Ба ҳуш оед душман дар камин аст
Чу шайтон дар камини аҳли дин аст
Занад фарёди озодиву фар¬¬ҳанг
Вале дорад ҳазорон макру найранг
Ҷавононро ҳадаф бигрифта бо кин
Ки гирад аз ҳама андешаву дин
Занад фарёд аз бебанду борӣ
Ниҳоли фисқу фаҳшо обёрӣ
Разолатро ба ҳар ҷо пеша созад
К_азин раҳ дар ниҳодаш реша созад
Ҷавон бо муждаи озод будан
Ба лаззатҳои дунё шод будан
Шавад шояд асири домҳояш
Фуру афтад ба зери гомҳояш
Ба у гӯяд ки умри ҷовидонӣ
Бувад дар лаззати дунёи фонӣ
Биё дар кучаҳову дар хиёбон
Чу ғарбиҳо гузар кун нима урён
Ҷавоно дини худ дарёб акнун
Махӯр дигар фиреби душмани дун
Биёву эътиқоди худ қавӣ кун
Биёву инқилоби маънавӣ кун
Биё бо дину имон ошно шав
Ҳамеша раҳрави роҳи Худо шав
Саломуддин Муҳаммадамин