Тарҷумаи СУРАИ БАҚАРА

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 286 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

  1. Алиф, лом, мим.
  2. Он китобест, ки ҳеҷ шакке дар он нест, роҳнамои парҳезгорон аст.
  3. Онон, ки ба ғайб имон меоваранд ва намоз барпо медоранд ва аз он чи рӯзияшон додаем, инфоқ мекунанд.
  4. Ва онон, ки ба он чи бар ту ва он чи пеш аз ту нозил шудааст, имон меоваранд ва онҳо ба охират яқин доранд.
  5. Онон аз ҳидояти Парвардигорашон баҳраманданд ва онон худ растагоронанд.
  6. Дар ҳақиқат касоне, ки кофир шуданд, барои онҳо баробар аст, чи ононро битарсонӣ ё натарсонӣ, имон намеоваранд.
  7. Худо бар дилҳои онҳо ва гӯшҳои онҳо мӯҳр ниҳод ва бар чашмонашон пардаест ва барои онон азоби бузургест.
  8. Ва баъзе аз мардум касоне ҳастанд, ки мегӯянд: «ба Худо ва ба рӯзи охират имон овардаем» дар ҳоле ки онҳо мӯъмин нестанд.
  9. Бо Худо ва касоне, ки имон овардаанд, найранг меварзанд, дар ҳоле ки ҷуз худашонро фиреб намедиҳанд ва дарк намекунанд.
  10. Дар дилҳояшон беморӣ аст ва Худо бар бемории онҳо афзуд ва ба хотири ин ки дурӯғ мегуфтанд, барояшон азоби дарднокест.
  11. Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «дар замин фасод накунед» гӯянд: «мо фақат ислоҳгарем».
  12. Огоҳ бошед, ки яқинан онон худ фасодгаранд, валекин дарк намекунанд.
  13. Ва ҳангоме ки ба онон гуфта шавад: «ҳамон гуна, ки мардум имон оварданд, имон биёваред!» Гӯянд: «оё ҳамчун аблаҳон имон биёварем?» Огоҳ бошед, ки яқинан онон худ аблаҳонанд, валекин намедонанд.
  14. Ва ҳангоме ки бо касоне, ки имон оварданд, рӯ ба рӯ шаванд, гӯянд: «имон овардаем» ва ҳангоме ки бо шайтон [сифат]-ҳои худ хилват кунанд, гӯянд: «ҳамоно мо бо шумоем, мо фақат [онҳоро] масхара мекунем».
  15. Худо онҳоро расво мекунад ва онҳоро дар саркашиашон нигоҳ медорад, то саргардон бимонанд.
  16. Онон касоне ҳастанд, ки гумроҳиро бо ҳидоят иваз карданд; пас тиҷораташон суде накард ва ҳидоятёфта набуданд.
  17. Мисоли онон ҳамонанди мисоли касест, ки оташ афрӯхт ва ҳамин ки [оташ] атрофашро равшан сохт, Худо нурашонро бурд ва дар торикиҳо раҳояшон кард, дар ҳоле ки намебинанд.
  18. [Онон] кар, гунг [ва] кӯранд; пас онон бознамегарданд.
  19. Ё ҳамонанди [гирифторон дар] борони сахте аз осмон, ки дар он торикиҳо ва раъду барқ аст; аз [садои] ҳавлноки озарахшҳо аз тарси марг ангуштонашонро дар гӯшҳои худ мегузоранд ва Худо бар кофирон иҳота [ва тасаллут] дорад.
  20. Наздик аст, ки барқ чашмонашонро бирабояд; ҳар гоҳ ки бар онон равшанӣ диҳад, дар он роҳ раванд ва чун бар онҳо торикӣ намояд, боз истанд. Ва агар Худо мехост, ҳатман шунавоӣ ва биноии онҳоро [аз байн] мебурд. Ҳамоно Худо бар ҳама чиз тавоност.
  21. Эй мардум! Парвардигоратонро бипарастед, Зоте, ки шумо ва касонеро, ки пеш аз шумо буданд офарид, бошад, ки парҳезгор шавед.
  22. [Ҳамон] Зоте, ки заминро бистаре ва осмонро биное барои шумо қарор дод. Ва аз осмон обе фурӯ фиристод, пас ба василаи он, аз меваҳо ризқе барои шумо берун овард. Бинобар ин барои Худо ҳамтоёне қарор надиҳед, дар ҳоле ки шумо медонед.
  23. Ва агар аз он чи бар бандаи худ нозил кардем, дар шак ҳастед, пас сурае ҳамонандаш биёваред ва гувоҳони худро ғайр аз Худо фаро хонед, агар рост мегӯед.
  24. Пас агар [чунин] накардед -ва ҳаргиз натавонед кард- пас, аз оташе ҳазар кунед, ки ҳезуми он мардум ва сангҳост, ки барои кофирон омода шудааст.
  25. Ва мужда деҳ ба касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ки барояшон боғҳое [аз биҳишт] аст, ки зери он наҳрҳо ҷорист. Ҳар гоҳ мевае аз он ба онҳо рӯзӣ дода шавад, гӯянд: «ин ҳамон аст, ки пеш аз ин рӯзӣ дода шудаем» ва он [рӯзӣ] бар онҳо ҳамгун оварда шавад ва дар он ҷо барояшон ҳамсарони покиза аст ва онҳо дар он ҷо ҷовидонанд.
  26. Дар ҳақиқат Худо шарм намекунад аз ин ки [ба] пашшае ва фаротар аз он масале бизанад ва аммо касоне, ки имон оварданд, пас медонанд, ки он [масал] ҳақ [ва] аз ҷониби Парвардигорашон аст ва аммо касоне, ки куфр варзиданд, пас мегӯянд: «Худо бо ин масал чӣ хостааст?» Бисёреро бо он гумроҳ мекунад ва бисёреро бо он ҳидоят мекунад ва ҷуз фосиқонро бо он гумроҳ намекунад.
  27. Касоне, ки паймони Худоро пас аз маҳкам сохтани он мешикананд ва он чиро, ки Худо ба пайвастани он амр намудааст, қатъ ва дар замин фасод мекунанд, онон худ зиёнкоранд.
  28. Чигуна Худоро инкор мекунед, дар ҳоле ки мурдагоне будед, пас шуморо зинда кард; боз шуморо мемиронад, сипас шуморо зинда мекунад ва онгоҳ ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед.
  29. Ӯ Зотест, ки ҳамаи он чиро дар замин аст, барои шумо офарид; сипас ба осмон пардохт ва онҳоро дар ҳафт осмон мураттаб намуд ва Ӯ ба ҳар чизе доност.
  30. Ва ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман ҳатман дар замин ҷонишине қарор медиҳам». [Фариштагон] гуфтанд: «оё дар онҷо касеро қарор медиҳӣ, ки дар он фасод кунад ва хунҳо бирезад? Ва ҳол он ки мо ба ситоиши Ту тасбеҳ мегӯем ва Туро ба покӣ ёд мекунем!» Фармуд: «дар ҳақиқат Ман чизеро медонам, ки шумо намедонед».
  31. Ва ҳамаи номҳоро ба Одам омӯхт; сипас онҳоро бар фариштагон арза кард ва гуфт: «агар рост мегӯед, номҳои инҳоро ба Ман хабар диҳед!»
  32. Гуфтанд: «муназзаҳӣ Ту! Моро ҳеҷ донише нест, ҷуз он чи ба мо омӯхтаӣ; ба ростӣ, Ту донои ҳакимӣ».
  33. Фармуд: «Эй Одам! Онҳо (фариштагон)-ро ба номҳои инҳо хабар деҳ ва ҳангоме ки онҳоро ба номҳояшон огоҳ кард [Худо] гуфт: «оё ба шумо нагуфта будам, ки Ман ғайби осмонҳо ва заминро медонам ва он чиро ошкор мекунед ва он чиро пинҳон медоштед, медонам?»
  34. Ва онгоҳ ба фариштагон гуфтем: «барои Одам саҷда кунед!» Пас [ҳама] саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки рӯй гардонид ва бартарӣ ҷуст ва аз кофирон гардид.
  35. Ва гуфтем: «эй Одам! Ту ва ҳамсарат дар биҳишт сукунат гузинед ва аз он ба фаровонӣ аз ҳар ҷо мехоҳед бихӯред ва наздики ин дарахт нашавед, ки аз ситамгарон хоҳед шуд».
  36. Пас Шайтон он дуро аз он ҷо билағжонид ва ононро аз он чи дар он буданд, берун кард. Ва гуфтем: «фуруд биёед, дар ҳоле ки душмани ҳамдигар ҳастед ва барои шумо дар замин то муддате қароргоҳ ва баҳрамандӣ хоҳад буд».
  37. Онгоҳ Одам аз Парвардигораш калимотеро дарёфт кард [ва тавба намуд] пас Худо тавбаи ӯро пазируфт; ҳамоно Ӯ бисёр тавбапазири меҳрубон аст.
  38. Гуфтем: «ҳамагӣ аз он ҷо фуруд биёед! Ва ҳар гоҳ ҳидояте аз тарафи Ман барои шумо биёяд, пас ҳар кас аз ҳидояти Ман пайравӣ кунад, пас на хавфе бар онҳост ва на андӯҳгин шаванд;
  39. Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оятҳои Моро такзиб карданд, онон аҳли дӯзаханд; онҳо дар он мондагоранд».
  40. Эй Банӣ Исроил! Неъмати Маро, ки бар шумо арзонӣ доштам, ба ёд оваред ва ба паймонам вафо кунед, то Ман [низ] ба паймони шумо вафо кунам ва танҳо аз Ман битарсед!
  41. Ва ба он чи нозил кардаам (Қуръон), ки тасдиқкунандаи он чизе аст, ки бо шумост, имон биёваред ва нахустин инкоркунандаи он набошед ва оятҳои Маро ба баҳои ночиз нафурӯшед ва танҳо аз [мухолифати] Ман бипарҳезед.
  42. Ва ҳақро бо ботил наёмезед ва ҳақро пинҳон накунед, дар ҳоле ки худ медонед.
  43. Ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва бо рукӯъкунандагон рукӯъ кунед.
  44. Оё мардумро ба некӣ амр мекунед ва худатонро фаромӯш мекунед ва ҳол он ки шумо китоб [-и Худо]-ро мехонед? Пас оё намеандешед?
  45. Ва аз сабр ва намоз ёрӣ ҷӯед ва яқинан он ҷуз ба фурӯтанон душвор аст.
  46. Онон яқин доранд, ки Парвардигорашонро мулоқот мекунанд ва ҳатман ба сӯи Ӯ боз мегарданд.
  47. Эй Банӣ Исроил! Неъмати Маро, ки бар шумо арзонӣ доштам, ба ёд оваред ва ин ки Ман шуморо бар ҷаҳониён бартарӣ додам.
  48. Ва ҳазар кунед аз рӯзе, ки ҳеҷ кас ба ҷои дигаре ба ҳеҷ чиз кайфар намешавад ва шафоате аз ӯ пазируфта намешавад ва аз ӯ ивазе қабул намегардад ва онон ёрӣ намешаванд.
  49. Ва ҳангоме ки шуморо аз [чанги] фиръавниён наҷот додем, дар ҳоле ки шуморо ба бадтарин навъ азоб медоданд; сари писаронатонро мебуриданд ва занонатонро зинда нигоҳ медоштанд ва дар инҳо озмоиши бузурге аз ҷониби Парвардигоратон буд.
  50. Ва ҳангоме ки дарёро бароятон шикофтем ва шуморо наҷот додем ва фиръавниёнро ғарқ намудем, дар ҳоле ки шумо менигаристед.
  51. Ва ҳангоме ки бо Мӯсо чиҳил шаб ваъда гузоштем; онгоҳ, пас аз [рафтани] ӯ, гӯсоларо [ба парастиш] гирифтед, дар ҳоле ки шумо ситамгаред.
  52. Сипас баъд аз он шуморо бахшидем, шояд шумо шукргузор бошед.
  53. Ва ҳангоме ки ба Мӯсо, Китоб ва Фурқон додем, бошад, ки шумо ҳидоят шавед.
  54. Ва ҳангоме ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: «эй қавм [-и ман]! Дар ҳақиқат шумо бо [маъбуд] гирифтани гӯсола бар худ ситам кардед; пас ба сӯи офаридгори хеш боз гардед ва худатонро бикушед; ин [кор] барои шумо назди офаридгоратон беҳтар аст». Онгоҳ [Худо] тавбаи шуморо пазируфт; дар ҳақиқат Ӯ бисёр тавбапазири меҳрубон аст.
