ТАРҶУМАИ СУРАИ КАҲФ

 Ин сура 110 оят дорад ва тамоми он ба ҷуз ояти 28 дар Макка нозил шудааст.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Ҳамд махсуси Худое аст, ки ин китоб (-и осмонӣ)-ро бар банда (-и баргузида)-аш нозил кард ва ҳеҷ гуна каҷӣ дар он қарор надорад,

 

2               Дар ҳоле, ки собит ва мустақим ва нигаҳбони китобҳои (осмонии) дигар аст, то (бадкоронро) аз азоби шадиди Ў битарсонад ва мўъминонеро, ки корҳои шоиста анҷом медиҳанд, башорат диҳад, ки подоши некў барои онҳост:

3               (Ҳамон Биҳишти Барин), ки ҷовидона дар он хоҳанд монд.

4               Ва (низ) онҳоро, ки гуфтанд: «Худованд фарзанде (барои худ) интихоб кардааст», инзор кунад.

5               На онҳо (ҳаргиз) ба ин сухан яқин доранд ва на падаронашон. Сухани бузурге аз даҳонашон хориҷ мешавад! Онҳо фақат дурўғ мегўянд.

6               Гўё мехоҳӣ ба хотири аъмоли онон, худро аз ғаму андўҳ ҳалок кунӣ, агар ба ин гуфтор имон наёваранд!

7               Мо он чиро рўи замин аст, зинати он қарор додем, то онҳоро имтиҳон кунем, ки кадомашон беҳтар амал мекунанд.

8               (Вале ин зарқу барқҳо пойдор нест) ва мо (саранҷом) қишри рўи заминро хоки бе гиёҳ қарор медиҳем.

9               Оё гумон кардӣ Асҳоби Каҳф ва Рақим аз оятҳои ҳайратовари мо буданд?!

10           «Замонеро (ба хотир овар), ки он ҷавонон ба ғор паноҳ бурданд ва гуфтанд: «Парвардигоро! Моро аз сўи худат раҳмате ато кун ва роҳи наҷоте барои мо фароҳам соз».

11           Мо (пардаи хобро) дар ғор бар гўшашон задем ва солҳо дар хоб фурў рафтанд.

12           Сипас ононро барангехтем, то бидонем (ва ин амр ошкор гардад, ки) кадом як аз он ду гурўҳ муддати хоби худро беҳтар ҳисоб кардаанд.

13           Мо достони ононро ба ҳақ барои ту бозгў мекунем, онҳо ҷавононе буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварданд ва мо бар ҳидояташон афзудем.

14           Ва дилҳояшонро маҳкам сохтем, дар он ҳангом, ки қиём карданд ва гуфтанд: «Парвардигори мо Парвардигори осмонҳо ва замин аст, ҳаргиз ғайри Ў маъбудеро намехонем, ки агар чунин кунем, сухани беҳуда гуфтаем.

15           Ин қавми мо ҳастанд, ки маъбудҳое ғайр аз Худо интихоб кардаанд, чаро далели ошкор (бар ин кор) намеоваранд?! Ва чӣ касе золимтар аст, аз он кас, ки бар Худо дурўғ бибандад?!».

16           Ва (ба онҳо гуфтем:) Ҳангоме, ки аз онон ва он чӣ ҷуз Худо мепарастанд, канорагирӣ кардед, ба ғор паноҳ баред, ки Парвардигоратон (сояи) раҳматашро бар шумо мегустаронад ва дар ин кор оромише ба шумо фароҳам месозад.

17           Ва (агар дар он ҷо будӣ), хуршедро медидӣ, ки дар ҳангоми тулўъ ба тарафи рости ғорашон мутамоил мегардад ва дар ҳангоми ғуруб ба тарафи чап. Ва онҳо дар маҳалли васеи аз он (ғор) қарор доштанд, ин аз оятҳои Худост. Ҳар касро Худо ҳидоят кунад, ҳидоят ёфтаи ҳақиқӣ ўст ва ҳар касро гумроҳ намояд, ҳаргиз валӣ ва роҳнамое барои ў нахоҳӣ ёфт.

18           Ва (агар ба онҳо нигоҳ мекардӣ), хиёл мекардӣ онҳо бедоранд, дар ҳоле, ки дар хоб фурў рафта буданд. Ва мо онҳоро ба тарафи рост ва чап мегардондем, (то баданашон солим бимонад). Ва саги онҳо дастҳои худро бар даҳонаи ғор кушода буд (ва нигаҳбонӣ мекард). Агар нигоҳашон мекардӣ, аз онон мегурехтӣ ва сар то пои ту аз тарсу ваҳшат пур мешуд!

