Зиндагиномаи Устод Роғиб Мустафо Ғалваш

Шояд ончӣ, ки тааҷҷуби ҳамагонро барангехта буд авҷи эҳсосоти шунавандагон буд, ки фазои масҷидро меларзонд. Ҳар бор, ки дастҳои қории Қуръон бар баногӯшаш мерасид, тамоми нигоҳҳо ба сӯи ӯ мерафт. Бо инки ҷамъият бисёр буд, сукут ҳамаро фаро гирифта буд. Нафасҳо дар сина баста мешуд, то тиловати қорӣ пушти баландгӯ хуб шунида шавад. Ҳангоме ки қорӣ ба охири оят мерасид, эҳсосот қобили назорат набуд ва танини фарёд ва ташвиқи “Аллоҳ”, “Аллоҳ”¬-и шунавандагон сукути он маҳфилро дар ҳам мешикаст.

Он гуна ки устод аз зиндагии хеш сухан ба миён меоварад, дар деҳаи “Барма” воқеъ дар вилояти ғарбии кишвари Миср “Танто” ба дунё омада ва ӯ монанди дигар устодони ин фан аз яке аз хонаводаҳое аст, ки ҳамагӣ аз қориёни мумтози кишвари Миср будаанд. Аз ин рӯ ӯ низ пас аз тамом кардани таҳсилоти худ барои ҳифз ва таълиму қироати Қуръони Карим қадамҳои устуворе бармедорад ва ба орзӯи устоди хеш, ки ҳамеша дар интизори ояндаи дурахшони ӯ буд, ҷомаи амал мепӯшонад.

Аз ҷумлаи устодони ӯ марҳум “Шайх Абдулқанди Шартовӣ” аз деҳаи Барма ва устод марҳум “Шайх Иброҳим Салом” аз шаҳри Танторо метавон ном бурд. Устод аз синни 16 солагӣ тиловати худро дар маҳофил ва маҷолис ба ҳангоми муносибатҳо оғоз кард. Устод дар 24 солагӣ ба садо ва симо ҳам роҳ ёфт, ки дар миёни қориёни Миср камтарин син буд. Шайх Ғалваш пеш аз вуруд ба садову симо аз “Устод Мустафо Исмоил” тақлид мекард ва дар бисёре аз мусофиратҳо бо эшон ҳамсафар будааст. Вай дар ин бора мегӯяд: “Устод Мустафо Исмоил то замони ҳаёташон барои мо монанди падар буданд ва чунончи қории Қуръоне тиловати зебо мекард, ҳамеша ӯро ташвиқ мекарданд. Эшон бисёр бовиқор ва устоди лоиқ ва барҷаста буданд ва шояд битавон гуфт, ки мо ҳарчӣ дорем аз эшон дорем. Мо ҳамеша ба ӯ иродат доштаем…”.

Аз ҷумла қориён ва устодоне, ки шайх Ғалваш бо онҳо дар иртибот буда ва акнун дар қайди ҳаёт мебошанд, метавон ба устод “Табловӣ”, устод “Ҳисон”, устод “Шуайшаъ”, устод “Шабиб” ва устод “Басюнӣ” ишора кард. Дар робита бо сабки устод Ғалваш бояд гуфт, ки тақлиди ӯ аз Мустафо Исмоил то онҷо буд, ки фарқ гузоштан байни қироати онҳо сахт буд. Аммо пас аз вуруд ба садову симо бинобар суфориши бисёре аз

бузургон сабки шайх Мустафо Исмоилро фаромӯш ва сабки хос барои худ интихоб намуд. Аммо ҳанӯз аз тиловатҳои ӯ бӯи қироати Мустафо меояд ва бар машоми ҷон менишинад.

Эшон ба қориёни Қуръон суфориш мекунад, ки сабки хос барои худ дошта бошанд ва аз дигарон тақлид накунанд, то тиловаташон ҷаззобтар шавад. Устод Ғалваш дар робита бо мансаби Шайхул-қурроӣ дар Миср изҳор медорад: Ин мансаб дар кишвари Миср вуҷуд надорад, балки ҳайат ва маҷмӯае барои қориён мебошад. Дар гузашта раёсати онро марҳум шайх “Маҳмуд Алӣ Албанно” бар ӯҳда дошт ва пас аз даргузашти эшон шайхи марҳум “Абдулбосит” ӯҳдадори ин мақом шуданд. Дар ҳоли ҳозир низ ин мансаб эҳтимолан ба фарде ба номи шайх “Ризқ Халил Ҳабба” вогузор хоҳад шуд, ки ӯ низ аз устодони илми таҷвид ва узви ҳайати гузиниши қориён дар садову симо мебошад.

Дар робита бо сафарҳои устод Ғалваш бояд гуфт, ки эшон ба бисёре аз кишварҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо сафар кардаанд. Вай бо асотиде чун “Халил-ал Ҳусарӣ”, “Мустафо Исмоил”, “Миншовӣ”, “Насруддин Тубор” ва “Басюнӣ” ҳамроҳ будааст.

Эшон дар хотироти худ мегӯяд: Дар мусофирате, ки бо марҳум “Тубор” дар моҳи рабеъ-ул-аввал ба бархе аз кишварҳои Аврупоӣ доштем, дар Порис ва Лондон ва сипас дар Амрико ва Конодо ба тиловати Қуръон пардохтем. Дар ин маҷолис ва маҳофил теъдоде аз шунавандагон пайрави дини масеҳият буданд. Пас аз шунидани тиловати Қуръон 25 нафар аз онон мусулмон шуданд. Ин гурӯҳ бо раиси маркази исломӣ ба номи “Муҳаммад Рауф” дар кишвар тамос гирифта ва худ изҳор доштанд, ки бо шунидани тиловати Қуръон мусулмон шудаанд.

Таҳияи Абдулҳалим Сафарӣ

Охирин матолиб

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...