МУСО (а) АЗ ХУДО ЧӢ ДАРХОСТ КАРД?

Қуръони карим дар сураи шарифаи Тоҳо, дар мавриди Мусо фарзанди Умрон(а) матлаберо матраҳ мекунад, ки агар ба он таваҷҷӯҳ намоем, дар зоҳир чизи дигар ва дар ботин чизи дигаре аст.

 

Мусо (а) ба роҳ афтод то ба Миср баргардад. Дар нимароҳ ҳамсараш, ки ҳомила буд, дарди зоймон мегирад ва ӯ ба дунболи оташ меравад то дар ин сармо худаш ва ҳамсарашро бо он гарм нигаҳ дорад. Дар водии муқаддас бо ваҳйи илоҳӣ рӯ дар рӯ мешавад. Ин аввалин бор аст, ки ба он ҳазрат ваҳй мешавад ва баъд маъмурияти расондани паёми Худованд ба Фиръавну фиръавниён ба он ҳазрат иблоғ мешавад то ба онҳо бирасонад. Ҳазрати Мусо (а) ба мартабае расида аст, ки ноиби нубувват аст. Пас як одами оддӣ нест, ки чунин сухану паёме ба он супурда шуда бошад. Вақте ки ба ӯ мегӯянд: бирав ва паёми Худоро ба Фиръавну фиръавниҳо бирасон, эҳсос мекунад бори сангин ва рисолати бениҳоят мушкилеро бар души ӯ ниҳодаанд. Бинобарин аз Худованд чанд чизро тақозо ва масалат мекунад, ки иборатанд аз:

» ربّ اشرح لی صدری «.

Парвардигоро! Ба ман шарҳи садр бидеҳ.

“Шарҳи садр “ ба ин маъно аст, ки зарфияти рӯҳии бисёр густарда ва таҳаммули бениҳоят зиёд бо он ҳазрат диҳад.

Мусо (а) фармуд: Худоё! Зарфияти рӯҳии маро густариш деҳ

» و یسر لی امری «.

Кори маро бар ман осон гардон.

Пас маълум мешавад, ки ҳазрат ин эҳсосро дошта аст, ки кори бениҳоят сангине бар уҳдаи  ӯ гузошта шуда аст, ин гуна аз Худованд дархости кӯмак ва ёрӣ менамояд.

» و احلل عقدةً من لسانی «.

Гиреҳеро (ё гиреҳро) аз забони ман боз кун.

Баъзе аз мардумон ба ин ақидаанд ва фикр мекунанд, ки мақсуд аз ин ояи шарифа, ки аз забони ҳазрати Мусо (а) баён шуда аст, ин аст, ки ҳазрат забонаш каме мегирифта аст ва масалан ҳарфи “ с “-ро наметавониста аст хуб талаффуз кунад. Ва ҳамчунин фикр мекунанд, ки ҳазрати Мусо (а) вақте кӯдак буд ва Фиръавн мехост ӯро имтиҳон кунад, оташи сурхшударо дар даҳони он ҳазрат ниҳод ба ҳамин хотир забонаш аз он ба баъд дучори ин мушкил шуда аст ва лукнат дорад.

Вале ин суханон беҳуда аст ва ҳақиқат надорад чаро ки манзури ҳазрат аз “гиреҳро аз забони ман боз кун” дар зоҳир ҳамон аст, ки  Қуръони карим борҳо ва борҳо онро такрор намуда ва ба он таъкид карда аст ва он ин аст, ки Паёмари акрам (с) бояд таблиғаш таблиғи ошкор ва паёмрасонданаш бояд равшан, ошкор ва ошкоркунанда ва роҳнамоёна бошад чун баъ аз ин мефармояд:

» یفقهوا قولی «.

Сухани манро дарк кунанд.

Мақсуди ҳазрат аз ин дуо ин аст, ки Худовандо! Зарфияти рӯҳии манро бештар кун то битавонам паёми шуморо ба мардум бо беҳтарин равиши мумкин бирасонам ва ба онҳо бифаҳмонам. Фаҳмидани мардум ба ин маъност, ки матлаб бар онҳо равшану возеҳ шавад ва хуб он матлабро дарк кунанд.

