ТАРҶУМАИ СУРАИ ҲИҶР

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 99 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Алиф, Лом, Ро. Ин оятҳои китоб ва Қуръони мубин аст.

2               Кофирон (ҳангоме, ки асарҳои шуми аъмоли худро бубинанд), чӣ басо орзу мекунанд, ки эй кош мусулмон буданд!

3               Буугзор онҳо бихўранд ва баҳра гиранд ва орзуҳо онҳоро ғофил созад, вале ба зудӣ хоҳанд фаҳмид!

4               Мо аҳли ҳеҷ шаҳру диёреро ҳалок накардем, магар ин ки аҷали муайян (ва замони тағйирнопазире) доштанд.

5               Ҳеҷ гурўҳе аз аҷали худ пешӣ намегирад ва аз он ақиб нахоҳад афтод.

6               Ва гуфтанд: «Эй касе, ки «Зикр» (Қуръон) бар ў нозил шудааст, ҳатман ту девонаӣ!

7               Агар рост мегўӣ, чаро фариштагонро назди мо намеоварӣ, (ки азоб намоянд?!)».

8               (Аммо инҳо бояд бидонанд), мо фариштагонро, ҷуз ба ҳақ нозил намекунем. Ва ҳар гоҳ нозил шаванд, дигар ба инҳо мўҳлат дода намешавад (ва дар сурати инкор, ба азоби илоҳӣ нобуд мегарданд!).

9               Мо Қуръонро нозил кардем ва мо ба таври ҳатмӣ нигаҳдори он ҳастем.

10           Мо пеш аз ту (низ) пайғамбароне дар миёни умматҳои нахустин фиристодем.

11           Ҳеҷ пайғамбаре ба суроғи онҳо намеомад, магар ин ки ўро масхара мекарданд.

12           Мо ин чунин (ва аз ҳар тариқи мумкин), Қуръонро ба даруни дилҳои муҷримон роҳ медиҳем.

13           (Аммо бо ин ҳол), онҳо ба он имон намеоваранд, равиши қавмҳои пешин низ чунин буд.

14           Ва агар даре аз осмон ба рўи онон бикушоем ва онҳо пайваста дар он боло раванд,

15           Боз мегўянд: «Моро чашмбандӣ кардаанд, балки мо (сар то по) сеҳр шудаем!».

16           Мо дар онсмон бурҷҳое қарор додем ва онро барои бинандагон оростем.

17           Ва онро аз ҳар шайтони рондашудае ҳифз кардем.

18           Магар он кас, ки истироқи самъ кунад (ва дуздона гўш фаро диҳад), ки «шаҳоби мубин» ўро таъқиб мекунад (ва меронад).

19           Ва заминро густардем ва дар он кўҳҳои собите афкандем ва аз ҳар гиёҳи мавзун, дар он рўёнидем.

20           Ва барои шумо анвои василаҳои зиндагӣ дар он қарор додем, ҳамчунин барои касоне, ки шумо наметавонед ба онҳо рўзӣ диҳед.

21           Ва хазинаҳои ҳама чиз танҳо назди мост, вале мо ҷуз ба андозаи муайян онро нозил намекунем.

22           Мо бодҳоро барои борвар кардани (абрҳо ва гиёҳон) фиристодем ва аз осмон обе нозил намудем ва шуморо бо он сероб сохтем, дар ҳоле, ки шумо тавоноии ҳифзу нигаҳдории онро надоштед.

23           Моем, ки зинда мекунем ва мемиронем ва моем вориси (ҳамаи ҷаҳон).

24           Мо, ҳам пешиниёни шуморо донистем ва ҳам мутааххиронро.

25           Паврвардигори ту, ҳатман онҳоро (дар қиёмат) ҷамъ ва маҳшур мекунад, чаро, ки Ў Ҳакми ва Доност.

26           Мо инсонро аз гили хушкидае (ҳамчун сафол), ки аз гили бадбў (-и тираранге) гирифта шуда буд, офаридем.

27           Ва ҷинро пеш аз он, аз оташи гарму сўзон халқ кардем.

28           Ва (ба хотир биёвар) ҳангоме, ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман башареро аз гили хушкидае, ки аз гили бадбўе гирифта шудааст, меофаринам.

29           Ҳангоме, ки кори онро ба поён расондам ва дар ў аз рўҳи худ (як рўҳи шоиста ва бузург) дамидам, ҳамагӣ барои ў саҷда кунед».

30           Ҳамаи фариштагон, беистисно саҷда карданд.

31           Ҷуз Иблис, ки ибо кард аз ин ки бо саҷдакунандагон бошад.

32           (Худованд) фармуд: «Эй Иблис! Чаро бо саҷдакунандагон нестӣ?!».

