Мавҷуди чандбуъдӣ (чандҷиҳатӣ) 3

    1)Тақдису парастиш

Яке аз пойдортарину қадимитарин таҷаллиёти рӯҳи одамӣ ва яке аз асилтарин ҷиҳатҳои вуҷуди одамӣ, ҳисси ниёишу парастиш аст. Баррасии асарҳои зиндагии башар нишон медиҳад, ки ҳар замону ҳар куҷо, ки башар вуҷуд доштааст, ниёишу парастиш ҳам вуҷуд доштааст ва танҳо фарқ дар маъбуд ва наҳваи парастиш он будааст. Паёмбарон асли парастишро наёварданд, балки чигӯнагии парастишро – яъне навъи одобу аъмоле, ки бояд парастиш ба он шакл анҷом шавад – ба башар омӯхтанд ва дигар ин ки аз парастиши ғайри Худованди Ягона (ширк) пешгирӣ кунанд.

Аз назар қатъиёти динӣ ва ҳамчунин аз назари бархе олимони диншинос[1], башар дар оғоз ягонапараст будааст ва Худовандро мепарастида аст. Парастиши бут ё моҳ ва ё ситора ё инсон аз навъи каҷравиҳоест, ки баъдҳо ба вуҷуд омадааст, яъне чунин набудааст, ки башар парастишро аз бут ё инсон ё дигар махлуқ оғоз карда бошад ва баъд аз ба камол расидани тамаддун ба парастиши Худои Ягона расида бошад. Ҳисси парастиш, ки гоҳе аз он ба “ҳисси динӣ” ишора мешавад, дар дар ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад. Ирик Фурум дар ин бора мегӯяд:

Инсон мумкин аст ҷондорон ё дарахтон ё бутҳои зиннатӣ ё санге ё худои нодиданӣ ё марде ё пешвои шайтонсифатро бипарастад, метавонад наздикон ё миллат ё табақа ё ҳизби худ ё пул ва комёбиро бипарастад… ӯ мумкин аст аз маҷмуаи боварҳояш ба унвони дин, ки ҷудо аз боварҳои ғайридинӣ огоҳ бошад ва мумкин аст таври дигар фикр кунад, ки ҳеҷ дине он фикрро надорад. Масъала бар сари ин нест, ки дин дорад ё надорад, масъала бар сари ин аст, ки кадом динро дорад.[2]

Вилём Ҷеймз ба гуфтаи Иқбол мегӯяд:

Ангезаи ниёиш натиҷаи зарурии ин амр аст, ки дар ҳамон ҳол ки дар қавитарин қисмат аз худҳои ихтиёрӣ ва амалӣ ҳар кас худе аз навъи иҷтимоӣ аст, бо вуҷуди ин мусоҳиби комили худро фақат дар ҷаҳони андеша (дарунандешӣ) метавонад пайдо кунад… бештари мардум хоҳ ба сурати пайваста ва хоҳ ба сурати тасодуфи дар дили худ ба он бармегарданд. Хортарин фард дар рӯи замин бо ин диққати боло, худро воқеӣ ва боарзиш эҳсос мекунанд.[3]

Вилём Ҷемз дар бораи ҳамагонӣ будани ин ҳис дар ҳамаи инсонҳо чунин мегӯяд:

Эҳтимол дорад, ки мардум аз лиҳози дараҷаи асарпазирӣ аз эҳсоси як бинандаи дарунӣ дар вуҷудашон бо якдигар ихтилоф дошта бошанд. Барои баъзе аз мардум ин диққат, асоситарин қисмати худогоҳиро ташкил медиҳад. Онон ки бештар чунин ҳастанд ба эҳтимоли зиёд диндортаранд, вале бовар дорам, ки он касоне ҳам мегӯянд ба куллӣ аз он эҳсос дуранд, худро фиреб медиҳанд ва дар ҳақиқат то ҳадде диндор ҳастанд.[4]

Сохтани қаҳрамонҳои афсонаӣ аз паҳлавонон ва ё донишмандон ва ё бузургони динӣ, пайдошуда аз ҳисси тақдиси башар аст, ки мехоҳад мавҷуди қобили ситоишу тақдис дошта бошад ва ӯро ошиқона ва дар ҳадди ғайритабиӣ ситоиш намояд. Ситоишҳои муболиғаомези башари имрӯз аз қаҳрамонҳои ҳизбӣ ё миллӣ, дамзадан аз парастиши ҳизб, маром, маслак, парчам, обу хок, ва эҳсос майл ба фидокорӣ дар роҳи инҳо ҳама аз ин ҳис ба вуҷуд омадааст.

Эҳсоси ниёиш ниёзи ғаризист ба як камоли бартар, ки дар ӯ нақсе нест ва ҷамоле, ки дар нозебоӣ вуҷуд надорад. Парастиши махлуқот ба ҳар шакл, навъе каҷравии ин ҳис аз роҳи аслӣ аст.

Инсон дар ҳоли парастиш, аз вуҷуди маҳдуди худ мехоҳад парвоз кунад ва ба ҳақиқате бипайвандад, ки дар он ҷо нақсу фано ва маҳдудият вуҷуд надошта бошад. Ба гуфтаи Анштайн, донишманди бузурги замонаи мо:

Дар ин ҳол фард ба кӯчакии орзӯҳо ва ҳадафҳои башарӣ пай мебарад ва бузургӣ ва ҷалолеро, ки дар пушти падидаҳои табиӣ ва фикрҳо ошкор мешавад, ҳис мекунад.[5]

Иқбол мегӯяд:

Ниёиш кори ҳаётӣ ва шинохташудае аст, ки ба василаи он ҷазираи кӯчаки шахсияти мо шароити худро дар кул бузургтаре аз ҳаёт кашф мекунад.[6]

Ибодату парастиш нишондаҳандаи як “имкон” ва як “майл” дар инсон аст. Имкони берун рафтан аз марзи умури моддӣ ва майл ба пайвастан ба уфуқи болотар ва густардатар. Чунин майл ва чунин ишқе махсус ба инсон аст.

Ин аст, ки парастишу ниёиш яке дигар аз ҷиҳатҳои маънавии рӯҳи инсон аст.

Аммо фарқи инсон дар чигӯнагии қарор гирифтан таҳти асарпазирии ҷозибаҳо ва интихоби яке аз онҳо, матлабе аст, ки дар баҳси оянда матраҳ мешавад.

[1]- ба монанди Мокс Мулер.

[2]- Ҷаҳоне аз хуб бегона, саҳ.100.

[3]- Эҳёи фикри динӣ, саҳ.105.

[4]- ҳамон.

[5]- Дунёе, ки ман мебинам, саҳ.56.

[6]- Эҳёи фикри динӣ дар Ислом, саҳ.105.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...