Тарҷумаи СУРАИ НИСО

СУРАИ НИСО

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 176 оят дорад.

 

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

  1. Эй мардум! Аз Парвардигоратон битарсед, Зоте, ки шуморо аз як нафс офарид ва аз ӯ ҳамсарашро офарид ва аз он ду, мардону занони бисёреро пароканда намуд. Ва аз [азоби] Худое, ки ба номи Ӯ аз якдигар дархост мекунед ва аз [қатъи] робитаи хешовандӣ бипарҳезед; ҳамоно Худо бар шумо нигаҳбон аст.
  2. Ба ятимон амволашонро бидиҳед ва [амволи] палидро бо [амволи] пок иваз накунед ва амволи онҳоро бо амволи худ нахӯред; ба ростӣ, ки он гуноҳи бузургест.
  3. Ва агар битарсед, ки дар [ҳаққи] духтарони ятим наметавонед ба адл рафтор намоед, пас аз онон заноне, ки мавриди писанди шумост, ду ва [ё] се ва [ё] чор занро ба ҳамсарӣ гиред. Ва агар битарсед, ки наметавонед ба адл рафтор кунед, пас ба як [зан] ё он чи [аз канизон] молик шудаед [басанда кунед] ин наздиктар ба он аст, ки ситам накунед.
  4. Ва маҳрияҳои занонро ба унвони ҳадя [-и илоҳӣ] ба онон бидиҳед ва агар бо хости худашон бахше аз онро ба шумо бибахшанд, онро хуш ва гуворо бихӯред.
  5. Амволатонро, ки Худо [онро] василаи пойдории шумо қарор додааст, ба камхирадон надиҳед. Ва онҳоро аз [даромади] он бихӯронед ва бипӯшонед ва бо онҳо сухани писандида бигӯед.
  6. Ва ятимонро биёзмоед, то онгоҳ ки ба ҳадди издивоҷ расанд ва агар дар онон рушд [-и фикрӣ ва тадбир] ёфтед, пас амволашонро ба онҳо бидиҳед. Ва онро ба исроф ва шитоб, аз [тарси] ин ки мабодо бузург шаванд, нахӯред. Ва ҳар кас, ки тавонгар бошад, пас бояд [аз гирифтани музди сарпарастӣ] худдорӣ кунад ва он кас, ки ниёзманд аст, пас бояд ба таври писандида бихӯрад. Ва ҳар гоҳ амволашонро ба онон боз гардондед, пас бар онҳо гувоҳ бигиред. Ва ҳисобрасии Худо кофӣ аст.
  7. Барои мардон аз он чи падару модар ва хешовандон бар ҷой гузоштаанд, саҳмест ва барои занон [низ] аз он чи падару модару хешовандон бар ҷой гузоштаанд, саҳмест, аз он чи, он кам бошад ё бисёр; саҳми муайян аст.
  8. Ва агар ҳангоми тақсим [-и ирс] хешовандону ятимон ва бенавоён [-и ғайри ворис] ҳозир шуданд, пас онҳоро ба чизе аз он баҳраманд созед ва бо онҳо сухани писандида бигӯед.
  9. Ва касоне, ки агар баъд аз худ фарзандони нотавон бар ҷой гузоранд, ки бар [ояндаи] онон нигаронанд, бояд [аз зулм бар ятимон] битарсанд; пас бояд тақвои Худоро пеша кунанд ва бояд сухани устувор бигӯянд.
  10. Дар ҳақиқат касоне, ки амволи ятимонро ба зулм мехӯранд, ҷуз ин нест, ки оташе дар шикамҳояшон фурӯ мебаранд ва ба зудӣ дар оташи фурӯзон дароянд.
  11. Худованд ба шумо дар бораи фарзандонатон супориш мекунад, ки барои писар монанди саҳми ду духтар аст ва агар он духтарон [ду нафар ва ё] беш аз ду нафар бошанд, пас ду севуми мерос барои онон аст ва агар як духтар бошад, пас нисф [-и мерос] барои ӯст ва барои ҳар яке аз падару модараш як шашуми мерос аст, агар барои он [майит] фарзанде бошад ва агар барои он [майит] фарзанде набошад ва падару модараш аз ӯ ирс баранд, пас як севум барои модараш аст ва агар барои он [майит] бародароне бошад, пас як шашум барои модараш аст [албатта ҳамаи инҳо] пас, аз анҷоми васиятест, ки [майит] ба он супориш кардааст ё [пас аз пардохти] дайн, мебошад. Шумо намедонед падаронатон ва фарзандонатон, кадом як нафъашон барои шумо наздиктар аст. [Ин аҳком] фаризае аз ҷониби Худост; ҳамоно Худованд донои ҳаким аст.
  12. Ва нисфи мероси занонатон, агар онҳо фарзанде надошта бошанд, аз они шумост ва агар онҳо фарзанде дошта бошанд, пас як чоруми меросашон аз они шумост. [Ин ҳукм] баъд аз анҷоми васиятест, ки ба он супориш кардаанд ё [пас аз пардохти] дайн мебошад. Ва барои онҳо (занонатон) як чоруми мероси шумост, агар фарзанде барои шумо набошад ва агар барои шумо фарзанде бошад, пас фақат як ҳаштуми меросатон барои онҳо (занонатон) аст. [Ин ҳукм] баъд аз анҷоми васиятест, ки ба он супориш кардаед ё [пас аз пардохти] дайн мебошад. Ва агар мард ё зане, ки аз ӯ ирс бурда мешавад калола (майити бефарзанд ва беволидайн) бошад ва барояш бародар ё хоҳаре бошад, пас як шашум [-и мерос] барои ҳар як аз он ду, аст ва агар бештар аз ин бошанд, пас онон дар як севум [-и мерос] шариканд. [Ин ҳукм] баъд аз анҷоми васиятест, ки ба он супориш кардааст ё [пас аз пардохти] дайн мебошад; бе он ки [ба онон] зараррасон бошад. [Ин аҳком] супорише аз ҷониби Худост ва Худованд донои бурдбор аст.
  13. Инҳо марзҳои Худост ва ҳар кас Худо ва паёмбарашро итоат кунад, ӯро ба боғҳое, ки аз зери он наҳрҳо ҷорист, ворид мекунад, дар ҳоле ки дар он ҷовидонанд. Ва ин комёбии бузург аст.
  14. Ва ҳар кас Худо ва паёмбарашро нофармонӣ кунад ва аз марзҳои Ӯ таҷовуз намояд, ӯро дохили оташе кунад, ки дар он мондагор аст ва барояш азоби хоркунанда аст.
  15. Ва он заноне аз шумо, ки муртакиби зино мешаванд, пас чаҳор нафар аз худатонро гувоҳ гиред ва агар гувоҳӣ доданд, пас онҳоро дар хонаҳо ҳабс кунед, то марг ононро фаро гирад ё Худо роҳе барои онон қарор диҳад.
  16. Ва он ду аз шумо, ки муртакиби он [амали зишт] мешаванд, пас озорашон диҳед ва агар тавба карданд ва ислоҳ намуданд, аз [озори] онон рӯй гардонед. Ба дурустӣ, ки Худованд тавбапазири меҳрубон аст.
  17. Пазириши тавба бар Худо танҳо барои касонест, ки аз рӯи нодонӣ бадӣ анҷом медиҳанд, сипас зуд тавба мекунанд ва ононанд, ки Худо тавбаашонро мепазирад ва Худованд донои ҳаким аст.