19           Ин гуна онҳоро (аз хоб) барангехтем, то аз якдигар савол кунанд, яке аз онҳо гуфт: «Чӣ муддат хобидед?». Гуфтанд: «Як рўз ё бахше аз як рўз». (Ва чун натавонистанд муддати хобашонро дақиқан бидонанд), гуфтанд: «Парвардигоратон аз муддати хобатон огоҳтар аст. Акнун як нафар аз худатонро бо ин тангае, ки доред ба шаҳр фиристед, то бингарад кадом як аз онҳо хўроки покизатаре доранд ва миқдоре аз он барои рўзии шумо оварад. Аммо бояд диққат кунад ва ҳеҷ касро аз вазъияти шумо огоҳ насозад,

20           Зеро агар онон аз вазъияти шумо огоҳ шаванд, сангсоратон мекунанд ё шуморо ба оини худ боз мегардонанд. Ва дар он сурат ҳаргиз рўи растагориро нахоҳед дид».

21           Ва ин чунин мардумро мутаваҷҷеҳи ҳоли онҳо кардем, то бидонанд, ки ваъдаи Худованд (дар мавриди растохез), ҳақ аст ва дар поёни ҷаҳон ва қиёми қиёмат шакке нест, дар он ҳангом, ки миёни худ дар бораи кори худ низоъ доштанд, гурўҳе мегуфтанд: «Биное бар онон бисозед, (то барои ҳамеша аз назар пинҳон шаванд ва аз онҳо сухан нагўед, ки) Парвардигорашон аз вазъияти онҳо огоҳтар аст». Вале онҳо, ки аз розашон огоҳӣ ёфтанд (ва онро далел бар растохез диданд), гуфтанд: «Мо масҷиде дар канори (мадфани) онҳо месозем, (то хотираи онон фаромўш нашавад)».

22           Гурўҳе хоҳанд гуфт: «Онҳо се нафар буданд, ки чаҳорумини онҳо сагашон буд». Ва гурўҳе мегўянд: «Панҷ нафар буданд, ки шашумини онҳо сагашон буд». – Ҳамаи инҳо суханони бедалеле аст – ва гурўҳе мегўянд: «Онҳо ҳафт нафар буданд, ки ҳаштумини онҳо сагашон буд». Бигў: «Парвардигори ман аз шуморашон огҳтар аст». Ҷуз гурўҳи каме шумори онҳоро намедонанд. Пас дар бораи онон ҷуз бо далел сухан магў ва аз ҳеҷ кас дар бораи онҳо савол макун.

23           Ва ҳаргиз дар мавриди коре нагў: «Ман фардо онро анҷом медиҳам».

24           Магар ин ки Худо бихоҳад. Ва ҳар гоҳ фаромўш кардӣ (ҷуброн кун) ва Парвардигоратро ба хотир биёвар ва бигў: «Умедворам, ки Парвардигорам маро ба роҳе равшантар аз ин ҳидоят кунад».

25           Онҳо дар ғорашон се сад сол даранг карданд ва нўҳ сол (низ) бар он афзуданд.

26           Бигў: «Худованд аз муддати таваққуфашон огоҳтар аст, ғайби осмонҳо ва замин аз они Ўст. Ростӣ чӣ Бино ва Шунавост! Онҳо ҳеҷ валӣ ва сарпарасте ҷуз Ў надоранд. Ва Ў ҳеҷ касро дар ҳукми худ ширкат намедиҳад».

27           Он чиро аз китоби Парвардигорат ба ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ҳеҷ чиз суханони Ўро дигаргун намесозад ва ҳаргиз паоҳгоҳе ҷуз Ў намеёбӣ.

28           Бо касоне бош, ки Парвардигори худро субҳу аср мехонанд ва танҳо ризояти Ўро металабанд ва ҳаргиз ба хотири зеварҳои дунё чашмони худро аз онҳо бар магир ва аз касоне, ки қалбашонро аз ёди худ ғофил сохтем, итоат макун. Ҳамонҳо, ки аз ҳавои нафс пайравӣ карданд ва корҳояшон ифротӣ аст.

