АНДЕШАИ МАЪРИФАТ ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ

Рўзе файласуфе эълон кард, ки : ҳеҷ воқеияте вуҷуд надорад ва агар ҳам вуҷуд дошта бошад, мо наметавонем онро бишносем ва агар ҳам онро бишниносем наметавонем онро ба дигарон инттиқол диҳем….

Ҷумлаи боло ки аз як файласуфи шаккок аст, оташи шакку тардидро дар хирмани яқини башар афканд ва ўро маҷбур кард то ки дақиқтар ва мунтақидонатар ба арзёбии шинохти худ бипардозад. Газоф нест агар гуфта шавад «Протагорес» бо баёни ин ҷумла донишмандонро аз хоби ҷазмият (догматизм) бедор намуд, ва онҳоро ба бознигарии мабонии худ водошт. Ҳадиси шинохт ё маърифат, ривояте аст дилкаш ва дар ҳаминҳол, роҳест пур аз фарозу нишеб. Башар чи ба хотири кунҷковии фитрӣ ва чи ба хотири баҳрагирӣ ва судталабӣ, пайваста талошу кўшиш намудааст ҳар хел, ки шуда аз мавҷудоти дигар огоҳӣ ёбад. Вале ин кўшиш ҳамеша яксон набуда ва иттифоқе дар васила ва абзори шинохт наомада аст. Башар дар тўли таърихи начандон номуваффақи худ марҳалаҳои гуногунеро пушти сар гузоштаасту эҳтимолан хоҳад гузошт. Мумкин аст касоне гузаштани инсон аз ин марҳалаҳоро пешрафту такомул надонанд, аммо ҳама иттифоқ доранд, ки мағзи ҷавомеъ яъне олимону файласуфон ба нисбатҳои мухталиф дар минтақаҳои гуногун аз ин марҳалаҳо гузаштаанд. Август Конт файласуф ва ҷомеашиноси фаронсавӣ тағъири огоҳии башарро дар се марҳала баён карда буд:

1.Шинохте ки инсон онро аз дин ва донишмандони динӣ мегирифт. Яъне дар тамоми масъалаҳо марҷаъ дин будааст. Ин марҳала дар замоне буд ки инсон нав ба олами вуҷуд омада буд.

2.Шинохте ки муттакӣ ба ақлу фалсафа будааст. Яъне кўшиш мекард ҳама чизро бо ақл бишиносад.

3.Шинохте ки абзори он таҷрибаи ҳиссӣ бошад. Дар ин марҳала, инсон ноумед аз дину фалсафа, худро ба домани ҳиссе меандозад ки чанде қабл онро ба хотири хато кардан дар шинохт беэътибор мешумурд. Ва қонеъ ба ҳамин ҳисси хатокор, мутавозеона ба шинохти ҷаҳони моддӣ, ки беарзиш буд, розӣ мешавад.  Марҳалаҳои боло бо каме ихтилоф дар бораи ақвом ва милали мухталиф, бешу кам содиқ аст. Аммо мебояд ин нуктаро изофа кард ки вақте гуфта мешавад масалан дар марҳалаи дуюм такяи башар ба фалсафа буда, чунин нест ки дин дар ин марҳала беэътибор будааст, баракс такягоҳҳои башарӣ мисли дин , одобу русум ва… дар ҳар марҳалае зуҳуроту бурузоти гуногун доштаанд.

Масъалаи муҳимми дигаре ки дар баҳси шинохт зиёд ихтилоф шуда, масъалаи абзор ва василаи шинохт будааст. Назариёт дар ин масъала ба чаҳор гурўҳи мутахосим қобили тақсим аст: 1-Урафо. 2-Ақлгароён. 3-Дингароён. 4-Таҷрибагароён.

Урафо; Ин гурўҳ танҳо роҳи расидан ба шинохти дурустро тиҳзибу тазкияи нафс медонанд. Дар сайқал додани қалб аст, ки «ҳақ» дар он метобад ва бо ошиқ шудан ба ҳаққу ҳақиқат аст, ки инсон ба он восил мешавад. Урафо мўътақиданд, ки бояд ба ҳақиқат расид ва бо расидан ба ин шинохт аст, ки ҳама сармаст мешаванд:

           Ҳама олам як хумхонаи ўст,

           Дили ҳар заррае паймонаи ўст.

