Мавлоно Абдураҳмон Имодуддин машҳур ба Нуриддини Ҷомӣ яке аз бузургони уламои Ислом дар қарни нӯҳуми ҳ.қ. аст, ки дар улуми роиҷи асри худ мутабаҳҳир ва дар илми сулук ва тасаввуф аз асотиди бе чуну чаро ва мусллами замон ва аз муаллифони номии даврони исломӣ аст. Дар адабиёти арабӣ ва форсӣ ҳам аз бузургони асри худ буд. Ӯ ба соли 817 ҳ.қ. дар Харҷурд ё Харгирд яке аз рустоҳои Ҷом аз навоҳии Ҳирот чашм ба ҷаҳон гушуд. Лақаби аслии ӯ Имодуддин ва тахаллусаш Ҷомӣ аст. Чунон ки худи ӯ мегӯяд:
Мавлидам Ҷом ва рашҳаи қаламам, ҶуръаиҶоми шайхи исломист.
Лоҷарам дар ҷаридаи ашъор, Ба ду маъно тахаллусам Ҷомист.
Шарҳи ҳоли Ҷомиро шогирди ӯ Разиюддин Абдулғафури Лорӣ дар такмилаи Нафаҳот-ул-унс мин ҳазаротил қудс[1] навиштааст ва ҳамчунин худи Ҷомӣ низ дар қасидае ба унвони ”Рашҳи бол бар шарҳи ҳол” ки дар соли 893 ҳ.қ. яъне панҷ сол пеш аз вафоташ ба назм оварда ва шарҳи ҳоли худро баён намудааст.
Ҷомӣ дар синини кӯдакӣ ҳамроҳи падари худ ба Ҳирот рафт, ки дар он замон маркази дониш ва адабу ҳунар буд ва донишмандони бисёр дар он шаҳр гирд омада буданд, ибтидо Ҷомӣ дар онҷо ба фарогирии улуми арабӣ пардохт ва ба дарси мавлоно Ҷунайдӣ рафт ва баъд аз фаро гирифтан ба дарси Шаҳобуддин Муҳаммадмуҳоҷир ҳозир шуд, сипас аз Ҳирот ба Самарқанд рафт ва назди Қозизодаи Рум, ки аз муҳаққиқони он замон буд рафт ва бо ӯ ба мубоҳиса пардохт. Ӯ дар Самарқанд илми ҳайатро омӯхт ва ба шарҳи тазкирае дар ҳайат пардохт ва мушкилоти Қозизодаи Рум, ки худ мутабаҳҳир ва устод дар илми Ҳайат будро ҳал кард. Эшон дар даврони кӯдакӣ ва навҷавонӣ улуми ақлӣ ва нақлиро фаро гирифт ва дар он улум мутбаҳҳир шуд. Эшон дар тамоми улум соҳибназар буданд. Ба қавли донишмандони эронзамин ҳамаи ноқидон ва соҳибназарон дар адаби форсӣ бар ин боваранд, ки Фирдавсӣ дар ҳамоса ва Низомии Ганҷавӣ дар достонҳои манзум ва Мавлоно дар ирфон ва Саъдӣ дар адабиёти ахлоқӣ ва таълимӣ ва Ҳофиз дар ғазал саромади адибон ва шоирони форсанд ва низ бар ин боваранд, ки Ҷомӣ ҷомеи ҳамаи маорифи ин бузургон ва дар ҳамаи ин фунун чирадаст ва тавоно будааст.
Алишери Навоӣ дар мавриди Ҷомӣ мегӯяд: Ҷомӣ дар ҳамаи улум ва фунун ба мақоме расидааст, ки барои посухгӯӣ ба мушкилоти илмӣ ва адабӣ ва динӣ ниёзе ба муроҷеа ба кутуб ва маохиз надорад.
Мавлоно Ҷомӣ дар ирфони амалӣ (пайрави силсилаи Нақшбандия буд, ки эшон аз силсилаи Хоҷагон буданд ва дар саросари қарни нӯҳум нуфузи фаровон доштанд ва дар ин роҳ пири муршидаш Хоҷа Насируддин Абдуллоҳ маъруф ба Хоҷа Аҳрори Валӣ (вафоташ 895 ҳ.қ) аст, ки Ҷомӣ ба исми ӯ маснавии Туҳфат-ул- аҳрор-ро сурудааст ва ҳама ҷо аз ӯ ба унвони устод ва махдуми худ ёд мекунад.
