Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад.

  1. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз мушрикон, ки [бо онҳо] паймон бастаед!
  2. Пас чаҳор моҳ дар замин [озодона] бигардед ва бидонед, ки шумо нотавонкунандаи Худо нестед ва ҳамоно Худо расвокунандаи кофирон аст.
  3. Ва [ин оятҳо] эълонест аз тарафи Худо ва Паёмбараш ба мардум, дар рӯзи ҳаҷҷи акбар, ки Худо ва Паёмбараш аз мушрикон безор аст. Ва агар тавба кунед, пас он барои шумо беҳтар аст ва агар рӯй гардонидед, пас бидонед, ки шумо нотавонкунандаи Худо нестед ва касонеро, ки куфр варзиданд, ба азоби дардноке башорат деҳ.
  4. Магар касоне аз мушрикон, ки [бо онон] аҳд бастаед, баъд аз он, чизе аз [паймони] шуморо фурӯ нагузоштанд ва касеро бар зидди шумо пуштибонӣ накардаанд; пас паймонашонро нисбат ба онҳо, то [поёни] муддаташон тамом кунед; ҳамоно Худо парҳезгоронро дӯст дорад.
  5. Ва ҳангоме ки моҳҳои ҳаром сипарӣ шуд, пас ҳар куҷо мушриконро ёфтед, онҳоро бикушед ва онҳоро бигиред ва онҳоро муҳосира кунед ва дар ҳар камингоҳ, бар [сари роҳи] онҳо бинишинед. Ва агар тавба кунанд ва намозро барпо доранд ва закотро бипардозанд, пас роҳашонро боз кунед; ҳамоно Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  6. Ва агар касе аз мушрикон аз ту паноҳ хост, пас ба ӯ паноҳ деҳ, то сухани Худоро бишнавад; сипас ӯро ба маҳалли амнаш бирасон. Ин ба сабаби он аст, ки онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки намедонанд.
  7. Чигуна барои мушрикон паймоне назди Худо ва назди Паёмбараш мебошад? Ба ҷуз касоне, ки [бо онҳо] дар канори Масҷид-ул-ҳаром паймон бастаед. Пас то замоне ки бо шумо [бар паймони худ] пойдор бошанд, шумо [низ] бо онон пойдор бошед; ба дурустӣ, ки Худо парҳезгоронро дӯст медорад.
  8. Чигуна [паймоне дошта бошанд] дар ҳоле ки агар бар шумо ғолиб оянд, дар бораи шумо ҳеҷ ҳаққи хешовандӣ ва паймонеро риоят намекунанд? Бо забонҳояшон шуморо хушнуд месозанд ва ҳол он ки дилҳояшон намепазирад ва бештарашон фосиқанд.
  9. [Мушрикон] оятҳои Худоро ба баҳое андак фурӯхтанд ва [мардумро] аз роҳаш боз доштанд; ҳамоно онҳо чи бад [коре] анҷом медиҳанд.
  10. Дар бораи ҳеҷ мӯъмине ҳаққи хешовандӣ ва паймонеро риоят намекунанд ва онон худ таҷовузкоранд.
  11. Ва агар тавба кунанд ва намозро барпо доранд ва закотро бипардозанд, пас бародарони динии шумо ҳастанд ва оятҳоро барои гурӯҳе, ки медонанд, баён мекунем.
  12. Ва агар савгандҳояшонро пас аз паймонашон бишкананд ва дар динатон таъна зананд, пас бо пешвоёни куфр биҷангед; дар ҳақиқат онҳо [касоне ҳастанд, ки] ҳеҷ савганде барояшон нест; то шояд онҳо боз истанд.
  13. Чаро бо гурӯҳе, ки савгандҳояшонро шикастанд ва қасди берун кардани Паёмбарро карданд ва онҳо нахустин бор бо шумо [ҷангро] оғоз карданд, намеҷангед? Оё аз онон метарсед? Агар мӯъмин ҳастед, пас Худо сазовортар аст, ки аз Ӯ битарсед.
  14. Бо онон биҷангед, то Худо онҳоро бо дастони шумо азоб кунад ва расвояшон созад ва шуморо бар онҳо пирӯз гардонад ва дилҳои гурӯҳи мӯъминонро шифо бахшад.
  15. Ва хашми дилҳояшонро бибарад ва Худо тавбаи ҳар касро бихоҳад мепазирад ва Худованд донои ҳаким аст.
  16. Оё пиндоштед, ки [ба ҳоли худ] раҳо мешавед, дар ҳоле ки Худо ҳанӯз касоне аз шуморо, ки ҷиҳод кардаанд ва ба ҷои Худо ва Паёмбараш ва мӯъминон ҳамрозе нагирифтаанд, маълум насохтааст? Ва Худо ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст.
  17. Мушриконро сазовор нест, ки масҷидҳои Худоро, дар ҳоле ки ба куфри худ эътироф мекунанд, обод созанд. Онҳо амалҳояшон табоҳ шудааст ва онҳо дар оташ мондагоранд.
  18. Танҳо касе масҷидҳои Худоро обод мекунад, ки ба Худо ва рӯзи охират имон оварад ва намозро барпо дорад ва закотро бипардозад ва ҷуз аз Худо натарсад; пас умед аст, ки онҳо аз ҳидоятёфтагон бошанд.
