ЗИКР ВА ЁДИ ХУДО 1

Аз дасту забон, ки барояд

                                        каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд

Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе қарор гирифта, масъалаи зикру ёди Худованд аст.

Зикр ба маъноҳои гуногун истифода шудааст, вале комилтарин маънои зикр, ҳамон ёд ва номи Худо  дар дил ва забон  аст, ки зидди он ғафлат ва фаромӯшии Худост.

Зикр ва ёди Худо нақши бисёр муҳимме дар зиндагии шахсӣ ва иҷтимоӣ  дорад, аз ҷумла дар созандагӣ ва масъулиятпазирӣ ва ободонӣ, ки яке аз ниёзҳои муҳимми башари имрӯз аст. Аз ин болотар, инсон мавҷуди саодатхоҳ ва камолҷӯ ҳаст, ки ин ниёзи муҳимми ҳамаи инсонҳо  будаву ҳаст ва хоҳад буд. Инсони  имрӯза ки, бо вуҷуди ин ҳама пешрафти илмӣ ва текноложӣ ва ихтироъ, худ натавонистааст ниёзҳои худро бартараф  ва кам кунад, балки шоҳиди афзоиши мушкилот ва нооромиҳо будааст. Ин  нотавонӣ шикастҳои пай дар пай  ва нигаронӣ ва тарсу ноумедиро  дар зиндагии башар  ба вуҷуд овардааст. Лизо  вақте  инсон худро дар баробари офаридгори ҷаҳон мушоҳида намуд ва худро бо ёду зикри ӯ  ба нерӯи пайвасти нав ва он ҳам касе, ки  ҳеч нерӯ ва қудрате болотар аз он  нест ва тавоноии ҳалли тамоми мушкилҳои рӯҳӣ-ҷисмӣ ва моддиву маънавиро  дорад, дигар  нигаронӣ ва нотавонию  шикасту  ноумедӣ дар зиндагӣ маъно надорад ва аз байн меравад.

Аз назари Қуръон саодати инсон дар гарави ёди Худо ҳосил мешавад ва мақсуди олии тамоми ибодотро ҳам  ёди Худо медонад. Парвариши сифоти нек ва барчидани сифоти бадро ки худсозӣ аст, дар партави ёди Худо ба даст меояд.

                                

Яке аз вазоифи муҳимми мусалмонон  дар Қуръони карим  ёди Худо ва зикри фаровони Худованд баён шудааст ва Худованд мӯъминонро амр ба ёд ва зикри худ намудааст: “Эй касоне ки эмон овардаед,  Худоро  бисёр  ёд кунед”.[1]

1. Нигаҳдори аз гуноҳ: Ёд ва зикри Худо  сабаби тарки гуноҳ  ва амалҳои зишт аст. Инсон  вақте  Худоро  ёд кард ва Ӯро нозир ва нигаҳбони амалҳои худ донист ва бо диққат дар оқибати амали зишт ва азобҳои илоҳӣ андешид, дигар тарафи гуноҳ ва зулм намеравад Худованд мефармояд: ”Ва онон ҳангоме ки  кори зиште кунанд, ё бар худ ситам раво доранд, ба  ёди Худо меуфтанд ва барои гуноҳонашон омӯрзиш мехоҳанд…”.

Дар ҳақиқат  тамоми зулмҳое. ки золимон анҷом  медиҳанд, дар натиҷаи  ғафлат ва бехабарӣ аз Худост.

2. Рамзи пирӯзӣ: Ёди Худо  калиди пирӯзии инсон дар тамоми майдонҳост, чи саҳнаи илмӣ, омӯзишӣ-парваришӣ бошад ва чи саҳнаи бархӯрд бо душмани хориҷӣ ва дохилӣ, ки ҳамон ҳавои нафсонӣ мебошад. Худованд мефармояд:”Эй касоне ки эмон овардаед, чун бо гурӯҳе(аз душман) рӯ ба рӯ шудед, поёдорӣ кунед ва Худоро бисёр ёд кунед, бошад ки растагор шавед”.[2] 

3. Сабаби растагорӣ: Инсон фақат бо ёди Худо  ва анҷом додани аъмоли нек, аз ҷумла ибодатҳо ва дурӣ аз сифатҳо ва корҳои бад метавонад ба саодат  ва растагорӣ бирасад. Ба иборати дигар, тазкия ва ибодату бандагӣ бе ёди Худо имкон надорад. Худованд мефармояд: ”Ба дурусти ки растагорӣ ёфт, онки нафси худро аз гуноҳ пок кард ва номи парвардигорашро зикр кард ва намоз гузорид” ( Аъло/14-15) ва дар сураи Ҷумъа ҳам ба ин ишора дорад: ”Ва Худоро бисёр  ёд кунед, бошад ки растагор шавед”.