  18. Ва тавба [қабул] нест, барои касоне, ки муртакиби бадиҳо мешаванд, то замоне ки марг яке аз ононро фаро расад, гӯяд: «воқеан ман акнун тавба кардам» ва на [барои] касоне, ки кофир бимиранд, ононанд, ки барояшон азоби дарднок фароҳам кардаем.
  19. Эй касоне, ки имон овардаед! Барои шумо ҳалол нест, ки занонро ба икроҳ ирс бибаред ва бар онон сахтгирӣ накунед, то бархе аз он чиро ба онҳо додаед, пас бигиред, магар ин ки муртакиби фоҳишаи ошкоре шаванд. Ва бо онон ба шоистагӣ рафтор кунед. Ва агар ононро хуш надоред, пас чи басо чизе нохушоянди шумост ва Худо дар он хайри бисёре қарор додааст.
  20. Ва агар хостед ҳамсареро ба ҷои ҳамсар [-и талоқ додаи худ] ҷойгузин кунед ва ба яке аз онҳо моли зиёде [ба унвони маҳр] дода бошед, пас чизе аз онро боз нагиред. Оё онро ба буҳтону гуноҳи ошкор боз мегиред?
  21. Ва чигуна он [маҳр]-ро пас мегиред, дар ҳоле ки шумо ба ҳамдигар расидаед ва онон [ҳангоми никоҳ] аз шумо паймони маҳкам гирифтаанд?
  22. Ва бо заноне, ки падарони шумо [бо онҳо] издивоҷ кардаанд, никоҳ накунед, магар он чи [пеш аз ин] гузаштааст. Ҳамоно ин кор ношоист ва манфур мебошад ва бад роҳест.
  23. Бар шумо ҳаром шудааст [издивоҷ бо] модаронатон ва духтаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва духтарони бародар ва духтарони хоҳар ва модаронатон, ки шуморо шир додаанд ва хоҳарони ризоии шумо ва модарони занонатон ва духтарони ҳамсаронатон, ки дар домони шумо [парвариш ёфтаанд] аз занонатон, ки бо онҳо ҳамбистар шудаед ва агар бо онҳо ҳамбистар нашудаед, пас бар шумо ҳеҷ гуноҳе нест ва ҳамсарони [он] писаронатон, ки аз пушти шумо ҳастанд ва ин ки байни ду хоҳар ҷамъ кунед, магар он чи пеш аз ин гузаштааст. Ба ростӣ, Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  24. Ва занони шавҳардор [низ бар шумо ҳаром шудааст] ҷуз он чи [аз канизон] ки молик шудаед. [Ин ҳукмро] Худо бар шумо муқаррар доштааст ва ғайр аз ин [занон] барои шумо ҳалол аст, ки бо амволатон аз рӯи покдоманӣ, на аз рӯи шаҳватронӣ [онро ба издивоҷ] талаб кунед. Ва замоне ки аз он занон баҳра мебаред, пас маҳрашонро ба унвони фариза ба онон бидиҳед. Ва бар шумо баъд аз маҳри муқаррар дар он чи бо якдигар розӣ шудед, ҳеҷ гуноҳе нест. Ҳамоно Худованд донои ҳаким аст.
  25. Ва ҳар кас аз шумо тавони молӣ надорад, ки бо занҳои озоди мӯъмин издивоҷ намояд, пас аз духтарони ҷавони боимон, аз канизонатон [издивоҷ кунад] -ва Худо ба имони шумо донотар аст- баъзе аз шумо аз баъзе дигар аст. Пас онҳоро бо иҷозаи соҳибонашон ба никоҳ дароваред ва маҳрашонро ба таври писандида ба онон бипардозед, дар ҳоле ки онон покдоман бошанд, на зинокор ва на гирандагони дӯстони пинҳонӣ. Ва ҳангоме ки шавҳардор шуданд, пас агар муртакиби зино шаванд, пас бар онон нисфи азобе ҳаст, ки бар занони [озоди] покдоман аст. Ин [издивоҷ бо канизон] барои касе аз шумост, ки аз ранҷ [ва аз гуноҳи зино] битарсад ва сабр кардан барои шумо беҳтар аст ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  26. Худо мехоҳад, ки [аҳкомро] барои шумо баён кунад ва шуморо ба шеваи дурусти касоне, ки пеш аз шумо буданд ҳидоят кунад ва тавбаи шуморо бипазирад ва Худованд донои ҳаким аст.
  27. Ва Худо мехоҳад тавбаи шуморо бипазирад ва касоне, ки аз шаҳватҳо пайравӣ мекунанд, мехоҳанд, ки шумо дучори инҳирофи бузурге шавед.
  28. Худо мехоҳад бар шумо осон гирад ва инсон нотавон офарида шудааст.
  29. Эй касоне, ки имон овардаед! Амволи худро дар миёнатон ба ноҳақ нахӯред, магар ин ки доду ситаде бо ризояти байни шумо бошад. Ва худро накушед; ҳамоно Худо нисбат ба шумо меҳрубон аст.
  30. Ва ҳар кас ин [амал]-ро аз рӯи саркашӣ ва ситам анҷом диҳад, пас ба зудӣ ӯро дар оташ [-и сӯзон] ворид мекунем ва ин [кор] бар Худо осон аст.
  31. Агар аз гуноҳони бузурге, ки аз он наҳй мешавед, дурӣ кунед, бадиҳоятонро аз шумо мепӯшонем ва шуморо ба ҷойгоҳи арҷманд дохил мекунем.
  32. Он чиро, ки Худованд ба сабаби он, баъзе аз шуморо ба баъзе [дигар] бартарӣ додааст, орзу накунед. Барои мардон аз он чи касб кардаанд, баҳраест ва барои занон [низ] аз он чи касб кардаанд, баҳраест ва Худоро аз фазлаш бихонед, ки ҳамоно Худо ба ҳама чиз доност.
  33. Ва барои ҳар касе аз он чи падару модару хешовандон бар ҷой гузоштаанд, ворисоне қарор додаем ва [низ] касоне, ки [бо онон] паймон бастаед, пас саҳмашонро ба онон бидиҳед; ба дурустӣ, ки Худо бар ҳама чиз гувоҳ аст.
  34. Мардон бар занон сарпарастӣ доранд, ба сабаби ин ки Худо баъзе аз ононро бар баъзе [дигар] бартарӣ додааст ва [низ] ба сабаби ин ки аз амволашон [барои занон] нафақа медиҳанд. Пас занони шоиста фармонбардоранд, дар ғиёб [-и ҳамсар асрор ва ҳуқуқи ӯро] ба хотири он чи Худо барояшон ҳифз кардааст нигоҳ медоранд. Ва занонеро, ки аз нофармониашон метарсед, пас ба онон панд диҳед ва [агар таъсир надошт] дар бистарҳо аз онҳо дурӣ кунед ва [агар таъсир надошт] онҳоро бизанед ва агар аз шумо итоат карданд, пас роҳе бар [озори] онҳо наҷӯед. Ба ростӣ, Худованд баландмартабаи бузург аст.
  35. Ва агар аз ҷудоӣ миёни он ду бим доред, пас доваре аз хешовандони он [мард] ва доваре аз хешовандони он [зан] интихоб кунед; агар он ду қасди ислоҳ дошта бошанд, Худо миёни онҳо созгорӣ хоҳад дод. Ба ростӣ Худованд донои огоҳ аст.
