ҲИКМАТ Ё ҲУКУМАТ

Худованди ҳаким, ҳукуматро ҳам ба инсонҳои солеҳ ва шоиста насиб мегардонад ва ҳам ба исонҳои ғайри солеҳ, ки шоистагии онро надошта бошанд. Аммо ҳикматро фақат ва фақат дар ихтиёри инсонҳои солеҳ ва шоиста қарор дода ва насиби онҳо мегардонад.

Ҳикмат ҳамеша сабаби муваффақият аст

     Шавоҳиди таърихӣ ҳикоят аз он доранд, ки ҳар ҳукумате, ки дар замони худ арзишҳои инсониро меъёри амал қарор дода ва истифода кардааст, на танҳо мавриди ҳимояту қабули мардуми худ қарор гирифтааст, балки дар саҳифаҳои таърих ҳам номашро ба некӣ сабт кардааст.

     Албатта набояд фаромӯш кард, ки дар ҳар замоне арзишҳои инсонӣ бар асоси шароити замонӣ ва маконӣ шояд тафовутҳое дошта бошанд, аммо усули аслӣ ҳамеша собит будааст. Барои мисол асли адолат, озодӣ, баробарӣ ва ғайра ҳамеша боқӣ будаанд, вале шояд дар шаклу андозаи онҳо тафовутҳое вуҷуд доштааст ва васоили барқарории ин аслҳо низ дар ҳар замон мутобиқ бо огоҳиҳову шинохтҳои мардуми он замон тағйири шакл додаст.

     Дар бештари маворид ҳамон ҳукуматҳое муваффақ будаанд, ки раҳбаронашон дорои вазирон ё мушовирони хирадманд будаанд. Ё инки робитаи наздике байни донишмандону раҳбарияти он барқарор будааст. Аммо вижагиҳои тамоми ҳукуматҳои худкомаву ғайри мақбули таърих ҳам тақрибан муштараканд. Барои мисол хушгузаронӣ, инҳисори иқтисод ва сарват дар дасти як гурӯҳ, худбузургбинӣ ва адами машварат бо дигарон, саркуби рақибону мухолифон ва аз ҳама вижагии муҳим ин иҳотаи ҳоким аз тарафи гурӯҳи чоплусон ва эҷод кардани як девори маснуӣ байни ҳоким ва мардум бо роҳҳои мухталиф барои истифода аз имконоту шароити ҳукумат  мебошад. Дар аксари маворид кудатоҳо ва ё хиёнатҳо низ ба ҳокимон аз тарафи ҳамин гурӯҳҳо сурат гирфтааст.

Намунаи афроде, ки то ҳоло дорои ҳукумат будаанд

Худованд ҳукумат ва салтанати Мисро ҳам ба беҳтарин бандаи шоистааш, ҳазарати Юсуф (а) иноят кард:

» قَالَ اجْعَلْنِي عَلَى خَزَآئِنِ الأَرْضِ إِنِّي حَفِيظٌ عَلِيمٌ»

(Юсуф (а)) Гуфт: маро маъмури хазинаҳои ин сарзамин кун, ки ман нигаҳбони доно ҳастам.[1]

ва ҳам ба бадтарин бандаи саркашаш, Фиръавн, ки дар баробари холиқи хеш туғён намуда ва Ӯро ба мубориза даъват намуда аст.

» قَالَ يَا قَوْمِ أَلَيْسَ لِي مُلْكُ مِصْرَ»

(Фиръавн) … Гуфт: эй мардуми (кишвари) ман, оё подшоҳии Миср моли ман нест?[2]

Ҳамчунин ҳукумату салтанати хешро ҳам ба Сулаймон (а) марҳамат мекунад.

» قَالَ رَبِّ اغْفِرْ لِي وَهَبْ لِي مُلْكًا لَّا يَنبَغِي لِأَحَدٍ مِّنْ بَعْدِي إِنَّكَ أَنتَ الْوَهَّابُ «

(ҳазрати Сулаймон) Гуфт: парвардигоро! Маро бибахш ва ба ман подшоҳие бидеҳ, ки ҳеҷ касро пас аз ман сазовор набошад чаро ки дар ҳақиқат ин Ту ҳастӣ, ки бисёр бахшандаӣ.[3]

Ҳамчунин дар ояи дигаре дар бораи ҳукумати ҳазрати Сулаймон (а) мефармояд:

» وَاتَّبَعُواْ مَا تَتْلُواْ الشَّيَاطِينُ عَلَى مُلْكِ سُلَيْمَانَ وَمَا كَفَرَ سُلَيْمَانُ وَلَكِنَّ الشَّيْاطِينَ كَفَرُواْ «

Ва он чиро, ки шайтон (сифат)-ҳо дар подшоҳии Сулаймон (а) хонда (ва дарс гирифта) буданд, пайравӣ карданд ва Сулаймон (а) куфр наварзид вале он шайтон (сифат)-ҳо ба куфр рӯ оварданд.[4]

Ва ҳам ба касе, ки аз фармони Худованд сарпечӣ намуда ва Ӯро итоат намекунад, салтанату ҳукумат медиҳад.

» أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِي حَآجَّ إِبْرَاهِيمَ فِي رِبِّهِ أَنْ آتَاهُ اللّهُ الْمُلْكَ «

Оё аз (ҳолу рӯзи) он касе, ки чун Худо ба ӯ подшоҳӣ дода буд (ва ба он менозид ва) ва дар бораи парвардигори худ бо Иброҳим (а) муҳоҷҷа (ме) кард, хабар наёфтӣ? [5]

Қуръони карим мефармояд:

Мо ба Довуд (а), ки Ҷолутро ба қатл расонид, ҳам ҳукумат ва ҳам ҳикмат ато кардем.

» فَهَزَمُوهُم بِإِذْنِ اللّهِ وَقَتَلَ دَاوُودُ جَالُوتَ وَآتَاهُ اللّهُ الْمُلْكَ وَالْحِكْمَةَ وَعَلَّمَهُ مِمَّا يَشَاءُ «

Пас ононро ба изну иродаи Худо шикаст доданд ва Довуд (а) Ҷолутро кушт ва Худованд ба ӯ подшоҳӣ ва ҳикмат арзонӣ дошт ва аз ончи мехост, ба ӯ омухт.[6]

Ҳамчунин Худованд дар ояи дигаре аз Қуръони карим, ба атои ҳикмату ҳукумат ба оли Иброҳим (а) ишора намуда ва мефармояд:

» فَقَدْ آتَيْنَآ آلَ إِبْرَاهِيمَ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَآتَيْنَاهُم مُّلْكًا عَظِيمًا «

Дар ҳақиқат мо ба Иброҳим (а) китоб ва ҳикмат ато кардем ва ба онон подшоҳии бузурге бахшидем.[7]

Роҳи расидан ба ҳикмат

Худованди ҳаким вақте ҳакимонро ба дигарон муаррифӣ мекунад, ин ба ин маъно аст, ки ҳама метавонанд ба ин мартаба бирасанд ва аз ҳикмати худовандӣ баҳраманд гарданд. Пас агар Худованд чизеро ба мо бандагонаш нишон медиҳад, ҳатман роҳи расидан ба онро низ ба мо мешиносонад.

Худованд дар сураи Исро, бисту панҷ дастури эътиқодӣ ва илмиву ахлоқиро зикр менамояд ва дар поён ба Расули Худо (с) мефармояд: тамоми инҳо ҳикмат ҳастанд, ки Худованд бар ту ваҳй намуда ва фиристода аст. Ҳамчунин ба ҳазрати Паёмбар (с) мутазаккир мешавад, ки ин дастуроти эътиқодӣ ва амаливу ахлоқӣ, “ҳикмати амалӣ ва назарӣ” ном доранд.

Худованд дар ин ҳаждаҳ ояи нуронии хеш ин 25 дастурро ном бурда ва аз онҳо ба унвони ҳикмат ёд мекунад, ки иборатанд аз:

  1. Ширк наварзидан

“لاَّ تَجْعَل مَعَ اللّهِ إِلَهًا آخَرَ”

  1. Фақат ва танҳо Худоро парастидан 

“وَقَضَى رَبُّكَ أَلاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ إِيَّاهُ”

  1. Эҳсон ба волидайн[8] 

“وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا”

  1. Ҳатто “уф”[9] ҳам ба волидайн нагӯед

“فَلاَ تَقُل لَّهُمَآ أُفٍّ”

5. Бар онҳо фарёд назан

“وَلاَ تَنْهَرْهُمَا”

6. Сухани каримона бо онҳо гуфтан

“وَقُل لَّهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا”

7. Тавозуъ ва фурӯтанӣ дар баробари волидайн  

“وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ”

8. Дуо барои онҳо

“وَقُل رَّبِّ ارْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرًا”

9. 10. 11. Адо кардани ҳаққи хешовандону наздикон ва ҳаққи мискин ва ҳаққи касе, ки дар роҳ монда аст

“وَآتِ ذَا الْقُرْبَى حَقَّهُ وَالْمِسْكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ”

12. Адами табзир

“وَلاَ تُبَذِّرْ تَبْذِيرًا”

13. Бо нармӣ сухан гуфтан бо волидайн

“فَقُل لَّهُمْ قَوْلًا مَّيْسُورًا”