  55. Ва ҳангоме ки гуфтед: «эй Мӯсо! Ҳаргиз ба ту имон намеоварем, магар он ки Худоро ошкоро бибинем». Пас соиқа шуморо гирифт, дар ҳоле ки шумо менигаристед.
  56. Сипас шуморо баъд аз маргатон барангехтем, шояд шумо шукргузор бошед.
  57. Ва абрҳоро бар шумо соябон гардонидем ва бар шумо «манн» (шираи асалгуна) ва «салво» (парандаи кабкмонанд) фурӯ фиристодем; аз покизаҳои он чи ки рӯзиатон додаем бихӯред ва бар Мо ситам накарданд, балки бар худ ситам мекарданд.
  58. Ва ҳангоме ки гуфтем: «ба ин ободӣ ворид шавед ва дар он аз ҳар ҷо, ки хостед фаровон бихӯред ва саҷдакунон аз дари он ворид шавед ва бигӯед: «омурзиш мехоҳем», то хатоҳои шуморо биомурзем ва ба зудӣ некӯкоронро зиёда хоҳем дод».
  59. Пас касоне, ки ситам карданд суханро ба ғайри он чи ки ба онон гуфта шуда буд, тағйир доданд. Онгоҳ бар онон, ки ситам карданд -ба сабаби он, ки нофармонӣ мекарданд- азобе аз осмон фуруд овардем.
  60. Ва ҳангоме ки Мӯсо барои қавмаш об хост, пас гуфтем: «бо асоят ба санг бизан!» Онгоҳ аз он дувоздаҳ чашма ҷорӣ шуд. Ба ростӣ, ҳар гурӯҳе обишхӯри худро шинохт. [Гуфтем:] «аз рӯзии Худо бихӯред ва биёшомед ва дар замин фасодкорона рафтор накунед».
  61. Ва ҳангоме ки гуфтед: «эй Мӯсо! Ҳаргиз бар як навъ таом басанда намекунем; пас бароямон аз Парвардигорат бихоҳ, то аз он чи замин мерӯёнад, аз сабзию бодиринг, сиру наск ва пиёзаш барои мо берун оварад». [Мӯсо] гуфт: «оё чизеро, ки пасттар аст, ҷойгузини чизе мекунед, ки он беҳтар аст? Ба шаҳре фуруд оед, ки он чи хостед барои шумо ҳаст». Ва хорию бенавоӣ бар онон муқаддар гашт ва ба хашми Худо гирифтор шуданд. Ин ба сабаби он аст, ки онон нишонаҳои Худоро инкор мекарданд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд; ин [рафторашон] аз он рӯй буд, ки нофармонӣ карданд ва аз ҳад мегузаштанд.
  62. Дар ҳақиқат касоне, ки имон оварданд ва касоне, ки яҳудӣ шуданд ва масеҳиён ва собион, ҳар касе [аз онон] ба Худо ва рӯзи охират имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, пас барои онон аҷрашон назди Парвардигорашон аст ва на тарсе бар онҳост ва на онон андӯҳгин шаванд.
  63. Ва замоне ки аз шумо паймон гирифтем ва [кӯҳи] Турро болои шумо қарор додем [ва гуфтем] Он чиро, ки ба шумо додаем, бо қудрат бигиред ва он чиро, ки дар он аст, ба ёд оваред, шояд, ки шумо парҳезгор шавед!
  64. Онгоҳ баъд аз он, рӯй гардонидед ва агар фазли Худо ва раҳматаш бар шумо набуд, ҳатман аз зиёнкорон мешудед.
  65. Ва ба яқин, касоне аз худатонро, ки дар [рӯзи] шанбе аз ҳад гузаштанд, шинохтед. Пас ба онҳо гуфтем: «маймунҳои хори рондашуда бошед».
  66. Пас онро кайфари ибратомӯз барои ҳозирон ва ояндагони онҳо ва панде барои парҳезгорон қарор додем.
  67. Ва ҳангоме ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: «ҳамоно Худо шуморо ба куштани гове фармон медиҳад«. Гуфтанд:» оё моро ба масхара мегирӣ?» [Мӯсо] гуфт:» ба Худо паноҳ мебарам, аз ин ки аз ҷоҳилон бошам».
  68. Гуфтанд: «аз Парвардигорат барои мо бихоҳ, то ба мо баён кунад, ки он чигуна [гове] аст?» [Мӯсо] гуфт: «ҳамоно Ӯ мефармояд: дар ҳақиқат он гове бошад, на пир ва на ҷавон [балки] миёнсоле байни он [ду] бошад. Акнун он чиро, ки амр шудаед, иҷро кунед».
  69. Гуфтанд: «аз Парвардигорат барои мо бихоҳ, то ба мо баён кунад, ки ранги он [гов] чигуна аст?» Гуфт: «ҳамоно Ӯ мефармояд: дар ҳақиқат он гови зардгуни якранг бошад, ки бинандагонро шод мекунад».
  70. Гуфтанд: «аз Парвардигорат барои мо бихоҳ, то ба мо баён кунад, ки он [гов] чигуна аст? Ҳамоно гов бар мо муштабаҳ шудааст ва агар Худо бихоҳад, мо ҳатман роҳёфтаем».
  71. [Мӯсо] гуфт: «ҳамоно Ӯ мефармояд: дар ҳақиқат он говест на ром, ки заминро шудгор занад ва на киштзорро об диҳад; солиме ки ҳеҷ лаккае дар он нест». Гуфтанд: «акнун ҳақро овардӣ». Пас онро зибҳ карданд ва наздик буд, ки [ин корро] накунанд.
  72. Ва ҳангоме ки шахсеро куштед ва ҳар як [қатли] ӯро аз худ дур кардед ва Худо ошкоркунандаи чизест, ки пинҳон мекардед.
  73. Пас гуфтем: «бо қисмате аз он [гови кушта] ба он [мақтул] бизанед [то зинда гардад]». Ин гуна Худо мурдагонро зинда мекунад ва нишонаҳои Худро ба шумо нишон медиҳад, бошад, ки шумо биандешед.
  74. Сипас дилҳои шумо баъд аз он [воқеа] сахт шуд, пас он ҳамонанди сангҳо ё сахттар [гардид]. Ва ба ростӣ, бархе аз сангҳо чунон аст, ки аз он ҷӯйҳо берун мезанад ва қатъан бархе аз онҳо мешикофад ва аз он об берун меояд ва ҳатман бархе аз онҳо аз тарси Худо фурӯ мерезад. Ва Худо аз он чи анҷом медиҳед, ғофил нест.
  75. Ва оё тамаъ доред, ки [яҳудиён] ба [дини] шумо имон оваранд? Бо ин ки гурӯҳе аз онон каломи Худоро мешуниданд, сипас баъд аз фаҳмиданаш онро таҳриф мекарданд, дар ҳоле ки худ медонистанд!
  76. Ва ҳангоме ки бо касоне, ки имон оварданд, рӯ ба рӯ шаванд, гӯянд: «имон овардаем» ва ҳангоме ки баъзе аз онҳо бо баъзе [дигар] хилват кунанд, гӯянд: «чаро аз он чи Худо бар шумо [дар бораи Паёмбар] кушодааст, ба онон бозгӯ мекунед, то бо он назди Парвардигоратон бар шумо ҳуҷҷат оваранд? Пас оё намеандешед?»
  77. Ва оё намедонанд, ки Худо он чиро пинҳон мекунанд ва он чиро ошкор месозанд, медонад?
  78. Ва баъзе аз онҳо бесаводоне ҳастанд, ки Китоб [-и Таврот]-ро ҷуз орзуҳо [-и беҳуда] намедонанд ва ба ҷуз ин нест, ки онон гумонпардозӣ мекунанд.
  79. Пас вой бар касоне, ки китобро бо дастони худ менависанд, онгоҳ мегӯянд: «ин аз назди Худост» то онро ба баҳои андаке бифурӯшанд. Пас вой бар онҳо аз он чи дастонашон навиштааст ва вой бар онҳо аз он чи касб мекунанд.
  80. Ва гуфтанд: «ҳаргиз оташ [-и дӯзах] ба ҷуз рӯзҳои андаке ба мо намерасад». Бигӯ: «оё паймоне аз назди Худо гирифтаед? Ва Худо ҳаргиз паймони Худро хилоф намекунад; ё чизеро, ки намедонед ба Худо нисбат медиҳед?»
  81. Оре, ҳар кас бадиеро касб намояд ва гуноҳаш ӯро фаро гирад, пас онон аҳли дӯзаханд, онҳо дар он мондагоранд.
  82. Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, онон аҳли биҳиштанд, онҳо дар он ҷовидонанд.
  83. Ва ҳангоме ки аз Банӣ Исроил паймон гирифтем, ки ҷуз Худоро напарастед ва ба падару модар ва хешовандон ва ятимон ва бенавоён некӣ кунед ва бо мардум некӯ [сухан] бигӯед ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед. Сипас ба ҷуз андаке аз шумо, рӯй гардонидед, дар ҳоле ки сарпечӣ мекардед.
  84. Ва ҳангоме ки аз шумо паймон гирифтем, ки хунҳои якдигарро нарезед ва ҳамдигаратонро аз диёри худ берун накунед, сипас иқрор кардед ва шумо гувоҳед.
  85. Сипас шумо касоне ҳастед, ки ҳамдигаратонро мекушед ва гурӯҳе аз худатонро аз диёрашон берун мекунед; дар ҳоле ки бо гуноҳ ва душманӣ, бар зидди онон пуштибони ҳамдигаред ва агар ба сурати асироне назди шумо оянд [барои озодии онҳо] «фидя» медиҳед ва ҳол он ки берун кардани онон бар шумо ҳаром шуда буд. Пас оё ба қисмате аз китоб [-и Таврот] имон меоваред ва ба қисмате куфр меварзед? Пас ҷазои касе аз шумо, ки чунин кунад ҷуз хорӣ дар зиндагии дунё нест ва рӯзи қиёмат ба сахттарин азоб баргардонида мешаванд ва Худо аз он чи мекунед, ғофил нест.
  86. Онон касоне ҳастанд, ки зиндагии дунёро бо охират иваз карданд; пас на азоб аз онон кам мешавад ва на онон ёрӣ мешаванд.
  87. Ва дар ҳақиқат ба Мӯсо китоб додем ва баъд аз ӯ паёмбаронеро пушти сари ҳам фиристодем ва Исо писари Марямро далелҳои равшан додем ва ӯро ба василаи «Рӯҳ-ул- қудус» (Ҷабраил) ёрӣ намудем. Пас оё ҳар гоҳ паёмбаре чизеро, ки дилхоҳи шумо набуд, бароятон овард, саркашӣ кардед ва гурӯҳеро дурӯғгӯ пиндоштед ва гурӯҳеро мекуштед?
  88. Ва гуфтанд: «дилҳои мо дар ғилоф аст» балки Худованд ононро ба сабаби куфрашон лаънат намудааст; пас андаке имон меоваранд.
  89. Ва замоне ки барояшон Китоб [-и Қуръон] аз назди Худо омад, ки тасдиқкунандаи он чизест, ки бо онон буд ва аз пеш ҳамвора бар зидди касоне, ки куфр варзиданд, талаби пирӯзӣ мекарданд, пас ҳар гоҳ, ки он чи мешинохтанд бар эшон омад, ба он кофир шуданд; пас лаънати Худо бар кофирон бод.
  90. Чӣ бад аст он чи ки худашонро ба он фурӯхтанд, ки инкор карданд он чиро Худо нозил карда буд, аз рӯи саркашӣ [ва ҳасад] ба ин ки Худованд аз фазли хеш бар ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад [оятҳои Худро] фурӯ мефиристад; пас гирифтори ғазабе болои ғазаб шуданд ва барои кофирон азоби хоркунандаест.
  91. Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «ба он чи Худо нозил кардааст, имон оваред» гӯянд: «ба он чи ки бар худамон нозил шудааст, имон меоварем» ва ба он чи баъд аз он аст, куфр меварзанд, дар ҳоле ки он (Қуръон) ҳақ ва тасдиқкунандаи он чизест, ки бо онон буд. Бигӯ: «агар мӯъмин будед, пас чаро пеш аз ин паёмбарони Худоро мекуштед?»
