Чаро Қуръон дар моҳи Рамазон нозил шудааст?
Агар Худованд бихоҳад беҳтарин китоби осмониро барои беҳтарин инсон бифиристад, ба назари шумо чӣ замоне муносиб аст? Ҳатман посух медиҳед, ки дар беҳтарин замон. Беҳтарин китоб, беҳтарин Паёмбар ва беҳтарин замон. Беҳтарин замон чӣ замоне аст? Замоне, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст.
﴿لَیلَةُ القَدرِ خَیرٌ مِن اَلفِ شَهر﴾
Моҳе, ки инсонҳо ба меҳмонии Худо даъват шудаанд.
Оре, Худованд барои меҳмонони худ дар беҳтарин шаб, беҳтарин китоби осмонӣ ба беҳтарин офаридаи худ, барои мардум нозил кардааст. Пас мо ҳам бояд қадри Қуръонро бидонем.
Манам Қуръон манам Қуръон
Манам пайғоми ҷовидон
Манам сарчашмаи имон
Манам барномаи инсон
Суруди ишқу уммедам
Фуруғи поки тавҳидам
Зудудам тирагиҳоро
Ба ҳар қалбе, ки тобидам
Раҳоварди шаби қадрам
Чаро қадрам намедонӣ?
Паёми раҳмат овардам
Чаро охир намехонӣ?