Сухане аз нисои2

Ангезаи навиштани Сунан

Насоӣ дар оғози кор китоби “Сунан-ул-кубро”-ро бо рӯйкарди ҷамъоварии ривоёт дар мавзӯи аҳком ва сунан ва одоб навишт, ҳарчанд дар баъзе маврид аз ин маҳдуда ҳам фаротар рафтааст ва онро ба Амири Рамла тақдим кард. Вақте Амир аз ӯ пурсид, ки оё ҳама аҳодиси ин маҷмуа саҳеҳанд? Гуфт:

Дар ин китоб аҳодиси саҳеҳ, ҳасан ва наздик ба онро гирд овардам. Амир аз ӯ дархост кард, то фақат аҳодиси саҳеҳро дар китобе ҷамъоварӣ намояд.[1] Натиҷаи ин дархост ҳамин китоб шуд, ки имрӯз ба унвони яке аз китобҳои сиҳоҳ маъруф аст. Чун Насоӣ аҳодиси саҳеҳро аз Сунани кубро интихоб кард, лизо ба он Сунани Муҷтабо, ном ниҳод, яъне Сунани баргузида ва чун теъдоди аҳодиси он дар муқоиса бо Сунани кубро камтар аст, ба он Сунани сағир ҳам гуфта шудааст.[2]

Сунани кубро ба ривояти Ибни Аҳмар ва Ибни Қосим, ва Сунани суғро ба ривояти Ибни Суннӣ ба дасти мо расидааст.

Китоби Сунани Насоӣ мисли дигар китобҳои фиқҳӣ танзим шудааст. Яке аз хусусиёти ин китоб дар миёни Сиҳоҳи ситта такрори беш аз ҳадди аҳодис дар ин китоб аст, ба унвони мисол ҳадиси ният дар 16 ҷо такрор шудааст. Китоби Сунани Насоӣ бо китоби Таҳорат оғоз мешавад ва ба китоби Ашриба хотима меёбад ва 5769 ривоят дорад.

Фарқиятҳои Сунани суғро бо Сунани кубро

Қаблан ёдовар шудем, ки Сунани суғро мухтасари Сунани кубро аст, вале хусусиёте дорад, ки ба он ишора мекунем:

1- Дар Сунани кубро аҳодиси саҳеҳ, ҳасан ва заиф канори ҳам ҷамъоварӣ шудааст, дар ҳоле ки дар Сунани суғро саъй шудааст, фақат аҳодиси саҳеҳ оварда шавад. Аз ин рӯ ин китоб баъд аз Бухорӣ ва Муслим дорои камтарин ривоёти заиф мебошад.[3]

2- 21 китоб (фасл) аз Сунани кубро дар Сунани муҷтабо наёмадааст.

3- Дар Сунани кубро туруқ ва мутобиоти аҳодис баён шудааст.

4- Дар Сунани кубро санад ва матни комили ривоёт ва ихтилофоти санадӣ ва матни онҳо зикр шудааст.

5- Дар Сунани кубро илова бар овардани миқдоре аз фазоили имом Алӣ(к) дар радифи зикри фазоили дигар саҳоба, фасли муфассаллеро ба баёни фазоили имом Алӣ(к) ихтисос додааст, ки ин қисмат ба сурати китоби мустақил чоп шудааст.

Сунани Насоӣ аз нигоҳи уламо

Суханон ва мавзеъгирии донишмандони аҳли суннат дар мавриди Сунани Насоӣ ҳикояткунанда аз ҷойгоҳи мумтози ин китоб аст, ки дар зер ба баъзе аз онҳо ишора мекунем.

Абулҳасан Маофирӣ мегӯяд: Ҳар гоҳ ба он чи ки аҳли ҳадис нақл кардаанд нигоҳ мекунам мебинам, ки он чи Насоӣ нақл кардааст дар муқоиса бо дигарон наздиктар ба сиҳҳат аст. Аз ин рӯ баъзе аз аҳли Мағриби ҷаҳони Ислом китоби Насоиро аз китоби Бухорӣ бартар медонанд.[4]

Ибни Ҳаҷар мегӯяд: Насоӣ дар нақли ҳадис, ки аз нақли ривоёти ҷамоате аз ровиёне, ки Бухорӣ ва Муслим аз онҳо нақли ҳадис кардаанд парҳез мекард.[5]

Саъд ибни Занҷонӣ мегӯяд: Дар ҳақиқат Абӯабдурраҳмон дар пазируфтани риҷол нисбат ба Бухорӣ ва Муслим шарти сахтгиртаре дорад.[6]

Бо вуҷуди назари мусбати уламо дар мавриди китоби Сунани Насоӣ, Ибни Касир муътақид аст, ки дар Сунани Насоӣ ровиёни маҷъул ва маҷҳул ва низ ривоёти заъиф, муаллал ва мункар низ вуҷуд дорад.[7]

Корҳои анҷом гирифта дар бораи Сунан

Бо вуҷуди ҳама таъриф ва тамҷиди уламо аз ин китоб, фаъолиятҳои қобили таваҷҷӯҳе сурат нагирифтааст. Балки танҳо шарҳи имом Суютӣ бо номи «Заҳр-ар-рабӣ алал муҷтабо», ки фақат ба шарҳи алфоз басанда кардааст ва Муҳаммади Синдӣ низ бар он ҳошияе навиштааст.[8] Ҳамчунин Албонӣ зайли аҳодиси саҳеҳ, ҳасан ва заъифи онро мушаххас кардааст.[9]

Бо ин ҳол Сунани Насоӣ ҳамчунон яке аз манобеи муҳимми ҳадисии аҳли суннат аз ҷойгоҳи вижае бархурдор аст.

Саломуддин Муҳаммадамин

[1]. Сунани Насоӣ, тарҷумат-ун-Насоӣ, саҳ. 8.

[2] . Ҳамон.

[3] . Сунани Насоӣ, ҷ1, саҳ. 4.

[4] . Сунани Насоӣ, тарҷумат-ул-имом-ин-Насоӣ, ҷ.1, саҳ. 7.

[5] . Ҳамон.

[6] . Сунани Насоӣ, тарҷумат-ун-Насоӣ, саҳ. 12.

[7] . Илм-ул-ҳадис ба нақл аз ошноӣ бо ҷавомеи ҳадисии шиа ва аҳли суннат, саҳ. 290, Алӣ Насирӣ.

[8] . Сунани Насоӣ, тарҷумат-ул- имом-ун-Насоӣ, ҷ.1, саҳ. 8.

[9] . Сунани Насоӣ, тарҷумат-ун-Насоӣ,

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.