Нузули Қуръон
Ҳазрати Муҳаммад (с) бинобар қавли машҳур дар моҳи рабиул аввал соли омул фил[1] ҳудуди 570 мелодӣ дида ба ҷаҳон кушод. Он ҳазрат одат доштанд, ки бар асоси ойини ҳазрати Иброҳим (а) ва ба хотири дурӣ аз инҳирофҳои ҷоҳилӣ ва тақарруб ба Худованд, ба ғори Ҳиро[2] рафта ба ибодат ва ниёиш (таҳаннус) бипардозанд. Чиҳил сол аз умри поки ӯ мегузашт, ки дар яке аз навбатҳои марсуми ибодати хеш, дар ғори Ҳиро фариштаи ваҳй Ҷабраили амин (а) бо паёми Худованд ва нахустин оёти сураи Алақ бар ӯ ворид шуд ва оғози рисолати ӯро эълом дошт:[3]
﴿اقْرَأْ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذِي خَلَقَ * خَلَقَ الْإِنسَانَ مِنْ عَلَقٍ * اقْرَأْ وَرَبُّكَ الْأَكْرَمُ * الَّذِي عَلَّمَ بِالْقَلَمِ * عَلَّمَ الْإِنسَانَ مَا لَمْ يَعْلَمْ﴾[4]
“Бихон ба номи парвардигорат, ки (ҷаҳонро) офарид, ҳамон зоте, ки инсонро аз хуни бастае халқ кард! Бихон, ки парвардигорат (аз ҳама) бузургвортар аст, ҳамон зоте, ки ба василаи қалам таълим намуд ва ба инсон ончиро намедонист ёд дод”.
Иблоғи ин оёт ба манзалаи иблоғи рисолат барои Паёмбари Акрам(с) буд ва он ҳазрат дар олитарин сатҳи итминон ва фаҳму фаросат аз дарки ин масъулияти сангин қарор дошт. Бо таваҷҷӯҳ ба ояти шарифа:
﴿…اللَّهُ أَعْلَمُ حَيْثُ يَجْعَلُ رِسَالَتَهُ…﴾[5]
“Худованд огоҳтар аст, ки рисолати хешро куҷо қарор диҳад?” ва ҳикмати илоҳӣ аз фиристодани паёмбар барои ҳидояти мардум ва бо таваҷҷӯҳ ба қароин ва шавоҳиди зиндагии содиқона ва хирадмандонаи ҳазрат, вақте ӯ ба беъсат расид бо итминони комил ва эътиқоди қалбӣ ва бидуни ҳеҷ тардиде ба “набувват”-и хеш имон дошт ва дар тӯли ҳаёти хеш лаҳзае бадин маъмурияти хеш тардид нанамуд.
Баъд аз ин ҳодисаи бузург, нузули Қуръон ба шакли оёт ва сураҳо, бинбар иқтизои муносибатҳо бар Паёмбари Акрам (с) фурӯд меомад. Пас Қуръони карим муҷмӯаи оёт ва сураҳое аст, ки пеш аз ҳиҷрати ва пас аз он дар муносибатҳои гуногун, бар Паёмбари гиромии Ислом(с) нозил шудааст. Нузули Қуръон тадриҷӣ, ба сурати оят-оят ва сура-сура буда ва то охирин соли ҳаёти Паёмбари Акрам (с) идома дошта аст. Дар даврони ҳаёти Паёмбар (с) мутаносиб бо пешомадҳо ва барои рафъи мушкилот ва ё посух ба саволҳо, маҷмӯае аз оёт ё сураҳое нозил мешуд, ки ин парокандагӣ дар нузул, Қуръонро аз дигар кутуби осмонӣ мутамоиз мекунад; зеро суҳуфи Иброҳим (а), Алвоҳи Мусо (а) ва соири кутуби осмонӣ якҷо нозил шудаанд. Ҳамин амр баҳонае шуд, то мушрикон нисбат ба Паёмбар (с) айбҷӯӣ кунанд, чунон ки дар ин оят омадааст:
﴿ وَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لَوْلَا نُزِّلَ عَلَيْهِ الْقُرْآنُ جُمْلَةً وَاحِدَةً…﴾[6]
“Кофирон гуфтанд: чаро Қуръон якҷо бар ӯ нозил нагардида?…”
Ва дар ҷавоби онон омада:
﴿ …كَذَٰلِكَ لِنُثَبِّتَ بِهِ فُؤَادَكَ وَرَتَّلْنَاهُ تَرْتِيلًا﴾[7]
“Ин ба хотири он аст, ки қалби туро ба василаи он устувор гардонем ва (аз ин рӯ) онро ба тадриҷ бар ту хондем”. Дар ҷои дигар мефармояд:
﴿ وَقُرْآنًا فَرَقْنَاهُ لِتَقْرَأَهُ عَلَى النَّاسِ عَلَىٰ مُكْثٍ وَنَزَّلْنَاهُ تَنزِيلًا﴾[8]
“Қуръоне ки онро бахш-бахш фиристодем, то онро бар мардум ором-ором бихонӣ ва онро ба тадриҷ нозил кардем”.