29           Бигў: «Ин ҳақ аст аз сўи Парвардигоратон! Ҳар кас мехоҳад имон биёварад (ва ин ҳақиқатро пазиро шавад) ва ҳар кас мехоҳад кофир гардад». Мо барои ситамгарон оташе омода кардеам, ки саропардааш ононро аз ҳар сў иҳота кардааст. Ва агар дархости об кунанд, обе барои онон меоваранд, ки ҳамчун оҳани гудохта чеҳраҳоро бирён мекунад. Чӣ нўшидании баде ва чӣ маҳалли иҷтимоии баде аст!

30           Ҳатман касоне, ки имон оваранд ва корҳои шоиста анҷом доданд, мо подоши некўкоронро зойеъ нахоҳем кард.

31           Онҳо касоне ҳастанд, ки биҳишти ҷовидон барои онон аст, боғҳое аз биҳишт, ки наҳрҳо аз зери дарахтон ва қасрҳояш ҷорӣ аст, дар он ҷо бо дастбандҳое аз тилло ороста мешавад ва либосҳои (фохире) ба ранги сабз, аз ҳарири нозуку захим дарбар мекунанд, дар ҳоле, ки бар тахтҳо такя кардаанд. Чӣ подоши хубе ва чӣ ҷамъи некўе!

32           (Эй Пайғамбар!). Барои онон мисоле бизан: он ду мард, ки барои яке аз онҳо ду боғ аз анвои ангурҳо қарор додем ва гидогирди он ду (боғ)-ро бо дарахтони нахл пўшондем ва дар миёнашон зироати пурбаракате қарор додем.

33           Ҳар ду боғ мева оварда буд, (меваҳои фаровон) ва чизе фурўгузор накарда буд ва миёни он ду наҳри бузурге ҷорӣ сохта будем.

34           Соҳиби ин боғ даромади фаровоне дошт, ба ҳамин ҷиҳат, ба дўсташ – дар ҳоле, ки бо ў гуфтугў мекард – чунин гуфт: «Ман аз назари сарват аз ту бартар ва аз назари нафарот нерўмандтарам».

35           Ва дар ҳоле, ки нисбат ба худ ситамкор буд, дар боғи худ гом ниҳод ва гуфт: «Ман гумон намекунам ҳаргиз ин боғ нобуд шавад.

36           Ва бовар намекунам қиёмат барпо гардад ва агар ба сўи Парвардигорам бозгардонда шавам (ва қиёмате бошад), ҷойгоҳи беҳтаре аз ин ҷо хоҳам ёфт».

37           Дўсти (боимони) вай – дар ҳоле, ки бо ў гуфтугў мекард – гуфт: «Оё ба Худое, ки туро аз хок ва сипас аз нутфа офарид ва пас аз он туро марди комиле қарор дод, кофир шудӣ?!

38           Вале ман касе ҳастам, ки «Аллоҳ» Парвардигори ман аст ва ҳеҷ касро шарики Парвардигорам қарор намедиҳам.

39           Чаро ҳангоме, ки дохили боғат шудӣ, нагуфтӣ ин неъмате аст, ки Худо хостааст?! Қувват (ва нерўе) ҷуз аз ноҳияти Худо нест. Ва агар мебинӣ ман аз назари молу фарзанд аз ту камтарам, (матлаби буҳим нест).

40           Шояд Парвардигорам беҳтар аз боғи ту ба ман бидиҳад ва муҷозоти ҳисобшудае аз осмон бар боғи ту фурў резад, ба гунае, ки онро ба замини бегиёҳи лағзандае мубаддал кунад.

41           Ва ё оби он дар аъмоқи замин фурў равад, он гуна, ки ҳаргиз натавонӣ онро ба даст оварӣ».

42           (Ба ҳар ҳол озоби илоҳӣ фаро расид) ва тамоми меваҳои он нобуд шуд ва ў ба хотири ҳазинаҳое, ки дар он сарф карда буд, пайваста дастҳои худро ба ҳам мемолид – дар ҳоле, ки тамоми боғ бар ховозаҳояш фурў рехта буд – ва мегуфт: «Эй кош касеро ҳамтои Парвардигорам қарор надода будам!».

43           Ва гурўҳе надошт, ки ўро дар баробари (азоби) Худованд ёрӣ диҳанд ва аз худаш (низ) наметавонист ёрӣ гирад.

44           Дар он ҷо собт шуд, ки вилоят (ва қудрат) аз они Худованди барҳақ аст. Ўст, ки бартарин савоб ва беҳтарин оқибатро (барои итоаткорон) дорад.