  36. Ва Худоро бипарастед ва чизеро ба Ӯ шарик қарор надиҳед ва ба падару модар некӣ кунед ва низ ба наздикон ва ятимон ва бенавоён ва ҳамсояи наздик ва ҳамсояи дур ва дӯсти ҳамнишин ва дар роҳ монда ва он чи аз бардагон молик ҳастед [некӣ кунед]. Ҳатман Худо касеро, ки худхоҳи фахрфурӯш бошад, дӯст намедорад.
  37. Касоне, ки бухл меварзанд ва мардумро ба бухл фармон медиҳанд ва он чиро Худо аз фазли Худ ба онон додааст, пинҳон мекунанд ва барои кофирон азоби хоркунандае омода кардаем.
  38. Ва касоне, ки амволи худро барои худнамоӣ ба мардум, инфоқ мекунанд ва ба Худо ва рӯзи қиёмат имон надоранд ва ҳар кас, ки шайтон ҳамнишини ӯ бошад, пас [бидонад, ки] бад ҳамнишине аст.
  39. Ва чӣ [зиёне] бар онон дошт, агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон меоварданд ва аз он чи Худо ба онон дод, инфоқ мекарданд? Ва Худо ба [ҳоли] онон доност.
  40. Ба яқин Худо ба андозаи заррае ситам намекунад ва агар [кори] неке бошад, онро дучандон мекунад ва аз назди Худ подоши бузурге медиҳад.
  41. Пас чигуна аст онгоҳ ки аз ҳар уммате гувоҳе оварем ва туро бар инон гувоҳ оварем?
  42. Дар он рӯз касоне, ки куфр варзидаанд ва Паёмбарро нофармонӣ кардаанд, орзу мекунанд, ки бо [хоки] замин яксон мешуданд ва наметавонанд ҳеҷ суханеро аз Худо пинҳон намоянд.
  43. Эй касоне, ки имон овардаед! Дар ҳоле ки шумо маст ҳастед ба намоз наздик нашавед, то он ки бидонед чӣ мегӯед ва дар ҳоли ҷанобат [низ] то он ки ғусл кунед [ба намоз наздик нашавед] -магар ин ки раҳгузар бошед- ва агар бемор ё дар сафар бошед ё касе аз шумо аз қазои ҳоҷат биёяд ё бо занон наздикӣ кардед ва обе наёфтед, пас бар замини пок таяммум кунед ва рӯйҳо ва дастонатонро масҳ кунед; ба ростӣ, Худованд афвкунандаи омурзанда аст.
  44. Оё нанигаристӣ ба сӯи касоне, ки баҳрае аз китоб [-и осмонӣ] дода шудаанд? Дар ҳоле ки гумроҳиро мехаранд ва мехоҳанд, ки шумо [низ] роҳро гум кунед.
  45. Ва Худо ба [ҳоли] душманони шумо донотар аст ва Худо барои сарпарастӣ кофӣ аст ва ёварии Худо бас аст.
  46. Бархе аз касоне, ки яҳудианд калимот [-и Таврот]-ро аз ҷойҳояш таҳриф мекунанд ва мегӯянд: «шунидем ва нофармонӣ кардем» ва бишнав, дар ҳоле ки ғайри шунавандаӣ! Ва бо печондани забонашон ва таъна задан ба дин [мегӯянд:] роино (моро аҳмақ кун). Ва агар онон мегуфтанд: «шунидем ва итоат кардем ва [суханони моро] бишнав ва ба мо мӯҳлат бидеҳ» қатъан барои онҳо беҳтар ва устувортар буд, валекин Худо ононро ба хотири куфрашон лаънат кардааст; пас ҷуз андаке имон намеоваранд.
  47. Эй касоне, ки ба шумо китоб [-и осмонӣ] дода шудааст! Ба он чи нозил кардем, ки тасдиқкунандаи он чизест, ки бо шумост, имон оваред, пеш аз он ки чеҳраҳоеро дигаргун кунем ва онҳоро ба пушти сарашон баргардонем ё онҳоро лаънат кунем, ҳамонгуна, ки асҳоби Сабт (яҳудиёне ки дар рӯзи шанбе нофармонӣ карданд)-ро лаънат кардем ва фармони Худо анҷом шуданӣ аст.
  48. Ба ростӣ, Худо, ширк варзидан ба Ӯро намеомурзад ва ғайри онро барои ҳар кас бихоҳад меомурзад ва ҳар кас ба Худо ширк варзад, қатъан гуноҳи бузурге бофтааст.
  49. Оё нанигаристӣ ба касоне, ки худашонро меситоянд? Балки Худо ҳар касро бихоҳад ситоиш мекунад ва камтарин ситаме нахоҳанд шуд.
  50. Бингар, чигуна бар Худо дурӯғ мебанданд ва ин гуноҳи ошкор [барои муҷозоти онҳо] кофӣ аст.
  51. Оё нанигаристӣ ба касоне, ки баҳрае аз китоб [-и осмонӣ] дода шудаанд, дар ҳоле ки ба бут ва тоғут имон меоваранд ва дар бораи касоне, ки куфр варзидаанд, мегӯянд: «инҳо аз касоне, ки имон овардаанд, роҳ ёфтатаранд»?
  52. Онҳо касоне ҳастанд, ки Худо лаънаташон кардааст ва ҳар касро Худо лаънат кунад, пас ҳеҷ ёваре барояш нахоҳӣ ёфт.
  53. Оё барои онҳо баҳрае аз фармонравоӣ ҳаст? [Агар чунин буд] пас камтарин чизе ба мардум намедоданд.
  54. Ё ин ки нисбат ба мардум (Паёмбар ва мӯъминон) ба он чи Худо аз фазлаш ба онҳо ато кардааст, ҳасад меварзанд? Ба яқин ба хонадони Иброҳим китоб ва ҳикмат додем ва фармонравоии бузурге ба онон бахшидем.
  55. Пас баъзе аз онон касоне ҳастанд, ки ба он [китоб] имон оварданд ва баъзе аз онон касоне ҳастанд, ки аз он манъ карданд ва ҷаҳаннами сӯзон [барои онон] бас аст.
  56. Дар ҳақиқат касоне, ки ба оятҳои Мо куфр варзиданд, ба зудӣ онҳоро ба оташе ворид мекунем, ки ҳар гоҳ пӯстҳояшон бисӯзад, пӯстҳои ғайр аз он ҷойгузинашон мекунем, то азобро бичашанд; ба яқин Худованд пирӯзманди ҳаким аст.
  57. Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ба зудӣ онҳоро дар боғҳое [аз биҳишт] дохил мекунем, ки аз зери он наҳрҳо ҷорист, дар ҳоле ки ҳамеша дар он ҷовидонанд. Дар он ҷо барояшон ҳамсарони покиза аст ва онҳоро дар сояҳои пойдор ворид мекунем.
  58. Дар ҳақиқат Худо ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба аҳлаш баргардонед ва ҳангоме ки дар миёни мардум ҳукм мекунед, ба адолат ҳукм кунед. Қатъан, чӣ некӯст он чи Худо шуморо ба он панд медиҳад. Ба дурустӣ, ки Худованд шунавои биност.
  59. Эй касоне, ки имон овардаед! Худоро итоат кунед ва Паёмбарро итоат кунед ва улуламри худро. Ва агар дар чизе низоъ намудед, пас онро ба Худо ва Расул боз гардонед, агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доред. Ин [барои шумо] беҳтар ва хушоқибаттар аст.
  60. Оё нанигаристӣ ба касоне, ки гумон мекунанд, ки ба он чи бар ту нозил шудааст ва он чи пеш аз ту нозил шудааст, имон овардаанд, дар ҳоле ки мехоҳанд доварии худро ба сӯи тоғут баранд? Бо ин ки қатъан ба онҳо дастур дода шудааст, ки ба ӯ куфр варзанд ва шайтон мехоҳад онҳоро ба гумроҳии дур, гумроҳ созад.
