозим мегардад ва то охири умр бояд ба таклифи динии худ амал кунад. Бинобарин озмоишшудагон инсонҳое ҳастанд, ки аз вақти балоғат то марг мавриди озмун ва имтиҳонанд ва ҳеҷ касе аз ин қонуни илоҳи истисно нест.

Худованд мефармояд:

أَحَسِبَ النَّاسُ أَن يُتْرَكُوا أَن يَقُولُوا آمَنَّا وَهُمْ لَا يُفْتَنُونَ

Оё мардум пиндоштанд, ки то гуфтанд: имон овардем, раҳо мешаванд ва мавриди озмоиш қарор намегиранд?[15]

Ба ин тартиб инсонҳо аз паёмбарон то мардумон оддӣ, мӯъмину кофир, пиру ҷавон ва ғайра дар озмунанд. Дар имтиҳони илоҳӣ мартаба ва дараҷаи имтиҳони одамиён ҳамчунон, ки зикр кардем фарқ мекунад. Имтиҳон барои ҳама ҳаст ва ин суннати илоҳӣ ҳаргиз таътил нахоҳад шуд. Дар ин суннати илоҳӣ гоҳе так таки инсонҳо ва гоҳе як иҷтимои бузург озмоиш мешаванд. Дар Қуръони Карим имтиҳонҳое зикр шуда аст, ки баъзе аз онҳо барои афроди як ҷомеа ва баъзеи дигар низ барои худи он ҷомеа ҳастанд. Албатта ин нуктаро набояд аз ёд бибарем, ки имтиҳони як ҷомеа шомили аъзо ва афроди он ҳам мешавад.

Абзори имтиҳон

Ҳар чизе ки шоистаггии онро дошта бошад то бо он касе ё ҷомеаеро биёзмоянд метавонад абзори имтиҳон бошад. Интихоби васила ва абзори озмоиш дар ҳар асру замон бо дар назар гирифтани шакли он фарқ дорад. Худованд ҳар шфхс ва ё ҷомеаро бар асоси зарфият ва қобилияташон имтиҳон мекунад. Гоҳе мумкин аст абзори интихобшуда барои имтиҳони як шахс, сахттар аз абзори интихобшуда барои шахси дагар бошад. Ҳамчунон ки имтиҳони паёмбарон ва авлиёи илоҳи дар муқоиса бо шахсҳои оддӣ сахт ва бисёр мушкил аст.

Ангезаҳои имтиҳон

Имтиҳон як васила аст ва ҳадафи ниҳоӣ нест. Донишомӯзе, ки имтиҳон медиҳад огоҳ аст ва медонад, ки имтиҳон муқаддимаи пешрафти ӯ ва василаи расидан ба дараҷаҳои бартари илму маърифат аст. Касе, ки имтиҳонро ҳадафи аслӣ мешуморад мумкин аст муваффақ нашудан дар он, ӯро ба нокомӣ дар зиндагӣ ва дар натиҷа ба бемориҳои руҳӣ ва равонӣ бикашонад. Ба ин нукта бояд таваҷҷуҳ кард, ки имтиҳон як роҳ аст на мақсади ниҳоӣ. Вақте Худованд инсонро меозмояд, шоистагиҳо ва истеъдоду камоллоти нуҳуфта дар даруни одамиён ҳамчун ганҷи пинҳон ошкор мешавад, зеро яке аз суннатҳои илоҳӣ, суннати ҳидоят ва раҳмат аст. Ҳидояте, ки ҳам дар ҷаҳони таквинӣ ва ҳам дар ҷаҳони ташреъӣ ҷараён дорад. Ӯ барои ҳидояти бандагони худ ба самти камоли ниҳоӣ асбоберо ффароҳам намуда аст, ки яке аз онҳо имтиҳон ва озмоиш аст. Агар ин имтиҳони илоҳӣ набошад истеъдоди инсонҳо дар марҳалаи заъфи худ боқӣ мемонад ва шоистагиҳои он ошкор намешавад.

Амири мӯъминон ҳазрати Алӣ (кр) дар бораи ангеза ва ҳадафҳои имтиҳон мефармояд:

“Огоҳ бошед, ки Худованд мехоҳад аз даруни бандагонаш огоҳ шавад, ин ба он маъно нест, ки ӯ аз он чизе ки дар синаҳо пинҳон аст бехабар аст ва аз асрори онҳо огоҳ нест ва мехоҳад бо имтиҳон кардани онҳо аз асрорашон огоҳ шавад, балки мехоҳад онҳоро озмоиш кунад то кадом яке аз онҳо аъмоли нек ва писандида анҷом медиҳад. Бо ин кори ҳакимона подоши нек ба некукор ва мукофоти бад ба бадкор мерасад.[16]

Фарқи имтиҳони Худованд бо имтиҳони башарӣ

Дар матолиб гузашта зикр кардем, ки имтиҳонкунандаи инсону ҷомеаи инсонӣ, Худованд аст.