  92. Ва қатъан Мӯсо далелҳои равшанро барои шумо овард, онгоҳ баъд аз [рафтани] ӯ, гӯсоларо [ба парастиш] гирифтед, дар ҳоле ки шумо ситамгар будед.
  93. Ва замоне ки аз шумо паймон гирифтем ва [кӯҳи] Турро болои шумо қарор додем [ва гуфтем:] он чиро, ки ба шумо додаем, бо қудрат бигиред ва гӯш кунед. Гуфтанд: «шунидем ва сарпечӣ кардем». Ва ба сабаби куфрашон дилҳои онон [бо муҳаббати] гӯсола обёрӣ шуд. Бигӯ: «агар мӯъминед, имонатон ба бад чизе шуморо фармон медиҳад!»
  94. Бигӯ: «агар сарои охират назди Худо танҳо барои шумост, на дигар мардумон, пас орзуи марг кунед, агар ростгӯед!»
  95. Ва ба хотири он чи пеш аз худ фиристодаанд, ҳаргиз онро орзу нахоҳанд кард ва Худо ба [ҳоли] ситамгарон доност.
  96. Ва ҳатман онҳоро ҳаристарини мардум бар зиндагӣ хоҳӣ ёфт ва [ҳатто ҳаристар] аз касоне, ки ширк варзидаанд. Ҳар як аз онҳо дӯст медорад, ки ҳазор сол умр бибинад, дар ҳоле ки ин умркардан дуркунандаи ӯ аз азоб нахоҳад буд ва Худованд ба он чи мекунанд, биност.
  97. Бигӯ: «ҳар ки душмани Ҷабраил бошад, пас дар ҳақиқат ӯ бо рухсати Худо он (Қуръон)-ро бар қалби ту нозил кардааст [Қуръоне] ки тасдиқкунандаи [китобҳои] пеш аз худ ва ҳидоят ва мужда барои мӯъминон аст».
  98. Касе, ки душмани Худо ва фариштагонаш ва паёмбарони Ӯ ва Ҷабраил ва Микоил бошад [кофираст] пас қатъан Худованд душмани кофирон аст.
  99. Ва ба таҳқиқ оятҳои равшане ба сӯи ту нозил кардем ва ба он куфр намеварзанд, магар фосиқон.
  100. Ва оё [чунин нест, ки] ҳар бор паймоне бастанд, гурӯҳе аз эшон онро шикастанд? Балки бештари онҳо имон намеоваранд.
  101. Ва замоне ки барояшон паёмбаре аз ҷониби Худо омад, ки тасдиқкунандаи он чизест, ки бо онон буд, гурӯҳе аз касоне, ки китоб дода шудаанд, китоби Худоро пушти сари худ афканданд, гӯё онҳо намедонанд.
  102. Ва [яҳуд] аз он чи шайтонҳо [ва ҷодугарон] дар [асри] фармонравоии Сулаймон мехонданд, пайравӣ карданд. Ва Сулаймон куфр наварзид, валекин шайтонҳо кофир шуданд, ки ба мардум сеҳр ва он чи ки дар Бобил бар ду фаришта Ҳорут ва Морут нозил шуда буд, меомӯхтанд ва [он ду] касеро ёд намедоданд, магар он ки мегуфтанд: «мо фақат [барои] озмоишем, пас кофир машав!» Пас онон аз он ду [фаришта] чизеро меомӯхтанд, ки бо он миёни мард ва ҳамсараш ҷудоӣ биандозанд, дар ҳоле ки онҳо бо он [сеҳр] ба касе зарар намерасонанд, магар бо хости Худо. Ва чизеро меомӯхтанд, ки барояшон зарар мерасонид ва ба онҳо нафъе намебахшид ва дар ҳақиқат дониста буданд, ки ҳар кас харидори он [сеҳр] бошад, ӯро дар охират ҳеҷ баҳрае нест ва ҳақиқатан чӣ бад аст, он чи ки худашонро ба он фурӯхтанд, агар медонистанд!
  103. Ва агар онҳо ҳақиқатан имон меоварданд ва порсоӣ мекарданд, ҳатман подоше, ки аз назди Худо аст беҳтар буд, агар медонистанд!
  104. Эй касоне, ки имон овардаед! Нагӯед: роино (моро муроот кун) ва бигӯед: унзурно (моро мӯҳлат бидеҳ) ва гӯш кунед ва барои кофирон азоби дарднокест.
  105. Касоне аз Аҳли Китоб, ки куфр варзиданд ва мушрикон, дӯст намедоранд, ки ҳеҷ хайре аз сӯи Парвардигоратон бар шумо фиристода шавад; дар ҳоле ки Худованд ҳар касро бихоҳад ба раҳмати Худ махсус мекунад ва Худо соҳиби фазли бузург аст.
  106. Ҳар оят [ё ҳукме]-ро, ки насх кунем ё ба фаромӯшӣ супорем, беҳтар аз он ё монанди онро меоварем. Оё намедонӣ, ки Худо бар ҳар чизе тавоност?
  107. Оё намедонӣ, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Худост ва ҷуз Худо сарпараст ва ёваре барои шумо нест?
  108. Ё мехоҳед аз паёмбаратон ҳамон дархостеро бикунед, ки Мӯсо пеш аз ин пурсида шуд? Ва ҳар кас куфрро бо имон иваз кунад, пас дар ҳақиқат роҳи дурустро гум кардааст.
  109. Бисёре аз Аҳли Китоб, баъд аз он ки ҳақ барояшон ошкор шуд, аз рӯи ҳасаде, ки дар дарунашон ҳаст, дӯст доранд шуморо баъд аз имон оварданатон, ба куфр бозгардонанд. Пас бибахшед ва гузашт намоед, то Худо фармони Худро биёварад, ҳамоно Худо бар ҳама чиз тавоност.
  110. Ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва ҳар некие, ки пешопеш барои худ мефиристед, онро назди Худо хоҳед ёфт; қатъан Худо ба он чи анҷом медиҳед, биност.
  111. Ва гуфтанд: «ҳаргиз дохили биҳишт намешавад, магар касе, ки яҳудӣ ё масеҳӣ бошад». Ин орзуҳои онҳост. Бигӯ: «агар ростгӯед, далели худро биёваред».
  112. Оре, ҳар кас худашро таслими Худо кунад, дар ҳоле ки ӯ некӯкор бошад, пас барои ӯст подошаш назди Парвардигораш ва на биме бар онҳост ва на онон андӯҳгин шаванд.
  113. Ва яҳудиён гуфтанд: «масеҳиён бар чизе [аз ҳақ] нестанд» ва масеҳиён гуфтанд: «яҳудиён бар чизе [аз ҳақ] нестанд», дар ҳоле ки онон китоб [-и осмони]-ро мехонанд. Ҳамчунин касоне, ки намедонанд, ҳамонанди сухани эшон гуфтанд. Ва Худо рӯзи қиёмат миёни онҳо дар бораи он чи ки дар он ихтилоф мекарданд, ҳукм мекунад.
  114. Ва чӣ касе золимтар аст аз касе, ки аз ёд кардани номи Худо дар масҷидҳо манъ намояд ва дар вайронии онҳо кӯшиш мекунад? Ононро сазовор нест, ки вориди он [масҷидҳо] шаванд, магар бо тарс ва ваҳшат. Барои онон дар дунё расвоӣ ва барои онҳо дар охират азоби бузурге хоҳад буд.
  115. Ва машриқу мағриб аз они Худост, пас ба ҳар сӯ рӯй кунед, ҳамон ҷо ваҷҳи Худост. Қатъан Худованд кушоишгари доност.
  116. Ва гуфтанд: «Худо фарзанде гирифтааст». Ӯ муназзаҳ аст, балки ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст; ҳама барои Ӯ фармонбардоранд.
  117. Ҳастибахши осмонҳо ва замин аст ва ҳар гоҳ чизеро ирода кунад, пас фақат ба он мегӯяд: «бош!» Пас [дарҳол] мешавад.
  118. Ва касоне, ки намедонанд гуфтанд: «чаро Худо бо мо сухан намегӯяд ё барои мо мӯъҷизае намеояд?» Ҳамчунин касоне, ки пеш аз онон буданд, ҳамонанди сухани онон гуфтанд дилҳояшон монанди якдигар аст. Дар ҳақиқат нишонаҳо [-и худ]-ро барои гурӯҳе, ки яқин мекунанд, равшан намудем.
  119. Ҳамоно Мо туро ба ҳақ башоратдиҳанда ва бимдиҳанда фиристодем ва ту аз аҳли дӯзах пурсида намешавӣ.
  120. Ва яҳудиён ва масеҳиён ҳаргиз аз ту розӣ нахоҳанд шуд, магар ин ки аз оини онҳо пайравӣ кунӣ. Бигӯ: «бешак, ҳидояти илоҳӣ танҳо ҳидоят аст». Ва агар аз ҳавасҳои онон, баъд аз ин ки донише ба ту расидааст пайравӣ кунӣ, аз ҷониби Худо барои ту ҳеҷ сарпараст ва ёваре нахоҳад буд.
  121. Касоне, ки ба онон китоб [-и илоҳӣ] додаем, онро ҳамон гуна, ки сазовори хонданаш аст, мехонанд; онҳо ба он имон меоваранд ва касоне, ки онро инкор мекунанд, пас онҳо худ зиёнкоранд.
  122. Эй Банӣ Исроил! Неъмати Маро, ки бар шумо арзонӣ доштам, ба ёд оваред ва ин ки Ман шуморо бар ҷаҳониён бартарӣ додам.
  123. Ва ҳазар кунед аз рӯзе, ки ҳеҷ кас ба ҷои дигаре ба ҳеҷ чиз кайфар намешавад ва ивазе аз ӯ пазируфта намешавад ва шафоате ӯро суд намедиҳад ва онон ёрӣ намешаванд.
  124. Ва ҳангоме ки Иброҳимро Парвардигораш бо калимоте биозмуд, пас онҳоро ба анҷом расонид [Худованд] фармуд: «ба яқин, Ман туро пешвои мардум қарор додам». [Иброҳим] гуфт: «ва аз фарзандонам [низ пешвоёне қарор деҳ]». Фармуд: «аҳди Ман ба ситамгарон намерасад».
  125. Ва ҳангоме ки хона [-и Каъба]-ро маҳалли бозгашт барои мардум ва [ҳарами] амн қарор додем ва [гуфтем] аз мақоми Иброҳим намозгоҳе баргузинед. Ва бар Иброҳиму Исмоил аҳд кардем, ки хонаамро барои тавофкунандагон ва муътакифон ва рукӯъкунандагон [ва] саҷдакунандагон пок гардонед!
  126. Ва ҳангоме ки Иброҳим гуфт: «Парвардигоро! Ин [сарзамин]-ро шаҳри амне гардон ва мардумашро -ҳар касе аз онон, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварад- аз маҳсулот рӯзӣ деҳ». Фармуд: «ва касе, ки куфр варзад, пас андаке баҳрамандаш мекунам, онгоҳ ӯро ба сӯи азоби оташ мекашонам ва чӣ бад ҷойгоҳест!»
  127. Ва ҳангоме ки Иброҳим ва Исмоил пояҳои хона [-и Каъба]-ро мебардоштанд [гуфтанд:] Парвардигори мо! Аз мо бипазир, ҳамоно Ту Худ шунавои доноӣ.
  128. Парвардигори мо! Ва моро таслими Худ бигардон ва аз насли мо уммати фармонбардори Худат [қарор деҳ] ва тарзи ибодатамонро ба мо нишон деҳ ва тавбаи моро бипазир, ҳамоно Ту Худ бисёр тавбапазири меҳрубонӣ.
  129. Парвардигори мо! Ва дар миёни онон паёмбаре аз худашон барангез, то оятҳои Туро барояшон бихонад ва ба онҳо китобу ҳикмат биомӯзад ва ононро пок намояд; ҳамоно Ту Худ пирӯзманди ҳакимӣ.
  130. Ва чӣ касе аз оини Иброҳим рӯй мегардонад, магар касе, ки худро ба аблаҳӣ афканад ва дар ҳақиқат ӯро дар дунё баргузидем ва яқинан ӯ дар охират, аз шоистагон аст.
  131. Ҳангоме ки Парвардигораш ба ӯ гуфт: «таслим шав!» Гуфт: «таслими Парвардигори ҷаҳониён шудам».
