Ҳадафи беъсат ва рисолати Пайғамбар (с)

Ҳадафи рисолати Пайғамбар (с) ҳидояти башарият аст. Он Ҳазрат (с) хона ба хона ва шаҳр ба шаҳр ба дунболи инсонҳое мегашт, ки дар гумроҳӣ ва дар залолати амиқ ба сар мебурданд. Ӯ ба дунболи онҳо мерафт, то нури ҳидоятро дар қалбҳояшон зинда кунад ва аз ҷаҳлу парешонӣ наҷоташон диҳад. Ин рафтори дилсузона ва меҳрубононаи он Ҳазрат (с)- ро метавон бо нигоҳи таърихӣ, қуръонӣ ва ҳадисӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод ва дар ҳар кадом аз онҳо баҳсҳо ва нуктаҳои бисёр хуберо ёдоварӣ кард. Аммо дар инҷо танҳо бо матлабе аз Ҳазрати Алӣ (рз) ва таҳлили хулосавори он иктифо мекунем.

Ҳазрати Алӣ (рз) вақте Пайғамбар(с)-ро тавсиф мекунад, ба вижагиҳои бисёр муҳим ва асосии он Ҳазрат (с) таъкид мекунад. Он Ҳазрат дар як хутбаи худ вақте Пайғамбар(с)-ро тавсиф мекунад ба дилсӯзи ва меҳрубонии ӯ нисбат ба башарият таъкид мекунад. Пайғамбар (с) табиб ва пизишке аст, ки ба дунболи маризоне аст, ки ниёзи шадид ба табобати рӯҳ ва ҷонашон доранд. Рисолати он Ҳазрат муолиҷаи рӯҳ ва ҷони инсонҳост ва баён мекунад.

«طبیب دوّار بطبّه» Ӯ табиби бемори ҷаҳлу хурофот аст. Табибе аст, ки ба инсони ҷоҳил муроҷиат мекунад ва ӯро табобат мекунад. Ахлоқи бад ва пастро табобат ва инсонро ба инсонияти худ огоҳ ва ошно мекунад. Ӯ бо дар даст доштани абзори табобат ба дунболи маризон мегардад ва ҳамвора дар сайру гардиш аст, то маризҳоро шиносоӣ кунад. Монанди дигар табибон нест, ки беморҳо ба ӯ муроҷиат кунанд, балки худ пешқадам мешавад ва ба дунболи шиносоӣ аст. Ӯ медонад, беморонеро, ки қарор аст табобат кунад, маризияшон ҳамонанди вируси гузаранда аст, ки агар раҳо шавад башариятро фаро мегирад ва он беморӣ худфаромӯшӣ ва Худо фаромӯшӣ аст, лизо бояд шиносоӣ ва табобат шаванд, то дигаронро вирусӣ накунанд. Ӯ барои дармони бемории гумроҳон ва ҷоҳилон худро муаррифӣ мекунад ва худро вазифадор медонад, ки ин беморонро табобат кунад, ӯ нодонӣ ва худфаромӯширо, ки Худо фаромӯшӣ ҳам ҳаст аз ҳар беморӣ бадтар медонад, ки башарро нобуд мекунад.

Ҳазрати Алӣ (рз) мефармояд:

«…وَ مِنْهَا طَبِیبٌ دَوَّارٌ بِطِبِّهِ قَدْ أَحْکَمَ مَرَاهِمَهُ وَ أَحْمَی مَوَاسِمَهُ یَضَعُ ذَلِکَ حَیْثُ الْحَاجَةُ إِلَیْهِ مِنْ قُلُوبٍ عُمْیٍ وَ آذَانٍ صُمٍّ وَ أَلْسِنَةٍ بُکْمٍ مُتَتَبِّعٌ بِدَوَائِهِ مَوَاضِعَ الْغَفْلَةِ وَ مَوَاطِنَ الْحَیْرَةِ…»

        Ӯ {Пайғамбар} табибе аст, ки бо табобати худ пайваста дар гардиш аст, марҳам (даво) ва дорӯҳои худро ба хубӣ омода сохта ва абзори доғ карданро (барои сӯзондан ва дармони захмҳо) омода кардааст, то ҳарҷо ки ниёзе ба табобат дошта бошад, бигузорад; бар дилҳои кур, бар гӯшҳои кар ва забонҳои гунг. Ӯ бо доруҳои хеш беморони ғафлатзада ва саргардонро расидагӣ ва дармон мекунад, ҳамон инсонҳое, ки аз фурӯғи ҳидоят ва ҳикмат баҳрае нагирифта ва андешаи худро ба нури ҳидоят ва аъмоқи ҷони худро равшанӣ набахшидаанд.