Он гуна ки аз Қуръон истинбот мешвад, ҳикмати тадриҷӣ будани нузули Қуръон, он аст, ки Паёмбари Акрам(с) ва мусалмонон эҳсос кунанд ҳамвора мавриди инояти хоси Парвардигор ҳастанд ва пайваста робитаи онҳо бо Ҳақ таоло устувор аст. Чунон ки оёти ваҳй дар мавқеиятҳои бисёре сабаби дилгармии Паёмбари Ислом (с) будааст.
Аз Икрама нақл шудааст, ки Худованд Қуръонро ба тадриҷ се оят ва чор оят ва панҷ оят фиристодааст, то аз як тараф ҳифзу забти оятҳои қуръонӣ барои мусалмонон, ки аксаран ҷуз ҳофиза василаи дигаре барои забти онҳо надоштанд, имконпазир бошад. Аз тарафи дигар бо нузули тадриҷии оятҳои Қуръон, тадриҷан эътиқодот ва боварҳои хурофӣ ва ҷоҳилӣ ва рафторҳои зишт тарк гардида ва боварҳои дуруст ва ахлоқи исломӣ ҷойгузини онҳо гарданд, зеро ҳамон гуна ки суннати офаринишу хилқат ва рушду такомул тадриҷӣ аст, ҳамчунин фитрати инсонӣ аз ҷиҳати ислоҳ фақат пазирои рушду такомули тадриҷӣ аст, на тағйир ва таҳавулоти сариъ ва фаврӣ; ҳамонгуна ки тундбодҳо ва туфонҳои ногаҳонӣ мехурӯшанд ва дарҳам мерезанд, аммо нам-наму ором ва мустамари борон то аъмоқи замин нуфуз мекунад. Нузули Қуръон ба гунаи тадриҷӣ ҳама ҷои Мадина ва Макка ва Ҳиҷоз ва шибҳи ҷазираро тадриҷан мутаҳаввил намуд ва иблоғи тадриҷии он дилҳои омодаро дар саросари олам маҷзуби худ сохт.
Нузули иҷмолӣ ва нузули тафсилӣ (инзол ва танзил)
Тибқи насси сареҳи Қуръон, нузули Қуръон дар моҳи мубораки рамазон ва дар шаби қадр будааст:
﴿شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ…﴾[9]
“Моҳи рамазон (ҳамон моҳ) аст, ки дар он Қуръон фурӯ фиристода шудааст…”
﴿إِنَّا أَنزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةٍ مُّبَارَكَةٍ …﴾[10]
“Мо онро дар шаби фархунда нозил кардем.”
﴿إِنَّا أَنزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ ﴾[11]
“Мо (Қуръонро) дар шаби қадр нозил кардем.”
Аз тарафи дигар бинобар ривоёти мутавотир ва қатъии таърих, оёт ва сураҳои Қуръони маҷид бар хилофи кутуби пешини илоҳӣ, якбора нозил нашуда, балки дар тӯли даврони рисолат ба иқтизои пешрафти наҳзати исломӣ ва ниёзҳои айнии ҷомеа ба тадриҷ нозил гардидааст. Илова бар ривоёт, вуҷуди носих ва мансух, ому хос, асбоб ва заминаҳои нузул гувоҳи ин маъност. Ҳамон гуна ки ишора шуд, ин мавзӯъ, ки амри нав ва бесобиқа буда, баҳонае барои эътироз ва лаҷоҷати мухолифон ва душманони Қуръон ва паёмбари Ислом ба шумор меомад.