33           Гуфт: «Ман ҳаргиз барои башаре, ки ўро аз гили хушкидае, ки аз гили бадбўе гирифта шудааст, офаридаӣ, саҷда нахоҳам кард».

34           Фармуд: «Аз сафи онҳо (фариштагон) берун рав, ки рондашудаӣ (аз даргоҳи мо!).

35           Ва лаънат (ва дурӣ аз раҳмати ҳақ) то рўзи қиёмат бар ту хоҳад буд».

36           Гуфт: «Парвардигоро! Маро то рўзи растохез мўҳлат деҳ (ва зинда гузор)».

37           Фармуд: «Ту аз мўҳлатёфтагонӣ.

38           (Аммо на то рўзи растохез, балки) то рўз ва вақти муайяне».

39           Гуфт: «Парвардигоро! Чун маро гумроҳ сохтӣ, ман (неъматҳои моддиро) дар замин дар назари онҳо зинат медиҳам ва ҳамагиро гумроҳ хоҳам сохт,

40           Магар бандагони мухласатро».

41           Фармуд: «Ин роҳи росте аст, ки бар ўҳдаи ман аст (ва суннати ҳамешагиям).

42           Ки бар бандагонам тасаллут нахоҳӣ ёфт, магар гумроҳоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд.

43           Ва дўзах меодгоҳи ҳамаи онҳост.

44           Ҳафт дар дорад ва барои ҳар даре, гурўҳи муайяне аз онҳо тақсим шудаанд».

45           Ба яқин, парҳезгорон дар боғҳо (-и сарсабзи биҳишт) ва дар канори чашмаҳо ҳастанд.

46           (Фариштагон ба онҳо мегўянд:) Дохили ин боғҳо шавед, бо саломату амният!

47           Ҳар гуна ғил (ҳасаду кинаву душманӣ)-ро аз синаи онҳо бармеканем (ва рўҳашонро пок месозем), дар ҳоле, ки ҳама бародаранд ва бар тахтҳо рў ба рўи якдигар қарор доранд.

48           Ҳеҷ хастагӣ ва таъбе дар он ҷо ба онҳо намерасад ва ҳеҷ гоҳ аз он берун намегарданд.

49           Бандагонамро огоҳ кун, ки ман Бахшандаи Меҳрубонам.

50           Ва (ин ки) азобу кайфари ман, ҳамон азоби дарднок аст!

51           Ва ба онҳо аз меҳмонҳои Иброҳим хабар деҳ.

52           Ҳангоме, ки бар ў дохил шуданд ва салом карданд, (Иброҳим) гуфт: «Мо аз шумо хавфнокем!».

53           Гуфтанд: «Натарс, мо туро ба писари доное башорат медиҳем!».

54           Гуфт: «Оё ба ман (чунин) башорат медиҳед, бо ин ки пир шудаам?! Ба чӣ чиз башорат медиҳед?!».

55           Гуфтанд: «Туро ба ҳақ башорат додем, аз маъюсон мабош».

56           Гуфт: «Ҷуз гумроҳон, чӣ касе аз раҳмати Парвардигораш маъюс мешавад?!».

57           (Сипас) гуфт: «Маъмурияти шумо чист, эй фиристодагони Худо?».

58           Гуфтанд: «Мо ба сўи қавми гунаҳкоре маъмурият ёфтаем, (то онҳоро ҳалок кунем),

59           Магар хонадони Лут, ки ҳамагии онҳоро наҷот хоҳем дод.

60           Ба ҷуз ҳамсараш, ки муқаддар доштем аз бозмондагон (дар шаҳр ва ҳалокшавандагон) бошад».

61           Ҳангоме, ки фиристодагон (-и Худо) ба суроғи хонадони Лут омаданд,

62           (Лут) гуфт: «Шумо гурўҳи ношиносе ҳастед!».

63           Гуфтанд: «Мо ҳамон чизеро барои ту овардаем, ки онҳо (кофирон) дар он шак доштанд. (Оре, мо маъмури азобем!).

64           Мо ҳақиқати ҳатмиро барои ту овардаем ва рост мегўем.

65           Пас, хонаводаатро дар охирҳои шаб бо худ бардор ва аз ин ҷо бибар ва худат дар пайи онҳо ҳаракат кун ва касе аз шумо ба пушти сари худ нигоҳ накунад ва ба ҳамон ҷое, ки маъмур ҳастед, биравед».

66           Ва мо ба Лут ин мавзўъро ваҳй фиристодем, ки субҳгоҳон ҳамаи онҳо решакан хоҳанд шуд.