  19. Оё об додани ҳоҷиён ва обод сохтани Масҷид-ул-ҳаромро монанди [кори] касе қарор додаед, ки ба Худо ва рӯзи охират имон овардааст ва дар роҳи Худо ҷиҳод кардааст? [Инҳо] дар назди Худо яксон нестанд ва Худо гурӯҳи ситамгаронро ҳидоят намекунад.
  20. Касоне, ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Худо бо молҳояшон ва ҷонҳояшон ҷиҳод карданд, назди Худо мартабае болотар доранд ва онҳо худ комёбанд.
  21. Парвардигорашон онҳоро ба раҳмате аз ҷониби Хеш ва хушнудӣ ва боғҳое, ки дар он ҷо неъмати пойдор барояшон аст, башорат медиҳад.
  22. Ҳамеша дар он ҷовидонанд; дар ҳақиқат Худост, ки подоше бузург назди Ӯст.
  23. Эй касоне, ки имон овардаед! Падаронатон ва бародаронатонро, агар куфрро бар имон баргузинанд, дӯстон [-и худ] нагиред ва ҳар кас аз шумо ононро дӯст гиранд, пас онҳо худ ситамгаранд.
  24. Бигӯ: «агар падаронатон ва писаронатон ва бародаронатон ва ҳамсаронатон ва хешовандонатон ва молҳое, ки онро ба даст овардаед ва тиҷорате, ки аз касоди он метарсед ва хонаҳое, ки ба он хушнудед, назди шумо аз Худо ва Паёмбараш ва ҷиҳод кардан дар роҳи Ӯ маҳбубтар бошад, пас дар интизор бошед, то Худо ҳукмашро биёварад ва Худо гурӯҳи фосиқонро ҳидоят намекунад.
  25. Ба дурустӣ, ки Худо шуморо дар майдонҳои бисёре ва рӯзи [ҷанги] Ҳунайн пирӯз гардонид, онгоҳ ки зиёдиатон шуморо ба шигифт овард, пас [ин зиёдӣ] чизеро аз шумо дафъ накард ва замин бо густардагиаш бар шумо танг шуд, сипас дар ҳоле ки пушт карда будед, рӯй баргардонидед.
  26. Сипас Худо оромиши Худро бар Паёмбараш ва бар мӯъминон нозил кард ва сипоҳиёне фурӯ фиристод, ки онҳоро намедидед ва касонеро, ки куфр варзиданд азоб кард ва ин ҷазои кофирон аст.
  27. Сипас Худо, баъд аз он тавбаи ҳар касро бихоҳад мепазирад ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  28. Эй касоне, ки имон овардаед! Ҷуз ин нест, ки мушрикон палиданд, пас баъд аз имсол онҳо набояд наздики Масҷид-ул-ҳаром шаванд ва агар аз фақр метарсед, пас агар Худо бихоҳад ба зудӣ аз фазлаш шуморо бениёз месозад. Ҳамоно Худованд донои ҳаким аст.
  29. Бо касоне, ки ба онҳо китоб [-и илоҳӣ] дода шудааст, ки ба Худо ва ба рӯзи қиёмат имон намеоваранд ва он чиро Худо ва Паёмбараш ҳаром кардааст, ҳаром намедонанд ва дини ҳақро намепазиранд, биҷангед, то ин ки онҳо ҷизяро дар ҳоли хорӣ бо даст [-и худ] бипардозанд.
  30. Ва яҳудиён гуфтанд: «Узайр писари Худост» ва масеҳиён гуфтанд: «Масеҳ писари Худост». Ин сухани [ботили] онон бо даҳонашон аст, ба гуфтори касоне, ки аз пеш куфр варзиданд, монандӣ мекунанд. Худо онҳоро бикушад! Чигуна [аз ҳақ] мунҳариф мешаванд.
  31. Донишмандони худ ва роҳибони худ ва Масеҳ, писари Марямро ба ҷои Аллоҳ худоёне гирифтанд ва ҳол он ки ба онҳо фармон дода нашуда буд, ҷуз ин ки маъбуди ягонаро бипарастанд, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест, муназзаҳ аст Ӯ аз он чи ширк меварзанд.
  32. Мехоҳанд нури Худоро бо даҳонашон хомӯш кунанд ва Худо намегузорад, магар ин ки нури Худро комил кунад ва ҳарчанд кофирон нохушнуд шаванд.
  33. Ӯ Зотест, ки Паёмбарашро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то онро бар ҳамаи дин [-ҳо] пирӯз гардонад ва агарчи мушрикон нохушнуд шаванд.
  34. Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳамоно бисёре аз донишмандон ва роҳибон [-и Аҳли Китоб] амволи мардумро ба ботил мехӯранд ва аз роҳи Худо боз медоранд. Ва касоне, ки тилло ва нуқраро захира мекунанд ва онро дар роҳи Худо инфоқ намекунанд, пас онҳоро ба азоби дардноке башорат деҳ.
  35. Рӯзе, ки [он амвол] дар оташи ҷаҳаннам сурх карда шаванд ва бо онҳо пешониҳо ва паҳлӯҳо ва пуштҳояшон доғ гузошта шавад [гуфта шавад] ин чизест, ки барои худатон захира кардед, пас бичашед, он чиро захира мекардед.
  36. Дар ҳақиқат адади моҳҳо назди Худо дар китоби илоҳӣ, рӯзе, ки осмонҳо ва заминро офарид, дувоздаҳ моҳ аст; аз онҳо чаҳор [моҳ] ҳаром аст. Ин аст дини устувор; пас дар ин [моҳ]-ҳо ба худатон ситам накунед ва ҳамагӣ бо мушрикон биҷангед, ҳамон гуна, ки [онҳо] ҳамагӣ бо шумо меҷанганд ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст.
