Қироатҳои сабъа 1

Қироатҳои сабъа

Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти дастури илоҳӣ:

[1]﴿اقْرَأْ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذِي خَلَقَ﴾

﴿وَرَتِّلِ الْقُرْآنَ تَرْتِيلًا﴾[2]

﴿…فَاقْرَءُوا مَا تَيَسَّرَ مِنَ الْقُرْآنِ…﴾[3]

[4]﴿هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ…﴾و…

Бо тамоми вуҷуд ба тиловати он мепардохт. Садои дилнишини он ҳазрат, ки аз умқи ҷони эшон нашъат мегирифт чунон муассир буд, ки дигарон бо шунидани он маҷзуби оёти раббонӣ ва паёмҳои субҳонӣ мешуданд ва дақиқан ба ҳамин хотир сарони мушрик пайравони хешро аз шунидани тиловати Расули Худо (с) барҳазар медоштанд:

﴿وَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لَا تَسْمَعُوا لِهَٰذَا الْقُرْآنِ وَالْغَوْا فِيهِ لَعَلَّكُمْ تَغْلِبُونَ﴾[5] “Кофирон гуфтанд: гӯш ба ин Қуръон фаро надиҳед; ва ба ҳангоми тиловати он ҷанҷол кунед, шояд пирӯз шавед!”

Бо гузашти замон ва нузули тадриҷии оёт, он ҳазрат субҳгоҳон ва шомгоҳон, дар ниҳону аён, суруши рӯҳофарини Худои ҳакимро пас аз дарёфт, тиловат ва ба ёрони хеш меомӯхтанд.

Илова бар таъкидоти фаровон, сираи амалии Расули Акрам (с) баёнгари инояти вежаи он ҳазрат ба ин амр будааст ва лизо бо вуруд ба Мадина ба таъсиси дорулқироат даст заданд ва гурӯҳе аз асҳобро ташвиқ ба фарогирии Қуръон ва баъдҳо ба омӯзиши он намуданд. Маъруфтарин қориёни Қуръон дар миёни асҳоб, ки бо диққати тамом дар ахзу забт ва китобату қироати таълими Қуръон мекушиданд иборатанд аз: Усмон ибни Афон, Алӣ ибни Абитолиб, Убай ибни Кааб, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Зайд ибни Собит, Абумусо Ашъарӣ ва Абудардоъ (разияллоҳу анҳум).[6]

Табақаи дуввум, ки шомили асҳоби сиғор ва тобеин мешавад; қироатро аз асҳоби бузургвор фаро гирифтанд. Дар миёни онҳо Абдуллоҳ ибни Абос, Абуласвади Дуалӣ, Алқама ибни Қайс, Абдуллоҳ ибни Соиб, Асвад ибни Зайд, Абуабдураҳмони Суллами ва Масруқ ибни Аҷдаъ аз шуҳрати бештаре бархурдоранд.

Ба дунболи он бузургони дигаре дар табақоти севвум то ҳаштум (яъне то замони Абубакр ибни Муҷоҳид), ки ба аҳди тадвини қироатҳо шуҳрат дорад, қарор доранд.

Асҳоб ва тобеин ба таври ом дар заминаҳои мухталифи улуми исломӣ мисли тафсир, ҳадис, фиқҳ, қироат ва … шуҳрат доштаанд ва интавр набуда, ки гурӯҳе аз онҳо фақат дар қироат барҷастагӣ дошта бошанд.

Тадвини қироатҳои маъруф

Пас аз гузашти он давра, гурӯҳе фанни қироат (фаро гирифтан ва омӯхтани он)-ро риштаи ихтисосии худ қарор доданд ва ба ин ришта таваҷҷӯҳи хос мабзул дошта ва дар қироати Қуръон шуҳрат ёфтанд ва мардум аз манотиқи мухталиф барои фарогирӣ ба сӯи онҳо мешитофтанд. Равиши ҳамаи мусалмонҳо дар манотиқи мухталиф бар ин буд, ки мардуми ҳар шаҳре, Қуръонро аз қории ҳамон шаҳр фаро мегирифт ва танҳо қироати ӯро мепазируфт. Рафта-рафта теъдоди қориён рӯ ба фузунӣ ниҳод ва қориён дар манотиқи мухталифи ҷаҳони Ислом пароканда шуданд ва табақае пас аз табақаи дигар ҷонишини онҳо шуданд; аммо дар фаро гирифтан ва омӯзиши Қуръон, равишҳои мухталиф иттихоз карда ва ихтилофи қироат доштаанд ва бархе ҳам дар ин бора, кӯтоҳӣ мекарданд.

Ба тадриҷ забти қироатҳо рӯ ба костӣ ниҳод ва корҳои беравия, рӯ ба фузунӣ гузошт ва ба таъбири Ибни Ҷазари “бими он мерафт, ки ботил дар либоси ҳақ ҷилва кунад”;[7] лизо бузургон, қавоиде барои қироат вазъ карданд.