Вай дар ирфони назарӣ пайрави афкори Муҳйиддин Арабии Андулусӣ[2] ва аз шореҳон ва мураввиҷони мактаби ин марди номӣ маром аст. Ҷомӣ он чи дар ирфони назарӣ навиштааст тақрир ва таҳрири мабонии ирфонии шайхи акбар Муҳйиддини Арабии Андулусӣ аст, то ҷое ки худро тарҷумони осор ва мактаби эшон медонад.
Дар олами фақр бенишонӣ авло,
Дар қиссаи ишқ безабонӣ авло.
З-он кас, ки на аҳли завқи асрори вуҷуд,
Гуфтан ба тариқи тарҷумонӣ авло.
Шуруҳи эшон ба китобҳои бузургон аз вижагии хосе бархӯрдор аст. Аз ҷумлаи он вижагиҳо парҳез аз душворнависӣ, муғлақгӯӣ ва талош барои тафҳими маонии печида бо забони содда ва қобили фаҳм мебошад. Устод Саидҷалолуддин Оштиёнӣ Ҷомиро яке аз босалиқатарин муаллифон медонад ва мегӯяд: Ончиро, ки бояд муаллифи як фан доро бошад, равонии қалам, ҳусни интихоби ғурар (сара) ва дурари (ноб) матолиб, парҳез аз итноби хастакунанда ва эҳтироз аз эҷози малоловар, тасаллут бар фан ва илме, ки дар он илм китоб менависад, эҳтиром ба машоихи фан, маҳорат ва тахасуси комил дар забоне, ки ба он забон китоб таълиф меномянд аст.
Сафарҳои Ҷомӣ
Ҷомӣ сафарҳои зиёде доштааст аз ҷумла:
1-Дар ҷавонӣ дар замони салтанати Шоҳрух аз Ҳирот ба Самарқанд рафтааст.(35ҳ.қ.)
2-Муроҷиат аз Самарқанд ба Ҳирот.(50 ҳ.қ)
3-Сафар ба Марв барои зиёрати Хоҷа Аҳрори Валӣ.
4-Сафари дуюм ба Самарқанд барои мулоқот бо Хоҷа Аҳрори Валӣ.
6-Сафари сеюм ба Самарқанд барои дидори Хоҷа Аҳрор дар Фороби Тошканд.
7-Саранҷом ба беҳтарин сафари худ, ки яке аз сафарҳои таҳвил ва маънавӣ буда, дар соли 877 ҳ.қ. сафар аз Хуросон ба Ҳиҷоз аст. Дар ин сафар он чи аз навиштаҳо ва сурудаҳои вай мебарояд аз Ҳамадон, Курдистон, Бағдод, Карбало, Наҷаф, Мадина, Макка, Димишқ, Ҳалаб ва Табрез гузашта ва ба Хуросон бозгаштааст.
Эшон вақте сафар ба Наҷафи Ашраф мекунад марқади Амиралмӯъминин Алӣ(к)-ро зиёрат мекунад ва дар васфи эшон чанд байте сурудааст
Мебӯсам остонаи қасри ҷалоли ту,
Дар дида ашк узр зи тақсири мо салаф.
Ту қиблаи дуоию аҳли ниёзро,
Рӯи умед сӯи ту бошад зи ҳар тараф.
Ноҷинсро чи ҳад, ки занад лофи ҳубби ту,
Ӯро бувад ба ҷониби мавҳуми худ шаъаф.
Рӯ кардаам зи ҷумлаи акноф сӯи ту,
То гирамат зи ҳодисаи даҳр дар канаф.
Дорам таваққуъ он ки мисоли раҷои ман,
Бояд зи килки фазли ту қубҳи ло тахаф.
Ва ҳамчунин вақте ба Карбало расид машҳади ҷигарбанди Паёмбар(с) Ҳусейн ибни Алӣ ибни Абитолиб(к)-ро зиёрат кард ва дар васфи эшон низ сурудааст.