  37. Ҷуз ин нест, ки ҷо ба ҷо кардан [-и моҳҳои ҳаром] зиёдатӣ дар куфр аст, ки бо он касоне, ки куфр варзиданд, гумроҳ мешаванд. Як сол онро ҳалол ва як сол онро ҳаром мекунанд, то ба миқдори он чи Худо ҳаром кардааст баробар шавад ва он чиро Худо ҳаром кардааст ҳалол кунанд. Бадии кирдорашон барои онҳо зинат дода шуд ва Худо гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад.
  38. Эй касоне, ки имон овардаед! Шуморо чӣ шудааст, замоне ки ба шумо гуфта шавад: «дар роҳи Худо ҳаракат кунед» бар замин мечаспед? Оё ба ҷои охират ба зиндагии дунё розӣ шудаед? Ва [бидонед, ки] баҳраи зиндагии дунё дар [баробари] охират ҷуз андаке нест.
  39. Агар [барои ҷиҳод] ҳаракат накунед [Худо] бо азоби дардноке шуморо муҷозот мекунад ва гурӯҳе ғайр аз шуморо ҷойгузин мегардонад ва ҳеҷ гуна зиёне ба Ӯ намерасонед ва Худо ба ҳар чизе тавоност.
  40. Агар Ӯро ёрӣ накунед, пас ҳатман Худо ӯро ёрӣ кардааст, ҳангоме ки ӯро касоне, ки куфр варзиданд [аз Макка] берун карданд, дар ҳоле ки дуюмини [аз он] ду буд; онгоҳ ки он ду дар ғор буданд, вақте ки ба ҳамроҳи худ мегуфт: «андӯҳгин мабош! Ҳамоно Худо бо мост». Пас Худо оромиши Худро бар ӯ фиристод ва ӯро бо лашкарҳое, ки онҳоро намедидед, ёрӣ кард ва гуфтори касонеро, ки куфр варзиданд пасттарин қарор дод ва фақат гуфтори Худо бартарин аст ва Худованд пирӯзманди ҳаким аст.
  41. Сабукбор ва гаронбор ҳаракат кунед ва бо молҳоятон ва ҷонҳоятон дар роҳи Худо ҷиҳод кунед; ин барои шумо беҳтар аст; агар бидонед.
  42. Агар колои нопойдори наздик ва сафаре осон буд, қатъан аз ту пайравӣ мекарданд, валекин машаққат [-и роҳ] бар онон дур менамуд. Ва ба зудӣ ба Худо савганд мехӯранд, ки агар метавонистем, ҳатман бо шумо берун меомадем. Худашонро ба ҳалокат меандозанд ва Худо медонад, ки ҳатман онҳо дурӯғгӯянд.
  43. Худо аз ту бигузарад; чаро то вақте ки касоне, ки рост мегӯянд барои ту маълум шаванд ва дурӯғгӯёнро бишносӣ, ба онон иҷоза [-и тарки ҷиҳод] додӣ?
  44. Касоне, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, аз ин ки бо молҳояшон ва ҷонҳояшон ҷиҳод кунанд аз ту иҷозат намехоҳанд ва Худо ба [ҳоли] парҳезгорон доност.
  45. Танҳо касоне, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон надоранд ва дилҳояшон шак дорад, аз ту иҷоза [-и тарки ҷиҳод] мехоҳанд; пас онон дар шакки худ саргардонанд.
  46. Ва агар мехостанд, ки [барои ҷиҳод] берун бираванд, ҳатман барои он василае фароҳам месохтанд валекин Худо аз равона шудани онон нохушнуд буд; пас онҳоро боздошт ва [ба онҳо] гуфта шуд: «бо нишастагон [-и аз ҷиҳод] бинишинед».
  47. Агар бо шумо берун меомаданд, бароятон ҷуз фасод намеафзуданд ва ҳатман дар миёни шумо ба фитнаҷӯии шумо мешитофтанд ва дар байнатон барояшон ҷосусоне ҳастанд ва Худо ба [ҳоли] ситамгарон доност.
  48. Ба таҳқиқ пеш аз ин [низ] фитнаҷӯӣ карда буданд ва корҳоро бар ту дигаргун сохтанд, то ин ки ҳақ омад ва фармони Худо ошкор гашт; дар ҳоле ки онҳо нохушнуд буданд.
  49. Ва аз онон касе ҳаст, ки мегӯяд: «ба ман иҷозаи [тарки ҷиҳод] деҳ ва маро ба фитна маяндоз!» Огоҳ бош, ки онҳо дар фитна афтодаанд ва қатъан ҷаҳаннам фарогирандаи кофирон аст.
  50. Агар некие ба ту бирасад, онҳоро нороҳат кунад ва агар мусибате ба ту бирасад гӯянд: «мо пеш аз ин [тасмими] кори худро гирифтаем» ва рӯй бармегардонанд, дар ҳоле ки онҳо шодмонанд.
  51. Бигӯ: «ҷуз он чи Худо барои мо муқаррар намудааст ба мо ҳаргиз намерасад; Ӯ мавлои мост ва мӯъминон, пас бояд танҳо бар Худо таваккал кунанд».