45           (Эй Пайғамбар!). Зиндагии дунёро барои онон ба обе ташбеҳ кун, ки аз осмон фурў мефиристем ва ба василаи он гиёҳони замин (сарсабз мешавад ва) дарҳам фурў меравад. Аммо баъд аз муддате хушк мешавад ва бодҳо онро ба ҳар сў пароканда мекунад. Ва Худованд бар ҳамаи чиз Тавоност.

46           Молу фарзанд, зинати зиндагии дунёст ва боқиёти солеҳот, (арзишҳои пойдору шоиста), савобаш назди Парвардигорат беҳтар ва умедбахштар аст.

47           Ва рўзеро (ба хотир биёвар), ки кўҳҳоро ба ҳаракат дароварем ва заминро ошкор (ва мусаттаҳ) мебинӣ. Ва ҳамаи онон (инсонҳо)-ро бармеангезем ва аҳаде аз онҳоро фурўгузор нахоҳем кард.

48           Онҳо ҳама дар як саф ба (пешгоҳи) Парвардигорат арза мешаванд (ва ба онон гуфта мешавад:) Ҳамагӣ назди мо омадед, ҳамон гуна, ки нахустин бор шуморо офаридем, аммо шумо гумон мекардед, мо ҳаргиз қароргоҳе бароятон қарор нахоҳем дод.

49           Ва китоб (китобе, ки номаи аъмоли ҳамаи инсонҳост), дар он ҷо гузошта мешавад, пас гунаҳкоронро мебинӣ, ки аз он чӣ дар он аст, тарсону ҳаросонанд ва мегўянд: «Эй вой бар мо! Ин чӣ китобе аст, ки ҳеҷ амали хурду бузургеро фурўгузор накардааст, магар ин ки онро ба шумор овардааст?! Ва (ин дар ҳоле аст, ки) ҳамаи аъмоли худро ҳозир мебинанд. Ва Парвардигорат ба ҳеҷ кас ситам намекунад.

50           Ба ёд оваред замонеро, ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед!». Онҳо ҳамагӣ саҷда карданд, ҷуз Иблис – ки аз ҷин буд – ва аз фармони Парвардигораш берун шуд. Оё (бо ин ҳол), ў ва фарзандонашро ба ҷои ман авлиёи худ интихоб мекунед, дар ҳоле, ки онҳо душмани шумо ҳастанд?! (Фармонбардорӣ аз шайтон ва фарзандонаш ба ҷои итоати Худо), чӣ ҷойгузини баде аст, барои ситамкорон!

51           Ман ҳаргиз онҳо (Иблис ва фарзандонаш)-ро дар ҳангоми офариниши осмонҳо ва замин ва на дар ҳангоми офариниши худашон, ҳозир насохтам ва ман ҳеҷ гоҳ гумроҳкунандгонро дастёри худ қарор намедиҳам.

52           (Ба хотир оваред) рўзеро, ки (Худованд) мегўяд: «Ҳамтоёнеро, ки барои ман мепиндоштед, бихонед, (то ба кўмаки шумо бишитобанд!)», вале ҳар чӣ онҳоро мехонанд, ҷавобашон намедиҳанд. Ва дар миёни ин ду ругўҳ конуни ҳалокате қарор додаем.

53           Ва гунаҳкорон, оташ (-и дўзах)-ро мебинанд ва яқин мекунанд, ки бо он дармеомезанд ва ҳеҷ гуна роҳи гурезе аз он нахоҳанд ёфт.

54           Ва дар ин Қуръон, аз ҳар гуна масале барои мардум баён кардаем, вале инсон беш аз ҳар чиз ба муҷодила мепардозад.

55           Ва чизе мардумро боз надошт, аз ин ки – вақте ҳидоят ба суроғашон омад – имон биёваранд ва аз Парвардигорашон талаби омурзиш кунанд, ҷуз ин ки (хирасарӣ карданд, гўё мехостанд) сарнавишти пешиниён барои онон биёяд ё азоб (-и илоҳӣ) дар баробарашон қарор гирад.

56           Мо пайғамбаронро ҷуз ба унвони башоратдиҳанда ва инзоркунанда намефиристем, аммо кофирон ҳамвора муҷодила ба ботил мекунанд, то (ба гумони худ), ҳақро ба василаи он аз миён бардоранд. Ва оятҳои мо ва муҷозотҳеро, ки ба онон ваъда дода шудааст, ба боди масхара гирифтанд.