  132. Ва Иброҳиму Яъқуб фарзандони худро ба ҳамон [оин] супориш карданд: «эй фарзандони ман! Дар ҳақиқат Худо барои шумо ин динро баргузид, пас набояд бимиред, магар дар ҳоле ки шумо мусулмонед».
  133. Оё шумо ҳозир будед ҳангоме ки марги Яъқуб фаро расид? Замоне ки ба фарзандонаш гуфт: «пас аз ман чиро мепарастед?» Гуфтанд: «маъбуди ту ва маъбуди падаронат Иброҳиму Исмоилу Исҳоқро, ки маъбуди ягона аст, мепарастем ва мо танҳо таслими Ӯ ҳастем».
  134. Онҳо уммате буданд, ки гузаштанд; он чи карданд, барои онҳост ва он чи кардед, барои шумост ва шумо аз он чи мекарданд, пурсида нахоҳед шуд.
  135. Ва гуфтанд: «яҳудӣ ё масеҳӣ шавед, то ҳидоят ёбед!» Бигӯ: «балки оини Иброҳими ҳақгаро [-ро пайравӣ мекунем]» ва аз мушрикон набуд.
  136. Бигӯед: «ба Худо ва он чи ба мо нозил шудааст ва он чи ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва [паёмбароне аз] наводагон [-и ӯ] нозил шудааст ва он чи ба Мӯсо ва Исо дода шудааст ва он чи ба паёмбарон аз ҷониби Парвардигорашон дода шудааст, имон овардаем, миёни ҳеҷ як аз онҳо [дар ҳақ будан] фарқ намегузорем ва мо танҳо таслими Ӯ ҳастем».
  137. Ва агар имон оваранд, ба монанди он чи шумо ба он имон овардаед, пас дар ҳақиқат ҳидоят ёфтаанд ва агар рӯй гардонанд, пас онҳо, фақат дар ситезанд. Ва ба зудӣ Худованд туро аз [шарри] онон кифоят мекунад ва Ӯст шунавои доно.
  138. Ранги Худоӣ [бипазиред] ва чӣ ранге некӯтар аз ранги Худоӣ аст? Ва мо танҳо ибодаткунандаи Ӯ ҳастем.
  139. Бигӯ: «оё дар бораи Худо бо мо баҳс мекунед, дар ҳоле ки Ӯ Парвардигори мо ва Парвардигори шумост ва аъмоли мо барои мо ва аъмоли шумо барои шумост ва мо танҳо барои Ӯ ихлос меварзем?»
  140. Ё мегӯед: «ҳамоно Иброҳим ва Исмоилу Исҳоқ ва Яъқуб ва [паёмбароне аз] наводагон [-и ӯ] яҳудӣ ё масеҳӣ будаанд?» Бигӯ: «оё шумо донотаред ё Худо?» Ва чӣ касе золимтар аст аз касе, ки шаҳодатеро, ки аз ҷониби Худо назди ӯст, пинҳон кунад? Ва Худованд аз он чи мекунед, ғофил нест.
  141. Онҳо уммате буданд, ки гузаштанд, он чи карданд, барои онҳост ва он чи кардед, барои шумост ва шумо аз он чи мекарданд, пурсида нахоҳед шуд.
  142. Ба зудӣ мардуми камхирад хоҳанд гуфт: «чӣ чиз онҳоро аз қиблаашон, ки бар он буданд, баргардонид?» Бигӯ: «машриқу мағриб танҳо аз они Худост; ҳар киро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад».
  143. Ва инчунин шуморо уммати миёнае қарор додем, то бар мардум гувоҳ бошед ва Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад. Ва қиблаеро, ки [муддате] бар он будӣ, қарор надодем, магар барои ин ки касеро, ки аз Паёмбар пайравӣ мекунад, аз касе, ки ба гузаштааш бармегардад, маълум кунем ва ҳарчанд ин [ҳукм] ҷуз барои касоне, ки [ононро] Худо ҳидоят кардааст, бисёр душвор аст ва Худо ҳаргиз имони шуморо табоҳ намекунад; ҳамоно Худо нисбат ба мардум меҳрварзи меҳрубон аст.
  144. Ба таҳқиқ, гардонидани рӯятро ба осмон, мебинем, пас ҳатман туро ба қиблае, ки аз он хушнудӣ, бозмегардонем; пас рӯи худро ба сӯи Масҷид-ул-ҳаром баргардон ва ҳар ҷо, ки бошед, пас рӯйҳоятонро ба ҷониби он гардонед ва дар ҳақиқат касоне, ки китоб [-и осмонӣ] дода шудаанд, ҳатман медонанд, ки ин [ҳукм] ҳаққест аз ҷониби Парвардигорашон. Ва Худованд аз он чи мекунанд ғофил нест.
  145. Ва агар барои касоне, ки китоб [-и осмонӣ] дода шудаанд, ҳар гуна оят [ва далеле] биёварӣ, аз қиблаи ту пайравӣ нахоҳанд кард ва ту [низ] пайрави қиблаи онҳо нестӣ ва баъзе аз онҳо пайрави қиблаи баъзе [дигар] нестанд ва агар баъд аз [ваҳй ва] донише, ки ба ту расидааст, аз ҳавасҳояшон пайравӣ кунӣ, бешак, ту дар ин сурат аз ситамгарон хоҳӣ буд.
  146. Касоне, ки ба онҳо китоб [-иосмонӣ] додаем, ӯ (Паёмбар)-ро мешиносанд, ҳамон гуна, ки фарзандони худро мешиносанд ва ҳамоно гурӯҳе аз онҳо ҳақро мепӯшонанд, дар ҳоле ки худ медонанд.
  147. Ҳақ аз ҷониби Парвардигори туст, пас ҳаргиз аз шаккунандагон мабош.
  148. Ва барои ҳар уммате ҷиҳатест, ки ба он рӯй меоварад; пас ба некиҳо бишитобед. Ҳар куҷо, ки бошед, Худо ҳамаи шуморо [гирд] хоҳад овард; ба яқин Худо бар ҳар чизе тавоност.
  149. Ва аз ҳар ҷо берун омадӣ, пас рӯи худро ба сӯи Масҷид-ул-ҳаром бигардон ва қатъан ин [ҳукм] ҳаққест аз ҷониби Парвардигорат ва Худо аз он чи мекунед, ғофил нест.
  150. Ва аз ҳар ҷо берун омадӣ, пас рӯи худро ба сӯи Масҷид-ул-ҳаром бигардон ва ҳар ҷо, ки бошед, пас рӯйҳоятонро ба ҷониби он гардонед, то барои мардум ҳуҷҷате бар зидди шумо набошад, ба ҷуз касоне аз онҳо, ки зулм карданд. Пас, аз онон натарсед ва аз [мухолифати] Ман битарсед! Ва то неъмати Худро бар шумо тамом кунам ва шояд, ки шумо ҳидоят шавед.
  151. Ҳамон гуна, ки дар миёни шумо паёмбаре аз худатон фиристодем, ки оятҳои Моро бар шумо мехонад ва шуморо пок мекунад ва ба шумо китоб ва ҳикмат меомӯзад ва он чиро, ки намедонистед, ба шумо меомӯзад.
  152. Пас Маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам ва шукри Маро ба ҷой оваред ва [Маро] носипосӣ накунед.
  153. Эй касоне, ки имон овардаед! Аз сабру намоз ёрӣ ҷӯед, ҳамоно Худованд бо собирон аст.
  154. Ва ба касоне, ки дар роҳи Худо кушта мешаванд, нагӯед мурдагонанд, балки зиндагонанд, вале шумо дарк намекунед.
  155. Ва қатъан, шуморо ба чизе аз тарсу гуруснагӣ ва коҳише дар молҳо ва ҷонҳо ва маҳсулот меозмоем ва собиронро башорат деҳ!
  156. Касоне, ки чун мусибате ба онҳо бирасад, гӯянд: «ҳамоно мо аз Худоем ва яқинан мо ба сӯи Ӯ бозмегардем».
  157. Ононанд, ки дурудҳо ва раҳмате аз ҷониби Парвардигорашон бар онҳост ва онҳо худ ҳидоятёфтагонанд.
  158. Дар ҳақиқат Сафо ва Марва аз нишонаҳои Худост; пас ҳар касе ҳаҷҷи хона [-и Худо] кунад ё умра ба ҷо оварад, пас ҳеҷ гуноҳе бар ӯ нест, ки миёни он ду тавоф (саъй) кунад ва касе, ки фармони Худоро некӯ бипазирад, пас дар ҳақиқат Худованд қадршиноси доност.
  159. Дар ҳақиқат касоне, ки далелҳои равшан ва ҳидоятеро, ки нозил кардаем, баъд аз он ки онро барои мардум дар китоб [-и осмонӣ] баён намудем, пинҳон мекунанд, онҳоянд, ки Худо лаънаташон мекунад ва лаънаткунандагон [низ] онҳоро лаънат мекунанд;
  160. Магар касоне, ки тавба карданд ва [худро] ислоҳ намуданд ва [он чиро пинҳон карда буданд] ошкор сохтанд, пас ононанд [ки] тавбаи онҳоро мепазирам ва Ман бисёр тавбапазири меҳрубонам.
  161. Дар ҳақиқат касоне, ки кофир шуданд ва дар ҳоли куфр мурданд, онҳоянд, ки лаънати Худо ва фариштагон ва мардум ҳамагӣ бар онон бод.
  162. Дар он [лаънат] мондагоранд, на азобашон сабук карда мешавад ва на онон мӯҳлат дода мешаванд.
  163. Ва Маъбуди шумо Маъбуди ягонааст, ба ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуде нест [ки Ӯ] бахшандаи меҳрубон аст.
  164. Қатъан дар офариниши осмонҳо ва замин ва рафту омади шабу рӯз ва киштиҳое, ки барои манфиати мардум дар дарё равонанд ва обе, ки Худо аз осмон фурӯ фиристод ва бо он заминро пас аз мурданаш зинда намуд ва аз ҳар ҷунбандае дар он пароканда сохт ва гардиши бодҳо ва абрҳои ромшуда миёни осмон ва замин, нишонаҳое ҳаст барои қавме, ки меандешанд.
  165. Ва баъзе аз мардум касоне ҳастанд, ки ҳамтоёнеро ба ҷуз Худо бармегузинанд, онҳоро монанди дӯст доштани Худо дӯст медоранд. Ва [аммо] касоне, ки имон овардаанд, ба Худованд муҳаббати бештар доранд. Ва касоне, ки зулм кардаанд, агар бибинанд ҳангомеро, ки азобро мушоҳида мекунанд [хоҳанд донист] ки ҳамаи қудрат аз они Худост ва қатъан Худованд сахткайфар аст.
  166. Онгоҳ, касоне, ки пайравӣ карда шудаанд аз касоне, ки [онҳоро] пайравӣ карданд, безорӣ ҷӯянд ва азобро мебинанд ва пайвандҳо аз миёнашон бурида мегардад.
  167. Ва касоне, ки пайравӣ кардаанд, гӯянд: «кош барои мо бозгаште [ба дунё] буд, то аз онҳо безорӣ меҷустем, ҳамон гуна, ки онҳо аз мо безорӣ ҷустанд!» Инчунин Худо амалҳои онҳоро ба сурати ҳасратҳое бар онҳо нишонашон медиҳад ва онҳо ҳаргиз аз оташ берун омаданӣ нестанд.
  168. Эй мардум! Аз он чи дар замин ҳалол ва покиза аст, бихӯред ва аз гомҳои шайтон пайравӣ макунед; ба ростӣ, ӯ душмани ошкор барои шумост.
  169. [Шайтон] шуморо фақат ба бадӣ ва зиштӣ фармон медиҳад ва ин ки он чиро намедонед, ба Худо нисбат диҳед.
  170. Ва ҳангоме ки ба онон гуфта шавад: «он чиро Худо нозил кардааст, пайравӣ кунед» гӯянд: «балки чизеро пайравӣ мекунем, ки падарони худро бар он ёфтаем» ва оё ҳарчанд падаронашон чизеро намефаҳмиданд ва ҳидоят намешуданд [боз ҳам аз онон пайравӣ мекарданд]?
  171. Ва мисоли [даъваткунандаи] касоне, ки куфр варзиданд, ҳамонанди мисоли касест, ки ҳайвонеро бонг мезанад, ба он чи ки ҷуз овоз ва нидое намешунавад [онон] кар, гунг [ва] кӯранд, пас онон андеша намекунанд.