  52. Бигӯ: «оё барои мо ҷуз яке аз ду некӣ [пирӯзӣ ё шаҳодат]-ро интизор доред? Ва мо барои шумо интизор мекашем, ки Худо аз назди Худ ё ба дастони мо, азобе ба шумо бирасонад. Пас мунтазир бошед; ба дурустӣ, ки мо бо шумо мунтазирем».
  53. Бигӯ: «бо рағбат ё бо нохушӣ инфоқ кунед, ҳаргиз аз шумо пазируфта намешавад; яқинан шумо гурӯҳе нофармон ҳастед».
  54. Ва онҳоро чизе монеи қабул шудани инфоқҳояшон нашуд, ҷуз ин ки онҳо ба Худо ва Паёмбараш куфр варзиданд ва онҳо ҷуз бо сустӣ намоз ба ҷо намеоварданд ва онҳо ҷуз бо нохушнудӣ инфоқ намекунанд.
  55. Пас молҳояшон ва на фарзандонашон туро шигифтзада накунад; ҷуз ин нест, ки Худо мехоҳад ба василаи он дар зиндагии дунё азобашон кунад ва дар ҳоле ки онон кофир бошанд, ҷонашон барояд.
  56. Ва ба Худо қасам мехӯранд, ки дар ҳақиқат онҳо аз шумо ҳастанд ва ҳол он ки онҳо аз шумо нестанд, валекин онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки метарсанд.
  57. Агар паноҳгоҳе ё ғорҳое ё гурезгоҳе меёфтанд, ҳатман онҳо ба сӯи он бо шитоб рӯй меоварданд.
  58. Ва аз онҳо касест, ки дар [тақсими] ғаниматҳо аз ту айб мегирад ва агар аз он ба онҳо дода шавад, хушнуд мешаванд ва агар аз он ба онҳо дода нашавад, дар ин ҳангом, онҳо хашмгин мешаванд.
  59. Ва агар онон ба он чи Худо ва Паёмбараш ба онҳо додааст, хушнуд мешуданд ва мегуфтанд: «Худо моро бас аст; ба зудӣ Худо ва Паёмбараш аз фазли Худ ба мо медиҳанд; қатъан мо ба сӯи Худо рағбат дорем» [барояшон беҳтар буд].
  60. Ҷуз ин нест, ки закотҳо барои фақирон ва бенавоён ва коргузорони он [закот] ва дилҷӯишавандагон ва дар [роҳи озодии] бардагон ва вомдорон ва дар роҳи Худо ва дар роҳмондагон аст [ин] фаризае аз тарафи Худост ва Худованд донои ҳаким аст.
  61. Ва аз онҳо касоне ҳастанд, ки Паёмбарро озор медиҳанд ва мегӯянд: «ӯ хушбовар аст». Бигӯ: «хушбовари [-и ӯ] ба нафъи шумост [ӯ] ба Худо имон дорад ва [машварати] мӯъминонро тасдиқ мекунад ва раҳматест барои касоне аз шумо, ки имон оварданд» ва касоне, ки Паёмбари Худоро озор медиҳанд, барояшон азобе дарднок аст.
  62. Барои шумо ба Худо савганд мехӯранд, то шуморо розӣ кунанд; ҳол он ки агар мӯъмин бошанд, Худо ва Паёмбараш сазовортаранд, ки розиаш кунанд.
  63. Оё надонистаанд, ки ҳар кас бо Худо ва Паёмбараш мухолифат кунад, пас ба яқин барояш оташи ҷаҳаннам аст, ки дар он мондагор аст? Ин расвоии бузург аст.
  64. Мунофиқон ҳазар доранд, ки сурае бар зидди онҳо нозил шавад, ки ононро аз он чи дар дилҳояшон аст, хабар диҳад. Бигӯ: «масхара кунед! Қатъан Худо ошкоркунандаи чизест, ки [аз он] ҳазар доред».
  65. Ва агар аз онҳо бипурсӣ [чаро масхара мекардед?] ҳатман мегӯянд: «мо фақат шӯхӣ ва бозӣ мекардем». Бигӯ: «оё Худо ва оятҳои Ӯ ва Паёмбарашро масхара мекардед?»
  66. Узр наёваред; дар ҳақиқат баъд аз имон оварданатон куфр варзидед. Агар гурӯҳе аз шуморо афв кунем, гурӯҳе [дигар]-ро ба сабаби ин ки онҳо гуноҳкор буданд, азоб мекунем.
  67. Мардони мунофиқ ва занони мунофиқ, баъзе аз онҳо аз баъзе [дигар]-анд; ба мункар амр мекунанд ва аз маъруф наҳй мекунанд ва дастонашонро [аз инфоқ] мебанданд; Худоро фаромӯш кардаанд, пас [Худо низ] онҳоро фаромӯш кард. Дар ҳақиқат мунофиқон худ фосиқонанд.
  68. Худо ба мардони мунофиқ ва занони мунофиқ ва кофирон оташи ҷаҳаннамро, ки дар он мондагоранд, ваъда додааст. Он [оташ] барои онҳо кофӣ аст ва Худо онҳоро лаънат кардааст ва барои онҳо азобе пойдор аст.