57           Чӣ касе ситамкортар аст, аз он кас, ки оятҳои Павардигораш ба ў тазаккур дода шуд ва аз он рўй гардонд ва он чиро бо дастҳои худ пеш фиристод, фаромўш кард?! Мо бар дилҳои инҳо пардаҳое афкандаем, то нафаҳманд ва дар гўшҳояшон сангинӣ қарор додаем, (то садои ҳақро нашунаванд) ва аз ин рў агар онҳоро ба сўи ҳидоят бихонӣ, ҳаргиз ҳидоят намешаванд.

58           Ва Парвардигорат, Омурзанда ва соҳиби раҳмат аст. Агар мехост ононро ба хотири аъмолашон муҷозот кунад, азобро ҳар чӣ зудтар барои онҳо мефиристод, вале барои онон ваъдагоҳе аст, ки ҳаргиз аз он роҳи гурез нахоҳанд дошт.

59           Ин шаҳрҳо ва ободиҳое аст, ки мо онҳоро ҳангоме, ки ситам карданд, ҳалок намудем ва барои ҳалокаташон мавъиде қарор додем. (Онҳо вайронаҳояшро бо чашм мебинанд ва ибрат намегиранд).

60           (Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Мўсо ба дўсти худ гуфт: «Даст аз ҷустуҷў барнамедорам, то ба маҳалли талоқии ду дарё бирасам, ҳар чанд муддати тўлонӣ ба роҳи худ идома диҳам».

61           (Вале) ҳангоме, ки ба маҳалли талоқии он ду дарё расиданд, моҳии худро, (ки барои хўрок ҳамроҳи худ доштанд), фаромўш карданд ва моҳӣ роҳи худро дар дарё пеш гирифт (ва равон шуд).

62           Ҳангоме, ки аз он ҷо гузаштанд, (Мўсо) ба ёри ҳамсафараш гуфт: «Хўроки моро биёвар, ки сахт аз ин сафар хаста шудаем!».

63           Гуфт: «Ба хотир дорӣ ҳангоме, ки мо (барои истироҳат) ба канори он сахра паноҳ бурдем, ман (дар он ҷо) фаромўш кардам қиссаи моҳиро бозгў кунам – ва фақат шайтон буд, ки онро аз хотири ман бурд – ва моҳӣ ба тарзи ҳайратоваре роҳи худро дар дарё пеш гирифт!».

64           (Мўсо) гуфт: «Он ҳамон буд, ки мо мехостем!». Сипас аз ҳамон роҳ боз гаштанд, дар ҳоле, ки пайҷўӣ мекарданд.

65           (Дар он ҷо) бандае аз бандагони моро ёфтанд, ки раҳмат (ва мавҳибати бузурге) аз сўи худ ба ў дода ва илми фаровоне аз назди худ ба ў омўхта будем.

66           Мўсо ба ў гуфт: «Оё аз ту пайравӣ кунам, то аз он чӣ ба ту таълим дода шудааст ва сабаби рушду салоҳ аст ба ман омўзӣ?».

67           Гуфт: «Ту ҳаргиз наметавонӣ бо ман шакебоӣ кунӣ!

68           Ва чӣ гуна метавонӣ дар баробари чизе, ки аз рамзҳояш огоҳ нестӣ, шакебо бошӣ?!».

69           (Мўсо) гуфт: «Ба хости Худо маро шакебо хоҳӣ ёфт ва дар ҳеҷ коре мухолифати фармони ту нахоҳам кард».

70           (Хизр) гуфт: «Пас агар мехоҳӣ аз пайи ман биёӣ, аз ҳеҷ чиз мапурс, то худам (дар вақташ) онро барои ту бозгў кунам».

71           Он ду ба роҳ афтоданд, то он ки савори киштӣ шуданд, (Хизр) киштиро сўрох кард. (Мўсо) гуфт: Оё онро сўрох кардӣ, ки аҳлашро ғарқ кунӣ?! Ростӣ, ки чӣ кори баде анҷом додӣ!».

72           Гуфт: «Оё нагуфтам ту ҳаргиз наметавонӣ бо ман шакебоӣ кунӣ?!».

73           (Мўсо) гуфт: «Маро ба хотири ин фаромўшкориям муохиза макун ва аз ин корам бар ман сахт магир».