         Шарҳи хутба

      Табиби даввор, яъне табиби сайёре, ки ҳамвора дар ҳоли ҳаракату талош аст ва дар ҷустуҷӯи бемороне, аст ки ниёз ба дармон доранд. Ин сифати табибе аст, ки дилсӯзона ба суроғи беморон меравад, он даста аз бемороне, ки аз бемори ҷисмӣ фарқ доранд. Ин беморон касоне ҳастанд, ки дар асари гуноҳ ва ҳавову ҳаваспарастӣ ва ғафлат, чашми дилашон нобино ва гӯшашон ношунаво шуда паёми ҳақро намегиранд ва забони гӯё барои зикри ҳақ надоранд. Табобати ин гуна афрод ба маротиб аз беморони ҷисмӣ сахттару душвортар аст.

     Мароҳим, ҷамъи марҳам ба маънои доруҳои нарме аст, ки ба захмҳои ҳалоккунанда гузошта мешавад. Ин ишора ба он дорад, ки дониш ва тахассусе, ки дар назди он ҳазрат ҳаст, ҳамаи башарият ба он ниёзманд аст ва ғайри ӯ касе ин дониш ва тахассусро надорад, то он беморонро дармон кунад.

      Мавосим, ҷамъи мавсам ба маънои абзоре, аст ки бадани инсон ва ё ҳайвонеро, ки захмдор аст бо он доғ мекунанд, то беҳбуд ёбад. Яъне Пайғамбар (с) бо овардани аҳкоми шаръӣ барои башар ва иршоду таълими онҳо, рӯҳи инсонро табобат мекунад, ҳамонанди табиби ҳозиқе, ки медонад куҷои ҷисми инсон мариз аст ва чи давое барои табобати он лозим аст ва чи гуна бояд муолиҷа шавад. Ҳазрати Алӣ (рз) мегӯяд: Пайғамбар (с) барои муолиҷаи рӯҳ ва ҷони инсонҳо тамоми абзори ҳидоят ва табобатро ҳамроҳи худ дорад.

       Самам, ба таври маҷозӣ барои касе, ки мавъиза ва иршод дар гӯшаш асар намегузорад ва баҳрае аз он намебарад, вожаи букм (лол), яъне касе аст, ки забонаш ба ончи шойиста ва матлуб аст, гӯё набошад, касе ки ёд ва зикри Худо накунад.

        Ниёзи башар ба ин гуна табобат

Ниёзи инсон ба табиби рӯҳонӣ ва ба касе, ки рӯҳи инсонро табобат мекунад; ки будан ва чи буданашро барояш ёдовар мешавад, ба маротиб беҳтар ва бартар аз табибе аст, ки ҷисм ва баданашро табобат мекунад, зеро бартараф кардани маризиҳои ҷисмонӣ барои боқӣ мондан дар зиндагии маҳдудаи дунё аст; вале бартараф кардани бемориҳои рӯҳӣ ва наҷоти инсон аз ғафлат, ҳасад, гумроҳӣ барои дарки зиндагии дунё ва охират аст, барои дарки ин ки инсонияти худро бидонад ва бишносад. Маризие ки инсон аз боварҳояш дар зиндагӣ мутаҳаммил мешавад аз бемориҳои баданаш чунин намешавад.