  69. [Шумо мунофиқон] монанди касоне ҳастед, ки пеш аз шумо буданд [онон] аз шумо қавитар ва дорои амвол ва фарзандони бештаре буданд ва аз насиби хеш баҳраманд шуданд ва шумо [низ] аз насиби хеш баҳраманд шудед; ҳамонанди касоне, ки пеш аз шумо аз насиби хеш баҳраманд шуданд ва шумо дар беҳудагӯӣ фурӯ рафтед, ҳамонанди касоне, ки дар беҳудагӯӣ фурӯ рафтанд; онон аъмолашон дар дунё ва охират табоҳ шуд ва онҳо худ зиёнкоранд.
  70. Оё хабари касоне, ки пеш аз онҳо буданд [ҳамон] қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва қавми Иброҳим ва аҳли Мадян (қавми Шуайб) ва [шаҳрҳои] зеру рӯ шуда (қавми Лут), ба онҳо нарасидааст? Паёмбаронашон бо далелҳои равшан ба сӯи онҳо омаданд ва Худо ҳаргиз ба онон ситам накард, валекин онҳо [худашон] бар хештан ситам мекарданд.
  71. Ва мардони мӯъмин ва занони мӯъмин, баъзе аз онон дӯстони баъзе [дигар] ҳастанд; амри ба маъруф мекунанд ва наҳйи аз мункар мекунанд ва намозро барпо медоранд ва закотро мепардозанд ва аз Худо ва Паёмбараш итоат мекунанд. Ононанд, ки Худо ба зудӣ онҳоро мавриди раҳмат қарор медиҳад; ҳамоно Худованд пирӯзманди ҳаким аст.
  72. Худо ба мардони мӯъмин ва занони мӯъмин, боғҳоеро, ки аз зери он наҳрҳо ҷорист, дар ҳоле ки дар он ҷовидонанд ва [низ] хонаҳое покиза дар боғҳое ҳамешагӣ, ваъда дода аст ва хушнудии Худо бузургтар аст; ин ҳамон комёбии бузург аст.
  73. Эй Паёмбар! Бо кофирон ва мунофиқон ҷиҳод кун ва бар онон сахт бигир ва ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва чӣ бад саранҷомест.
  74. Ба Худо савганд мехӯранд, ки [суханони ботил] нагуфтаанд; дар ҳоле ки қатъан сухани куфр гуфтаанд ва баъд аз ислом оварданашон куфр варзиданд ва қасди чизеро карданд, ки [ба он] нарасиданд ва интиқом нагирифтанд, ҷуз ба сабаби ин ки Худо ва Паёмбараш онҳоро аз фазли Худ бениёз кардааст; пас агар тавба кунанд, барояшон беҳтар аст ва агар рӯй гардонанд, Худо онҳоро дар дунё ва охират ба азоби дардноке азоб мекунад ва барои онҳо дар замин ҳеҷ сарпараст ва ёваре нест.
  75. Ва аз онҳо касоне ҳастанд, ки бо Худо паймон бастаанд, ки агар [Худо] моро аз фазлаш бидиҳад, ҳатман садақа медиҳем ва яқинан аз солиҳон хоҳем буд.
  76. Замоне ки [Худо] аз фазлаш ба онҳо дод, ба он бухл варзиданд; дар ҳоле ки онон саркаш буданд, рӯй гардониданд.
  77. Пас ба сазои он ки бо Худо дар он чи бо Ӯ ваъда дода буданд, хилоф карданд ва ба сабаби он ки дурӯғ мегуфтанд [Худо] то рӯзе, ки мулоқоташ кунанд, ба онҳо нифоқро дар дилҳояшон боқӣ гузошт.
  78. Оё надонистаанд, ки Худо ниҳони онҳо ва розгӯияшонро медонад ва ин ки Худо ба [умури] пинҳон бисёр доност?
  79. Касоне, ки аз мӯъминони ба рағбат садақадиҳанда ва [аз] касоне, ки ҷуз ба миқдори талошашон намеёбанд, айб мегиранд ва онҳоро масхара мекунанд [бидонанд, ки] Худо худашонро масхара мекунад ва барояшон азоби дарднокест.
  80. Барои онҳо омурзиш бихоҳӣ ё барояшон омурзиш нахоҳӣ, агар ҳафтод бор ҳам барои онҳо омурзиш бихоҳӣ, пас ҳаргиз Худо онҳоро намеомурзад; ин ба сабаби он аст, ки онҳо ба Худо ва Паёмбараш куфр варзиданд ва Худо гурӯҳи фосиқонро ҳидоят намекунад.
  81. Пасмондагон, ба хотири нишастани худ, бар хилофи Паёмбари Худо шодмон шуданд ва аз ин ки бо амволашон ва ҷонҳояшон дар роҳи Худо ҷиҳод кунанд, нохушнуд буданд ва гуфтанд: «дар гармо [барои ҷанг] ҳаракат накунед», бигӯ: «оташи ҷаҳаннам сӯзонтар аст»; агар онҳо фаҳми хуб доштанд.
  82. Пас бояд андак биханданд ва бисёр бигирянд; ба сазои он чи ки анҷом медоданд.
  83. Ва агар Худо туро ба сӯи гурӯҳе аз онҳо бозгардонад, онгоҳ барои берун омадан [барои ҷиҳод] аз ту иҷозат бихоҳанд, пас бигӯ: «ҳаргиз бо ман берун нахоҳед омад ва ҳамроҳи ман бо ҳеҷ душмане нахоҳед ҷангид; ҳамоно шумо бори нахуст ба нишастан [дар хона] розӣ шудед, пас бо бозмондагон бинишинед.