Дар ин ҷо ин савол матраҳ мешвад, ки чи гуна нузули Қуръон дар моҳи Рамазон ва дар шаби Қадр анҷом гирифтааст, дар ҳоле ки Қуръон дар тӯли муддати беъсат (бисту се сол) ба тадриҷ ва дар муносибатҳои гуногун нозил шудааст?
Ин савол собиқаи дерин дар таърихи Ислом доштааст ва лизо донишмандони исломӣ орои мухталифе дар ҷамъи ин таоруз (ихтилоф) ироа кардаанд, ки ба машҳуртарини онҳо ишора мешавад:
Назария аввал: Ҳақиқати Қуръон , ки дар Лавҳи маҳфуз ва илми илоҳӣ қарор дорад;[12] ду бор нозил гардида аст. Нахуст ба сурати куллӣ ва якҷо дар шаби Қадр ба “Байтул иззат”, ки осмони дунё аст,[13] нозил гардида аст, ки он ҷойгоҳ ба муҳозоти (мувози) хонаи Каъба ибодатгоҳи фариштагон аст.
Дар марҳалаи дуввум аз онҷо ба сурати тадриҷӣ ва бар ҳасби ниёз дар муддати бисту се сол бар Набии мукаррами Ислом (с) нозил гардида аст.[14]
Илова бар ин ки ин ду навъ нузулро аз таъбироти Қуръон метавон ба даст оавард;[15] ривоёти расида низ онро таъйид мекунад. Суютӣ баъд аз нақли ин қавл ба унвони саҳеҳтарин ва машҳуртарин ақвол менависад, ки: ҳибрул уммат Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ба нақл аз Саъид ибни Ҷубайр мегӯяд:
«أنزل القرآن جملة واحدة الی سماء الدنیا و کان بمواقع النجوم، و کان الله ینزله علی رسوله (ص) بعضه فی إثر بعض.»[16]
Қуръони карим якҷо ба осмони дунё фурӯ фиристода шуд ва дар ҷойгоҳи ситорагон қарор дошт ва Худованд аз онҷо ояте ба дунболи ояти дигар ба Расули Акрам (с) нозил менамуд.
Ҳамчунин Суютӣ аз Қуртубӣ нақл мекунад, ки муслимин иҷмоъ доранд, ки Қуръон дафъатан аз лавҳи маҳфуз ба Байтул иззат дар осмони дунё нозил шудааст.[17]
Бинобар ин ҳақиқати Қуръон, ки дар Лавҳи маҳфуз қарор дорад якҷо ва ба сурати куллӣ ба осмони дунё нозил шудааст ва дар марҳалаи баъдӣ ба сурати тадриҷӣ ва ба муносибатҳои гуногун ба қалби мубораки Паёмбари Акрам (с) нозил гаштааст.
Ҳикмати ин тааддуди нузул аввалан тафҳими Қуръон ва баёни азамати он аст ва сониян бартараф намудани ҳар гуна шаку тардид аз домани Қуръон ва афзудани итминон ва имон ба он каломи илоҳӣ аст.
