Нақши модар дар тарбияти ахлоқии кӯдакон 2

  … 2.Модар улгӯи кӯдак:

Дар ҷанбаи улгӯи нақши модар ба маротиб қавитар аз нақши падар аст. Модар нахустин ҳодии кӯдак ва оғӯши ӯ гармтарин ва омӯзандатарин оғӯшҳо аст. Кӯдак бахши аъзами ҳанҷорҳо ва рафторҳои хешро аз модар меомӯзад. Ин таъсирот ба он хотир аст, ки кӯдак бо модараш беш аз падар маънус аст. Мушобиҳати рафтори кӯдак бо модар ҷиддӣ аст, ки ҳатто аз тариқи кӯдакони хурдсол метавон модарони онҳоро шинохт, ин нақш аз он бобат муҳим аст, ки кӯдак доиман модарро дар баробари чашми худ дорад ва ҳамаи ҳаракот ва саканоти ӯро мебинад. Ҷанбаи улгу будани модар ончунон муҳим аст, ки метавон гуфт заминаи инҳитот ва ё таолии равонии кӯдак, то ҳудуди зиёде марбут ба он аст. Тифл, модарро ба унвони улгу ва сармашқ, интихоб мекунад ва шеваҳои рафтори ӯро тақлид менамояд ва чи бисёр кӯдаконе, ки рафторро аз модар ёд гирифтаанд ва як умр он рафтор музоҳими зиндагишон буда ва натавонистаанд онро ба хуби аз худ дур намоянд. Бинобар ин ин ҷо рағбат аз тариқи ироаи улгуҳои дуруст ва арзанда падид меояд. Волидайн бояд таолими ахлоқии мавриди қабули худро дар хештан таҷассум диҳанд ва ҳисси тақлиди кӯдакро барангезонанд, чунки кӯдак дар хурдсолӣ мафоҳими муҷарраде аз ахлоқ надорад, аз роҳи дидан ва шунидан ба такрори амале, ки рангдиҳандаи ӯ ҳастанд хоҳад пардохт.[1]

    3.Ҳузури модар ва таъсироти он дар тарбияти ахлоқӣ:

Ҳузури доимии модар дар солҳои нахустини зиндагӣ ба вижа дар сесоли аввал аз аҳамияти вижае бархурдор аст. Ҳузури ҳамешагии модар дар ин марҳила ҳамроҳ бо меҳрубонӣ ва муроқибатҳо ва меҳру авотифи хосси ӯ, ин эҳсосро дар тифл ба вуҷуд меоварад, ки дар ин ҷиҳот танҳо ва беёвар нест ва агар дозим шавад аз ҳимояти бедареғи модар баҳраманд хоҳад шуд. Ва ин дар таъйини амнияти хотири кӯдак бисёр муассир аст ва дар ин маврид низ модар нақши беназир дорад. Кӯдак бояд аз сарчашмаи авотифи саршор ва меҳру муҳаббати модар сероб шавад, ин амр дар рушди ақлии ӯ таъсири ба сазое дорад. Тифл ба меҳр ва оғӯши гарми модараш ниёз дорад.

Дидани чеҳраи ӯ дар рӯҳ ва эҳсосоти ӯ асар мегузорад ва дар ҳақиқат, ғизои рӯҳи ӯст. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки рушди баданӣ ва ақлӣ ва отифии кӯдаконе, ки дар синни шашмоҳагӣ то сесолагӣ дар шароити беҳдоштӣ ва ғизои номуносиб дар канори модарашон ба сар мебаранд аз рушди кӯдаконе, ки дар беҳтарин шароити беҳдоштӣ ва ғизоӣ, дур аз модари худ бузург шудаанд беҳтар будааст. Нақши ҳузури модар дар тарбиятро наметавон маҳдуди замоне кард, ки кӯдак метавонад хуб ва бадро ташхис бидиҳад, балки аз даврони ҷанин низ модар нақши ба сазое дар амри тарбият дорад, чунки кӯдак моҳҳо дар раҳими модар ё ҷисму рӯҳи ӯ иртиботи танготанг дорад ва дар тамоми умр ба модар вобаста аст.

Ҳамчунин кӯдаке, ки дар канори модар парвариш меёбад дар оянда аз суботи шахсиятии солиме бархурдор шуда ва дучори носозгориҳои ахлоқӣ намешавад.[2] …

[1]. Алии Қоимӣ, Тарбият ва созандагӣ, саҳ 49, Алии Қоимӣ, Нақши модар дар тарбият, саҳ 108.

[2]. Муҳаммадалии Содот, Роҳнамои падару модар, саҳ 24.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.