  84. Ва ҳаргиз бар ҳеҷ як аз онҳо (мунофиқон) ки бимирад, намоз нагузор ва бар қабраш [барои дуо] наист; қатъан онҳо ба Худо ва Паёмбараш куфр варзиданд ва мурданд, дар ҳоле ки онҳо фосиқ буданд.
  85. Ва молҳояшон ва фарзандонашон туро шигифтзада накунад; ҷуз ин нест, ки Худо мехоҳад ба василаи он дар дунё азобашон кунад; дар ҳоле ки онон кофир бошанд, ҷонашон барояд.
  86. Ва ҳангоме ки сурае нозил шавад, ки ба Худо имон оваред ва ҳамроҳи Паёмбараш ҷиҳод кунед, соҳибони қудрати аз онҳо, аз ту иҷозат хоҳанд ва гӯянд: «моро раҳо кун, то бо нишастагон [-и аз ҷиҳод] бошем».
  87. Розӣ шуданд ба ин ки ҳамроҳи бозмондагон бошанд ва бар дилҳояшон мӯҳр ниҳода шуд, пас онҳо хуб намефаҳманд.
  88. Лекин, Паёмбар ва касоне, ки ҳамроҳи ӯ имон оварданд, бо молҳояшон ва ҷонҳояшон ҷиҳод карданд ва ононанд, ки ҳамаи некиҳо барои онҳост ва онҳо худ растагоранд.
  89. Худо барои онҳо боғҳое, ки аз зери он наҳрҳо ҷорист, фароҳам сохтааст, дар ҳоле ки дар он ҷовидонанд; ин комёбии бузург аст.
  90. Ва узр оварони аз бодиянишинҳо [назди ту] омаданд, то ба онҳо иҷоза [-и тарки ҷиҳод] дода шавад ва касоне, ки ба Худо ва Паёмбараш дурӯғ гуфтанд [дар хона] нишастанд. Ба зудӣ ба касоне аз онҳо, ки куфр варзиданд, азобе дарднок хоҳад расид.
  91. Бар нотавонон ва бар беморон ва бар касоне, ки чизе намеёбанд, ки [барои ҷиҳод] инфоқ кунанд, ҳеҷ боке нест, ҳангоме ки барои Худо ва Паёмбараш хайрхоҳӣ кунанд. Бар некӯкорон ҳеҷ роҳ [-и сарзаниш]-е нест ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  92. Ва [низ] бар касоне, ки чун назди ту оянд, то [бар маркабе] саворашон кунӣ, гуфтӣ: «чизе намеёбам, ки шуморо бар он савор кунам», баргаштанд, дар ҳоле ки аз андӯҳ ашк аз чашмонашон ҷорӣ мешуд, ба хотири ин ки чизе намеёбанд, ки [барои ҷиҳод] харҷ кунанд.
  93. Танҳо роҳ [-и сарзаниш] бар касонест, ки аз ту иҷоза [-и тарки ҷиҳод] мехоҳанд, дар ҳоле ки онҳо тавонгаранд; розӣ шуданд ба ин ки ҳамроҳи бозмондагон бошанд ва Худо бар дилҳояшон мӯҳр ниҳод; пас онҳо намедонанд.
  94. Ҳангоме ки ба сӯи онҳо бозгардед, аз шумо узр мехоҳанд, бигӯ: «узр нахоҳед, ҳаргиз шуморо тасдиқ нахоҳем кард; дар ҳақиқат Худо моро аз хабарҳои шумо огоҳ намудааст ва ба зудӣ Худо ва Паёмбараш амали шуморо мебинанд; сипас ба сӯи донои пинҳон ва ошкор бозгардонида мешавед ва шуморо аз он чи анҷом медодед, хабар медиҳад».
  95. Ва ҳангоме ки ба сӯи онҳо баргардед, ба зудӣ барои шумо ба Худо савганд мехӯранд, то аз онҳо даргузаред; пас аз онҳо рӯй гардонед; ҳамоно онҳо палид ҳастанд ва ба сазои он чи анҷом медоданд, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст.
  96. Барои шумо савганд хӯранд, то аз онҳо розӣ шавед ва агар аз онҳо розӣ шавед, пас ҳатман Худо аз гурӯҳи фосиқон розӣ намешавад.
  97. Бодиянишинон дар куфр ва нифоқ сахттаранд ва сазовортаранд ба ин ки ҳудуди он чиро, ки Худо бар Паёмбараш нозил кардааст, надонанд ва Худованд донои ҳаким аст.
  98. Ва аз бодиянишинон касоне ҳастанд, ки он чиро инфоқ мекунанд зарар мешуморанд ва дар ҳаққи шумо ҳодисаҳое [ногувор]-ро интизор мекашанд; ҳодисаи ногувор бар онон бод ва Худованд шунавои доност.
  99. Ва аз бодиянишинон касоне ҳастанд, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон меоваранд ва он чиро, ки инфоқ мекунанд василаи наздикӣ дар пешгоҳи Худо ва дуоҳои Паёмбар мешуморанд. Огоҳ бошед! Дар ҳақиқат он барояшон василаи наздикӣ аст; ба зудӣ Худо онҳоро дар раҳмати Худ дохил мекунад; ҳамоно Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  100. Ва пешгомони нахустин аз «муҳоҷирон» ва «ансор» ва касоне, ки ба некӯкорӣ аз онон пайравӣ карданд, Худо аз онон розӣ шуд ва онон [низ] аз Ӯ розӣ шуданд ва барояшон боғҳое, ки аз зери он наҳрҳо ҷорист, фароҳам сохтааст, дар ҳоле ки ҳамеша дар он ҷовидонанд; ин комёбии бузург аст.
