Шубҳаҳо нисбат ба ҳиҷоб ва посухи онҳо 4

… 5-Ҳиҷоб масъалаи салиқаӣ аст ва инсонҳо дар интихоб кардан ё канор гузоштани он ихтиёр доранд.

Дар ҷавоб бояд гуфт:

Як: Фитрӣ ва динӣ будани ҳиҷоб, омили аслии гироиши инсон, ба хусус занон ба ҳиҷоб ва пӯшиши илоҳӣ аст. Аз оятҳои марбут ба хилқати ҳазрати Одам ва Ҳавво(а) низ фитрӣ будани пӯшиш ва ҳиҷоб истифода мешавад, ҳатто замоне ки ин ду инсони нахустин дар биҳишт буданд пӯшиш доштаанд. Дар Қуръони Карим дар бораи онҳо мефармояд: “Вақте он ду дар баробари васвасаҳои Шайтон таслим шуданд ва аз дарахти манъшуда хӯрданд, либосҳои онҳо фурӯ рехт ва он ду, иқдом ба пӯшондани бадани худ бо барги дарахтон карданд.”[1]

Ду: Ҳиҷоб, яке аз аҳкоми мусаллами ҳамаи адёни илоҳӣ аст, зеро ҳиҷоб ва пӯшиши бадан ва низ баҳрамандӣ аз шарму ҳаё, амри фитрӣ аст ва адёни илоҳӣ бо фитрати инсонҳо мувофиқ аст. Аз ин рӯ дар тамоми адёни илоҳӣ масъалаи ҳиҷоб зарурӣ будааст. Агарчи ин масъалаи илоҳиро иддае таҳриф карда ва нодида гирифтаанд. Дар воқеъ чунин таҳрифҳое, мубориза бо фитрати инсонӣ мебошад.

Се: Ҳиҷоб яке аз авомил ва рафторҳое аст, ки нақши муҳиммеро дар тақвияти иффати умумии ҷомеа ифо мекунад. На танҳо ҷомеаи исломӣ бе иффату покӣ аз расидан ба аҳдофи волои хешро аз даст хоҳад дод. Ба қавли Иброҳим Линкилин: “Асоси ҷомеа бар иффат ва ифоф аст, ки мифтоҳ ва калиди он сатр ва ҳиҷоб аст, агар ҷомеае надошта бошад маҳкум ба завол мешавад.”[2]

Чаҳор: Ҳиҷоб амри фитрӣ аст на салиқаӣ.

[1] . Сураи Аъроф, ояти. 22

[2] . Тумори иффат, Юсуф Наҷафӣ, Ҷейлонӣ, саҳ. 126

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,