» واجعل لی وزیراً من اهلی. هارون اخی. اُشدُد به ازری. و اشرکه فی امری. کی نسبّحک کثیراً. و تذکُرَکَ کثیراً «.[1]

Парвардигоро! Ин бор барои ман хеле сангин аст. Барои ман кӯмак бифирист. Инсонеро, ки худаш пешниҳод мекунад, бародараш Ҳорун аст. Парвардигоро! Бародарам, Ҳорунро вазир ва муовини ман қарор деҳ то ба ман кӯмак кунад ва ӯро дар ин амри таблиғ бо ман шарику ҳамроҳ бигардон.

Чаро? Ба хотири ин ки дарсади пирӯзӣ ва муваффақияти он ҳазрат дар ин амри муқаддас бештар бошад на инки –нуъузубиллоҳ- бихоҳад аз ин кор сарпечӣ намояд ва монеъи муҳаққақ шудани амри илоҳӣ шавад. Балки:

» کی نسبّحک کثیراً. و تذکُرَکَ کثیراً «.

Хитоби Қуръон ба Расули акрам (с)

Қуръони карим хитоб ба Расули Худо (с) дар ҷои дигаре (албатта ин бор Худованд ба унвони баён на ба сурати суол[2]) як кори анҷомшударо дар сураи “Алам нашраҳ”, зикр намуда ва мефармояд:

» الم نشرح لک صدرک «.

Оё мо ба ту шарҳи садр надодем?

Ҳазрати Мусо (а) аз Худованд тақозои шарҳи садр мекунад вале ин амр дар мавриди Расули Худо (с), ба наҳви як амри додашуда баён шуда аст.

Қуръон мефармояд: Мо ба ту шарҳи садр надодем?

Зарфияти рӯҳии фаровон ба ту надодем?

Яъне зарфияти бениҳоят шарти ин кор аст, ки мо онро ба ту додаем.

» و وضعنا عنک وزرک «.

Ин бори сангинро аз души ту ниҳодем.

Мусо (а) аз Худованд тақозо намуда ва мефармояд:

» و یسّرلی امری «.

Ин бори сангинро барои ман осону сабук кун.

Аммо дар инҷо Қуръони карим ба Паёмбари акрам (с) мефармояд:

Мо ин бори сангинро аз души ту бардоштем.

» الّذی امقض ظهرک «.

Қуръони маҷид хитоб ба Хотам-ул-анбиё (с) мефармояд: ин бори сангин ончунон сангин буд, ки камаратро мешикаст вале мо ин борро аз души ту бардоштем ва осон намудем. Ин сухани каме нест. Боре, ки ҷуз бори даъват ва таблиғ ва рӯ дар рӯ шудан бо мушкилот ва мардум чизи дигаре нест. Мардуме, ки қасди ҳидоят ва роҳнамоӣ ва кашондан ба сӯи парвардигорро доранд. Ин қадар ин бор сангин аст, ки Қуръон таъбири -дошт пушти туро мешикаст- ро ба кор бурда аст.

“ Анқаза” дар зоҳир маънояш ин аст, ки агар мо сақфи чубиеро дар назар бигирем ва бори бисёр сангине рӯйи он бошад, ки ин чубҳо садояшон ба гӯш бирасад ба истилоҳи маъруф, ҷарақ-ҷарақ кунанд, мегӯянд: “Анқаза” ё “Нақаза”[3] ва ё мисли ин таъбир.

Вақте Қуръон мехоҳад шиддати сангинии борро гӯшзад кунад, мегӯяд: ин бор ончунон сангин буд, ки садои муҳраҳои пушти ту дошт шунида мешуд.

» انقض ظهرک «.

Ва дар идома мефармояд:

» و رفعنا لک ذکرک «.

Мо номи туро дар ҳама ҷо баланд кардем.

Сайидолими СИРОҶ

Ёсин



[1] Сураи шарифаи Тоҳо, ояи 25-34

[2] Ба маънои дархост

[3] «انقض» یا «نقض»

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.