  101. Ва аз атрофиёни шумо баъзе бодиянишинон мунофиқ ҳастанд ва баъзе аз аҳли Мадина бар нифоқ исрор меварзанд, дар ҳоле ки ту онҳоро намешиносӣ, Мо онҳоро мешиносем; ба зудӣ онҳоро ду бор азоб мекунем, онгоҳ ба азоби бузурге бозгардонида мешаванд.
  102. Ва дигароне ҳастанд, ки ба гуноҳонашон эътироф карданд; амали шоистаро бо [кори] дигар, ки бад аст, ба ҳам омехтаанд. Умед аст, ки Худо тавбаи онҳоро бипазирад; ба яқин Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  103. Аз амволашон закот бигир, то онҳоро бо он пок созӣ ва парваришашон диҳӣ ва барои онҳо дуо кун, ҳамоно дуои ту оромише барои онҳост ва Худованд шунавои доност.
  104. Оё надонистаанд, ки танҳо Худо тавбаро аз бандагонаш мепазирад ва садақотро қабул мекунад ва ин ки танҳо Худованд бисёр тавбапазири меҳрубон аст?
  105. Ва бигӯ: «амал кунед! Пас ба зудӣ Худо ва Паёмбараш ва мӯъминон амали шуморо мебинанд ва ба зудӣ ба сӯи [Худои] донои пинҳон ва ошкор, бозгардонида мешавед, онгоҳ шуморо ба он чи ки анҷом медодед, хабар медиҳад».
  106. Ва дигароне ҳастанд, ки [корашон] ба амри Худо вогузор шудааст ё онҳоро азоб мекунад ва ё тавбаашонро мепазирад ва Худованд донои ҳаким аст.
  107. Ва [аз мунофиқон] касоне ҳастанд, ки барои зарар расондан ва куфр варзидан ва тафриқа андохтан байни мӯъминон ва камингоҳ сохтан барои касе, ки пеш аз ин бо Худо ва Паёмбараш ҷанг кардааст, масҷиде баргузиданд ва қатъан савганд мехӯранд, ки ҷуз некӣ қасде надоштем. Ва Худо гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳақиқат онҳо дурӯғгӯ ҳастанд.
  108. Ҳаргиз дар он [масҷид ба ибодат] наист! Дар ҳақиқат масҷиде, ки аз рӯзи аввал бар тақво бунёд шудааст, сазовортар аст, ки дар он [ба ибодат] биистӣ; дар он мардоне ҳастанд, ки дӯст медоранд пок бошанд ва Худо покшавандагонро дӯст медорад.
  109. Пас оё касе, ки бинояшро бар тақво ва хушнудии Худо бунёд кардааст, беҳтар аст ё касе, ки бинояшро бар канори партобгоҳи фурӯрехтае бунёд намудааст ва бо он дар оташи ҷаҳаннам сарнагун мешавад? Ва Худо гурӯҳи ситамгаронро ҳидоят намекунад.
  110. Биное, ки онҳо бунёд кардаанд ҳамеша мояи шак дар дилҳояшон аст, магар ин ки дилҳояшон пора-пора гардад ва Худованд донои ҳаким аст.
  111. Ҳамоно Худо аз мӯъминон ҷонҳояшон ва амволашонро ба [баҳои] ин ки биҳишт барояшон бошад, харидааст; дар роҳи Худо меҷанганд ва мекушанд ва кушта мешаванд [ин] ваъдаи ҳақ аст, ки дар «Таврот» ва «Инҷил» ва «Қуръон» бар ӯҳдаи Ӯст ва чӣ касе аз Худо ба паймонаш вафодортар аст? Пас ба сабаби муомилае, ки бо он муомила кардед, шодмон бошед ва ин ҳамон комёбии бузург аст.
  112. [Онон] тавбакунандагон, ибодаткунандагон, ситоишкунандагон, сайркунандагон, рукӯъкунандагон, саҷдакунандагон, амркунандагон ба маъруф ва наҳйкунандагон аз мункар ва посдорони марзҳои Худо ҳастанд ва мӯъминонро башорат деҳ.
  113. Барои Паёмбар ва касоне, ки имон овардаанд, шоиста нест, ки барои мушрикон талаби омурзиш кунанд, пас аз он ки барояшон равшан шуд, ки онҳо аҳли дӯзаханд ва ҳарчанд, ки хешованд бошанд.
  114. Ва талаби омурзиш кардани Иброҳим барои падараш, набуд ҷуз ба хотири ваъдае, ки онро ба ӯ ваъда дода буд; пас ҳангоме ки барояш равшан шуд, ки ӯ душмани Худост, аз ӯ безорӣ ҷуст; қатъан Иброҳим бисёр ғамхори бурдбор буд.
  115. Ва Худо ҳаргиз гурӯҳеро баъд аз он ки онҳоро ҳидоят кард, гумроҳ намекунад; то ин ки он чиро, ки [бояд] аз он бипарҳезанд барояшон баён кунад; ҳамоно Худо ба ҳама чиз доност.
  116. Дар ҳақиқат Худост, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; зинда мекунад ва мемиронад ва барои шумо ҷуз Худо ҳеҷ сарпараст ва ёваре нест.
