Вафоти ҳазрати ХАДИҶАИ КУБРО (рз)

Заҳабӣ дар бораи ҳазрати Хадиҷаи Кубро (р), ҳамсари гиромии Паёмбари Акрам (с) менависад: “Маноқиб ва фазоили Хадиҷа бисёр аст. Ӯ аз ҷумлаи занони комил, оқил, пойбанд ба диёнат ва боиффату карим ва аз аҳли биҳишт буд. Паёмбар (с) ҳамеша ӯро мадҳу сано мекард ва аз дигар модарони мӯъминин бартар медонист.”

Имрӯз рӯзи вафот ва реҳлати ҳазрати Хадиҷаи Кубро аст, ба ҳамин муносибат тасмим гирифтем андаке дар бораи ин бонуи арҷманд бинависем. Ҳазрати Хадиҷаи Кубро, ки ба бонуи ду олам маъруф аст, 68 сол қабл аз ҳиҷрат ба дунё омадааст. Хонаводаи ҳазрати Хадиҷа аз хонаводаҳои бузург ва бошарофати араб буданд. Падари ӯ Хувайлид ибни Асади Қурайшӣ буд ва модараш Фотима духтари Зоид ибни Асам.

Ахлоқ ва рафтори Хадиҷа

Ҳазрати Хадиҷа дар фазилати ахлоқӣ бисёр маъруф буд, ки ба ин сабаб, дигар занони араб ба ӯ ҳасад меварзиданд. Ҳамин фазилатҳои ҳазрати Хадиҷа сабаб шуд, ки барои ҳамсарии Паёмбар (с) интихоб шавад. Тибқи ривоёт ҳазрати Хадиҷа (с) ёвари сиддиқи Паёмбар (с) буд.[1]

Он ҳазрат бонуе буд хирадманд, дурандеш ва шарофатманд ва аз назари насаб аз бартарин занони Қурайш буд.[2] Ӯ дар асари имтиёзоти ахлоқӣ ва иҷтимоии фаровоне, ки дошт, дар замони ҷоҳилият «Тоҳира»[3] ва «Сайидатул-Қурайш»[4] номида мешуд.

Заҳабӣ мегӯяд: “Маноқиб ва фазоили Хадиҷа бисёр аст. Ӯ аз ҷумлаи занони комил, оқил, пойбанд ба диёнат ва боиффату карим ва аз аҳли биҳишт буд. Паёмбар (с) ҳамеша ӯро мадҳу сано мекард ва аз дигар модарони мӯъминин бартар медонист.”[5]

Ҳазрати Хадиҷа (с) чунон мақоми болое дошт, ки Худованд ба он ҳазрат салом расондааст. Имом Муҳаммади Боқир (а) мефармояд: “Паёмбар (с) вақте ки аз Меъроҷ бармегашт, ба Ҷабраил (а) фармуд: “Оё ҳоҷате дорӣ? Ҷабраил (а) арз кард: “Хостаам ин аст, ки аз тарафи Худо ва ман ба Хадиҷа салом расонӣ.”

Издивоҷ бо Паёмбари Худо (с)

Баъд аз ин ки ҳазрати Хадиҷа аз мақомоти Паёмбар (с) бохабар шуд ва каромоти эшонро дид, бо он ҳазрат издивоҷ кард. Ба ривояти Ибни Аббос, ҳазрати Хадиҷа дар ҳангоми издивоҷ бо Паёмбар (с) 28 сола буд. Ҳангоми издивоҷи ҳазрати Хадиҷа (с) ва Паёмбар (с), ҳазрати Абӯтолиб ақди он ду бузургворро хонд.

Гӯё ӯ қаблан ду бор издивоҷ карда ва ҳамсаронаш даргузашта буданд[6] ва бузургони Қурайш ҳама алоқаманди издивоҷ бо ӯ буданд.[7] Мардони номдоре ҳамчун Утба ибни Абӯмуит, Абӯҷаҳл ва Абӯсуфён аз ӯ хостгорӣ карда буданд ва ӯ мувофиқат накарда буд.