  61. Ва ҳангоме ки ба онон гуфта шавад: «ба сӯи он чи Худо нозил кардааст ва ба сӯи Паёмбар биёед!» Mунофиқонро мебинӣ, ки комилан аз ту рӯй мегардонанд.
  62. Пас чигуна аст, онгоҳ ки ба онҳо ба сабаби он чи ки пеш аз худ фиристодаанд, гирифтори мусибате шаванд, пас аз муддате назди ту меоянд, дар ҳоле ки ба Худо савганд мехӯранд, ки мо ҷуз некӯкорӣ ва оштӣ додан қасде надоштем?
  63. Онҳо касоне ҳастанд, ки Худо он чиро дар дилҳояшон аст медонад. Пас, аз онҳо рӯй бигардон ва ононро андарз деҳ ва ба онон сухани расо [ва таъсиргузор] дар ҷонҳояшон, бигӯ.
  64. Ва Мо ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар барои ин ки ба хости Худо [аз ӯ] итоат шавад. Ва агар ин ки онон, ҳангоме ки бар хештан ситам карданд, пеши ту меомаданд ва аз Худо омурзиш мехостанд ва Паёмбар [низ] барои онон талаби омурзиш мекард, ҳатман Худоро бисёр тавбапазири меҳрубон меёфтанд.
  65. Пас [чунин] нест; ба Парвардигорат савганд, ки онҳо имон намеоваранд, магар дар ихтилофе, ки байнашон аст туро довар қарор диҳанд, сипас аз он чи ҳукм кардӣ, дар дилашон ҳеҷ малоле наёбанд ва комилан таслим шаванд.
  66. Ва агар Мо бар онон муқаррар мекардем, ки худатонро бикушед ё аз диёри худ берун шавед, ҷуз андаке аз онҳо ба он амал намекарданд ва агар он чиро, ки ба он панд дода мешуданд ба ҷо меоварданд, ҳатман барояшон беҳтар ва пойдортар буд.
  67. Ва онгоҳ аз назди хеш аҷри бузурге ба онон медодем;
  68. Ва ҳатман онҳоро ба роҳи рост ҳидоят мекардем.
  69. Ва касоне, ки Худо ва Паёмбарро итоат кунанд, пас онҳо бо касоне хоҳанд буд, ки Худо ба онон неъмат додааст; аз паёмбарон ва сиддиқон ва шаҳидон ва солиҳон ва онон чӣ нек рафиқоне ҳастанд.
  70. Ин фазл [-у бахшиш] аз ҷониби Худост ва доноии Худованд кифоят мекунад.
  71. Эй касоне, ки имон овардаед! Силоҳҳои худро баргиред ва гурӯҳ-гурӯҳ [барои ҷиҳод] берун равед ё дастаҷамъӣ ҳаракат намоед.
  72. Ва албатта, дар миёни шумо касе ҳаст, ки ҳатман сустӣ мекунад, пас агар мусибате ба шумо расад, гӯяд: «ба таҳқиқ Худо ба ман неъмат дод, ки бо онон ҳозир нашудам».
  73. Ва агар фазл [ва пирӯзӣ] аз ҷониби Худо ба шумо бирасад, -гӯё байни шумо ва байни ӯ ҳеҷ дӯстие набуд- ба таҳқиқ мегӯяд: «эй кош ман бо онҳо будам ва ба комёбии бузург ноил мешудам».
  74. Пас касоне, ки зиндагии дунёро ба охират мефурӯшанд, бояд дар роҳи Худо биҷанганд ва ҳар кас дар роҳи Худо биҷангад ва кушта шавад ё пирӯз гардад, пас ба зудӣ подоши бузурге ба ӯ хоҳем дод.
  75. Ва шуморо чӣ шудааст, ки дар роҳи Худо ва [дар роҳи] наҷоти мардону занону кӯдакони мустазъаф намеҷангед? [Ҳамон] касоне, ки мегӯянд: «Парвардигори мо! Моро аз ин ободӣ, ки мардумаш ситамгаранд берун бар ва аз ҷониби Худ барои мо сарпарасте қарор бидеҳ ва аз ҷониби Хеш ёваре барои мо қарор бидеҳ».
  76. Касоне, ки имон оварданд дар роҳи Худо меҷанганд ва касоне, ки куфр варзиданд дар роҳи тоғут меҷанганд. Пас бо ёрони шайтон биҷангед. Дар ҳақиқат найранги шайтон заиф аст.
  77. Оё нанигаристӣ ба касоне, ки ба онон гуфта шуд: «[аз ҷанг] даст нигоҳ доред ва намоз барпо доред ва закот пардохт кунед!» Ва ҳангоме ки ҷиҳод бар онон муқаррар шуд, ногоҳ гурӯҳе аз онон аз мардум [-и мушрик] метарсиданд, монанди тарсидан аз Худо [ва] ё тарсидани сахттар ва гуфтанд: «Парвардигори мо! Чаро ҷиҳодро бар мо муқаррар кардӣ, чаро моро то муддати кутоҳе мӯҳлат надодӣ?» Бигӯ: «баҳраи дунё ночиз аст ва охират барои касе, ки тақво пеша кунад беҳтар аст ва камтарин ситаме нахоҳед шуд».
  78. Ҳар ҷо, ки бошед марг шуморо дармеёбад ва ҳарчанд дар бурҷҳои мустаҳкам бошед. Ва агар хайре ба онҳо бирасад мегӯянд: «ин аз ҷониби Худост» ва агар бадие ба онҳо бирасад мегӯянд: «ин аз ҷониби туст». Бигӯ: «ҳама аз ҷониби Худост». Пас ин қавмро чӣ шудааст, ки намехоҳанд суханеро бифаҳманд?
  79. Он чи аз хайр ба ту расад, пас аз ҷониби Худост ва он чи аз бадӣ ба ту расад, пас аз худи туст. Ва Мо туро ба паёмбарӣ ба сӯи мардум фиристодем ва гувоҳии Худо кофист.
  80. Ҳар кас Паёмбарро итоат кунад, дар ҳақиқат Худоро итоат кардааст ва ҳар кас рӯй гардонад, пас туро барояшон нигаҳбон нафиристодем.
  81. Ва мегӯянд: «фармонбардор [ем]» ва ҳангоме ки аз назди ту берун раванд, гурӯҳе бар хилофи он чи ту мегӯӣ нақша мекашанд ва Худо он чиро шабона нақша мекашанд, менависад. Пас, аз онон рӯй баргардон ва бар Худо таваккал кун ва корсозии Худо кофист.
  82. Пас оё дар Қуръон тадаббур [ва андеша] намекунанд? Агар аз тарафи ғайри Худо буд, дар он ихтилофи бисёре меёфтанд.
  83. Ва ҳангоме ки хабаре аз эминӣ ва ё тарс ба онон бирасад онро пахш мекунанд ва агар онро ба Паёмбар ва улуламре аз худ бозгардонанд, касоне аз эшон, ки онро истинбот мекунанд, ҳатман [воқеияти] онро мефаҳмиданд. Ва агар фазлу раҳмати Худо бар шумо набуд, қатъан ҷуз андаке [аз шумо] аз шайтон пайравӣ мекардед.