Савол: Ҳадаф аз имтиҳон чист?

Ҷавоб: Ҳадаф аз имтиҳон кашфи воқеият аст ва имтиҳонкунанда мехоҳад бо ин имтиҳон воқеияте, ки барояш маҷҳул аст ва маълум нест, маълум шавад.

Оё ин сухан дар бораи Худованд раво аст?

Дар ҷавоби ин савол бояд гуфт: Озмоише, ки ба инсон нисбат дода мешавад бо озмоише, ки ба Худованд нисбат дода мешавад мутафовит аст ва фарқ дорад зеро ҳадафи инсон аз озмоиш аз байн бурдани нодонӣ дар бораи мавзуъе аст, ки қарор аст аз он имтиҳон гирифта шаваад. Аммо дар мавриди Худованд ин гуна нест, зеро ӯ олими мутлақ аст ва бар ҳама чиз огоҳ аст. Худо аз худи инсон ба ӯ наздиктар аст. Ҳеҷ андеша, амал ва тасвире вуҷуд надорад, магар ин ки дар илми парвардигор мавҷуд аст.

Ҳазрати Алӣ (кр) мефармоянд:

عالِما بها قَبْلَ اِبْتدائها، مُحیطَا بِحدُودِها وَ انْتِهائِها، عارِفا بِقَرائِنها وَ احنائِها.

Худованд пеш аз ин ки инсонро халқ кунад, ба он огоҳ буд ва ба оғозу анҷоми он олим буд ва печу хами ҳар кореро медонист.[17]

Бино бар ривоятҳои фаровоне, ки  дар ин бора ворид шуда аст,  мушаххас аст, ки имтиҳони илоҳӣ ба ангезаи кашфи маҷҳул нест, балки  дар ҳақиқат ҳадафи озмоиши Худованд ба худи махлуқоташ бар мегардад ва саранҷом самараҳои он ба худи инсон мерасад. Дар ҳақиқат инсон аз имтиҳони илоҳӣ ба моҳияти худ пай мебарад ва худашро беш аз пеш мешиносад.

Натиҷа ва паёмади имтиҳони илоҳӣ

  • Парвариш ва ба кор гирифтани истеъдодҳо
  • Огоҳии инсон аз заъфу қуввати хеш дар масири ҳаракат ба сӯи камолот
  • Итмоми ҳуҷҷати парвардиго бар инсон ва гирифтани узр ва баҳонаҳои одамӣ дар ҷаҳони охират
  • Тамйиз ва ҷудосозии афроди хуб ва бад дар дунё

Ҳазрати Алӣ (кр) мефармояд:

Худованд инсонҳоро бо корҳое, ки огоҳӣ надоранд имтиҳон мекунад то хубу бади онҳо мушаххас шавад ва такаббуру  худписандиро аз онҳо дур созад то худашонро аз дигарон бартар надонанд.[18]

Гурезнопазирӣ аз имтиҳони илоҳӣ

Озмоиш суннати қатъӣ ва доимии парвардигор аст ва то рӯзе, ки инсон иродаву ихтиёр дорад, идома хоҳад дошт. Ин суннат аз ҳеҷ кас чашмпӯшӣ намекунад.

Ҳазрати Алӣ (кр) барои касоне, ки гумон мекунанд ҳаргиз имтиҳон намешаванд, ёдоварӣ мекунад, ки ҳеҷ вақт набояд аз Худованд хост, ки инсонро имтиҳон накунад зеро ҷаҳони офариниш, низоми имтиҳону озмун аст ва ин дархост бар хилофи суннатҳои илоҳӣ аст ва ҳаргиз таътил намешавад. Балки бояд аз Худованд бихоҳем, ки инсонро бо озмунҳои сахт гирифтор накунад.

Касе аз шумо набояд бигӯяд, ки Худовандо! Паноҳ мебарам ба ту аз озмоишу имтиҳон, зеро ҳеҷ касе нест, ки ба гунае ба озмоиши илоҳӣ гирифтор набошад. Вале агар касе бихоҳад ба Худо паноҳ бибарад, аз ӯ бихоҳад, ки аз озмоишҳои гумроҳкунанда ӯро паноҳ диҳад.[19]

Бинобар ин ҳамаи инсонҳо ҳатман мавриди озмоиши илоҳӣ қарор мегиранд ва ояти дуюми сураи Анкабут низ баёнкунандаи ҳамин маъно аст.