Аз сӯи дигар, Хадиҷа бо Муҳаммад (с) хешованд буд ва насаби ҳар ду дар Қусай ба ҳам мерасид. Ӯ иттилооте аз ояндаи дурахшони Муҳаммад (с) дошт[8] ва алоқаманд ба издивоҷ бо ӯ буд. Хадиҷа ба Муҳаммад (с) пешниҳоди издивоҷ дод ва Муҳаммад (с) бо мувофиқати амакҳояш ин пешниҳодро пазируфт ва дар як ҷамъи хонаводагӣ издивоҷ сурат гирифт.[9] Бино бар қавли машҳур, дар ин ҳангом Хадиҷа чиҳил сол ва Муҳаммад (с) бисту панҷ сол син доштанд.[10] Хадиҷа нахустин зане буд, ки Муҳаммад (с) бо ӯ издивоҷ кард.[11]

Ҳазрати Хадиҷа аввалин зане буд, ки Ислом овард. Ӯ аввалин зане аст, ки намоз хонд. Ӯ инсони равшанбин ва дурандеш буд ва ба маънавиёт алоқа дошт, ва бо виқор ва мӯътақид ба ҳақ ва ҳақиқат буд. Ҳамин шарофат барои ӯ бас аст, ки ҳамсари Расули Худо (с) буд, ва ба кӯмаки моли ӯ Ислом густариш ёфт.

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Бартарин занони аҳли биҳишт Хадиҷа бинти Хувайлид ва Фотима бинти Муҳаммад ва Марям бинти Имрон ва Осия бинти Музоҳим мебошанд.”

Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳар вақт ки аз озори Қурайш нороҳат мешуданд, ҳазрати Хадиҷа он ҳазратро хушҳолу хурсанд мекард.

Нақши Хадиҷа дар Ислом

Хадиҷа, на танҳо ҳамсаре меҳрубон, фидокор ва дилсӯз барои Паёмбар (с) буд, балки пуштибоне сиддиқу самимӣ барои Ислом ва сабаби дилгармиву оромиши хотири Раслуи Худо (с) дар баробари фишорҳову мушкилот буд.[12] Паёмбари Ислом то охири умр хотираи Хадиҷаро гиромӣ медошт[13] ва пешгомии ӯ дар Ислом ва ранҷҳову заҳматҳояшро дар ин роҳ фаромӯш намекард. Ӯ рӯзе ба яке аз ҳамсарони худ фармуд:

«Худованд ҳамсаре беҳтар аз Хадича насиби ман накардааст, вақте ки ҳама кофир буданд, ӯ ба ман имон овард ва вақте ки мардум маро инкор мекарданд, ӯ тасдиқ мекард ва вақте ки дигарон маро маҳрум сохтанд, ӯ дороии худро барои ман харҷ кард ва Худованд фарзандоне аз ӯ бароям рӯзӣ кард.»[14]

Реҳлати ҳазрати Хадиҷа

Саранҷом дасти тақдир сарнавишти даъвати исломиро ин гуна пеш овард, ки ҳазрати Хадиҷа (с) се сол қабл аз ҳиҷрат ва дар моҳи Рамазони соли даҳуми беъсат андаке пас аз берун омадан аз шиъби Абӯтолиб, аз дунё рафт ва ӯро дар кӯҳе, ки дар болои Макка қарор дошта, ба хок супурданд[15] ва мавқеъи дафн Паёмбар (с) худ вориди қабр шуд.[16] Ба хотири ин мусибати бузург, ки ба вафоти ҳазрати Абӯтолиб, амуи Паёмбари Гиромии Ислом ва ҳомӣ ва ёвари вай ҳамроҳ шуд, Расули Худо (с) ин солро “Омул-ҳузн”, яъне соли мотам ва анлӯҳ номид.[17]


[1] Сияру аъломин нубало, ҷ 2, с 114.