14. ва 15. Дар инфоқ ифрот ва тафрит нанамудан ва миёнаравиро пеша кардан                             

“وَلاَ تَجْعَلْ يَدَكَ مَغْلُولَةً إِلَى عُنُقِكَ وَلاَ تَبْسُطْهَا كُلَّ الْبَسْطِ فَتَقْعُدَ مَلُومًا مَّحْسُورًا”

16.  Накуштани фарзандон

“وَلاَ تَقْتُلُواْ أَوْلادَكُمْ خَشْيَةَ إِمْلاقٍ”

17. Наздик нашудан ба зино 

“وَلاَ تَقْرَبُواْ الزِّنَى إِنَّهُ كَانَ فَاحِشَةً وَسَاء سَبِيلًا”

18. Накуштани инсон

“وَلاَ تَقْتُلُواْ النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللّهُ إِلاَّ بِالحَقِّ”

19. Дар қатл исроф накардан (дар вақти қасос намудан)

“فَلاَ يُسْرِف فِّي الْقَتْلِ إِنَّهُ كَانَ مَنْصُورًا”

20. Ба моли ятим наздик нашудан

“وَلاَ تَقْرَبُواْ مَالَ الْيَتِيمِ”

21. Вафо намудан ба аҳде, ки баста аст

“وَأَوْفُواْ بِالْعَهْدِ إِنَّ الْعَهْدَ كَانَ مَسْؤُولًا”

22. Паймонаро тамому камол пур кардан (дар вақти фурӯш)

“وَأَوْفُوا الْكَيْلَ إِذا كِلْتُمْ”

23. Ҷинсҳоро бо адолат вазн намудан

“وَزِنُواْ بِالقِسْطَاسِ الْمُسْتَقِيمِ ذَلِكَ خَيْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِيلًا”

24. Аз чизе ки намедонад, пайравӣ нанамудан

“وَلاَ تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ”

25. Бо ғуруру такаббур роҳ нарафтан

“وَلاَ تَمْشِ فِي الأَرْضِ مَرَحًا إِنَّكَ لَن تَخْرِقَ الأَرْضَ وَلَن تَبْلُغَ الْجِبَالَ طُولًا”

Ва дар (рӯи) замин бо кибру ғурур қадам бармадор чаро ки ҳаргиз заминро наметавонӣ шикоф кунӣ ва (агар ба сарбаландӣ бошад,) ба баландии кӯҳҳо (и сар ба фалак кашида) наметавонӣ бирасӣ.

То инҷо Худованд 25 ҳикматро барои Расули Худо (с) гӯшзад мекунад ва мешуморад ва дар ояи 38 хилофи ин дастуроти фармудаашро нописанд шуморида ва мефармояд:

“كُلُّ ذَلِكَ كَانَ سَيٍّئُهُ عِنْدَ رَبِّكَ مَكْرُوهًا”

Ҳамаи ин (корҳо) бадаш дар назди парвардигори ту нописанд аст.

Баъд аз шуморидани ин дастурот, ба Расули акрам (с) мефармояд:

“ذَلِكَ مِمَّا أَوْحَى إِلَيْكَ رَبُّكَ مِنَ الْحِكْمَةِ وَلاَ تَجْعَلْ مَعَ اللّهِ إِلَهًا آخَرَ فَتُلْقَى فِي جَهَنَّمَ مَلُومًا مَّدْحُورًا”

Ин (суфоришҳо ва дастурот) аз ҳикматҳое ҳастанд, ки парвардигорат ба ту фиристода аст ва бо (ҳамроҳи) Худои ягона, маъбуди дигаре қарор мадеҳ вагарна ҳасратзада ва таркшуда дар ҷаҳаннам афканда хоҳӣ шуд.[10]

 

Аз онҷо, ки суннати Расули акрам (с) равшангари роҳу равиши илоҳӣ ва роҳнамои роҳиёни нуру маърифат мебошад, ҳамчунин 25 роҳи ҳаким шудан низ аз он бузургавор нақл шуда аст.

Расули Худо (с) мефармояд:

» ما اخلص عبدالله اربعین صباحاً الّا جرت ینابیع الحکمة من قلبه علی لسانه «

Сайидолими СИРОҶ

Ёсин



[1] Сураи Юсуф, ояи 55

[2] Сураи Зухруф, ояи 51

[3] Сураи Сод, ояи 3

[4] Сураи Бақара, ояи 102

[5] Сураи Бақара, ояи 258

[6] Сураи Бақара, ояи 251

[7] Сураи Нисо, ояи 54

[8] Падару модар

[9] Ҳарчанд ин амал дар зоҳир кӯчак бошад вале Худованд анҷоми онро дар муқобили падару модар мазмум медонад

[10] Сураи Исро, ояи 22 то 39

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...