        Тафовути табобати Пайғамбар (с) бо дигарон

Пайғамбар (с) ва олимони динӣ табобаташон бо дигарон фарқ дорад. Дар ҳамаи ҷои ҷаҳон табибон ва пизишконе, ки ҷисми физикии инсонро табобат мекунанд, маризҳо ба онҳо муроҷиат мекунанд ва онҳо дар дармонгоҳи худ ба интизор менишинанд, то беморон ба онҳо муроҷиат кунанд, аммо Пайғамбар (с) ба суроғи беморон меравад, то дармонашон кунад. Табобат ва дармони Пайғамбар (с) аз бемаъноӣ аст, инсоне, ки дар зиндагӣ эҳсоси маъно накунад ва дар ғафлат басар барад аз ҳайвон ҳам пасттар мешавад, оё маризтар аз касоне, ки зиндагии ҷоҳилона доранд, метавон пайдо кард? Оё бемортар аз касе, ки худро залил карда ва иззати худро нодида гирифтааст метавон пайдо кард? Оё бемиқдортар ва беарзиштар аз касе, ки худро аз таълимоти Пайғамбр (с) дур карда аст ва бо ифтихор шайтонпараст ва ҳамҷинсгаро шудааст метавон пайдо кард?

Пайғамбар (с) барангехта ва мабъус шуд, то инсон аз худ пасттаро аз худ беҳтар надонад, Ӯ роҳи наҷот аз пучӣ ва бемаъноиро меомӯзад, табобати он Ҳазрат (с) ҳидоят аст, баргардонидани инсоният дар ҷомеаи инсонӣ аст. Инсон бо ҷисм ва бадани мариз метавонад растагор шавад ва бандагии Худоро кунад, вале бо боварҳои гумроҳ, рафторҳои зишт, ба ҳайвоне табдил мешавад, ки ба ҷуз дурӣ за Худо ба ҷои дигаре намерасад.

Пас табобати рӯҳӣ беҳтар ва бартар аст, бар табобати ҷисмӣ инсон, табобат ёфтагон бо тарбияти Пайғамбар (с) худ табибе мешавад, ки дигарон бо таълимоти ӯ табобат меёбанд, ҳар чанд касоне, ки аз таълимоти Пайғамбар (с) баҳраманд шаванд, он Ҳазрат (с) бо роҳнамоиҳо ва ҳидоятҳои худ монеъ аз маризиҳои ҷисмӣ ва бадании онҳо ҳам мешавад, ҳамон тавре ки пизишке дар шаҳри Мадина дар замони Расули Худо (с) аз ҷойи дигаре омад, то мардумро табобат кунад, аммо касе аз мусалмонон ба ӯ морҷиат намекард, иллат ва сабабро ҷӯё шуд ва аз Пайғамбар (с) пурсид, он Ҳазрат дар посух фармуд, ман ба уммати худ таълимоте додаам, ки агар онҳоро муроот кунанд гирифтори бемориҳои ҷисмонӣ намешаванд. Он табиб гуфт: Рози матлаб ҳамин аст, ки шумо фармудед. Ин таълимот ва роҳнамоиҳое аст, ки башар ҳеҷ замоне аз онҳо бениёз намешавад.

Охирин матолиб

Омӯзиши рӯхонии Қуръони Карим

 Муқаддима  قَال» مَا مِن مُومِن؛ ذَکَرٍ اَو اُنثَی؛ حُرٍّ اَو مَملُوکٍ اِلَّا وَ لِلّهِ عَلَیهِ حَقٌّ وَاجِبٌ اَن يَتَعَلَمَ مِنَ القُرآنِ وَ یَتَفَقَّهُ فِیهِ» Пайғамбари...

Чаро Қуръон комилтарин китоб аст?

Дӯст дорам пеш аз посух додан чанд савол аз шумо бипурсам: —Агар китоберо як доинишманд бинависад, комилтар аст, ё фарди ғайри донишманд?

Роҳкорҳои ҳифзи шахсияти афроди ҷомеа 1

Роҳкорҳои ҳифзи шахсияти афроди ҷомеа Авомили ихтилофоти иҷтимоӣ ва одоби муоширати саҳеҳ Муқаддима Қуръони карим дар ояи ёздаҳуми сураи муборакаи Ҳуҷурот бархе “авомили ихтилоф” мисли...

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...