ДАР ОДОБИ СУХАН ГУФТАН

 ХудоиТаъоло бандагонашро ба сўи роҳи рост даъват намуда ва ин таълимро дар Қуръони Карим ба пайғамбар чунин хабар додааст: “Даъват кун мардумонро ба сўи роҳи парвардигори хеш бо сухани ҳикматнок ва панди некў” (сураи Наҳл, ояти125) Пайғамбар(с) фармудаанд: Беҳтарини суханон сухани Худованд аст, ва беҳтарини ҳадяҳо ҳадяи Расули Худо(с) аст.

Беҳтарин ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,

Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомўш аст?

Инсон ба ду намуди ғизо эҳтиёҷ дорад: яке ғизои моддӣ ва дигаре ғизои маънавӣ. Ғизои моддӣ хурдану ошомидан аст, аммо ғизои маънавӣ бошад аз сухан баҳра гирафтан аст. Бояд донист, ки албатта панду ҳикмат ба мардум бо сухан тамом мешавад ва шарафи одамӣ бо нутқ аст ва ҳар кӣ дар нутқ адаб риоя кунад, аз ин шараф баҳра ёбад.

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гўшу бинӣ,

Чи фарқе миёни нақши девору миёни одамият.

Расули Худо (с) фармудаанд: «Баландшавии қадри инсон аз равшанбаёнии забон аст». (Ғурар-уд-дурар) Худованд фармудааст:«Ба хотир биёваред ҳангомеро, ки ду фаришта аз ҷониби чапу рости инсон ҳамеша ҳамроҳи ў ҳастанд ва аъмоли ўро дарёфт медоранд * Инсон ҳеч суханеро ба забон намеоварад магар инки ҳамон дам фариштае дар нигаҳбонии ў омода аст ва суханонашро забт мекунад»    (сураи Қоф, ояти 17-18)

Аз ин сабаб ҳар як сухане ки инсон мегўяд бояд бо савоб бошад, магар, ки хомушӣ аз он беҳтар аст.

Баҳоим хамўшанду гўё башар,

Забон баста беҳтар , ки гўё башар.

Дар сухан рондан шаш адабро риоя бояд намуд!

  • ·Аввал,сухан муносиби ҳол ва андозаи ақли ҳар кас гўяд.
  • ·Дуюм, бо лутф сухан гўяд, бо дуруштӣ нагўяд.
  • ·Сеюм,ба вақти сухан гуфтан хандону шукуфон бошад турушрўй ва гирифтарўй набошад.
  • ·Чаҳорум, чандон сухан ба шунавандаи он гўяд, ки малоли хотири ў нагардад.
  • ·Панҷум, сухане гўяд, ки манфиати дунё ва охират дар он бошад.
  • ·Шашум, сухани беқадр, бемаъно ба забон наронад, ки сухан ба монанди тухм аст, ки агар тухм бемағз бошад,дар ҳар замине, афтад нарўяд ва аз ў манфиате ҳосил нашавад.

Дар сухан шунидан ҳашт адаб аст!

  • ·Аввал он ки то аз вай сухан напурсанд, нагўяд.

      ·Дуюм, ба вақти сухан овоз баланд накунад.

  Ҷавонмарду  хушхўю  бахшананда  бош

  Чу ҳақ бо ту бошад ту бо банд бош.

           ·Сеюм ба чапу рост нанигарад.

Хоҳи, ки наёри ба сўи хеш зиёнро,

Ба ҳар тараф нигоҳ карда бигўй,суханро

    ·Чаҳорум, ғаразомез ва бо киноят сухан нагўяд.

Ҳаст теғи забон зи теғ бадтар,

К-ин хурад бар тан, он хурад ба ҷигар.

    ·Панҷум, ба рўи шунаванда наҷаҳад ва сухан сахт нагўяд.

Нуктае, к-он ҷаст ногоҳ аз забон

Ҳамчу тире дон, ки ҷаст он аз камон.

Во нагардад аз роҳ он тир эй писар,

Банд бояд кард селеро зи сар.

    ·Шашум, фикр нокарда, сухан нагўяд то пушаймон нашавад.

Сухан дониста гў то дўстро душман нагардонӣ,

Зи ҳарфи бетаамул ошно бегона мегардад.

    ·Ҳафтум, дар миёнаи сухани мардум сухан дар наёрад ва сухани сухангўро қатъ накунад.

 Ҳар ки сухан бар сухане зам кунад,

Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад.

     ·Ҳаштум, бисёр нагўяд ,ки бисёр гуфтан нишонаи камақлист.

 Дил зи пур гуфтан бимирад дар бадан,

Гар чӣ гуфтораш бувад дурри Адан.

Боре суханро навъҳост; яке донистаниву  гуфтанӣ ва яке донистаниву ногуфтанӣ. Ва  он, ки ҳам донистаниву ҳам гуфтанист сухане бувад, ки бо салоҳи кори динию дунявии ў вобаста бошад ва ба ҳарду ҷаҳон ба кор ояд, аз гуфтану шунидани он гуяндаю  шунавандаро манфиът бошад. Ва он ки  донистаниву ногуфтанист чунон бувад, ки айби дўсте туро маълум шавад, чун бигўӣ озори он дўст гардад, ё сабаби ҷанҷолу ғавғо шавад, пас он сухан донистаниву ногуфтанӣ аст. Аммо аз ин навъҳои сухан ҳар якеро ду рўй аст: яке некў ва яке зишт. Чун  шахсе бо мардум сухан мекунад бо ваҷҳи некў ва писандида гўяд, то мақбули омма гардад ва дараҷаи ўро бишносанд. Бузургону хирадмандонро ба сухан бидонанд ки мардум зери сухани хеш ниҳонанд, ки овардаанд:

«Ал-маръу маҳбусун таҳта лисониҳи».

 Мард пинҳон бувад ба зери забон,

Чун бигўяд сухан бидонандаш

 

 


 

 

 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...