  84. Пас дар роҳи Худо ҷиҳод кун; ҷуз бар нафси худ мукаллаф нестӣ ва мӯъминонро [бар ҷиҳод] тарғиб кун, умед аст, ки Худо газанди касонеро, ки куфр варзидаанд [аз шумо] боз дорад ва Худо қудрати бештар ва муҷозоти сахттаре дорад.
  85. Ҳар кас воситаи [кори] неке шавад, баҳрае аз он барояш хоҳад буд ва ҳар кас воситаи [кори] баде шавад, саҳме аз он барояш хоҳад буд ва Худо бар ҳар чизе ҳисобгари дақиқ аст.
  86. Ва ҳангоме ки ба шумо [салому] дуруде гуфта шуд, пас бо [салому] дуруде беҳтар аз он ва ё ҳамонанди онро посух диҳед. Қатъан Худо бар ҳама чиз ҳисобрас аст.
  87. Худо, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест, қатъан шуморо дар рӯзи қиёмат, -ки шакке дар он нест- гирд меоварад ва чӣ касе дар сухан аз Худо ростгӯтар аст?
  88. Ва шуморо чӣ шудааст, ки дар бораи мунофиқон ду даста шудаед? Дар ҳоле ки Худо ононро ба сабаби он чи анҷом додаанд сарнагун кардааст. Оё мехоҳед касеро, ки Худо ӯро гумроҳ кардааст ҳидоят кунед? Ва ҳар касро Худо гумроҳ кунад, пас ҳеҷ роҳе барои [ҳидояти] ӯ нахоҳӣ ёфт.
  89. Онҳо орзу доранд, ки шумо [низ] кофир шавед ҳамчунонки онҳо кофир шуданд, то бо онҳо яксон гардед. Пас, аз миёни онон дӯстоне нагиред, то ин ки дар роҳи Худо ҳиҷрат кунанд ва агар рӯй баргардонанд, пас ҳар ҷо ононро ёфтед, бигиред ва онҳоро бикушед ва аз онҳо ҳеҷ дӯсту ёваре нагиред.
  90. Магар касоне, ки ба гурӯҳе бипайванданд, ки миёни шумо ва миёни онон паймоне ҳаст; ё ба назди шумо биёянд, дар ҳоле ки дилҳояшон аз ҷанг бо шумо ё ҷанг бо қавмашон, ба танг омада бошад. Ва агар Худо мехост, катъан онҳоро бар шумо мусаллат мекард ва ҳатман бо шумо меҷангиданд. Ва агар аз шумо канорагирӣ кунанд ва бо шумо ҷанг накунанд ва ба шумо пешниҳоди сулҳ доданд, пас Худо ҳеҷ роҳе барои шумо бар зидди онҳо қарор надодааст.
  91. Ба зудӣ [гурӯҳи] дигареро хоҳед ёфт, ки мехоҳанд аз шумо ва аз қавми худ дар амон бошанд; ҳар гоҳ ба фитна [ва ширк] даъват шаванд сар дар он фурӯ мебаранд. Пас агар аз шумо канорагирӣ накарданд ва пешниҳоди сулҳ надоданд ва даст накашиданд, пас ҳар ҷо онҳоро пайдо кардед, ононро бигиред ва бикушед. Ва инҳоянд, ки барои шумо тасаллути ошкор бар онон қарор додаем.
  92. Ва ҳеҷ мӯъминеро раво набошад, ки мӯъминеро бикушад, магар ба хато. Ва ҳар касе мӯъминеро ба хато бикушад, пас озод кардани бардаи мӯъмин ва пардохти хунбаҳо ба хонаводааш бар ӯ [лозим] аст, магар он ки онҳо бибахшанд. Ва агар [мақтул] аз қавме бошад, ки душмани шумост ва худи ӯ мӯъмин аст, пас озод кардани бардаи мӯъмин [лозим аст]. Ва агар аз қавме бошад, ки миёни шумо ва онон паймоне барқарор аст, пас пардохти хунбаҳо ба хонаводааш ва озод кардани бардаи мӯъмин [лозим] аст. Ва ҳар кас [бардаи мӯъмин] наёфт, пас рӯзаи ду моҳи паёпай ба унвони тавбае аз ҷониби Худо, бар ӯ [лозим] аст ва Худованд донои ҳаким аст.
  93. Ва ҳар кас мӯъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар ҳоле ки дар он ҷо мондагор аст ва Худо бар ӯ хашм гирад ва лаънаташ кунад ва барои ӯ азоби бузурге омода кардааст.
  94. Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме ки дар роҳи Худо [барои ҷиҳод] сафар кунед, пас баррасӣ кунед ва ба касе, ки [изҳори ислом кунад ва] ба шумо пешниҳоди сулҳ диҳад, нагӯед, ки мӯъмин нестӣ, ки зиндагии нопойдори дунёро металабед; дар ҳоле ки ғаниматҳои бисёр назди Худост. Шумо низ пеш аз ин, чунин будед ва Худо [неъмати исломро] бар шумо миннат ниҳод; пас бояд баррасӣ кунед; ба дурустӣ, ки Худо ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст.
  95. Мӯъминони нишаста [аз ҷиҳод] ки осебе надидаанд, бо муҷоҳидоне ки дар роҳи Худо бо амволашон ва ҷонҳояшон [ҷиҳод мекунанд] баробар нестанд. Худо муҷоҳидонеро, ки бо амволашон ва ҷонҳояшон [ҷиҳод карданд] бар нишастагони аз ҷиҳод, дараҷаи бартаре додааст ва Худо ҳамаро ваъдаи нек додааст. Ва Худо муҷоҳидонро бар нишастагони аз ҷиҳод, ба подоши бузурге бартарӣ бахшидааст.
  96. Мартабаҳо ва омурзиш ва раҳмате аз ҷониби Ӯ [барои онҳо]-ст ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  97. Дар ҳақиқат касоне, ки фариштагон ҷонашонро меситонанд, дар ҳоле ки ситамгари хешанд [ба онҳо] гӯянд: «дар чӣ [ҳоле] будед?» Гӯянд: «мо дар замин мустазъаф будем»; гӯянд: «оё замини Худо васеъ набуд, то дар он ҳиҷрат кунед?» Пас онон ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва бад ҷойгоҳест.
  98. Магар мардону занону кӯдакони мустазъафе, ки тавони чорае надоранд ва ҳеҷ роҳе намеёбанд.
  99. Ва ононанд, ки умед аст Худо онҳоро бибахшояд ва Худованд афвкунандаи омурзанда аст.
  100. Ва ҳар кас дар роҳи Худо ҳиҷрат кунад, дар замин маконҳои [амни] бисёр ва кушоише хоҳад ёфт ва ҳар кас [ҳамчун] муҳоҷир ба сӯи Худо ва Паёмбараш аз хонаи худ берун равад, сипас марг ӯро дарёбад, пас ба яқин аҷраш бар Худост ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  101. Ва ҳангоме ки дар замин сафар кардед, агар аз фитнагарии касоне, ки куфр варзидаанд тарсед, пас гуноҳе бар шумо нест, ки намозатонро қаср бихонед; қатъан кофирон барои шумо душмани ошкор ҳастанд.