74           Боз ба роҳи худ идома доданд, то ин ки навҷавонеро диданд ва ў он навҷавонро кушт. (Мўсо) гуфт: «Оё инсони покеро бе он ки қатле карда бошад, куштӣ?! Ба ростӣ кори зиште анҷом додӣ!».

75           (Боз он марди олим) гуфт: «Оё ба ту нагуфтам, ки ту ҳаргиз наметавонӣ бо ман сабр кунӣ?!».

76           (Мўсо) гуфт: «Баъд аз ин агар дар бораи чизе аз ту савол кардам, дигар бо ман ҳамроҳӣ накун, (зеро) аз сўи ман маъзур хоҳӣ буд».

77           Боз ба роҳи худ идома доданд, то ба мардуми қаряе расиданд, аз онон хостанд, ки ба эшон хўрок диҳанд, вале онон аз меҳмон карданашон худдорӣ намуданд, (бо ин ҳол) дар он ҷо деворе ёфтанд, ки мехост фурў резад. Ва (он марди олим) онро барпо дошт. (Мўсо) гуфт: «(Ло ақал) мехостӣ дар муқобили ин кор музде бигирӣ».

78           Ў гуфт: «Инак замони ҷудоии ман ва ту фаро расидааст, аммо ба зудӣ рози он чиро, ки натавонистӣ дар баробари он сабр кунӣ, ба ту хабар медиҳам.

79           Аммо он киштӣ моли гурўҳе аз мустамандон буд, ки бо он дар дарё кор мекарданд ва ман хостам онро маъюб кунам, (чаро, ки) пушти сарашон подшоҳи (ситамгаре) буд, ки ҳар киштӣ (-и солим)-ро ба зўр мегирифт.

80           Ва аммо он навҷавон, падару модараш боимон буданд ва хавф доштем, ки ононро ба туғёну куфр маҷбур кунад.

81           Аз ин рў хостем, ки Парвардигорашон ба ҷои ў, фарзанди поктар ва бо муҳаббаттаре ба он ду бидиҳад.

82           Ва аммо он девор, аз они ду навҷавони ятим дар он шаҳр буд ва зери он ганҷе мутааллиқ ба он ду вуҷуд дошт ва падарашон марди силеҳе буд. Ва Парвардигори ту мехост онҳо ба ҳадди балоғат расанд ва ганҷашонро берун оваранд. Ин раҳмате аз Парвардигорат буд ва ман он (корҳо)-ро худсарона анҷом надодам. Ин буд рози корҳое, ки натавонистӣ дар баробари онҳо сабр ба харҷ диҳӣ».

83           Ва аз ту дар бораи «Зулқарнайн» мепурсанд, бигў: «Ба зудӣ бахше аз саргузашти ўро барои шумо бозгў хоҳам кард».

84           Мо ба ў дар рўи замин қудрату ҳукумат додем ва асбоби ҳар чизро дар ихтиёраш гузоштем.

85           Ў аз ин асбоб (пайравӣ ва истифода) кард,

86           То ба ғурубгоҳи офтоб расид, (дар он ҷо) эҳсос кард (ва дар назараш муҷассам шуд), ки хуршед дар чашмаи тира ва гилолуде фурў меравад. Ва дар он ҷо қавмеро ёфт, гуфтем: «Эй Зулқарнайн! Ё (ононро) муҷозот мекунӣ ва ё равиши некўе дар мавриди онҳо интихоб менамоӣ».

87           Гуфт: «Аммо касеро, ки ситам кардааст, муҷозот хоҳем кард, сипас ба сўи Парвардигораш бозмегардад ва Худо ўро муҷозоти шадиде хоҳад кард!

88           Ва аммо касе, ки имон оварад ва амали солеҳ анҷом диҳад, подоши некўтаре хоҳад дошт ва мо дастури осон ба ў хоҳем дод».

89           Сипас (бори дигар) аз асбобе, (ки дар ихтиёр дошт) баҳра гирифт,

90           То ба хостгоҳи хуршед расид, (дар он ҷо) дид хуршед ба ҷамъияте тулўъ мекунад, ки дар баробари (тобиши) офтоб пўшише барои онҳо қарор надода будем (ва ҳеҷ гуна саябоне надоштанд).

91           (Оре), ин чунин буд (кори Зулқарнайн!). Ва мо ба хубӣ аз имконоте, ки назди ў буд, огоҳ будем.