  172. Эй касоне, ки имон овардаед! Аз покизаҳое ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред ва шукри Худоро ба ҷой оваред, агар шумо танҳо Ӯро мепарастед.
  173. [Худо] фақат мурдор ва хун ва гӯшти хук ва он чиро, ки [ҳангоми зибҳ] номи ғайри Худо бар он гуфта шавад, бар шумо ҳаром кардааст. Пас касе, ки ночор шавад, дар ҳоле ки зиёдахоҳ ва таҷовузкор [дар хӯрдани онҳо] набошад, пас гуноҳе бар ӯ нест; бешак, Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  174. Албатта, касоне, ки он чиро Худо аз китоб нозил кардааст, пинҳон мекунанд ва онро ба баҳои андаке мефурӯшанд, онон ҷуз оташ дар шикамҳояшон намехӯранд ва Худо рӯзи қиёмат бо онҳо сухан намегӯяд ва покашон намекунад ва барои онҳо азоби дарднокест.
  175. Онон касоне ҳастанд, ки гумроҳиро бо ҳидоят ва азобро бо омурзиш иваз карданд; пас чӣ чизе ононро бар оташ шикебо кард?
  176. Ин ба хотири он аст, ки Худо китоб [-и осмони]-ро ба ҳақ нозил кардааст ва касоне, ки дар китоб [-и Худо] ихтилоф карданд, қатъан дар ҷудоии дуре қарор доранд.
  177. Некӣ он нест, ки рӯи худро ба сӯи машриқ ва мағриб кунед, валекин некӣ он аст, ки касе ба Худо ва рӯзи охират ва фариштагон ва китоб [-и осмонӣ] ва паёмбарон имон оварад ва мол [-и худ]-ро бо вуҷуди дӯст доштани он, ба хешовандон ва ятимон ва бенавоён ва дар роҳмонда ва гадоён ва дар [роҳи озодии] бардагон, бидиҳад ва намозро барпо дорад ва закотро бипардозад ва вафодорон ба паймони худ, онгоҳ ки паймон банданд ва сабркунандагон дар сахтӣ ва зиён ва ҳангоми ҷанг; онон касоне ҳастанд, ки рост мегӯянд ва онҳо худ парҳезгоранд.
  178. Эй касоне, ки имон овардаед! [Ҳукми] қисос дар бораи куштагон бар шумо муқаррар шуд: озод дар баробари озод ва барда дар баробари барда ва зан дар баробари зан. Пас касе, ки аз сӯи бародараш чизе [аз ҳаққи мақтул] барояш бахшида шавад, пас [шеваи] писандида дар пеш гирад ва ба некӣ [дияро] ба ӯ бипардозад. Ин [ҳукм] осонгирӣ ва раҳмате аз ҷониби Парвардигоратон аст ва касе баъд аз он аз ҳад гузарад, пас барои ӯ азоби дардноке хоҳад буд.
  179. Ва барои шумо дар қисос ҳаётест, эй хирадмандон! Шояд, ки шумо парҳезгор шавед.
  180. Бар шумо муқаррар шуд: ҳар гоҳ марги яке аз шумо фаро расад, агар [моли] неке бар ҷой гузорад, барои падар ва модар ва хешовандон ба таври шоиста васият кунад [ин] ҳаққест бар ӯҳдаи парҳезгорон.
  181. Пас ҳар кас он [васият]-ро баъд аз шуниданаш тағйир диҳад, пас гуноҳаш танҳо бар ӯҳдаи касонест, ки онро тағйир медиҳанд; қатъан Худованд шунавои доност.
  182. Ва касе, ки аз инҳироф ё аз гуноҳи васияткунанда битарсад ва байнашон ислоҳ намояд, пас ҳеҷ гуноҳе бар ӯ нест; ҳамоно Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  183. Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо муқаррар шуд, ҳамон гуна, ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, муқаррар шуда буд; шояд, ки шумо парҳезгор шавед.
  184. Рӯзҳои шуморидашудае [ва муайянро рӯза бидоред]. Ва ҳар кас аз шумо бемор ё дар сафар бошад, пас теъдоде аз рӯзҳои дигар [-ро рӯза бидорад]. Ва бар касоне, ки тоқати он [рӯза]-ро надоранд, фидяест [ки он] таоми мискин аст ва касе, ки бо рағбат хайре анҷом диҳад, пас он барояш беҳтар аст ва рӯза гирифтан барои шумо беҳтар аст, агар бидонед.
  185. Моҳи Рамазон аст, ки дар он Қуръон [ҳамчун] роҳнамо барои мардум ва нишонаҳои равшан аз ҳидоят ва ҷудокунанда [-и ҳақ ва ботил] нозил шудааст. Ва ҳар кас аз шумо он моҳро дарёбад, пас бояд онро рӯза бидорад ва ҳар кас бемор ё дар сафар бошад, пас теъдоде аз рӯзҳои дигар [-ро рӯза бидорад]. Худо осониро барои шумо мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад. Ва то теъдод [-и рӯзҳо]-ро комил кунед ва Худоро бар ин ки шуморо ҳидоят кардааст, ба бузургӣ ёд кунед ва шояд, ки шумо шукргузорӣ кунед.
  186. Ва ҳангоме ки бандагонам аз ту дар бораи Ман бипурсанд, пас [бигӯ:] ҳамоно Ман наздикам, дуои дуокунандаро -онгоҳ ки [Маро] бихонад- иҷобат мекунам; пас бояд даъвати Маро бипазиранд ва ба Ман имон биёваранд, бошад, ки онҳо роҳ ёбанд [ба мақсад бирасанд].
  187. Дар шаб [ҳо]-и рӯза ҳамбистарӣ бо занонатон барои шумо ҳалол гардидааст; онон либосе барои шумо ва шумо либосе барои онон ҳастед. Худо медонист, ки шумо ба худатон хиёнат мекардед, пас тавбаи шуморо пазируфт ва аз шумо даргузашт. Пас акнун [метавонед] бо онон ҳамбистар шавед ва он чиро Худо барои шумо муқаррар намудааст, талаб кунед ва бихӯред ва биёшомед, то риштаи сафед [-и субҳ] аз риштаи сиёҳ [-и шаб] барои шумо ошкор гардад; онгоҳ рӯзаро то шаб ба поён расонед. Ва дар ҳоле ки шумо дар масҷид муътакиф ҳастед, бо онон ҳамбистар нашавед. Ин, марзҳои Худост, пас ба он наздик нашавед! Худованд ин гуна оятҳояшро барои мардум баён мекунад, шояд, ки онҳо парҳезгор шаванд.
  188. Ва амволатонро дар миёни худ ба ноҳақ нахӯред ва барои ин ки қисмате аз амволи мардумро ба гуноҳ бихӯред, онро [ба унвони ришва] ба ҳокимон надиҳед, дар ҳоле ки шумо [гуноҳ будани онро] медонед.
  189. Аз ту дар бораи [ҳикмати] моҳҳои нав мепурсанд; бигӯ: «он тақвиме барои мардум ва [мавсими] ҳаҷ аст». Ва некӣ он нест, ки ба хонаҳо аз пушти онҳо дароед, валекин некӣ он аст, ки шахс тақво пеша кунад ва ба хонаҳо аз дарҳояш ворид шавед ва тақвои Худоро пеша кунед, шояд, ки шумо растагор шавед.
  190. Ва дар роҳи Худо бо касоне, ки бо шумо меҷанганд, биҷангед ва [аз ҳад] таҷовуз накунед; ҳамоно Худо таҷовузгаронро дӯст намедорад!
  191. Ва ҳар куҷо, ки ба онон даст ёфтед, онҳоро бикушед ва аз ҷое, ки шуморо берун карданд, онҳоро берун кунед. Ва фитна аз куштан шадидтар аст. Ва бо онҳо дар канори Масҷид-ул-ҳаром наҷангед, то ин ки дар он ҷо бо шумо биҷанганд ва агар бо шумо ҷангиданд, пас онҳоро бикушед; чунин аст сазои кофирон.
  192. Ва агар даст кашиданд, пас қатъан Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  193. Ва бо онон биҷангед, то фитнае боқӣ намонад ва дин фақат барои Худо бошад ва агар даст кашиданд, пас ҳеҷ душмание ҷуз бар зидди золимон [раво] нест.
  194. [Ҷанги] моҳи ҳаром дар баробари [ҷанги] моҳи ҳаром аст ва ҳурмат [шикани]-ҳо қисос дорад. Ва ҳар кас бар шумо таҷовуз намояд, пас ҳамонанди таҷовузе, ки бар шумо раво доштааст, ба ӯ посух диҳед ва тақвои Худоро пеша кунед ва бидонед, ки Худованд бо парҳезгорон аст.
  195. Ва дар роҳи Худо инфоқ кунед ва хештанро бо дасти худ ба ҳалокат наяфканед ва некӣ кунед; ҳамоно Худо некӯкоронро дӯст медорад.
  196. Ва ҳаҷҷу умраро барои Худо ба поён расонед. Ва агар [аз итмоми он ду] манъ шудед, пас он чи аз қурбонӣ муяссар шавад [қурбонӣ кунед] ва сарҳои худро натарошед, то қурбонӣ ба қурбонгоҳ бирасад. Ва ҳар кас аз шумо бемор бошад ё озоре аз ҷониби сараш бошад [ва сарашро битарошад] пас фидя [лозим] аст, аз қабили рӯза ё садақа ё қурбонӣ. Ва чун эмин шудед, пас ҳар кас бо баҳрамандӣ аз умра ба ҳаҷ бипардозад, пас он чи аз қурбонӣ муяссар шавад [қурбонӣ кунад] ва он кас, ки наёфт, пас се рӯз дар ҳаҷ ва ҳафт [рӯз] вақте ки баргаштед, рӯза бидорад. Ин, даҳ [рӯз]-и комил аст. Ин [ҳукм] барои касест, ки хонаводааш сокини Масҷид-ул-ҳаром (Макка) набошад. Ва тақвои Худоро пеша кунед ва бидонед, ки Худованд сахткайфар аст.
  197. [Замони] ҳаҷ моҳҳои муайянест ва ҳар кас дар ин [моҳ]-ҳо ҳаҷро [бар худ] лозим гардонад, пас дар ҳаҷ, ҳеҷ гуна ҳамбистарӣ ва нофармонӣ ва ситез [раво] нест. Ва ҳар [кори] хайре анҷом диҳед, Худованд онро медонад. Ва тӯша баргиред ва дар ҳақиқат беҳтарин тӯша тақвост; пас эй соҳибхирадон! [Аз мухолифати Ман] парҳез кунед.
  198. Бар шумо гуноҳе нест, ки [дар сафари ҳаҷ] аз Парвардигоратон фазл [ва рӯзӣ] талаб кунед ва ҳангоме ки аз «Арафот» раҳсипор шудед, пас назди «Машъар-ул-ҳаром» Худоро ёд кунед ва Ӯро ёд кунед, ҳамон гуна, ки шуморо ҳидоят намуд ва қатъан пеш аз ин аз гумроҳон будед.
  199. Сипас аз ҳамон ҷо, ки мардум раҳсипор мешаванд [ба сӯи Мино] равона шавед ва аз Худованд омурзиш бихоҳед; ба ростӣ, ки Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  200. Ва ҳангоме ки маносик [-и ҳаҷҷ]-и худро ба ҷой овардед, пас Худоро ёд кунед, ба монанди ёд кардани падаронатон, балки бо зикри беҳтар. Ва аз мардум касоне ҳастанд, ки мегӯянд: «Парвардигори мо! Ба мо [фақат] дар дунё бидеҳ» ва барои ӯ дар охират баҳрае нест.
  201. Ва бархе аз онҳо мегӯянд: «Парвардигори мо! Дар дунё ба мо некӣ ва дар охират [низ] некӣ ато намо ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор».
  202. Онон ҳастанд, ки барояшон аз он чи ба даст овардаанд, баҳраест ва Худованд зудҳисоб аст.
  203. Ва Худоро дар рӯзҳои шуморидашуда [дар Мино] ёд кунед ва ҳар кас шитоб кунад [ва аъмоли Миноро] дар ду рӯз [анҷом диҳад] пас ҳеҷ гуноҳе бар ӯ нест ва ҳар кас [то рӯзи севум] таъхир кунад, пас ҳеҷ гуноҳе бар ӯ нест. [Ин рухсат] барои касест, ки [аз муҳаррамот] парҳез кунад ва тақвои Худоро пеша кунед ва бидонед, ки шумо ҳатман ба сӯи Ӯ маҳшур хоҳед шуд.