  102. Ва чун [ҳангоми хавф] дар миёни онон бошӣ ва барои онон намоз барпо кунӣ, пас бояд гурӯҳе аз онҳо бо ту [ба намоз] истанд ва бояд силоҳҳои худро баргиранд ва ҳангоме ки саҷда карданд, пас бояд [дар майдони ҷанг] пушти саратон қарор гиранд ва бояд гурӯҳи дигаре ки намоз нахондаанд, биёянд ва бо ту намоз гузоранд ва бояд омода бошанд ва силоҳҳои худро [дар ҳоли намоз, ҳамроҳ] дошта бошанд; касоне, ки куфр варзиданд, орзу доранд аз силоҳҳо ва колоҳои хеш ғофил шавед, то якбора бар шумо ҳуҷум оваранд. Ва агар шуморо ранҷе аз борон бошад ё бемор [ва маҷруҳ] бошед, ҳеҷ гуноҳе бар шумо нест, ки силоҳҳои худро бар замин ниҳед ва [албатта] омода бошед. Қатъан Худованд барои кофирон азоби хоркунандае омода кардааст.
  103. Ва ҳангоме ки намозро тамом кардед, пас Худоро истода ва нишаста ва бар паҳлӯи хеш [такя дода] ёд кунед. Ва замоне ки осудахотир шудед, пас намозро [комил] бар по доред. Дар ҳақиқат намоз бар мӯъминон фаризаи замондор аст.
  104. Дар ҷустуҷӯи гурӯҳ [-и кофирон] сустӣ накунед; агар шумо дард мекашед, онҳо [низ] ҳамонанди дардмандии шумо дард мекашанд; дар ҳоле ки шумо чизе аз Худо умед доред, ки [онҳо ба он] умед надоранд. Ва Худованд донои ҳаким аст.
  105. Ҳамоно Мо Китобро ба ҳақ ба сӯи ту нозил кардем, то ба он чи Худо ба ту нишон додааст, дар миёни мардум ҳукм кунӣ ва ба нафъи хиёнаткорон мудофеъ набош.
  106. Ва аз Худо омурзиш бихоҳ; ҳамоно Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  107. Ва аз касоне, ки ба худашон хиёнат мекунанд, дифоъ накун; бешак, Худо касеро, ки хиёнатгари гуноҳкор бошад, дӯст надорад.
  108. [Хиёнати худро] аз мардум пинҳон медоранд ва аз Худо пинҳон намекунанд; дар ҳоле ки Ӯ бо онҳост, замоне ки шабона ба суханоне хилофи ризои Ӯ мепардозанд ва Худо ба он чи анҷом медиҳанд иҳота [ва тасаллут] дорад.
  109. Огоҳ бошед! Шумо онҳоед, ки дар зиндагии дунё аз онҳо дифоъ кардед, пас чӣ касе дар рӯзи қиёмат дар баробари Худо аз онон дифоъ хоҳад кард ё чӣ касе вакили онҳо мешавад?
  110. Ва ҳар кас бадие кунад ё ба худ ситам кунад, сипас аз Худо омурзиш бихоҳад Худовандро омурзандаи меҳрубон хоҳад ёфт.
  111. Ва ҳар кас гуноҳе анҷом диҳад, танҳо онро ба зиёни худаш анҷом додааст ва Худованд донои ҳаким аст.
  112. Ва ҳар кас хато ё гуноҳе анҷом диҳад, сипас онро ба бегуноҳе нисбат диҳад, пас ба яқин буҳтон ва гуноҳи ошкореро бар дӯш гирифтааст.
  113. Ва агар фазли Худо ва раҳматаш бар ту набуд, ҳатман гурӯҳе аз онон қасд доштанд, ки туро гумроҳ кунанд; дар ҳоле ки ҷуз худашонро гумроҳ намекунанд ва ҳеҷ зараре ба ту намерасонанд. Ва Худо китоб ва ҳикмат бар ту нозил кард ва он чиро намедонистӣ ба ту омӯхт ва фазли Худо бар ту бузург аст.
  114. Дар бисёре аз суханони сиррии онҳо ҳеҷ хайре нест, магар касе, ки ба садақае ё [кори] писандидае ё ислоҳе миёни мардум, фармон диҳад. Ва ҳар кас ин [кор]-ро барои талаби ризои Худо анҷом диҳад, пас ба зудӣ подоши бузурге ба ӯ хоҳем дод.
  115. Ва ҳар кас баъд аз равшан шудани [роҳи] ҳидоят бо Паёмбар мухолифат кунад ва аз ғайри роҳи мӯъминон пайравӣ намояд, ӯро ба он чи рӯй кардааст баргардонем ва ӯро ба ҷаҳаннам дароварем ва бад ҷойгоҳест.
  116. Ба ростӣ, Худо ширк варзидан ба Ӯро намеомурзад ва ғайри инро барои ҳар кас, ки бихоҳад, меомурзад ва ҳар кас ба Худо ширк варзад, пас ҳамоно ба гумроҳии дуре гумроҳ шудааст.
  117. Мушрикон ба ҷои Ӯ ҷуз [бутҳои] муаннасро намехонанд ва ҷуз шайтони саркашро намехонанд.
  118. Худо ӯро лаънат кард ва [шайтон] гуфт: «ҳатман аз бандагонат саҳми муайяне хоҳам гирифт;
  119. Ва ҳатман онҳоро гумроҳ мекунам ва ҳатман ононро ба орзу меандозам ва ҳатман ба онон фармон медиҳам, ки гӯшҳои чорпоёнро бишкофанд ва ҳатман ба онон фармон медиҳам, пас офариниши Худоро тағйир медиҳанд». Ва ҳар кас ба ҷои Худо шайтонро сарпараст гирад, пас ба таҳқиқ ба зиёни ошкор, зиён дидааст.
  120. Ба онон ваъда медиҳад ва орзумандашон месозад; дар ҳоле ки шайтон ҷуз фиреб ба онон ваъда намедиҳад.
  121. Онон ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва ҳеҷ роҳи гурезе аз он намеёбанд.
  122. Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ба зудӣ онҳоро дар боғҳое [аз биҳишт] дохил мекунем, ки аз зери он наҳрҳо ҷорист; дар ҳоле ки ҳамеша дар он ҷовидонанд. Ваъдаи Худо рост аст ва чӣ касе дар гуфтор аз Худо ростгӯтар аст?
  123. [Подош ва кайфари Худо] мувофиқи орзуҳои шумо ва орзуҳои Аҳли Китоб нест; ҳар кас кори баде анҷом диҳад ба он ҷазо дода мешавад ва ғайр аз Худо барои худ сарпарасту ёваре намеёбад.
  124. Ва ҳар кас аз мард ё зан, дар ҳоле ки ӯ мӯъмин бошад, аз корҳои шоиста анҷом диҳад, пас онон дохили биҳишт мешаванд ва камтарин ситаме ба онон нахоҳад шуд.
  125. Ва дини чӣ касе беҳтар аст аз касе, ки худашро барои Худо таслим кунад; дар ҳоле ки ӯ некӯкор бошад ва аз оини Иброҳими ҳақгаро пайравӣ кунад? Ва Худо Иброҳимро ба дӯстӣ интихоб кард.
  126. Ва он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст барои Худост ва Худо бар ҳамаи чиз иҳота [ва тасаллут] дорад.
  127. Ва дар бораи занон аз ту талаби савол мекунанд, бигӯ: «Худо дар мавриди онон ба шумо посух медиҳад. Ва [низ] он чи дар Китоб бар шумо хонда мешавад, дар бораи занони ятим, ки он чиро барояшон муқаррар шудааст, ба онҳо намедиҳед ва мехоҳед, ки бо онҳо издивоҷ кунед. Ва [низ дар мавриди] кӯдакони мустазъаф ва ин ки дар [ҳаққи] ятимон адолатро барпо кунед. Ва ҳар [кори] хайре анҷом диҳед, пас ҳамоно Худо ба он доност.