92           (Боз) аз асбоби муҳим, (ки дар ихтиёр дошт) истифода кард,

93           (Ва ҳамчунон ба роҳи худ идома дод), то ба миёни ду кўҳ расид ва дар канори он ду (кўҳ) қавмеро ёфт, ки ҳеҷ суханеро намефаҳмиданд (ва забонашон махсуси худашон буд).

94           (Он гурўҳ ба ў) гуфтанд: «Эй Зулқарнайн! Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ дар ин сарзамин фасод мекунанд, оё мумкин аст мо ҳазинае барои ту қарор диҳем, ки миёни мо ва онҳо садде эҷод кунӣ?!».

95           (Зулқарнайн) гуфт: «Он чӣ Парвардигорам дар ихтиёри ман гузоштааст, беҳтар аст (аз он чӣ шумо пешниҳод мекунед). Маро бо нерўе ёрӣ диҳед, то миёни шумо ва онҳо садди маҳкаме қарор диҳам.

96           Қитъаҳои бузурги оҳан бароям оваред (ва онҳоро рўи ҳам бичинед)», то вақте, ки комилан миёни ду кўҳро пўшонед, гуфт: «(Дар атрофи он оташ бияфрўзед ва) дар он бидамед». (Онҳо дамиданд), то қитъаҳои оҳанро сурху гудохта кард, гуфт: «(Акнун) миси обшуда бароям оваред, то бар рўи он бирезам».

97           (Саранҷом чунон садди нерўманд сохт), ки онҳо (тоифаи Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ) қодир набуданд аз он боло раванд ва наметавонистанд нақибе дар он эҷод кунанд.

98           (Он гоҳ) гуфт: «Ин аз раҳмати Парвардигори ман аст, аммо ҳангоме, ки ваъдаи Парвардигорам фаро расад, онро дар ҳам мекўбад. Ва ваъдаи Парвардигорам ҳақ аст».

99           Ва дар он рўз, (ки ҷаҳон поён мегирад), мо ононро чунон раҳо мекунем, ки дарҳам мавҷ мезананд ва дар сур (шайпур) дамида мешавад. Ва мо ҳамаро ҷамъ мекунем.

100       Дар он рўз ҷаҳаннамро бар кофирон арза медорем.

101       Ҳамонҳо, ки пардае чашмонашонро аз ёди ман пўшонда буд ва қудрати шунавоӣ надоштанд.

102       Оё кофирон пиндоштанд, ки метавонанд бандагонамро ба ҷои ман авлиёи худ интихоб кунанд?! Мо ҷаҳаннамро барои пазироии кофирон омода кардаем.

103       Бигў: «Оё ба шумо хабар диҳем, ки зиёнкортарин (-и мардум) дар корҳо чӣ касоне ҳастанд?

104       Онҳо, ки талошҳояшон дар зиндагии дунё гум (ва нобуд) шудааст, бо ин ҳол мепиндоранд, ки кори нек анҷом медиҳанд».

105       Онҳо касоне ҳастанд, ки ба оятҳои Парвардигорашон ва лиқои ў кофир шуданд, ба ҳамин ҷиҳат, аъмолашон ҳабту нобуд шуд. Аз ин рў рўзи қиёмат, мизоне барои онҳо барпо нахоҳем кард.

106       (Оре), ин гуна аст! Кайфарошон дўзах аст, ба хотири он ки кофир шуданд ва оятҳои ман ва пайғамбаронамро ба масхара гирифтанд.

107       Аммо касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, боғҳои биҳишти барин маҳалли пазироии онон хоҳад буд.

108       Онҳо ҷовидона дар он хоҳанд монд ва ҳаргиз дархости нақли макон аз он ҷо намекунанд.

109       Бигў: «Агар дарёҳо барои (навиштани) калимаҳои Парвардигорам мураккаб шавад, дарёҳо поён мегирад, пеш аз он ки калимаҳои парвардигорам поён ёбад, ҳар чанд монанди он (дорёҳо)-ро кўмаки он қарор диҳем».

110       Бигў: «Ман фақат башаре ҳастам мисли шумо, (имтиёзам ин аст, ки) ба ман ваҳй мешавад, ки танҳо маъбудатон Маъбуди Ягона аст, пас ҳар кӣ ба лиқои Парвардигораш умед дорад, бояд кори шоистае анҷом диҳад ва ҳеҷ касро дар ибодати Парвардигораш шарик накунад.

 

 

 

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.