  204. Ва аз мардум касест, ки суханаш дар зиндагии дунё туро ба шигифт меоварад ва Худоро бар он чи дар дилаш дорад, гувоҳ мегирад ва ҳол он ки ӯ сарсахттарини душманон аст.
  205. Ва ҳангоме ки баргардад [ё ба мақоме расад] дар замин талош мекунад, то дар он фасод намояд ва зироат ва наслро нобуд созад ва Худо фасодгариро дӯст намедорад.
  206. Ва чун ба ӯ гуфта шавад: «аз Худо битарс!» Худписандӣ ӯро ба гуноҳ мекашонад; пас ҷаҳаннам ӯро басанда аст ва ба ростӣ, чи бад ҷойгоҳест!
  207. Ва аз мардум касест, ки ҷони худро барои талаби хушнудии Худо мефурӯшад ва Худо нисбат ба бандагон меҳрварз аст.
  208. Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳамагӣ дар сулҳ [ва ислом] дароед ва аз гомҳои шайтон пайравӣ макунед; ба ростӣ, ӯ душмани ошкор барои шумост.
  209. Ва агар пас аз он ки далелҳои равшан барои шумо омад, лағжидед, пас бидонед, ки Худованд пирӯзманди ҳаким аст.
  210. Оё ғайр аз ин интизор доранд, ки Худо ва фариштагон дар соябонҳое аз абр ба сӯи онон биёяд ва кор тамом шавад? Ва ҳама корҳо ба сӯи Худо бозгардонида мешавад.
  211. Аз Банӣ Исроил бипурс: «чӣ қадар нишонаи равшане ба онон додем?» Ва ҳар кас неъмати Худоро баъд аз он ки ба ӯ расид, тағйир диҳад, пас ҳамоно Худованд сахткайфар аст.
  212. Зиндагии дунё барои касоне, ки куфр варзидаанд, зинат дода шудааст ва касонеро, ки имон овардаанд, масхара мекунанд ва ҳол он ки касоне, ки тақво пеша кардаанд, рӯзи қиёмат аз онон бартаранд ва Худо ҳар касро бихоҳад, бешумор рӯзӣ медиҳад.
  213. Мардум уммати ягона буданд [пас ихтилоф карданд] онгоҳ Худо паёмбаронро муждарасону бимдиҳанда барангехт ва бо онон китобро ба ҳақ нозил кард, то миёни мардум дар бораи он чи дар он ихтилоф кардаанд, ҳукм кунад ва дар он ихтилоф накарданд, ҷуз касоне, ки ба онон [китоб] дода шуда буд [он ҳам] пас аз он ки далелҳои равшан барои онон омад [ба хотири] ҳасодате, ки миёнашон буд. Пас Худованд ба хости Худ касонеро, ки имон оварданд, ба ҳақиқати он чи ки дар он ихтилоф карда буданд, ҳидоят намуд ва Худо ҳар касро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад.
  214. Оё гумон кардед, ки дохили биҳишт мешавед ва ҳол он ки ҳанӯз саргузашти касоне, ки пеш аз шумо гузаштаанд, бар [сари] шумо наёмадааст? Ба онон сахтӣ ва зиён расид ва беқарор шуданд, то ҷое, ки паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон оварда буданд, мегуфтанд: «ёрии Худо кай хоҳад буд?» Огоҳ бошед, ки ёрии Худо наздик аст!
  215. Аз ту мепурсанд: «чӣ чизе инфоқ кунанд?» Бигӯ: «ҳар хайр [мол]-е инфоқ кунед, пас барои падару модар ва хешовандон ва ятимон ва бенавоён ва дар роҳмонда бошад» ва ҳар [кори] хайре, ки анҷом медиҳед, пас ҳатман Худо ба он доност.
  216. Ҷанг бар шумо муқаррар шуд, дар ҳоле ки он бароятон нохушоянд аст ва чи басо чизеро нохуш доред, дар ҳоле ки он барои шумо хуб аст ва чи басо чизеро дӯст доред, дар ҳоле ки он барои шумо бад аст. Ва Худо медонад ва шумо намедонед.
  217. Аз ту дар бораи ҷанг дар моҳи ҳаром мепурсанд, бигӯ: «ҷанг дар он [гуноҳи] бузург аст ва боздоштан аз роҳи Худо ва куфр варзидан ба Ӯ ва [боздоштан аз] Масҷид-ул-ҳаром ва берун кардани аҳлаш аз он, назди Худо бузургтар [аз ҷанг] аст» ва фитна аз қатл бузургтар аст ва онҳо ҳамеша бо шумо меҷанганд, то агар битавонанд шуморо аз динатон баргардонанд ва ҳар касе аз шумо аз динаш баргардад ва дар ҳоле ки ӯ кофир бимирад, пас онон аъмолашон дар дунё ва охират нобуд мегардад ва онон аҳли дӯзаханд, онҳо дар он мондагоранд.
  218. Ҳамоно касоне, ки имон оварданд ва касоне, ки ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Худо ҷиҳод намуданд, онон ба раҳмати Худо умедворанд ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  219. Аз ту дар бораи шароб ва қимор мепурсанд; бигӯ: «дар он ду гуноҳе бузург ва нафъҳое барои мардум аст ва гуноҳи он ду аз нафъашон бузургтар аст». Ва аз ту мепурсанд: «чӣ чизе инфоқ кунанд?» Бигӯ: «зиёда (ва беҳтарин)-ро». Инчунин Худованд оятҳоро барои шумо баён мекунад, бошад, ки шумо тафаккур кунед.
  220. Дар [кори] дунё ва охират [биандешед]. Ва аз ту дар бораи ятимон мепурсанд; бигӯ: «ислоҳ кардани [кори] онҳо беҳтар аст ва агар бо онон ҳамзистӣ кунед, пас бародарони шумо ҳастанд». Ва Худо фасодкорро аз дурусткор маълум медорад ва агар Худо мехост, ҳатман бар шумо сахт мегирифт; ба дурустӣ, ки Худованд пирӯзманди ҳаким аст.
  221. Ва бо занони мушрик издивоҷ накунед, то [вақте ки] имон оваранд ва қатъан канизи мӯъмин аз зани [озоди] мушрик беҳтар аст ва агарчи шуморо ба тааҷҷуб оварад. Ва ба мардони мушрик зан надиҳед, то ин ки имон оваранд ва яқинан бардаи мӯъмин аз марди [озоди] мушрик беҳтар аст ва агарчи шуморо ба тааҷҷуб оварад. Онҳо ба сӯи оташ даъват мекунанд ва Худо ба хости Худ ба сӯи биҳишт ва омурзиш даъват мекунад ва оятҳои Худро барои мардум баён мекунад, бошад, ки онон панд гиранд.
  222. Ва аз ту дар бораи ҳайз мепурсанд; бигӯ: «он ранҷест» пас дар ҳолати ҳайз аз занон канорагирӣ кунед ва бо онон наздикӣ накунед, то пок шаванд ва чун пок шаванд, пас аз ҷое, ки Худо ба шумо амр кардааст, бо онҳо наздикӣ кунед; ба ростӣ, Худо тавбакунандагонро дӯст медорад ва [низ] покизагонро дӯст медорад».
  223. Занонатон киштзори шумо ҳастанд, пас ҳар гуна, ки хоҳед, ба киштзори худ дароед ва [осори нек] барои худ, аз пеш фиристед ва тақвои Худоро пеша кунед ва бидонед, ки шумо Ӯро мулоқот хоҳед кард ва ба мӯъминон мужда деҳ.
  224. Ва [номи] Худоро дастовезе барои савгандҳои худ қарор надиҳед, то некӯкорӣ ва парҳезгорӣ ва созиш миёни мардум кунед ва Худованд шунавои доност.
  225. Худо шуморо ба хотири беҳудагӯӣ дар савгандҳоятон бозхост намекунад, валекин шуморо ба он чи дилҳоятон [амдан] касб кардааст, бозхост мекунад ва Худованд омурзандаи бурдбор аст.
  226. Барои касоне, ки ба тарки наздикӣ бо занони худ савганд мехӯранд, чаҳор моҳ мӯҳлат аст ва агар бозгаштанд, пас ҳамоно Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
  227. Ва агар қасди талоқ карданд, пас қатъан Худованд шунавои доност.
  228. Ва занони талоқдодашуда, то се одат худро дар интизор нигоҳ доранд ва агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, пинҳон доштани он чи Худо дар раҳмҳояшон офаридааст, барои онҳо раво нест ва дар ин [муддат] шавҳаронашон, агар қасди оштӣ доранд ба бозгардонидани онҳо сазовортаранд ва барои онҳо ба таври шоиста [ҳуқуқе] аст, ҳамонанди [вазоифе] ки бар ӯҳдаи онҳост ва мардонро бар онҳо дараҷаест ва Худованд пирӯзманди ҳақим аст.
  229. Талоқ [-и раҷъӣ] ду бор аст; пас [аз он] ба шоистагӣ нигоҳ доштан аст ё ба некӣ раҳо кардан ва барои шумо раво нест аз он [маҳре] ки ба онҳо додаед, чизеро пас гиред, магар ин ки онҳо аз барпо надоштани ҳудуди Худо битарсанд. Ва агар битарсед, ки онҳо ҳудуди илоҳиро риоят накунанд, пас гуноҳе бар онҳо нест, ки зан [ба шавҳараш барои талоқ гирифтан] фидя бидиҳад. Инҳо марзҳои Худост; пас аз онҳо таҷовуз накунед ва ҳар кас аз марзҳои Худо таҷовуз кунад, пас онҳо худ ситамгаранд.
  230. Ва агар [бори севум] ӯро талоқ дод, пас баъд аз он барои ӯ ҳалол намегардад, то ин ки бо шавҳаре ғайр аз ӯ издивоҷ кунад ва агар [шавҳари дувум] ӯро талоқ дод, пас ҳеҷ гуноҳе бар он ду нест, ки ба ҳамдигар бозгарданд, агар гумон кунанд, ки ҳудуди Худоро барпо медоранд. Ва инҳо марзҳои Худост, ки онҳоро барои гурӯҳе, ки медонанд, баён мекунад.
  231. Ва ҳангоме ки занонро талоқ додед ва ба поёни мӯҳлати [иддаи] худ расиданд, пас ба таври шоиста нигоҳашон доред ё ба некӣ раҳояшон созед ва ба қасди зарар расондан нигоҳашон надоред, то ситам кунед. Ва ҳар кас чунин кунад, пас қатъан бар худ ситам кардааст. Ва оятҳои Худоро ба масхара нагиред ва ба ёд оваред неъмати Худоро бар худ ва он чиро, ки аз китоб ва ҳикмат бар шумо нозил кардааст, ки шуморо ба он панд медиҳад. Ва тақвои Худоро пеша кунед ва бидонед, ки Худованд ба ҳама чиз доност.
  232. Ва ҳангоме ки занонро талоқ додед ва ба поёни мӯҳлати [иддаи] худ расиданд, пас онҳоро аз издивоҷ бо шавҳарони [собиқи] худ манъ накунед; агар бо ҳамдигар ба таври шоиста ба ризоят бирасанд. Ин [дастурест, ки] ҳар касе аз шумо ба Худо ва рӯзи охират имон дорад, ба он панд дода мешавад. Ин барои шумо пурбортар ва покизатар аст ва Худо медонад ва шумо намедонед.
  233. Ва модарон фарзандони худро ду соли комил шир медиҳанд. [Ин] барои касест, ки бихоҳад [даврони] ширдиҳиро ба тамом расонад. Ва хӯроки онҳо ва пӯшоки онон ба таври шоиста бар ӯҳдаи падар [-и тифл] аст. Ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф намешавад. Набояд модаре ба сабаби фарзандаш ва на падаре ба сабаби фарзандаш зарар расонида шавад ва монанди ин [ҳукм] бар ӯҳдаи ворис аст. Ва агар он ду бо ризоят ва машварати якдигар бихоҳанд [кӯдакро қабл аз ду сол] аз шир ҷудо кунанд, пас ҳеҷ гуноҳе бар онҳо нест. Ва [низ] агар бихоҳед барои шир додани фарзандони худ доя бигиред, пас ҳеҷ гуноҳе бар шумо нест, дар сурате, ки он чиро [ваъда] додаед, ба некӣ бипардозед. Ва тақвои Худоро пеша кунед ва бидонед, ки Худо ба он чи анҷом медиҳед, биност.