  128. Ва агар зане аз саркашӣ ё рӯйгардонии шавҳараш бим дошта бошад, пас гуноҳе бар он ду нест, ки дар байни худ бо оштӣ сулҳ барқарор кунанд ва сулҳ беҳтар аст. Ва ҷонҳо дар маърази бухл қарор доранд ва агар неки кунед ва тақво пеша намоед, пас ба дурустӣ, ки Худо ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст.
  129. Ва ҳаргиз наметавонед дар миёни занон [атон] адолат барқарор кунед ва ҳарчанд талош намоед; пас бо тамоми майл [ба як тараф] майл наварзед, то он ки он [дигари]-ро мисли муаллақа (саргардон) раҳо кунед ва агар ислоҳ кунед ва тақво пеша намоед, пас қатъан Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  130. Ва агар аз якдигар ҷудо шаванд, Худо ҳар якро бо кушоиши Худ бениёз месозад ва Худованд кушоишгари ҳаким аст.
  131. Ва он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст барои Худост ва ба яқин касонеро, ки пеш аз шумо китоб дода шуданд ва [низ] шуморо супориш кардем, ки аз Худо битарсед. Ва агар куфр варзед, пас ба дурустӣ, ки он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, барои Худост ва Худованд бениёзи сутуда аст.
  132. Ва он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, барои Худост ва корсозии Худо кофист.
  133. Эй мардум! Агар [Худо] бихоҳад, шуморо [аз миён] мебарад ва дигаронро [ба ҷои шумо] меоварад ва Худо бар ин [кор] тавоност.
  134. Ҳар кас савоби дунёро бихоҳад, пас савоби дунё ва охират назди Худост ва Худованд шунавои биност.
  135. Эй касоне, ки имон овардаед! Барподорандагони адолат бошед [ва] барои Худо гувоҳӣ диҳед ва агарчи ба зарари худатон ё падару модар ва наздикон [-и шумо] бошад; агар [яке аз онҳо] бениёз ё фақир бошад, пас Худо ба [риояти ҳоли] онон сазовортар аст. Пас, аз ҳаво [ва ҳавас] пайравӣ накунед, ки [аз ҳақ] мунҳариф мешавед ва агар таҳриф кунед ё рӯй гардонед, пас ба дурустӣ, ки Худо ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст.
  136. Эй касоне, ки имон овардаед! Ба Худо ва Паёмбари Ӯ ва китобе, ки бар Паёмбараш нозил кард ва китобе, ки аз қабл фурӯ фиристод, имон оваред ва ҳар кас ба Худо ва фариштагони Ӯ ва китобҳои Ӯ ва паёмбарони Ӯ ва рӯзи қиёмат куфр варзад, пас ҳамоно ба гумроҳии дур гумроҳ шудааст.
  137. Ҳамоно касоне, ки имон оварданд, сипас куфр варзиданд, боз имон оварданд, боз куфр варзиданд; онгоҳ бар куфр [-и худ] афзуданд, ҳаргиз Худо ононро намеомурзад ва ононро ба ҳеҷ роҳе ҳидоят намекунад.
  138. Ба мунофиқон башорат деҳ, ки барояшон азоби дарднокест.
  139. Касоне, ки кофиронро ба ҷои мӯъминон дӯстон [-и худ] мегиранд, оё иззатро назди онҳо меҷӯянд? Пас қатъан иззат ҳама аз они Худост.
  140. Ба таҳқиқ Худо [ин ҳукмро] дар Китоб бар шумо нозил кардааст, ки ҳар гоҳ оятҳои Худоро бишунавед, ки онҳо мавриди инкор ва тамасхур қарор мегирад, пас бо онҳо манишинед, то он ки дар сухани ғайри он дароянд; зеро шумо дар ин сурат мисли онҳо хоҳед буд; ҳамоно Худованд гирдоварандаи ҳамаи мунофиқон ва кофирон, дар дӯзах аст.
  141. Касоне, ки дар интизори [гирифтории] шумо ҳастанд, пас агар пирӯзие аз ҷониби Худо ба шумо бирасад, мегӯянд: «оё бо шумо набудем?» Ва агар баҳрае барои кофирон бошад, мегӯянд: «оё шуморо ҳимоят накардем ва шуморо аз [газанди] мӯъминон боз надоштем?» Пас Худо дар рӯзи қиёмат миёни шумо доварӣ мекунад ва Худо ҳеҷ роҳе барои [тасаллути] кофирон бар мӯъминон қарор надодааст.
  142. Ҳамоно мунофиқон бо Худо найранг меварзанд ва Ӯ [дар посухи найрангашон] тадбир мекунад; ҳангоме ки ба намоз бархезанд, бо сустӣ бармехезанд, дар ҳоле ки бо мардум риёкорӣ мекунанд ва Худоро ҷуз андаке ёд намекунанд.
  143. Миёни [ин ва] он (куфру имон) саргардонанд; на бо инҳоянд ва на бо онҳо ва ҳар касро Худо гумроҳ кунад, пас ҳеҷ роҳе барои ӯ нахоҳӣ ёфт.
  144. Эй касоне, ки имон овардаед! Кофиронро ба ҷои мӯъминон дӯст нагиред; оё мехоҳед бар зидди худ, дар пешгоҳи Худо ҳуҷҷати равшане қарор диҳед?
  145. Ҳамоно мунофиқон дар поинтарин табақа аз оташанд ва ҳеҷ ёваре барояшон нахоҳӣ ёфт.
  146. Магар касоне, ки тавба карданд ва ислоҳ намуданд ва ба Худо тамассук ҷустанд ва дини худро барои Худо холис карданд; пас онҳо бо мӯъминонанд. Ва Худо ба зудӣ мӯъминонро подоши бузурге хоҳад дод.
  147. Агар шукргузорӣ кунед ва имон оваред, Худоро бо азоб кардани шумо чӣ кор? Ва Худованд шукргузори доност.
  148. Худо баланд гуфтани сухан дар бораи бади [-и дигарон]-ро дӯст надорад, магар касе, ки зулм шуда бошад ва Худованд шунавои доност.
  149. Агар некиро ошкор кунед ё пинҳонаш созед ё аз бади [-и дигарон] даргузаред, пас дар ҳақиқат Худованд афвкунандаи тавоност.
  150. Ҳамоно касоне, ки ба Худо ва паёмбарони Ӯ куфр меварзанд ва мехоҳанд миёни Худо ва паёмбаронаш ҷудоӣ андозанд ва мегӯянд: «ба баъзе имон меоварем ва баъзеро инкор мекунем» ва мехоҳанд миёни он [ду] роҳе интихоб кунанд;
  151. Дар ҳақиқат онон худ кофиранд ва барои кофирон азоби хоркунанда омода сохтаем.
  152. Ва касоне, ки ба Худо ва паёмбарони Ӯ имон оварданд ва миёни ҳеҷ як аз онон фарқ нагузоштанд, онҳоянд, ки [Худо] ба зудӣ подошҳояшонро ба онҳо хоҳад дод ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  153. Аҳли Китоб аз ту мехоҳанд, ки китобе аз осмон бар онҳо нозил кунӣ ва албатта аз Мӯсо бузургтар аз инро хостанд ва гуфтанд: «Худоро ошкоро ба мо бинамоён!» Пас ба сабаби зулмашон соиқа онҳоро фаро гирифт. Онгоҳ баъд аз далелҳои равшан, ки барояшон омад, гӯсола [парасти]-ро интихоб карданд. Ва [Мо боз] аз ин даргузаштем ва ба Мӯсо ҳуҷҷати равшане додем.