Аввалин шахсияти муътабаре, ки қироатҳои саҳеҳро ҷамъоварӣ кард ва китоби муфассал ва мабсуте нигошт, Абу Убайд Қосим ибни Саломи Ансорӣ (м.224ҳ.қ) буд. Ибни Ҷазарӣ, қурроъро дар бисту панҷ тан мунҳасир кардааст ва касоне, ки баъдан ба номи қуррои сабъа шуҳрат ёфтанд, дар зумраи инон буданд.[8] Пас за вай низ донишмандони дигаре ба тадвини қироатҳои мухталиф аз Қуръон пардохтанд, ки шарҳи онҳо дар ҷои дигар омадааст.[9]

Силсилаи қурроъ (қориёни мушҳури Қуръон) ва қироатҳо, қарн ба қарн ва пайваста идома дошт, то замони Абубакр ибни Муҷоҳид (245-324ҳ.қ.), ки маъруф ба Шайхул қуррои Бағдод аст. Эшон дар авоили қарни чорум, қироатҳоро дар ҳафт қироат аз ҳафт қории ба ном аз билоди гуногун мунҳасир ва ба расмият шинохт. Баъдҳо бо афзудани се қорӣ адади онҳо ба даҳ ва муддате баъд чаҳор кории дигар изофа шуд, ки бадин тартиб маҷмӯан чаҳордаҳ қироат маъруф гардид.[10]

Таърифи қироат

Қироат масдар аст аз решаи қараа яқрау ва яқруу, ки масдари он ба се сурати қаран, қироатан ва қуронан омада аст. Қироатҳо ҷамъи қироат ва исми фоили он қори аст, ки ба сурати “қурроъ” ҷамъ баста мешавад. Бештарин корбурд ва роиҷтарин маънои ин модда ба маънои хондан аст, аммо гоҳе ба маънои ҷамъ кардан, замима кардан, расондан низ истеъмол шудааст.[11]

Аз онҷо ки дар қироат ва хондани матлабе, ҳуруф ва калимот бо ҳам ҷамъ ва замима мегарданд ба хондани Қуръон ва амсоли он қироат гӯянд.

Аммо дар истилоҳи улуми қуръонӣ иборат аст аз:

Тиловати насси ваҳй илоҳӣ ба ҳасби иҷтиҳоди яке аз қуррои маъруф бар асоси усули муайяне, ки дар илми қироат мушахас шудааст ва огоҳӣ аз ихтилофи алфози Қуръон.

Ибни Ҷазарӣ дар таърифи он гӯяд: “انها علم بکیفیة أداء کلمات القرآن و اختلافها معزو الناقلة”.[12]

Бадриддин Заркашӣ қироатро чунин таъриф кардааст:

القراءات اختلاف الالفاظ الوحی المذکور فی الحروف و کیفیتها من تخفیف و تشدید و غیرها”.[13] Яъне қироатҳо, ихтилофи алфози Қуръон дар талафузи ҳуруф ва кайфияти адои онҳо ҳамонанди мухаффаф хондан, мушаддад хондан ва амсоли он аст.

Бояд таваҷҷӯҳ намуд, ки Қуръони карим дорои насси воҳиде аст, ки дар қолиби алфози муайян бар Паёмбари Акрам (с) нозил шудааст ва ихтилофи миёни қурроъ бар сари ба даст овардан ва расидан ба он насси воҳид аст.

 


[1]. Алақ, ояти 1.

[2]. Музаммил, ояти 4.

[3]. Музаммил , ояти 20.

[4] . Ҷумъа, ояти 2.

[5] . Фусилат, ояти 26.

[6] . Заҳабӣ, Абуабдуллоҳ, Маърифатулқуроилкиборалалтабақатилаъсор, с.24.

[7] . ИбниҶазари, ШамсиддинАбулхайр, Аннашрфилқироатҳоилашр, ҷ. 1, с.9.

[8] . ҳамон, с.34.

[9] . АлломаМаърифат, МуҳаммадҲодӣ, Улумиқуръонӣ, с.223-227.

[10] . ниг. Аннашрфиқироатҳоилашр, ҷ.1; АлбурҳонфиулумилҚуръон, ҷ.1, с.318; АлитқонфиулумилҚуръон, ҷ.1; МаноҳилулирфонфиулумилҚуръон , ҷ.1; АттамҳидфиулумилҚуръон, ҷ.2.

[11] . ЛуисМаълуф, Алмунҷидмоддаиқараа.

[12] . ИбниҶазарӣ, ШамсиддинАбулхайр, Мунҷидулмуқриинвамуршидуттолибин, с.3.

[13] . АлбурҳонфиулумилҚуръон, ҷ.1, с.318.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.