  234. Ва касоне аз шумо, ки ҷонашон гирифта мешавад ва ҳамсароне бар ҷой мегузоранд [бояд он занон] чаҳор моҳу даҳ рӯз худро дар интизор нигоҳ доранд ва ҳангоме ки ба поёни мӯҳлати [иддаи] худ расиданд, пас ҳеҷ гуноҳе бар шумо нест, дар он чи ба таври писандида дар бораи худашон анҷом диҳанд. Ва Худо ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст.
  235. Ва ҳеҷ гуноҳе бар шумо нест, ки ба таври киноя аз хостгории занон [дар муддати идда] сухан гӯед ё [онро] дар дилҳои худ пинҳон намоед. Худо медонад, ки шумо ба зудӣ ба ёди онон хоҳед афтод, вале бо онҳо пинҳонӣ ваъда [-и издивоҷ] нагузоред, магар он ки сухани писандида [бо киноя] бигӯед ва тасмим ба ақди никоҳ нагиред, то мӯҳлати [иддаи] муқарраршуда ба поён бирасад. Ва бидонед, ки Худо он чиро, ки дар дилҳои шумост медонад; пас аз Ӯ ҳазар намоед ва бидонед, ки Худованд омурзандаи бурдбор аст.
  236. Ҳеҷ гуноҳе бар шумо нест агар занонро, то вақте ки бо онон наздикӣ накардаед ё маҳре барои онҳо таъйин накардаед, талоқ диҳед ва онҳоро бо ҳадяе шоиста баҳраманд созед. Тавонгар ба андозаи худаш ва тангдаст ба андозаи худаш. [Ин] вазифаест бар некӯкорон.
  237. Ва агар ононро, пеш аз он ки бо онҳо наздикӣ кунед, талоқ додед ва дар ҳоле ки маҳре барои онҳо таъйин кардаед, пас нисфи он чиро, ки таъйин кардаед [ба онон бипардозед] магар ин ки [он занон] бибахшанд; ё касе, ки ақди никоҳ ба дасти ӯст, бибахшад. Ва гузашт карданатон ба тақво наздиктар аст. Ва бахшишро дар миёни худ фаромӯш накунед. Қатъан Худо ба он чи анҷом медиҳед, биност.
  238. Бар намозҳо ва [ба вижа] намози миёна пойбанд бошед ва бо итоати хозиона, барои Худо ба по истед.
  239. Ва агар [аз хатаре] тарс доштед, пас пиёда ё савора [намоз гузоред] ва ҳангоме ки амният ёфтед, пас Худоро ёд кунед, ҳамон гуна, ки шуморо таълим дод, он чиро, ки намедонистед.
  240. Ва касоне аз шумо, ки ҷонашон гирифта мешавад ва ҳамсароне бар ҷой мегузоранд [бояд] барои ҳамсаронашон васият кунанд, ки то як сол бидуни берун рондан [аз хона] ононро баҳраманд созанд ва агар [онҳо худ қабл аз як сол] берун раванд, пас дар кори писандидае, ки барои худашон анҷом медиҳанд, ҳеҷ гуноҳе бар шумо нест. Ва Худованд пирӯзманди ҳаким аст.
  241. Ва барои [занони] талоқдодашуда баҳраест ба таври писандида. [Ин] вазифаест бар парҳезгорон.
  242. Инчунин Худо оятҳои Худро барои шумо баён мекунад, бошад, ки шумо андеша кунед.
  243. Оё нанигаристӣ ба сӯи касоне, ки аз тарси марг аз хонаҳои худ берун омаданд, дар ҳоле ки онон ҳазорон [нафар] буданд? Пас Худованд ба онҳо гуфт: «бимиред». Сипас онҳоро зинда кард; қатъан Худо бар мардум дорои фазл [ва бахшиш] аст, валекин бештари мардум шукргузорӣ намекунанд.
  244. Ва дар роҳи Худо биҷангед ва бидонед, ки Худованд шунавои доност.
  245. Кист он кас, ки Худоро қарз диҳад қарз додани некӯ, то [Худо] онро чандин баробар барояш биафзояд ва Худост, ки тангдастӣ диҳад ва кушоиш бахшад ва фақат ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед.
  246. Оё нанигаристӣ ба сӯи ашрофе аз Банӣ Исроил баъд аз Мӯсо? Онгоҳ ба паёмбаре, ки барояшон буд, гуфтанд: «барои мо фармондеҳе барангез, то дар роҳи Худо биҷангем!» [Паёмбарашон] гуфт: «оё эҳтимол дорад агар ҷанг бар шумо муқаррар шавад, наҷангед?» Гуфтанд: «моро чӣ шудааст, ки дар роҳи Худо ҷанг накунем ва дар ҳоле ки аз диёрамон ва фарзандонамон берун ронда шудаем?» Пас ҳангоме ки ҷанг бар онҳо муқаррар шуд, ба ҷуз андаке аз онон [ҳамагӣ] рӯй гардониданд ва Худо ба [ҳоли] ситамгарон доност.
  247. Ва паёмбарашон ба онон гуфт: «дар ҳақиқат Худо Толутро барои фармонравоии шумо баргузид». Гуфтанд: «чигуна ӯро бар мо фармонравоӣ бошад, дар ҳоле ки мо ба фармонравоӣ аз ӯ сазовортарем ва аз ҷиҳати молӣ кушоише дода нашудааст?» [Паёмбарашон] гуфт: «ба ростӣ, ки Худо ӯро бар шумо баргузидааст ва ӯро дар дониш ва [нерӯи] ҷисмӣ вусъат бахшидааст» ва Худо фармонравоии Худро ба ҳар кас бихоҳад, медиҳад ва Худованд кушоишгари доност.
  248. Ва паёмбарашон ба онон гуфт: «ҳамоно нишонаи фармонравоии ӯ он аст, ки тобут (сандуқи аҳд) назди шумо биёяд, ки дар он оромишест аз Парвардигоратон ва ёдгоре аз он чи хонадони Мӯсо ва хонадони Ҳорун бар ҷой гузоштанд, дар ҳоле ки фариштагон онро бар дӯш доранд», албатта, дар он нишонаест барои шумо, агар мӯъмин бошед.
  249. Ва замоне ки Толут бо лашкариён ҳаракат кард, гуфт: «ба ростӣ, Худо шуморо ба василаи наҳре озмоиш мекунад ва ҳар кас аз он бинӯшад, пас аз ман нест ва ҳар кас аз он нахӯрад, пас қатъан ӯ аз ман аст, магар касе, ки як каф [об] бо дасташ бардорад». Пас ҳамагӣ аз он нӯшиданд, ҷуз андаке аз онон. Ва замоне ки ӯ ва касоне, ки имон оварда буданд, ҳамроҳаш аз он [наҳр] гузаштанд, гуфтанд: «имрӯз мо ҳеҷ тавон [-и мубориза] бо Ҷолут ва лашкариёни ӯро надорем». Аммо касоне, ки ба мулоқоти Худо яқин доштанд, гуфтанд: «чи басо гурӯҳи андаке бар гурӯҳи бисёре ба хости Худо пирӯз шудааст» ва Худо бо собирон аст.
  250. Ва замоне ки бо Ҷолут ва лашкариёни ӯ рӯ ба рӯ шуданд, гуфтанд: «Парвардигори мо! Сабрро бар [дилҳои] мо фурӯ рез ва қадамҳои моро устувор бидор ва моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон».
  251. Пас онҳоро ба хости Худо шикаст доданд ва Довуд Ҷолутро кушт ва Худованд ба ӯ фармонравоӣ ва ҳикмат дод ва аз он чи мехост, ба ӯ омӯхт. Ва агар Худо баъзе аз мардумро ба василаи баъзе [дигар] дафъ намекард, ҳатман замин табоҳ мегашт. Валекин Худованд дорои фазл [ва бахшиш] бар ҷаҳониён аст.
  252. Ин оятҳои Худост, ки онро ба ҳақ бар ту мехонем ва дар ҳақиқат ту аз паёмбарон ҳастӣ.
  253. Он паёмбарон, баъзе аз онҳоро бар баъзе дигар бартарӣ додем; аз онон касе буд, ки Худо [бо ӯ] сухан гуфт ва дараҷоти баъзе аз ононро боло бурд ва ба Исо писари Марям далелҳои равшан додем ва ӯро ба василаи Рӯҳ-ул-қудус ёрӣ намудем. Ва агар Худо мехост, касоне, ки баъд аз онҳо буданд, пас аз он ки далелҳои равшан барояшон  омад, бо якдигар намеҷангиданд, валекин ихтилоф карданд; пас баъзе аз онон касоне буданд, ки имон оварданд ва баъзе аз онон касоне буданд, ки кофир шуданд ва агар Худо мехост, намеҷангиданд валекин Худо он чиро ирода кунад, анҷом медиҳад.
  254. Эй касоне, ки имон овардаед! Аз он чи ба шумо рӯзӣ додаем, инфоқ кунед; пеш аз он ки рӯзе биёяд, ки дар он на хариду фурӯшест ва на дӯстие ва на шафоате ва кофирон ҳамон ситамгаронанд.
  255. Худост, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест, зиндаи поянда аст, на хоби сабуке Ӯро мегирад ва на хоби сангине, он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Ӯст. Чӣ касест, ки бидуни рухсати Ӯ дар пешгоҳаш шафоат кунад? Он чи дар пеши рӯяшон [дар оянда] ва он чи дар пушти сарашон [дар гузашта] аст, медонад ва ба чизе аз илми Ӯ иҳота намекунанд, магар ба он чи ки бихоҳад. Курсии (илм ва қудрати) Ӯ осмонҳо ва заминро фаро гирифтааст ва нигоҳдории он ду, бар Ӯ душвор нест ва Ӯ баландмартабаи бузург аст.
  256. Ҳеҷ икроҳ [ва иҷборе] дар дин нест, ба ростӣ, ҳидоят аз гумроҳӣ равшан шудааст, пас ҳар касе ба тоғут куфр варзад ва ба Худо имон оварад, дар ҳақиқат ба дастовези устуворе чанг задааст, ки ҳеҷ гусастание барояш нест. Ва Худованд шунавои доност.
  257. Худо сарпарасти касонест, ки имон овардаанд, онҳоро аз торикиҳо ба сӯи нур берун меоварад. Ва касоне, ки куфр варзидаанд, сарпарастонашон тоғутанд, ки ононро аз нур ба сӯи торикиҳо мебаранд; онҳо аҳли дӯзаханд, онҳо дар он мондагоранд.
  258. Оё нанигаристӣ ба сӯи касе, ки Худо ба ӯ подшоҳӣ дода буд, бо Иброҳим дар бораи Парвардигораш баҳс ва мунозара кард? Замоне ки Иброҳим гуфт: «Парвардигори ман Зотест, ки зинда мекунад ва мемиронад». [Намруд] гуфт: «ман [низ] зинда мекунам ва мемиронам». Иброҳим гуфт: «пас дар воқеъ Худо хуршедро аз машриқ меоварад, пас ту онро аз мағриб биёвар!» Дар натиҷа касе, ки куфр варзида буд, ҳайратзада [ва мағлуб] шуд ва Худо гурӯҳи ситамгаронро ҳидоят намекунад.
  259. Ё ҳамонанди касе, ки бар деҳе гузашт, дар ҳоле ки [деворҳои] он бар рӯи сақфҳояшон фурӯ рехта буд, гуфт: «Худо чигуна [аҳли] ин [деҳ]-ро пас аз маргашон зинда мекунад?» Пас Худо ӯро сад сол миронд, онгоҳ ӯро барангехт [ва ба ӯ] гуфт: «чӣ муддат [ба ин ҳол] мондаӣ?» Гуфт: «як рӯз ё баъзе аз рӯзро мондаам», гуфт: «балки сад сол мондаӣ! Акнун ба таом ва нӯшидании худ бингар, ки тағйир наёфтааст! Ва ба хари худ бингар [ки чигуна аз ҳам пароканда шудааст] ва то туро барои мардум нишона [-и қиёмат] қарор диҳем. Ва ба устухонҳо бингар, ки чигуна онҳоро ба ҳам пайванд медиҳем, сипас онҳоро гӯшт мепӯшонем!» Пас ҳангоме [ки қудрати Худо] барои ӯ равшан шуд, гуфт: «медонам, ки ба яқин Худо бар ҳама чиз тавоност».
