СУКӮТ ВА ХОМӮШӢ

Забон неъмате аст, ки Худованд ба ҳар як аз инсонҳо дода аст ва ин неъмати Худододӣ аз хосиятҳои фаровоне бархурдор аст. Аммо аз ин нукта набояд ғафлат намоем, ки ин неъмат дорои ду хусусияти манфӣ ва мусбат мебошад.

Бинобар ин наметавон гуфт чун забон неъмати бузурги илоҳӣ аст, пас ҳар чи бештар онро ба кор андозем ва бе ҳисобу китоб ҳар суханеро бар забон ҷорӣ созем, балки бояд дар мавриди зарурӣ ва муфид аз он баҳрабардорӣ кунем. 

Саломатӣ дар сукӯт ва хомӯшӣ

Расули Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) мефармоянд:

«منْ سَرَّهُ انْ یَسْلم فَلْیلزم الصَّمْتَ»

Касе, ки мехоҳад солим юимонад, бояд сукӯтро ихтиёр кунад.[1]

Сухан, беҳтарин ибодат ва зишттарин маъсият

Ҳазрати Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳ дар яке аз суханони гуҳарбораш, ки аз устоди бузургавораш ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) нақл мекунанд, фармудаанд:

Дар миёни ибодатҳо ва тоатҳое, ки аз аъзову ҷавориҳи инсон сар мезанад, ибодате камзаҳматтар ва осонтар вале гаронбаҳотар дар назди Худованд аз ин аъзои кӯчаки инсон (забон) вуҷуд надорад. Албатта бояд ин сухан барои ризои Худо ва ба қасди баёни раҳмат ва густариши неъматҳои ӯ бошад зеро бар ҳама ошкор аст, ки Худованд миёни худ ва паёмбаронаш ҷиҳати кашфи асрор ва баёни ҳақоиқ ва зоҳиркардани улуми пинҳонии худ чизеро ҷуз калом восита қарор надода аст. Ҳамчунин ваҳй ва фаҳмондани матолиб ба воситаи калом ва сухан анҷом шуда аст, чунонки миёни паёмбарони илоҳӣ ва мардум низ василае ҷуз сухан барои расондани рисолат вуҷуд надорад. Аз инҷо равшан мешавад, ки сухан беҳтарин васила ва зарифтарин ибодат аст ва ҳамчунин ҳеҷ гуноҳе назди Худованд сангинтар ва ба ҷазо назиктар ва пеши мардум бадтар ва нороҳаткунандатар аз сухан нест.

Ҳар касе барои худ усул ва равише дорад ва равиши инсони оқил он аст, ки беҳӯда ва беҷо сухан нагӯяд, зеро забон баёнкунандаи андоза ва мизони ақли одамӣ аст, чунонки Ҳазрати Амири Мӯъминон Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳ мефармояд:

“تَكلّمُوا، تُعْرَفُوا فإنَّ الْمرْءَ مخْبوءٌ تحْت لِسانِهِ”

Сухан бигӯед то шинохта шавед, чаро ки инсон дар зери забони худ пинҳон шуда аст.[2]

Чунончи шоир мефармояд:

Одамӣ махфист дар зери забон,

Ин забон парда аст бар даргоҳи ҷон.

Чунки боде пардаро дар ҳам кашид,

Сирри саҳни хона шуд бар мо падид.

Кандар он хона гуҳар ё гандум аст,

Ганҷу зар, ё ҷумла мору каждум аст.

Ё дар ӯ ганҷ асту море бар карон,

Зонки набвад ганҷи зар бе посбон.[3]

Ва ҳамчунин дар ҷои дигар мефармоянд:

” ألْمرءُ مخْبوءٌ تحْت لسانِهِ”

Одамӣ дар зери забони худ пинҳон аст.[4]

Ба фармудаи шоир:

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.

Бинобар ин ҳар инсони оқил ва дурандеше аввал фикр мекунад, онгоҳ сухан мегӯяд.

Амири Мӯъминон Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳ мефармоянд:

“لسانُ الْعاقل وراءَ قلْبِهِ و قلْب الْأَحْمق وراءَ لسانِهِ”

Забони оқил дар пушти қалби ӯ ҷой дорад ва қалби аҳмақ пушти забонаш аст.[5]

Яъне манзури ҳазрат аз ин сухан ин аст, ки инсони оқил забони хешро пеш аз машварат кардан ва андешидан ба сухан намекушояд, вале инсони аҳмақ пеш аз ин ки фикру андеша кунад сухан мегӯяд.

Бинобар ин забони оқил дунболи қалби ӯст ва ҳар куҷо қалб ирода кунад ва бихоҳад ба такаллум дар меояд вале қалби аҳмақ аз забонаш пайравӣ мекунад.

«قلبُ الْأحمقِ فی فمهِ و لسانٌ الْعاقل فی قَلْبِهِ»

Қалби аҳмақ дар даҳонаш ва забони оқил дар қалбаш аст.[6]

قلب احمق در دهان او و زبان عاقل در قلب اوست.