67           (Аз сўи дигар), аҳли шаҳр (аз дохил шудани меҳмонон бохабар шуданд ва ба тарафи хонаи Лут) омаданд, дар ҳоле, ки шодмон буданд.

68           (Лут) гуфт: «Инҳо меҳмонони мананд, обрўи маро нарезед.

69           Ва аз Худо битарсед ва маро шарманда насозед!».

70           Гуфтанд: «Магар мо туро аз ҷаҳониён наҳй накардем (ва нагуфтем касеро ба меҳмонӣ напазир?!)».

71           Гуфт: «Духтарони ман ҳозиранд, агар мехоҳед кори дурусте анҷом диҳед, (бо онҳо издивоҷ кунед ва аз гуноҳу олудагӣ бипарҳезед!)».

72           Ба ҷони ту қасам, инҳо дар мастии худ саргардонанд (ва ақлу шуури худро аз даст додаанд!).

73           Саранҷом, ҳангоми тулўи офтоб, сайҳа (-и маргбор — ба сурати соиқа ё заминларза — ) онҳоро фаро гирифт!

74           Сипас (шаҳру ободии онҳоро зеру рў кардем), болои онро поин қарор додем ва бороне аз санг бар онҳо фурў рехтем!

75           Дар ин (саргузашти ибратангез), нишонаҳое аст барои ҳушёрон.

76           Ва вайронаҳои сарзамини онҳо, бар сари роҳи ҳамешагии (корвонҳо) аст.

77           Дар ин, нишонае аст барои мўъминон!

78           «Асҳобул-айкаҳ» (соҳибони сарзаминҳои пурдарахти қавми Шуайб) ҳатман қавми ситамгаре буданд.

79           Мо аз нҳо интиқом гирифтем ва (шаҳрҳои вайроншудаи) ин ду (қавми Лут ва Асҳобул-айкаҳ) бар сари роҳ (-и шумо дар сафарҳои Шом) ошкор аст.

80           Ва «Асҳоби ҳиҷр» (қавми Самуд), пайғамбаронро инкор карданд.

81           Мо оятҳои худро ба онон додем, вале онҳо аз он рўйгардонданд.

82           Онҳо хонаҳои амн дар дили кўҳҳо метарошиданд.

83           Аммо саранҷом сайҳа (-и маргбор), субҳгоҳон ононро фаро гирифт.

84           Ва он чӣ ба даст оварда буданд, онҳоро аз азоби илоҳӣ наҷот надод.

85           Мо осмонҳо ва замин ва он чиро миёни он ду аст, ҷуз ба ҳақ наёфаридем. Ва соати мавъуд (қиёмат), ҳатман фаро хоҳад расид (ва ҷазои ҳар кас ба ў мерасад). Пас, аз онҳо ба тарзи шоистае сарфиназар кун (ва онҳоро бар нодониҳояшон маломат нанамо).

86           Ба яқин, Парвардигори ту, офаринандаи огоҳ аст.

87           Мо ба ту сураи Ҳамд ва Қуръони азим додем!

88           (Бинобар ин), ҳаргиз чашми худро ба неъматҳои (моддӣ), ки ба гурўҳҳое аз онҳо (кофирон) додем, маяфкан. Ва ба хотири он чӣ онҳо доранд, ғамгин мабош ва боли (утуфати) худро барои мўъминон фуруд ор!

89           Ва бигў: «Ман инзоркунандаи ошкорам!».

90           (Мо бар онҳо азобе мефиристем), ҳамон гуна, ки бар таҷзиягарон (-и оятҳои илоҳӣ) фиристодем.

91           Ҳамонҳо, ки Қуръонро тақсим карданд (он чиро ба судашон буд, пазируфтанд ва он чиро бар хилофи ҳавасҳояшон буд, раҳо намуданд).

92           Ба Парвардигорат қасам, (дар қиёмат) аз ҳамаи онҳо савол хоҳем кард,

93           Аз он чӣ амал мекарданд!

94           Он чиро маъмурият дорӣ, ошкоро баён кун. Ва аз мушрикон рўй гардон (ва ба онҳо эътино накун).

95           Мо шарри масхаракунандагонро аз ту дафъ хоҳем кард.

96           Ҳамонҳо, ки маъбуди дигаре бо Худо қарор доданд, аммо ба зудӣ мефаҳманд!

97           Мо медонем синаат аз он чӣ онҳо мегўянд, танг мешавад (ва туро сахт нороҳат мекунанд).

98           (Барои дафъи нороҳатии онон), Парвардигоратро тасбеҳ ва ҳамд гў. Ва аз саҷдакунандагон бош.

99           Ва Парвардигоратро ибодат кун, то яқини (марги) ту фаро расад.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...