           Хирад масту малоик масту ҷон маст,

           Ҳаво масту замин масту замон маст.

Даст ба домани ақл задан дар назари урафо такя ба ҳавост:

               Пои истадлолиён чўбин бувад,

               Пои чўбин сахт бетамкин бувад.

Дар ин водӣ «маҳвӣ» мебояд шудан не «наҳвӣ». Барои даст ёфтан ба ҳақиқат,рафтан ба сўи ақлу илм, монанди нияти «Каъба» кардан, вале рафтан ба “Туркистон” аст, бинобарин мебояд аз паи аҳли «дил» рафт на аз паи аҳли «илм» :

               Аз паи ин оқилони зу-фунун,

               Гуфт изад дар «Нубӣ» ло-яъламун.

Беҳтар ин аст, ки барои расидан ба шинохт ақлро раҳо кунем:

               Зин хирад ҷоҳил ҳаме бояд шудан,

               Даст дар девонагӣ бояд задан.

               Озмудам ақли дурандешро,

               Баъд аз ин девона созам хешро.

               Ошиқам ман бар фанни девонагӣ,

               Серам аз фарҳангиву фарзонагӣ.

Илм ҳам дар ин роҳ коргар нест ва арзиши он ба қадри «фузлаи шайтон» аст:

               Дил ки фориғ шуд зи меҳри он нигор,

               Санги истинҷои шайтоннаш шумор.

               В-ин улуму в-ин хаёлоту сувар,

               Фузлаи шайтон бувад бар он ҳаҷар.

Танҳо илму шинохти ҳақиқӣ дар назари урафо шинохти ошиқӣ аст:

               Илм набвад ғайри илми ошиқӣ

               Мобақӣ талбиси иблиси шақӣ.

Гўё сухан аз шинохти ирфонӣ ба дарозо кашид, дар идома талош хоҳам кард се навъ шинохти дигарро ба таври хеле мухтасар баён кунам:

Ақлгароён (шинохти ақлӣ); гурўҳе аз донишмандон муътақиданд, танҳо шинохте муътабар аст, ки ба василаи «ақл»  ба даст омада бошад ё таъйид шуда бошад. Магар на ин аст, ки аввалин чизе ки худованд офарид «ақл» буд? Ин гурўҳ мегўянд роҳи дин дарунӣ аст , роҳи таҷриба хатокору ноқис ва роҳи ваҳй ҳам ки аввал бояд онро ба воситаи «ақл» исбот кард, бинобарин фақат шинохти ақлӣ мўътабар аст.

Шинохти динӣ (роҳи ваҳй); гурўҳи дигар бовар доранд, ки танҳо шинохти боарзиш шинохт аз роҳи ваҳй аст. Мо инсонҳо ҳамеша барои шинохт ниёзманди ваҳйу дин ҳастем ва василаи дигаре ғайр аз он надорем. Ақл ноқис аст, дил шахсӣ ва ҳисс ҳам хатокор, бинобар ин фақат шинохти динӣ бо арзиш аст.

Шинохти таҷрибӣ ё хиссӣ; дар қуруни ахир, бештари донишмандони ғарбӣ ва каме аз донишмандони мусулмон эълон карданд, ки танҳо шинохте эътибор дорад, ки аз роҳи ҳавоси зоҳир ба даст омада ва ба воситаи таҷриба таъйид шавад ва ҳар шинохте, ки аз ғайр ин роҳ ба даст ояд хаёлу ваҳм аст. Ин буд муборизаи илмӣ миёни донишмандон дар боби абзори шинохт ки ҳануз ҳам давом дошта ва дорад. ва боби ин баҳс ҳанўз мафтуҳ аст.

                Боз бош эй боби раҳмат то абад,

               Боргоҳи мо лаҳу куфван аҳад.

               Боз бош эй боб бар ҷўёи боб

               То расанд аз ту қушур андар лубоб.

     Ҷалолидин Холов

 

 

 

 

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...