Кардам зи дида пой сӯи машҳади Ҳусейн,
Ҳаст ин сафар ба мазҳаби ушшоқ фарзи айн.
Худдоми марқадаш ба сарам гар ниҳанд пой,
Ҳаққо, ки бигзарад сарам аз фарқи фарқадайн.
Ҷомӣ гадои ҳазрати ӯ бош то кунад,
Бо роҳат висоли мубаддал, азоб бин.
Ва ҳамчунин вақте ки ба Хуросон баргашт, маҳшади имом Ризоро зиёрат кард ва дар васфи ин фарзанди Паёмбар(с) чунин суруд:
Саломун ало Оли Тоҳо ва Ёсин,
Саломун ало Оли хайруннабийин
Саломун ало равзатин ҳалла фиҳо,
Имомун юбоҳо биҳил-мулку вад-дин.
Имоми баҳақ шоҳи мутлақ, ки омад,
Ҳарими дараш қиблагоҳи салотин.
Алӣ ибни Мусо-ал-Ризо к-аз Худояш,
Ризо шуд лақаб чун ризо будаш оин.
Чу Ҷомӣ чашад лаззати теғи меҳраш,
Чӣ ғам гар мухолиф кашад ханҷари кин.
Осори Ҷомӣ
Ҷомӣ бо онки аз худ осори зиёде гузошта буд, аммо каме аз онҳо ба дасти мо расидааст ва баъзе аз онҳо чоп шудаанд.
А): Осори мансур
1- Баҳористон. Ин асар дар соли 892 ҳ.қ. тадвин шудааст, ки ба сабк ва услуби Гулистони Саъдӣ аст.
2- Рақаот (муншиот) номаҳое, ки Ҷомӣ ба ашхоси мухталиф навиштааст. Баъзе аз онҳо шомили нуктаҳои ирфонӣ низ ҳаст.
Б): Осори манзум
1- Девон ва қасоиди эшон, ки дар се навбат тадвин шудааст
-Фотиҳат-уш-шабоб (соли 884 ҳ. қ.)
— Воситат-ул-ақд (соли 886 ҳ. қ.)
— Хотимат-ул-ҳаёт (соли 896.)
2- Маснавии ҳафт авранг, ки муштамил аст аз:
— Силсилат-уз-Заҳаб.
-Саломон ва Абсол
-Туҳфат-ул-Аҳрор
-Сабҳат-ул-Аброр
-Юсуф ва Зулайхо
-Лайлӣ ва Маҷнун.
-Хирадномаи Искандарӣ.
В): Улуми қуръонӣ ва ҳадиси набавӣ ва маноқиб
1- Тафсири Қуръон аз аввали Қуръон то ояти 38 Бақара, рисолае аст ба забони арабӣ.
2- Арбаин ё тарҷумаи чиҳил ҳадис (соли 886 ҳ.қ.)
3- Шавоҳид-ун-Нубувват (соли 885ҳ.қ.) сираи набавӣ ва шарҳи ҳоли тобеин то садри аввали Суфия.
4- Нафаҳот-ул-унс (дар соли 883 ҳ.қ) шарҳи ҳоли 606 тан аз суфияи бузурги Ислом.
5-Маноқиби Шайх-ул-ислом Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ
6- Маноқиби Мавлавӣ
7- Эътиқоднома ва ё ақоид , ки баёне аст аз усули ақоиди исломӣ
8- Рисолаи маносик ё аркони Ҳаҷ, ки рисолае аст, дар баёни аҳкому одоб ва зиёрати амокини муқаддаса.
В): Осори тасаввуф ва одоби амалии он
1- Рисолаи Тариқи Суфиён дар мавриди баёни тариқи амалии суфиён аст.
2- Рисолаи Ло Илоҳа Иллаллоҳ, дар шарҳи маънои Ло Илоҳа Иллаллоҳ.
Мавлидам Ҷом ва рашҳаи қаламам,
ҶуръаиҶомӣ шайхи исломист.
Лоҷарам дар ҷаридаи ашъор,
Ба ду маъно тахаллусам Ҷомист.
Саидсалоҳуддин Нуриддин
[1] . Ин китоби Мавлоно Ҷомӣ, ки зиндагиномаи орифон аст.
[2] . Андулус ба Испониёи имрӯза гуфта мешавад.