Аҳаммияти ошноӣ бо манобеи ҳадисӣ

Пас аз Қуръони Карим суханони Паёмбари Акрам(с), ки бо номи  «ҳадис» ё «ривоят» маъруфанд, ҳидоятгар ва роҳнамои мусулмонон мебошанд.

Ҳадисҳои Паёмбар(с) дар китобҳои фаровоне гирдоварӣ шудааст. Касоне, ки ин ҳадисҳоро ҷамъоварӣ кардаанд, заҳмату ранҷҳои зиёде кашидаанд, то ин суханони роҳнамо аз байн нараванд ва ба наслҳои оянда бирасанд. Ҳамаи қонунҳо ва аҳкоми Ислом дар Қуръони Карим зикр нашудааст ва хеле аз аҳком дар ҳадису ривоятҳо баён шудааст. Бинобар ин, суханони Паёмбар(с) тафсир-кунанда ва комил-кунандаи Қуръон ба шумор меоянд ва агар мо аз он ғофил шавем, дар ҳақиқат хеле аз аҳкоми дини худро аз даст хоҳем дод.

Аз ин рӯ маҷаллаи Оина қасд дорад бо муаррифии китобҳои муътабар ва муҳимми ҳадисӣ, саҳме дар ошно намудани мардум бо ин манобеъ ва тадвинкунандагони он дошта бошад. Бо умеди онки ҳамроҳ бо ошноӣ бо китобҳои ривоӣ дар амалӣ кардани суннати Паёмбари Аъзам(с)  ҳам бикӯшем ва пайрави воқеии он ҳазрат бошем.

Муаррифии китоби “Саҳеҳ Муслим”

Саҳеҳ Муслим дуюмин китоби муътабари ҳадисии аҳли суннат пас аз Саҳеҳ Бухорӣ аст, ки онҳоро саҳеҳтарин китоб пас аз Қуръон мешиносанд. Ҳарчанд гурӯҳе Саҳеҳ Муслимро бар Саҳеҳ Бухорӣ бартарӣ додаанд.

 Саҳеҳ  Муслим дорои 7275 ривоят аст, ки бо ҳазфи такрориҳо 3033 ривоят  мешавад.   Муслим китоби худро бар асоси дархости яке аз бузургони ҳадис ва низ бо ҳадафи сомондеҳӣ ба китобҳои ҳадисӣ, ки аҳодиси саҳеҳро ҷудо накардаанд, навишт.

Мегӯянд  ӯ 15 соли умрашро барои навиштан ва тадвини он сарф кард.[1]  Ҳусайн ибни Муҳаммади  Мосарҷӣ мегӯяд: Аз падарам ва ӯ аз Муслим шунид, ки мегуфт: » Ман ин муснади саҳеҳро аз байни 300 ҳазор ривояти шунидашуда гирдоварӣ кардам«.[2]

Шарҳҳои Cаҳеҳ Муслим

Барои ин китоби ҳадисӣ шарҳҳое навиштаанд, ки мо ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем:

1. Ал-минҳоҷ фи шарҳи Саҳеҳ Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ навиштаи Яҳё ибни Шарафуддини Нававӣ (соли вафот. 676 ё 677).

Ба гуфтаи ҳадиспажӯҳони аҳли суннат шарҳи Нававӣ муътабартарин шарҳ бар Саҳеҳ Муслим аст. Ин шарҳ 18 ҷилд бар 9 ҷилд мунташир шудааст.

2. Икмолул-Муаллим, аз Муҳаммад ибни Халифаи Растони Убай ва шарҳи он муккамили Икмолул- Камол, аз Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Юсуфи Санунӣ Ҳусайнӣ Икмолул-Муаллим шарҳе аст, ки Қозӣ Аёз (м. 544) бар Саҳеҳ Муслим навиштааст, аммо ба дасти мо нарасидааст Дар ҳақиқат ин китоб ҷамъоваришудаи шарҳҳои Қозӣ Аёз, Убай ва Санусӣ бар Саҳеҳ Муслим аст, ки дар 9 ҷилд мунташир шудааст.

3. Ад-Дибоҷ ало Саҳеҳ Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ аз Ҷалолуддини Суютӣ (соли вафот. 911) ва ин шарҳ дар 9 ҷилд мунташир шудааст. Абдураҳмон Абубакр Ҷалолуддин Суютӣ аз муҳаддисони пуркор ва дорои осори зиёди аҳли суннат аст, ки дар соли 849 ҳ. қ. дар Мағриб мутаваллид шудааст. 

“Саҳеҳ Муслим” аз дидгоҳи донишмандон

Аз дидгоҳи аҳли суннат Саҳеҳ Муслим арзиши бисёр зиёд дорад. Дар воқеъ дуюмин китоби саҳеҳ баъд аз Қуръон мебошад.

Нававӣ дар тамҷид аз Саҳеҳ Муслим чунин овардааст:

Ҳар кас бо диққат дар Саҳеҳ Муслим нигоҳ кунад аснод, тартиб, ҳусни чиниш, шеваи бадеъ, таҳқиқоти арзишманд, диққатҳои зариф, вараъ, эҳтиёт дар нақли ривоёт, талхис, ихтисори туруқ, забти ривоёт ва туруқи пароканда дар китоби ӯро маврди таваҷҷӯҳ қарор диҳад ва иттилооти зиёди ӯ дар заминаи дониши ривоӣ ва дигар хубиҳои ӯро дар назар оварад  мефаҳмад, ки Муслим пешвое аст, ки ҳеҷ кас пас аз ӯ ба пояш нахоҳад расид ва камтар касе аз ҳамасронаш монанди ӯ ба ҳисоб меоянд, ё ба мақоми илмии ӯ наздик шудаанд ва монанди китоби Саҳеҳ Муслим пеш ва пас аз он навишта нашудааст.[3]

Ҳофиз ибни Манда мегӯяд: Аз Абуалӣ Нишопурӣ шунидам, ки мегӯфт: Зери сақфи осмон китобе саҳеҳтар аз китоби Муслим нест.[4]

Заҳабӣ мегӯяд: »Саҳеҳ Муслим китобе аст нафис ва дар мавзӯи худ комил ва вақте ҳуффоз онро диданд аз он дар тааҷҷуб монданд«.[5]

Ба хотири имтиёзҳое, ки барои Саҳеҳ Муслим аз назари ҳусни тартиб ва забт ва эҳтимом ба ихтилофи алфоз ва мутуни ривоёт қоил шудаанд, баъзе онро ҳатто бар Саҳеҳ Бухорӣ бартарӣ додаанд.

   Таҳияи Ҷамшед Абдусамад

 

 


[1] . Тазкиратул ҳуффоз, ҷ. 2. саҳ. 589

[2] . Таърихи Бағдод,ҷ. 13. саҳ. 101 .

[3] . Алминҳоҷ .

[4] . Тазкират-ул-ҳуффоз  ҷ. 2 саҳ. 589.

[5] . Сияри аъломи нубало ҷ. 12 саҳ. 569.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...