Назарияи дуввум: Қуръон дар шаби Қадр (ба ҳасби ихтилофи ривоёт) аз ҳар моҳи рамазон ба осмони дунё нозил шудааст ва манзур аз шаби Қадр ва моҳи рамазон, як рамазони муайян набудааст, балки дар моҳҳои рамазон ва дар шаби қадри ҳар сол Худованд миқдоре оёти мавриди ниёзи он солро нозил мекардааст ва баъд ҳамин оёт ба тадриҷ пас аз он дар тӯли сол нозил мешудааст.[18]
Имом Фахри Розӣ ин қавлро ба унвони як назарияи марҷуҳ нақл ва далеле барои он иқома накардааст.[19]
Назарияи севвум: Манзур аз нузули Қуръон дар моҳи рамазон, ибтидои нузули Қуръон ва оғози беъсати Расули Акрам (с) будааст, ки пас аз он дар тӯли даврони беъсат ба тадриҷ ва ба сурати мутафарриқ ва тафсилӣ кулли Қуръон нозил шудааст.[20]
Назарияи чорум: Қуръон ду вуҷуд дорад, зоҳирӣ дар қолиби алфоз ва иборот ва ботинӣ дар ҷойгоҳи аслии худ. Қуръон дар шаби Қадр бо ҳамон вуҷуди ботинӣ ва аслӣ ва якҷо (бидуни таҷзия) ба қалби Паёмбари Акрам(с) фурӯд омад. Сипас тадриҷан бо вуҷуди зоҳирӣ дар қолиби алфоз ва сураҳо дар фосилаи замонӣ ва дар муносибатҳои гуногун нозил гардид.[21]
[1] . Аз онҷо ки дар он сол ҳодисаи ҳамлаи лашкари филсавори Абраҳа ба хонаи Каъба ва шикасти онҳо рӯх дод, ба “омулфил” машҳур шудаас.
[2] . Ин ғор дар Ҷабалуннур дар шимолу шарқии Макка ва бо фосилаи 6 километрӣ аз хонаи Каъба қарор дорад.
[3] . Саҳеҳул Бухори, ҷ.1, ҳ Бадъул ваҳй.
[4]. Сураи Алақ, ояти 1-5.
[5]. Сураи Анъом, ояти 124.
[6]. Сураи Фурқон, ояти 32.
[7]. Сураи Фурқон, ояти 32.
[8]. Сураи Исроъ, ояти 106.
[9] . Сураи Бақара, ояти 185.
[10] . Сураи Духон, ояти 3.
[11] . Сураи Қадр, ояти 1.
[12] . Ишора ба оёти: ﴿إِنَّهُ لَقُرْآنٌ كَرِيمٌفِي كِتَابٍ مَّكْنُونٍلَّا يَمَسُّهُ إِلَّا الْمُطَهَّرُونَتَنزِيلٌ مِّن رَّبِّ الْعَالَمِينَ ﴾ (Сураи Воқеа, ояти 77-80); ﴿بَلْ هُوَ قُرْآنٌ مَّجِيدٌفِي لَوْحٍ مَّحْفُوظٍ ﴾ (Сураи Буруҷ, ояти 21-22).
[13] . Ва дар бархе ривоёти Аҳли байт аз он ба “Байтул маъмур” дар осмони чорум ёд шудааст.
[14]. Албата дар мавриди муддати нузули тадриҷӣ, муддат замони 20, 23 ва 25 сол гуфта шуда, аммо 23 сол, машҳуртарини онҳост.
[15] . Монанди оёте, ки дар онҳо аз инзол ва якҷо фурӯд омадан сухан ба миён омада: Бақара, ояти 185, Духон, ояти 3, Қадр, ояти 1, Исроъ, ояти 105 ва оёте ки дар он танзил ва нозил шудани тадриҷӣ зикр шудааст: Фурқон, ояти 33 ва Исроъ, ояти 106.
[16] . Ал-итқон фи улумил Қуръон , ҷ.1, с. 16 ва Ҳоким Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Ал-мустадрак ало саҳеҳайн, ҳ.2832; Ал-байҳақи, Абубакр Аҳмад ибни Ҳусайн ибни Алӣ, Сунанул кубро, ҷ.4, с.306.
[17] . Ал итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, навъи 16.
[18] . Ал-итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.129.
[19] . Фахриддин Розӣ, Мафотиҳул ғайб, ҷ.2, с.93.
[20] . Аллома Маърифат ин қавлро тарҷеҳ ва онро назари бисёре аз муҳаққиқин дониста аст: Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.1, с. 141 ба баъд.
[21] . Ин дидгоҳро Файзи Кошонӣ матраҳ ва Аллома Таботабоӣ такмил намуда ва дар баёноти Имом Хумайнӣ бо андак тафовут зикр шудааст: Ал-мизон фи тафсирил Қуръон, ҷ.2, с.15-16.