Хулоса ва натиҷаи баҳс:

Инсон бояд ҳангоми сухангуфтан фикру андеша кунад ва беҳуда сухан нагӯяд, ки агар дар гуфтор ихтиёрашро аз даст дод, оқибати бад ва зиёнборе ба дунбол хоҳад дошт.

Инсон то ҷое суханаш дар ихтиёри ӯст, ки сухане нагуфта бошад аммо вақте аз даҳонаш хориҷ шуд ин худи инсон аст, ки дар ихтиёри сухан аст. Яъне вақте сухан гуфта шуд бояд паёмади онро ба уҳда бигирад, ки ин як амри мусаллам аст.

Ҳазрат дар ҷои дигар мефармоянд:

То вақте сухан нагуфтаӣ сухан дар ихтиёри туст аммо ҳамин ки аз даҳонат хориҷ шуд ту дар ихтиёри он ҳастӣ. Бинобар ин забонатро ҳамчун тилло ва нуқраат нигаҳ дор, зеро бисёр иттифоқ афтода аст, ки як калима, неъмати бузургеро аз инсон салб намуда ва ё бало ва гирифториеро барояш фароҳам сохта аст.

Бисёранд касоне, ки аз сухангуфтан нодим ва пушаймон ҳастанд аммо ба хотири сукӯт ҳеҷгоҳ изҳори надомат ва пушаймонӣ намекунанд.

Луқмони Ҳаким ба писараш мегӯяд:

“یا بُنیَّ قدْ نَدِمتُ علی الْكلامِ ولمْ أنْدم عَلی السُّكوتِ”

Фазанди азизам!

Чи басо, ки ман дар асари гуфтор пушаймон шудаам аммо ба хотири сукӯт афсӯс нахӯрдаам.[7]

Нуктаи поёнӣ

Албатта дар поёни ин баҳс матлаберо мутазаккир шавам, ки ҳадаф аз ироаи ин аҳодиси сукӯт, ин нест, ки инсон бояд ҳамеша ва дар ҳамаи ҳолатҳо лаб фурӯ баста ва забон ба сухан накушояд ва ё агар ҳаққе аз ӯ гирифта шуд, ӯ хомӯш буда ва сукӯт намуда ва барои дифоъ аз ҳаққи хеш таҳарруке надошта бошад. Балки мақсуди ин аҳодис пешгирӣ аз суханони пӯчу беҳӯда аст, зеро агар ривоёти сукӯтро ин гуна тафсир намоем, ки инсон дар ҳамаи ҳолатҳо ҳатто дар баробари ситами ситамгарон ва фасоди фасодкорон муҳри сукӯт бар лабонаш зада ва фарёди зулмситезӣ ва безорӣ аз ҷавру дод баланд накунад, чунин тафсире бетардид мухолифи зарурати шаръи муқаддаси Ислом аст, ки ҳар мусалмонеро ба амр ба маъруф ва наҳй аз мункар даъват намуда ва он дуро аз муҳимтарин воҷибот шумурда аст ва сукӯт дар баробари зулму ситамро гуноҳи бузург ва нобахшиданӣ медонад. Агар дар баробари муфсидон ва золимон бино бар ин бошад, ки хомӯш ва сокит бошем дини мубини Ислом ба хатар меафтад. Дар ин гуна маворид дастури Ислом ин аст, ки муҳри сукӯтро бишканед ва доду фарёд бароваред то мардум, ки ба кору бори зиндагиашон машғул буда ва аз зулму ситами ситамкорон ба ҳар наҳве огоҳ нестанд низ бар алайҳи золимон бархезанд ва ҳаққи хешро аз онон биситонанд. Чаро ки шоир фармуда аст:

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.

Дар ҳақиқат касоне, ки дар муқобили зулму ҷаври золимону ситамгарон сокт мемонанд, асли мусаллами қуръониро нодида гирифтаанд, ки он асл ҳамон амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст, ки аз муҳимтарин фароиз ба шумор меравад ва дар Қуръону Суннат таъкиди фаровоне ба он шуда аст ва аз касоне, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро тарк намудаанд накӯҳиш шуда ва онҳоро шоистаи ғазабу хашми Худованди маннон дониста аст.

Сайидолими СИРОҶ

Ёсин

 



[1] Маҳаҷҷат-ул-байзо, ҷ 5, саҳ 193

[2]Наҳҷулбалоға, Субҳи Солеҳ, Ҳикмати 392 ва Файзулислом, ҳикмати 384

[3] Маснавии маънавӣ, дафтари дуввум, саҳ 241

[4] Наҳҷулбалоға, Файзулислом, ҳикмати 140

[5] Наҳҷулбалоға, Субҳи Солеҳ, саҳ 476, шумораи 40

[6] Наҳҷулбалоға, Субҳи Солеҳ, саҳ 476, шумораи 41

[7] Алмаҳосин ва Алмусовии Байҳқӣ, ҷ 1, саҳ 166

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...