ГУФТУГӮ БО ҚУРЪОН

Гуфтамаш ту кистӣ?

                                                   [1]«قُرآناً عَرَبِيّاً غَيْرَ ذِي عِوَجٍ…»  

Гуфт: «Қуръони арабӣ бе ҳеҷ каҷӣ».

            Чӣ гуна китобе ҳастӣ?

                                                [2]«هَـذَا بَيَانٌ لِّلنَّاسِ وَهُدًى وَمَوْعِظَةٌ لِّلْمُتَّقِينَ»

Гуфт: «Қуръон барои мардум баёни равшангар, ва  барои парҳезгорон (василаи) ҳидоят ва пандомӯзӣ аст.»

            Аз ҷониби кӣ омадаӣ?

[3]« مِن لَّدُنْ حَكِيمٍ عَلِيمٍ»

Гуфт:  «Аз сӯи ҳакими доно».

            Барои чӣ нозил шудаӣ?

« يَا أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ جَاءتْكُم مَّوْعِظَةٌ مِّن رَّبِّكُمْ وَشِفَاء لِّمَا فِي

الصُّدُورِ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِّلْمُؤْمِنِينَ[4]»

Гуфт: «Эй мардум! Ба яқин барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон андарз ва дармон барои ончи дар синаҳост ва раҳнамуд ва раҳмате барои мӯъминон омадааст».

            Бар кӣ нозил шудаӣ?

[5]« وَآمَنُوا بِمَا نُزِّلَ عَلَى مُحَمَّدٍ وَهُوَ الْحَقُّ»

     Гуфт: «Ончи бар Муҳаммад(с) нозил шудааст ҳақ аст».

Таҳияи Ҳалимҷон Саидов

 

 



[1] . Зумар, 28.

[2] . Оли Имрон, 138.

[3] . Намл, 6.

[4] . Юнус, 57.

[5] . Муҳаммад(с), 2.

Охирин матолиб

Номҳои шаҳидони дашти Карбало

  Муқаддима Лозим ба зикр аст, ки номи ҳафтоду ду тане, ки дар ин навиштор омадааст, касоне ҳастанд, ки аз Мадинаи мунавара ҳамроҳи Имом Ҳусайн(рз)...

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони Имом Ҳусайн(рз) аст,...