  154. Ба хотири [гирифтани] паймон аз онҳо [кӯҳи] Турро болои онҳо қарор додем ва ба онон гуфтем: «саҷдакунон аз дар ворид шавед!» Ва [низ] ба онон гуфтем: «дар [рӯзи] шанбе [аз ҳад] таҷовуз накунед!» Ва аз онҳо паймони устувор гирифтем.
  155. Пас ба сабаби шикастани онҳо паймонашонро ва инкорашон нисбат ба оятҳои Худо ва ба ноҳақ куштани онҳо паёмбаронро ва гуфторашон, ки: «дилҳои мо дар ғилоф аст» [лаънаташон кардем] балки Худо ба сабаби куфрашон бар он [дилҳо] мӯҳр ниҳод; пас ҷуз андаке имон намеоваранд;
  156. Ва [низ] ба сабаби куфрашон ва гуфторашон нисбат ба Марям, ки туҳмати бузурге буд;
  157. Ва [низ ба хотири] гуфторашон ки: «ҳамоно мо Масеҳ, Исо писари Марям, паёмбари Худоро куштем» дар ҳоле ки на ӯро куштаанд ва на ӯро бар дор овехтаанд, валекин [ҳақиқати амр] барои онҳо муштабаҳ шуд. Ва касоне, ки дар бораи [қатли] ӯ ихтилоф карданд, қатъан аз [ҳоли] ӯ дар шак афтодаанд, барои онҳо ҳеҷ илме нисбат ба он ҷуз пайравӣ аз гумон нест ва ба яқин ӯро накуштаанд.
  158. Балки Худо ӯро ба сӯи Худ боло бурд ва Худованд пирӯзманди ҳаким аст.
  159. Ва [касе] аз Аҳли Китоб нест, магар ин ки ҳатман пеш аз маргаш ба ӯ имон меоварад ва рӯзи қиёмат [Исо] бар онон гувоҳ хоҳад буд.
  160. Пас ба сабаби зулми касоне, ки яҳудӣ буданд ва ба сабаби боздоштанашон бисёре [аз мардум]-ро аз роҳи Худо, чизҳои покизаеро, ки барояшон ҳалол шуда буд, бар онҳо ҳаром кардем.
  161. Ва [низ ба сабаби] рибо гирифтани онҳо, дар ҳоле ки аз он манъ шуда буданд ва ба сабаби хӯрданашон моли мардумро ба ноҳақ ва барои кофирони аз онҳо, азоби дардноке омода сохтаем.
  162. Лекин аз миёни онон росихоне дар илм ва мӯъминон, ба он чи ба ту нозил шудааст ва он чи пеш аз ту нозил шудааст имон меоваранд ва барпокунандагони намоз ва пардохткунандагони закот ва мӯъминони ба Худо ва рӯзи қиёмат онҳоянд, ки ба зудӣ подоши бузурге ба эшон хоҳем дод.
  163. Ба дурустӣ Мо ба сӯи ту ваҳй кардем, чунонки ба сӯи Нӯҳ ва паёмбарони баъд аз ӯ ваҳй кардем ва [низ] ба сӯи Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва [паёмбароне аз] наберагон [-и ӯ] ва Исо ва Аюб ва Юнус ва Ҳорун ва Сулаймон ваҳй кардем ва ба Довуд Забур додем.
  164. Ва паёмбароне, ки қатъан саргузашти онҳоро пеш аз ин бар ту гуфтаем ва паёмбароне, ки саргузашти онҳоро ба ту нагуфтаем. Ва Худо бо Мӯсо сухан гуфт, сухангуфтане [бевосита].
  165. Паёмбароне, ки ҳушдордиҳанда ва бимдиҳанда буданд, то баъд аз ин паёмбарон барои мардум ҳуҷҷате бар зидди Худо набошад ва Худованд пирӯзманди ҳаким аст.
  166. Лекин Худо ба он чи ба ту нозил кард гувоҳӣ медиҳад, ки онро ба илми Худ нозил намудааст ва фариштагон [низ] гувоҳӣ медиҳанд ва гувоҳии Худо кофӣ аст.
  167. Ҳамоно, касоне, ки куфр варзиданд ва аз роҳи Худо боз доштанд ба гумроҳии дуре гумроҳ шуданд.
  168. Ҳамоно, касоне, ки куфр варзиданд ва зулм карданд, ҳаргиз Худо онҳоро намеомурзад ва онҳоро ба ҳеҷ роҳе ҳидоят нахоҳад кард;
  169. Магар ба роҳи дӯзах, ки ҳамеша дар он мондагоранд ва [ин кор] бар Худо осон аст.
  170. Эй мардум! Қатъан Паёмбар ҳақро аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо овард, пас имон биёваред, ки бароятон беҳтар аст ва агар куфр биварзед, пас [бидонед] он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Худост ва Худованд донои ҳаким аст.
  171. Эй Аҳли Китоб! Дар динатон ғулув накунед ва дар бораи Худо ҷуз ҳақ нагӯед; Масеҳ, Исо писари Марям фақат паёмбари Худо ва калимаи Ӯст, ки ӯро ба сӯи Марям афкандааст ва рӯҳе аз ҷониби Ӯст; пас ба Худо ва паёмбаронаш имон биёваред ва нагӯед: «[Худо] сегона аст» [ба ин суханон] поён диҳед; Худо фақат маъбуди ягона аст; Ӯ муназзаҳ аст аз ин ки барояш фарзанде бошад; он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Ӯст ва корсозии Худо кофӣ аст.
  172. Масеҳ аз ин ки бандаи Худо бошад, ҳаргиз нанг надорад ва фариштагони муқарраб [ҳамчунин]. Ва ҳар кас аз парастиши Ӯ худдорӣ кунад ва такаббур варзад, пас [Худо] ба зудӣ ҳамаи онҳоро ба сӯи Худ гирд хоҳад овард.
  173. Ва аммо касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, пас подошҳояшонро ба таври комил ба онҳо медиҳад ва аз фазли Худ бар онҳо меафзояд. Ва аммо касоне, ки худдорӣ карданд ва такаббур варзиданд, пас ононро ба азоби дарднок азоб хоҳад кард ва ғайр аз Худо ҳеҷ сарпараст ва ёваре барои худашон намеёбанд.
  174. Эй мардум! Қатъан шуморо далеле аз ҷониби Парвардигоратон омад ва нури ошкор ба сӯи шумо нозил кардем.
  175. Ва аммо, касоне, ки ба Худо имон оварданд ва ба Ӯ тамассук ҷустанд, пас ба зудӣ ононро дар раҳмат ва фазле аз ҷониби Хеш дароварад ва онҳоро ба сӯи Худ, ба роҳи рост ҳидоят кунад.
  176. Аз ту [дар бораи калола] мепурсанд, бигӯ: «Худо дар бораи калола барои шумо посух медиҳад [ки] агар марде бимирад, ки фарзанде барояш нест ва барои ӯ хоҳаре бошад, пас нисфи мерос барои он [хоҳар] аст ва ӯ [низ тамоми] мерос [-и он хоҳар]-ро мебарад, агар барои он [хоҳар] фарзанде набошад ва агар ду [хоҳар] бошанд, пас ду севуми мерос барои он ду аст ва агар бародарон ва хоҳароне бошанд, пас барои ҳар мард ду баробари саҳми зан аст; Худо аҳкоми Худро барои шумо баён мекунад, то мабодо гумроҳ шавед ва Худо ба ҳама чиз доност».

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...