[2] Ибни Ҳишом, ҷ. 1, с. 200-201. Ибни Саъд, ҷ. 1, с. 131. Байҳақӣ, ҷ. 1, с. 215. Ибни Асир, Алкомил фиттаърих, ҷ. 2, с. 39.

[3] Ибни Асир, Усдул-ғоба, ҷ. 5, с. 434. Ҳалабӣ, ҷ. 1, с. 224. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Ал-исоба фӣ тамйизис-саҳоба, ҷ. 4, с. 281. Ибни Абдулбар, Ал-истиоб (дар ҳошия Ал-исоба), ҷ. 4, с. 279.

[4] Ҳалабӣ, ҷ. 1, с. 224.

[5] Сияру аъломин нубало, ҷ 2, с 111.

[6] Ҳамсарони қаблии ӯ Утайиқ ибни Оиз ва Абӯҳола Ҳинд ибни Наббош буд. (Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, ҷ. 5, с. 434. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, с. 281. Ибни Абдулбар, с. 280. Ҳалабӣ, ҷ. 1, с. 229. Абӯсаид Воиз, Шараф-ун-набӣ, тарҷумаи Наҷмуддин Маҳмуди Ровандӣ, с. 201. Шайх Абдулқодир Бадрон, Таҳзибу таърихи Димишқ ҷ. 1, с. 302). Бархе аз асноду шавоҳиди таърихӣ ҳокӣ аз он аст, ки Хадиҷа қаблан издивоҷ накарда буд ва Муҳаммад (с) нахустин ҳамсари ӯ буд. Баъзе аз муҳаққиқони муосир низ рӯи ин мавзӯъ таъкид доранд. (Муртазо Омулӣ, Ассаҳеҳ мин сиратин-набийил-аъзам, ҷ. 1, с. 121).

[7] Байҳақӣ, с. 215. Табарӣ, ҷ. 2, с. 197. Ибни Асир, Алкомил фит-таърих, ҷ. 2, с. 40.

[8] Ибни Ҳишом, ҷ. 1, с. 203. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абӯтолиб, ҷ. 1, с. 41.

[9] Ибни Исҳоқ, с. 82. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқ: Муҳаммад Ҳамидуллоҳ (Қоҳира: Дор-ул-маориф), ҷ. 1, с. 98. Таърихи Яъқубӣ, ҷ. 2, с. 16. Ибни Асир, Алкомил фит-таърих, ҷ. 2, с. 40. Ҳалабӣ, с. 227. Ибни Шаҳрошӯб, ҷ. 1, с. 42.

[10] Билозарӣ, с. 98. Ибни Саъд, ҷ. 1, с. 132. Табарӣ, ҷ. 2, с. 196. Ҳалабӣ, с. 228. Ибни Абдулбар, Ал-истиоб, ҷ. 4, с. 280. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, ҷ. 5, с. 435. Алкомил фит-таърих, ҷ. 2, с. 39.

[11] Ибни Ҳишом, ҷ. 1, с. 201. Байҳақӣ, ҷ. 1, с. 216. Шайх Абдулқодир Бадрон, Таҳзибу таърихи Димишқ, ҷ. 1, с. 302. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, ҷ. 5, с. 434.

[12] Ибни Исҳоқ, с. 243. Ибни Ҳишом, с. 57.

[13] Заваҷот-ун-набӣ ва авлодуҳ, с. 62-63. Аззуррият-ут-тоҳира, с. 63-64.

[14] Ибни Абдулбар, Ал-истиоб (дар ҳошияи Ал-исоба), ҷ. 4, с. 287.

[15] Ал-мунтахаб мин зайлил-мазил/Табарӣ:86.

[16] Ал-асоба/Ибни Ҳаҷар/8/103.

[17] Маноқиби Оли Абитолиб/ Ибни Шаҳрошуб/1/150.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...