  260. Ва ҳангоме ки Иброҳим гуфт: «Парвардигоро! Ба ман нишон деҳ чигуна мурдагонро зинда мекунӣ?» [Худо] гуфт: «оё бовар надорӣ?» Гуфт: «оре [бовар дорам] вале [мехоҳам] то дилам ором гирад» [Худо] гуфт: «пас чаҳор [навъ] аз парандагонро бигир ва онҳоро дар назди худ реза-реза кун [ва бо ҳам биомез] сипас бар ҳар кӯҳе қисмате аз онҳоро қарор деҳ, онгоҳ онҳоро садо кун, шитобон ба сӯи ту меоянд. Ва бидон, ки Худованд пирӯзманди ҳаким аст».
  261. Мисоли касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо инфоқ мекунанд, монанди мисоли донаест, ки ҳафт хӯша бирӯёнад, ки дар ҳар хӯшае сад дона бошад ва Худо барои ҳар кас, ки бихоҳад, чанд баробар мекунад ва Худованд кушоишгари доност.
  262. Касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо инфоқ мекунанд, сипас дар пайи он чи инфоқ кардаанд, миннат ва озореро ҳамроҳ намесозанд, барои онон аҷрашон назди Парвардигорашон аст ва на тарсе бар онҳост ва на онон андӯҳгин шаванд.
  263. Гуфтори писандида ва бахшиш, аз садақае, ки озоре ба ҳамроҳи он бошад, беҳтар аст ва Худованд бениёзи бурдбор аст.
  264. Эй касоне, ки имон овардаед! Садақаҳои худро бо миннат ва озор ботил насозед; ҳамонанди касе, ки молашро барои худнамоӣ ба мардум инфоқ мекунад ва ба Худо ва рӯзи қиёмат имон надорад, бинобар ин, мисоли ӯ монанди мисоли санги ҳамворе аст, ки бар рӯи он хоке бошад, онгоҳ борони сахте ба он бирасад ва он [санг]-ро сахт ва соф бар ҷой гузорад. [Онҳо] бар ҳеҷ чизе аз он чи ба даст овардаанд, баҳрае намебаранд ва Худо гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад.
  265. Ва мисоли касоне, ки амволи худро барои талаби ризои Худо ва устувории рӯҳашон инфоқ мекунанд, ҳамчун мисоли боғест дар макони баланде, ки борони фаровон бар он бирасад, пас меваҳояшро ду баробар диҳад. Ва агар борони фаровон ба он нарасад, пас борони андак [онро бас аст]. Ва Худо ба он чи анҷом медиҳед, биност.
  266. Оё касе аз шумо дӯст дорад, ки боғе аз дарахтони хурмо ва ангур дошта бошад, ки аз зери он наҳрҳо ҷорӣ аст [ва] аз ҳамаи меваҳо дар он [боғ] барои ӯ [фароҳам] бошад ва дар ҳоле ки ӯро пирӣ расида бошад ва фарзандоне [хӯрдсол ва] нотавон дорад; ногаҳон гирдбоде, ки дар он оташ аст, ба он [боғ] бирасад ва бисӯзад? Инчунин Худо оятҳоро барои шумо баён мекунад, шояд, ки шумо тафаккур кунед.
  267. Эй касоне, ки имон овардаед! Аз покизаҳои он чи ба даст овардаед ва аз он чи бароятон аз замин баровардаем, инфоқ кунед ва [аз он чи] инфоқ мекунед [чизҳое] палид [ва беарзиши] онро қасд накунед, дар ҳоле ки худи шумо онро намепазиред, магар он ки дар он чашмпушӣ [ва бемайлӣ] кунед. Ва бидонед, ки Худованд бениёзи сутуда аст.
  268. Шайтон шуморо ваъдаи фақр медиҳад ва ба зиштӣ фармон медиҳад ва Худо шуморо аз ҷониби Худ ваъдаи омурзиш ва афзунӣ медиҳад ва Худованд кушоишгари доност.
  269. [Худо] ҳикматро ба ҳар кас, ки бихоҳад, медиҳад ва ба ҳар кас, ки ҳикмат дода шавад, пас қатъан хайри фаровоне [ба ӯ] дода шудааст ва ҷуз хирадмандон панд намепазиранд.
  270. Ва он чи аз нафақае, ки инфоқ кардаед ё аз назре, ки назр кардаед, пас қатъан Худо онро медонад. Ва барои ситамгарон ҳеҷ ёваре нест.
  271. Агар садақаҳоро ошкор кунед, пас ин [кор] хуб аст ва агар онро пинҳон созед ва онро ба фақирҳо бидиҳед, пас он барои шумо беҳтар аст ва баъзе аз бадиҳои шуморо мепӯшонад ва Худо ба он чи анҷом медиҳед огоҳ аст.
  272. Ҳидояти онон бар ӯҳдаи ту нест, валекин Худо ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад. Ва он чиро аз хайр инфоқ мекунед, пас барои худатон аст ва ҷуз барои талаби Зоти Худо инфоқ намекунед. Ва он чиро аз хайр инфоқ мекунед ба таври комил ба шумо дода мешавад; дар ҳоле ки шумо зулм намешавед.
  273. [Садақаҳо] барои фақирҳоест, ки дар роҳи Худо манъ шудаанд, дар ҳоле ки наметавонанд дар замин сафар кунанд [ва] аз [шиддати] хештандорӣ [афроди] ноогоҳ, ононро тавонгар мепиндоранд [аммо] онҳоро аз чеҳраашон мешиносӣ, ки бо исрор аз мардум [чизе] намехоҳанд ва он чиро аз хайр инфоқ мекунед, пас ҳамоно Худо ба он доност.
  274. Касоне, ки амволи Худро дар шаб ва рӯз пинҳон ва ошкор инфоқ мекунанд, пас барои онон аҷрашон назди Парвардигорашон аст ва на тарсе бар онҳост ва на онон андӯҳгин шаванд.
  275. Касоне, ки рибо мехӯранд, барнамехезанд магар ҳамонанди бархестани касе, ки шайтон бо осеб расондан ӯро девона сохтааст. Ин ба хотири он аст, ки онҳо гуфтанд: «ҳамоно доду ситад мисли рибост» ва ҳол он ки Худо доду ситадро ҳалол ва риборо ҳаром намудааст. Ва ҳар кӣ панде аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ расад ва [аз рибохорӣ] боз истад, пас он чи гузашт, барои ӯст ва кораш бо Худост ва ҳар касе, ки [ба рибохорӣ] бозгардад, пас онон аҳли оташанд, онҳо дар он мондагоранд.
  276. Худо риборо нобуд мекунад ва садақотро афзоиш медиҳад. Ва Худо ҳеҷ носипоси гуноҳкорро дӯст намедорад.
  277. Ҳамоно касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд ва намозро барпо доштанд ва закотро пардохтанд, барои онҳо аҷрашон назди Парвардигорашон аст ва на тарсе бар онҳост ва на онон андӯҳгин шаванд.
  278. Эй касоне, ки имон овардаед! Тақвои Худоро пеша кунед ва агар мӯъмин ҳастед, он чиро аз рибо боқӣ мондааст, раҳо кунед.
  279. Ва агар [чунин] накардед, пас бидонед, ки дар ҷанге бо Худо ва расулаш ҳастед ва агар тавба кардед, пас асли сармояҳоятон, аз они шумост. На зулм мекунед ва на зулм мешавед.
  280. Ва агар [қарздори] тангдаст бошад, пас мӯҳлате бояд, то кушоише ёбад ва садақа намудан [ва бахшидан] бароятон беҳтар аст, агар бидонед.
  281. Ва аз рӯзе битарсед, ки дар он ба сӯи Худо бозгардонида мешавед, сипас ба ҳар кас он чи кардааст, ба таври комил дода мешавад ва онон зулм намешаванд.
  282. Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме ки ба якдигар, то муддати муайян қарз додед, пас онро бинависед. Ва бояд нависандае байни шумо бо адолат [санадро] бинависад. Ва ҳеҷ нависандае набояд аз навиштан -ҳамон гуна, ки Худо ба ӯ омӯхтааст- худдорӣ намояд; пас бояд бинависад. Ва касе, ки ҳақ бар ӯҳдаи ӯст, бояд имло кунад ва аз Худо, ки Парвардигори ӯст, битарсад ва чизе аз он кам накунад. Ва агар касе, ки ҳақ бар ӯҳдаи ӯст камхирад ё нотавон бошад ё натавонад худ имло кунад, пас бояд сарпарасти ӯ бо адолат имло кунад. Ва ду шоҳидро аз мардонатон ба гувоҳӣ бигиред ва агар ду мард набошад, пас як мард ва ду зан аз шоҳидоне, ки розӣ ҳастед [гувоҳ бигиред] то [агар] яке аз онон фаромӯш кунад, пас яке аз онҳо дигариро ёдоварӣ кунад. Ва шоҳидон, ҳангоме ки даъват шаванд, набояд худдорӣ намоянд. Ва аз навиштани он [қарз] кӯчак бошад ё бузург, то мӯҳлаташ дилгир нашавед. Ин [навиштан] дар назди Худо одилонатар ва барои гувоҳӣ додан устувортар ва барои шак накардани шумо наздиктар аст, магар ин ки тиҷорате нақдӣ бошад, ки онро миёни худ [даст ба даст] мегардонед, пас ҳеҷ гуноҳе бар шумо нест, ки онро нанависед. Ва ҳангоме ки доду ситад кунед, гувоҳ бигиред. Ва набояд ба нависанда ва шоҳид зиён бирасад ва агар [чунин] кунед, пас дар ҳақиқат ин барои шумо фисқ [ва гуноҳ] аст. Ва тақвои Худоро пеша кунед ва Худо [ин гуна] ба шумо омӯзиш медиҳад ва Худо ба ҳар чизе доност.
  283. Ва агар дар сафар будед ва нависандае наёфтед, пас гараве гирифта шавад. Ва агар баъзе аз шумо баъзе [дигар]-ро амин донад, пас он кас, ки амин дониста шуд, бояд амонаташро адо намояд ва аз Худо, ки Парвардигори ӯст, битарсад. Ва гувоҳӣ доданро пинҳон накунед ва ҳар кас онро пинҳон кунад, пас қатъан қалби ӯ гуноҳкор аст. Ва Худо ба он чи анҷом медиҳед, доност.
  284. Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Худост ва агар он чиро дар дилҳоятон доред, ошкор ё пинҳон намоед, Худо шуморо бо он муҳосиба мекунад; пас ҳар киро бихоҳад, мебахшад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад. Ва Худо бар ҳар чизе тавоност.
  285. Паёмбар ба он чи аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил шудааст, имон дорад ва мӯъминон [низ] ҳамагӣ ба Худо ва фариштагони Ӯ ва китобҳои Ӯ ва паёмбарони Ӯ имон овардаанд [ва гӯянд:] миёни ҳеҷ як аз паёмбарони Ӯ [дар ҳақ будан] фарқ намегузорем. Ва гуфтанд: «шунидем ва итоат кардем. Парвардигори мо! Омурзиши Туро [мехоҳем] ва бозгашт фақат ба сӯи Туст».
  286. Худо ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавоноияш таклиф намекунад. Он чи [аз некиҳо] ба даст овард, ба суди ӯст ва он чи [аз бадиҳо] ба даст овард, ба зарари ӯст. Парвардигори мо! Агар фаромӯш кардем ё хато намудем, моро бозхост макун. Парвардигори мо! Ва таклифи сангине бар мо қарор мадеҳ, чунонки онро бар касоне, ки пеш аз мо буданд, қарор додӣ. Парвардигори мо! Ва он чи тоқати онро надорем бар мо муқаррар макун ва аз мо даргузар ва моро биёмурз ва моро раҳмат кун. Мавлои мо Туӣ, пас моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон!

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ АЪРОФ

СУРАИ АЪРОФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 206 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Алиф, лом, мим, сод. [Ин] китобест, ки ба...

Бо баҳори дилҳо (3)

  Чаро Қуръонро «Каломуллоҳ» номидаанд? Аз он ҷо, ки Қуръони Карим маҷмӯаи суханони Худованд аст, ки фариштаи ваҳй ҳазрати Ҷабраил (а) барои ҳазрати Муҳаммад (с)...

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...