ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст, ки инсонро барои ворид шудан ба моҳи мубораки Рамазон омода мекунад, то битавонад дар ин моҳи пурфазилату тақдирсоз бо тамоми тавони моддӣ ва маънавӣ ба ибодат ва розу ниёз бо Худои хеш бипардозад.

Ҳоло моҳи Раҷаб, яке аз моҳҳои бофазилат ва худсозию худбовариро сипарӣ карда, ба моҳи Шаъбон ворид мегардем. Умед аст, қадаме дар ин роҳ бардошта бошем ва дар моҳи Шаъбон онро ба камоли мумкинаш расонида, дар моҳи Рамазон пазирои раҳмату неъмат ва ғуфрони илоҳӣ бошем.

Чуноне медонем, баъзе аз дақиқаҳо, мисли ҳулули моҳи Рамазон, баъзе аз рӯзҳо, мисли Рӯзи Ҷумъа, баъзе аз шабҳо, мисли шаби Қадр ва баъзе аз моҳҳо, мисли моҳи Рамазон, дорои баракоту фазилатҳоеанд, ки дар оятҳои шарифа ва ривоятҳое дар бораи аъмолу рафтор ва адъияи он замонҳо таъкидоти зиёд шудааст. Моҳи Шаъбон ҳам аз ҷумлаи замонҳоест, ки дар шариати муҳаммадӣ ва сираву суннати набавӣ дар он аъмолу адъия ва фазилатҳои зиёде ворид гаштааст. Дар ривоятҳо омадааст, Расули Худо(с) дар ин моҳ ба ибодатҳои худ меафзуд ва амалҳои хосеро дар радифи ибодатҳои худ меғунҷонид, аз ҷумла чизҳое, ки аз он Ҳазрат (с) дар ин моҳ ворид шудааст, хутбаи маъруфи Шаъбония мебошад, ки бештар омодагӣ барои вуруд ба моҳи Рамазонро таъкид мекунанд. Аъмоле, ки бояд дар он моҳ анҷом гирад.

Дар яке аз қисматҳои хутбаи Расули Худо (с) дар бораи моҳи Шаъбон омадааст: “…Шаъбон моҳи шариф аст ва он моҳи ман аст. Ҳомилони Арш(малоика) онро бузург мешуморанд ва ҳаққи онро мешиносанд. Он моҳест, ки дар он ҳамчун моҳи Рамазон рӯзии бандагон зиёд мегардад ва дар он Биҳишт зебосозӣ мешавад, ин моҳро Шаъбон номидаанд. Зеро дар он арзоқи мӯъминон тақсим мегардад ва амал дар он чанд баробар афзоиш меёбад, корҳои нек ҳафтод баробар самара медиҳанд”.

Бар асоси гуфтаҳои он хутба ва дигар аҳодиси шариф, аз Расули Акрам(с) омадааст, моҳи Шаъбон чанд хусусияти хосе дорад, ки метавон ба ин тартиб баён кард.

Нимаи Шаъбон шаби розу ниёз, шаби Барот

Аз Расули Худо(с) ривоят шудааст, ки фармуд: Шабе дар нимаи Шаъбон хобида будам, Ҷабраил омаду гуфт: Эй Расули Худо, оё дар ин шаб мехобӣ?

Пурсидам, магар ин чӣ шабест?

Гуфт: шаби нимаи Шаъбон. Эй Муҳаммад, бархез…. ва он гоҳ манро ба тарафи Бақеъ (қабристони Мадина) бурду гуфт: Саратро баланд ва ба осмон назар кун. Ин шабест, ки дар он дарҳои осмон ва дари раҳмати илоҳӣ ва ризоияти Ӯ кушода мешавад… . Эй Муҳаммад, ҳар кас ин шабро то субҳ ба такбиру тасбеҳ ва таҳлилу дуъо, намозу тиловати Қуръон ва корҳои мустаҳаб бигузаронад, Биҳишт манзилу оромишгоҳи ӯ хоҳад буд.

Шаъбон — моҳи расули Худо (с)

Аз набии мукаррами Ислом(с) ривоят аст, ки ҳангоми ҳулули моҳи Шаъбон фармуд: Шаъбон моҳи ман аст. Худованд раҳмат кунад он касеро, ки манро дар моҳам ёрӣ расонад.

Худои мутаъол дар Қуръони карим мефармояд: “Эй Расул, бигӯ аз шумо (умматам) ҳеҷ аҷре барои он (рисолатам) намехоҳам, магар некӣ ва маваддати аҳли байтро.”

Дар ояти дигар ҳам: Ҳақиқатан Худо ва малоикаи Ӯ бар Паёмбар дуруд мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар ӯ дуруду саломи хос бифиристед.

Пас яке аз амалҳои хос ва боаҳамияте, ки дар ин моҳ метавонад моро ҳам аз файзу баракоташ баҳраманд намояд ва анҷоми фармони илоҳӣ будаву мисдоқи ёрии Паёмбари акрам (с) бошад, гуфтани салому салавот барои он ҳазрат дар канори амалҳои фарзӣ ва мустаҳабии ин моҳ мебошад.

•Зикри истиғфор, ҳар рӯз ҳафтод бор

•Додани садақа: Бар асоси ривоёт садақоте, ки дар ин моҳ анҷом мешаванд, то рӯзи қиёмат афзуда мешаванд ва дар он рӯз ба ёрии соҳибашон меоянд.

• Рӯза гирифтан: Бар асоси ривоёт рӯзаи ин моҳ ҳафтод баробар ва савобаш Биҳишт аст.

• Зикри тавҳид ва ихлос, ҳазор бор дар давоми ин моҳ

•Ду ракаат намоз дар рӯзҳои панҷшанбеи ин моҳ: ду ракаат намоз, дар ҳар ракааташ баъд аз сураи “Ҳамд”, сад бор сураи “Тавҳид” хондан ва дар поёни намоз баъд аз салом, сад бор салавот гуфтан.

•Салавот бар Расули раҳмат ҳазрати Муҳаммад(с)

Дар поён, аз тамоми онҳое, ки дар ин шабу рӯзҳо ва моҳҳои мубораку бофазилат, тавфиқи ибодат ва розу ниёз бо Худои худро ёфтаанд ва меёбанд, хоҳиши онро дорем, ки дар дуъои некатон саломатии падарону модаронро аз даргоҳи илоҳӣ илтиҷо намоед ва барои нигорандаи ин сутур ҳам орзуи тавфиқоти рӯзафзун намоед.

 

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...