  117. Қатъан Худо бар Паёмбар ва муҳоҷирон ва ансор иноят намуд, ки дар ҳангоми душворӣ [дар ҷанги Табук] -баъд аз он ки наздик буд дилҳои гурӯҳе аз онон мунҳариф шавад- аз ӯ пайравӣ карданд; сипас тавбаи онҳоро пазируфт; ҳамоно Ӯ нисбат ба онҳо меҳрварзи меҳрубон аст.
  118. Ва [низ] бар он се нафар, ки аз [аз ҷанги Табук] боз монда буданд, то ҳангоме ки замин бо ҳама густардагӣ бар онон танг шуд ва онҳо аз худашон ба танг омаданд ва донистанд, ки аз [азоби] Худо ҷуз ба сӯи Ӯ паноҳгоҳе нест; сипас Худо бар онон иноят намуд, то тавба кунанд; ҳамоно Худо бисёр тавбапазири меҳрубон аст.
  119. Эй касоне, ки имон овардаед! Тақвои Илоҳиро пеша кунед ва бо ростгӯён бошед.
  120. Барои аҳли Мадина ва касоне аз бодиянишинон, ки атрофаш ҳастанд, шоиста нест, ки аз Паёмбари Худо тахаллуф кунанд ва ба хотири [ҳифзи] худашон аз [ҳифзи] ҷони ӯ рӯй гардонанд. Ин ба сабаби он аст, ки онҳо ҳеҷ ташнагӣ ва ранҷу гуруснагие дар роҳи Худо ба онҳо намерасад ва ба ҷое ки кофиронро ба хашм оварад, қадам намегузоранд ва аз душман ба ҳеҷ баҳрае намерасанд, магар ин ки ба хотири он барояшон амали солиҳе навишта мешавад; қатъан Худо подоши некӯкоронро табоҳ намесозад.
  121. Ва ҳеҷ моли андак ва бисёреро инфоқ намекунанд ва ҳеҷ сарзаминеро намепаймоянд, магар ин ки барояшон навишта мешавад; то Худо ба некӯтарин чизе, ки анҷом медоданд, ба онон подош диҳад.
  122. Ва мӯъминонро шоиста нест, ки ҳамагӣ берун оянд; пас чаро аз ҳар гурӯҳе аз онҳо ҷамъе берун наёмаданд, то дар дин донишманд шаванд ва то қавмашонро -чун ба сӯяшон бозгарданд- ҳушдор диҳанд; шояд, ки онҳо ҳазар кунанд.
  123. Эй касоне, ки имон овардаед! Бо касоне аз кофирон, ки ба шумо наздиканд, биҷангед ва бояд дар шумо ҳайбат биёбанд ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст.
  124. Ва ҳангоме ки сурае нозил шавад, пас баъзе аз онҳо мегӯяд: «чӣ касе аз шумост, ки ин [сура] имонашро биафзояд?» Ва аммо касоне, ки имон овардаанд, пас имонашонро афзудааст, дар ҳоле ки онҳо шодмон мешаванд.
  125. Ва аммо касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ аст, пас онҳоро бар палидиашон палидӣ афзуд ва мурданд, дар ҳоле ки онҳо кофиранд.
  126. Оё намебинанд, ки онҳо дар ҳар сол як бор ё ду бор озмоиш мешаванд? Сипас тавба намекунанд ва онон панд намегиранд.
  127. Ва ҳангоме ки сурае нозил шавад, баъзе аз онҳо ба баъзе [дигар] нигоҳ мекунанд [ва мегӯянд:] оё касе шуморо мебинад? Сипас [пинҳонӣ аз назди ту] бозмегарданд; Худо дилҳояшонро [аз ҳақ] бозгардонид, ба сабаби ин ки онон гурӯҳе ҳастанд, ки хуб намефаҳманд.
  128. Ҳамоно паёмбаре аз худатон ба сӯи шумо омад, ки ранҷи шумо бар ӯ душвор аст; бар [ҳидояти] шумо алоқаи шадид дорад; нисбат ба мӯъминон меҳрварзи меҳрубон аст.
  129. Ва агар рӯй баргардонанд, пас бигӯ: «Худо маро кофист; ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест; танҳо бар Ӯ таваккал кардаам ва Ӯ Парвардигори Арши бузург аст».

 

Охирин матолиб

Омӯзиши рӯхонии Қуръони Карим

 Муқаддима  قَال» مَا مِن مُومِن؛ ذَکَرٍ اَو اُنثَی؛ حُرٍّ اَو مَملُوکٍ اِلَّا وَ لِلّهِ عَلَیهِ حَقٌّ وَاجِبٌ اَن يَتَعَلَمَ مِنَ القُرآنِ وَ یَتَفَقَّهُ فِیهِ» Пайғамбари...

Чаро Қуръон комилтарин китоб аст?

Дӯст дорам пеш аз посух додан чанд савол аз шумо бипурсам: —Агар китоберо як доинишманд бинависад, комилтар аст, ё фарди ғайри донишманд?

Роҳкорҳои ҳифзи шахсияти афроди ҷомеа 1

Роҳкорҳои ҳифзи шахсияти афроди ҷомеа Авомили ихтилофоти иҷтимоӣ ва одоби муоширати саҳеҳ Муқаддима Қуръони карим дар ояи ёздаҳуми сураи муборакаи Ҳуҷурот бархе “авомили ихтилоф” мисли...

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...