Фоидаи имтиҳони илоҳӣ

Имтиҳон ва озмоиш монанди кори боғбоне аст, ки донаеро бо гузарондани ҳодисаҳои гуногуни табиат мисли: борону туфон ба мақсади худ, ки ҳамон шукуфоӣ ва ошкор шудани истеъдодҳои он аст, мерасонад. Бинобар ин таваҷҷуҳ ба ин ҳақиқат, ки бозгашти ҳама ба сӯи Худо аст ва дунё сарои ҷовид нест, балки маҳалли имтиҳони бандагон аст асар ва самараҳои тарбиятӣ ва ахлоқии зиёдеро ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Аз сӯи дигар фаҳмидани ин асли мусаллами қуръонӣ, ки ҳар кори хуб ва ё бад ба худи  инсон ба унвони мабдаъи фоилӣ бар мегардад чуноне ки Худованд фармуда аст:

إِنْ أَحْسَنتُمْ أَحْسَنتُمْ لِأَنفُسِكُمْ وَإِنْ أَسَأْتُمْ فَلَهَا

Агар некӣ кунед, ба худатон мекунед ва агар бадӣ мекунед, боз ҳам ба худатон мекунед.[20]

Бинобарин инсон дар гарави амалкардҳои хеш аст ва дар низоми иллӣ ва маълулӣ, ҳеҷ кирдору амалкарде бе посух намемонад, ангезаҳои фаровоне барои одамӣ эҷод мекунад то муроқиби аъмол, андешаҳо ва ҳатто ниятҳои хеш бошад.  Донишомӯзе, ки ҳамеша имтиҳон мешавад медонад, ки ҳамаи донистаниҳое, ки ёд гирифта аст ва ё аз онҳо ғафлат карда аст ба нафъ ё зарари ӯ ба кор гирифта хоҳад шуд. Ба ҳамин далел барои ба даст овардани пирӯзӣ ва муваффақият дар имтиҳон, аз ҳамаи фурсатҳо  ва имкониятҳои моддӣ ва маънавӣ барои сарфарозӣ истифода хоҳад кард. Дар имтиҳони илоҳӣ низ агар одамӣ бидонад, ки ҳамеша дар ҳоли имтиҳону озмун аст, барои ислоҳи робитаи худ бо холиқу ҳамнавъон ва муҳити хеш талош хоҳад кард. Таваҷҷуҳ ба ин нукта ва ё бетаваҷҷуҳӣ ба он раҳовардҳои гуворо ва ногуворе ба дунбол хоҳад дошт.

Қуръони карим бо оҳанги ҳушдордиҳандае инсонро ба ин нукта мутаваҷҷеҳ месозад то аз хоби ғафлат бедор шавад ва ба ҳаққ таваҷҷуҳ кунад:

وَنَبْلُوكُم بِالشَّرِّ وَالْخَيْرِ

Ва мо шуморо бо бадию хубӣ меозмоем.[21]

Сайидолими Сироҷ

Ёсин

 

 



[1] Алмунҷиду филлуғат, саҳ 749

[2] Оли Имрон, ояи 141

[3] Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, саҳ 761

[4] Алмизон, тарчумаи Мусавии Ҳамадонӣ, ҷ 4, саҳ 43

[5] Ҳамон, саҳ 55

[6] Садрулмутаалиҳини Шерозӣ, шарҳи Усули Кофӣ, Теҳрон, нашри китобхонаи маҳмудӣ, саҳ 99

[7] Фаҷр, ояи 15 ва 16

[8] Ҷаводии Омулӣ, тафсири Тасним, Эрон, нашри Исро, 1381ҳ, чопи аввал, ҷ 4, саҳ 360

[9] Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, саҳ 623

[10] Шарҳи Наҳҷулбалоғаи ибни Абилҳадид, тарҷумаи Маҳмуди Маҳдавии Домғонӣ,Теҳрон, нашри Най, 1379, ҷ7, саҳ 307

[11] Анкубут, ояи 2

[12] Алмизон, тарҷумаи Мусавии Ҳамадонӣ, ҷ 16. Саҳ 147

[13] Оли Имрон, ояи 154

[14] Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, Теҳрон, нашри Дорулкитобилисломия, 1364, ҷ 1, саҳ 526

[15] Анкубут, ояи 2

[16] Наҳҷулбалоға, тарҷумаи Муҳаммади даштӣ, хутбаи 144, саҳ 265

[17] Наҳҷулбалоға, хутбаи аввал

[18] Наҳҷулбалоға, тарҷумаи Муҳаммади Даштӣ, хутбаи 192, саҳ 380

[19] Наҳҷулбалоға, тарҷумаи Абдулҳамиди Оятӣ, нашри бунёди наҳҷулбалоға, 1376, ҷ 2, ҳикмати 90, саҳ 379

[20] Исро, ояи 7

[21] Анбиё, ояи 35

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...