 

4. Ҷалби назар ва муҳаббати илоҳӣ: Зикр ва ёди Худо сабаби нузул ва фурӯд омадани неъмат ва раҳмати Худованд ва назару диққати хосси Ӯ ба инсон мегардад. Албатта  ин ба ин маъно нест ки, то инсон ёди Худо накунад, Худо неъмат намедиҳад ва кумак намекунад, балки ҳамеша лутфу неъмати Худо барои инсонҳо ҷорӣ буда ва ҳаст . Он    раҳмату неъмати хоссе, ки барои зикр кунанда нозил мешавад, ғайр аз он неъмат ва раҳматест, ки дигарон истифода мекунанд ва ин махсуси зикр кунандагон мебошад, лизо дар онҷо ки ёд намудани Худо бандаашро ҳамон лутфу раҳмати хосси ӯст ба банддаш ва ғайр аз ин чизе наметавонад бошад. Худован мефармояд: ”Пас  маро ёд кунед, то шуморо ёд кунам”. [3]

5. Оромиши дилҳо: Яке дигар аз фоидаҳои муҳимми ёди Худо,  аз байн рафтани нигаронӣ, тарс ва ғамҳост ва оромишу осуда ёфтани қалбу дил мебошад. Ғафлат   ва пайравӣ аз ҳавоҳои нафсонӣ ва орзуҳои дароз ва даст наёфтанӣ, дил бастан ба моддиёт ва зарқу барқи дунё ва дурӣ аз маънавиёт, зулму ғорати золимону зургӯён ва кирдори бади инсонҳои худхоҳ ба андозае дунёро ноором ва  зиндагиро душвор намудааст, ки дилу қалби инсонҳо ғамгин  ва ваҳшатзадаву ноором гаштааст, ки дар натиҷа ноумедӣ аз зиндагӣ ва афзоиши худкуширо дар ҷомеаи имрӯзӣ шоҳидем. Дармони ин нигаронӣ ва ноамнӣ фақату фақат бо ёди Худо имконпазир аст. Худованд мевфармояд: ”Огоҳ бошед, танҳо бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбад”.[4]

6. Ҳадафи тамоми ибодот: Зикр ва ёди Худо ва таваҷҷӯҳ ва диққат намудан ба Худо мағзи ибодат, яъне бе ёди Худо ибодат маъно надорад ва аз болотарин ибодат ва ҳатто аз ин болотар мақсад ва натиҷаи тамоми ибодот аст, баён шудааст. Ба иборати дигар агар ба мо гӯянд  рӯза бигир, кори нек анҷом  бидеҳ, инфоқ ва садақа кун, ҳаҷ бирав, закот бидеҳ ва намоз бихон, ҳамаи инҳо ба хотири зикр ва ёди Худост. Ҳамонтавр ки Худованд дар сураи Тоҳо ояти 14 мефармояд: ”Ин  манам Худои якто, ки ҷуз ман Худое нест, пас маро парастиш кун ва намоз ба по дор барои ман”.

7. Бартараф кунандаи фаромӯшӣ: Душмантарини душманони инсон,  ки Шайтон аст  ва ҳеҷ  вақт даст аз душманӣ бо инсонҳо бар намедорад, ҳатто лахзае ва ҳарчанд  бо ӯ  дустӣ ва некӣ кунӣ  боз ҳам душманӣ хоҳад  кард. Яке аз мушкилҳо  ва хатари бузурге, ки барои башар дуруст мекунад, фаромӯшӣ аст. Мушкилҳо, ноамнӣ ва гирифториҳои зиёди мардум  аз фаромушӣ ва ғафлат  сарчашма мегирад ва ин фаромушӣ чи аз Худо бошад ва ё аз худ  ё аз вазифа ва мақсад  ва ё аз  хатари душмани даруниву берунӣ. Ва барои инки ин мушкилӣ бартараф шавад, Худованд мефармояд: ”Ва  чун фаромӯш кардӣ, парвардигоратро ёд кун”.[5]

Таҳияи Сафаралӣ Хайруллоҳ



[1].Сураи Аҳзоб, ояти 41.

[2].СураиАнфол, ояти 45.

[3].СураиБақара, ояти 152.

[4].СураиРаъд, ояти 28.

[5].СураиКаҳф, ояти 24.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.