Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ

Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал ба масъулиятҳои зиндагӣ, бархӯрдорӣ аз тавоноии ҷисмӣ мебошад ва заъфу сӯстии ҷисмӣ монеъ аз қиём ба бисёре аз масъулиятҳо мешавад.

Худованди Мутаол бар бандагони худ ба хотири бархӯрдор намудани онҳо аз беҳтарин хилқат ва офариниш, миннат ниҳода ва фармудааст: “Мо ба рости инсонро (аз назари ҷисму рӯҳ) дар беҳтарин шакл ва зеботарин симо офаридаем.” (Тин, ояти 4)

Пайғамбари Бузургвори Ислом(с) мефармояд: “Мӯъмини қавӣ ва тавоно назди Худованд, бисёр маҳбубтар ва беҳтар аз мӯъмини заиф ва нотавон аст ва дар ҳар як (ба андозаи) хайр ва манфиат вуҷуд дорад.”

Муваффақият дар арсаи тарбияти баданӣ ба тамринҳои варзишӣ, монанди: шино, давидан, асбсаворӣ, дучархасаворӣ ва … бастагӣ дорад.

Тарбияти бандагӣ

Ибодат дар Ислом, самара ва бозтоби табиии имону ақида ва далели вуҷуд ва дурустии он аст. Кӯдаконро пеш аз булуғи таклифии онон намешавад, зеро Расули Худо(с) фармудааст: “Се нафар дорои масъулият нестанд” девона то замоне ки беҳбуд меёбад, хобида то замоне ки аз хоб бар мехезад ва кӯдак то вақте ки ба синни булуғ мерасад”. Аммо омодасозии кӯдак барои қадам ниҳодан ба марҳалаи булуғ, сипас аз назари динӣ ва шаръӣ ба тарбият ва парвариши ибодатии ӯ ниёзманд аст то ибодат ба унвони бахши ҳаётӣ ва решадор дар зиндагӣ ва рафтори ӯ мубаддал гардад ва ӯро ба зарурати иртибот бо Худованд ва истиқомат дар адои авомир ва иҷтиноб аз навоҳӣ, ба сурати мудовим ёдовар шавад.

Одат додани кӯдакон ба ибодат, аз синни ҳафтсолагӣ оғоз мешавад ва дар синни даҳ солагӣ мавриди таъкид қарор мегирад, зеро Расули худо (с) мефармояд: “Фарзандони худро дар ҳафтсолагӣ ба адои намоз фармон бидиҳед ва дар даҳсолагӣ – чунончи онро тарк кунанд ва бо ташвиқ ва тарғиб ҳозир ба хондани он набуданд – ононро танбеҳи баданӣ намоед.”

Умри ҳафтсолагӣ, сароғози таълим ва тамрин ва одат ба ибодат додан аст ва умри даҳсолагӣ, замони устувор нашудани рафтор ва пойбандист, чунончи кӯдакон дар мавриди ибодат сӯсти ва танбалӣ намоянд, бояд танбеҳи муносиб шаванд.

Сарпарастии кӯдакон дар мавриди адои намоз ва дигар масъулиятҳои кӯдак, бояд муроқибат лозимро анҷом диҳанд ва дар мавриди он ба ҳеҷ ваҷҳ кӯтоҳӣ нанамоянд, зеро Худованд мефармояд: “Хонаводаи хешро ба намоз хондан фармон бидеҳ ва худ низ бар иқомаи он собитқадам бош!” (Тоҳо, ояти 132)

Омӯзиши забони арабӣ, забони модарӣ ва улуми муфид:

Забони арабӣ, калиди фаҳми Қуръон ва суннат ва бистари улум ва маорифи мухталифи шариати исломист ва илова бар он, кӯдакон аз омӯзиши саҳеҳи забони арабӣ, бо таваҷҷӯҳ ба зебоиҳои лафзӣ ва маънавии он, лаззат хоҳанд бурд ва забонаш ширинтар ва фасеҳтар хоҳад шуд ва чунончи кӯдак забони арабиро ба хубӣ биёмӯзад дар ҷиҳати фаҳми дини Худованд ва дарки мақосид ва аҳдофи он, тавонотар хоҳад гардид.

Омӯзиши улуми дигар, монанди: забонҳои хориҷӣ, улуми инсонӣ, риёзӣ, таърих, ҷуғрофӣ ва дониши беҳдошт ва муқаддамоти пизишкӣ, муҳандисӣ ва ситорашиносӣ бо таваҷҷӯҳ ба завқ ва алоқаи онҳо муфид ва зарурист. (Омӯзиши забони модарӣ барои ғайри арабҳо як асли асосӣ ва муҳим мебошад, чун ҳар забоне яке аз оёти Худост ва бар мусулмонон воҷиб аст, ки аз фаромӯш шудан ва аз байн рафтанаш пешгирӣ кунад.)

Идома дорад.

Алӣ Раҳмат.

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,