АЗ АХЛОҚИ РАСУЛИ ХУДО (С) ПАЙРАВӢ КУНЕМ!

   Расули гиромии Ислом(с) дорои хулқу хўи зебо ва муомилаву муоширати некў буданд; бо ҳар касе рў барў мешуданд, салом мекарданд хоҳ тавонгар бошаду хоҳ дарвеш, хоҳ хурду хоҳ калон. Хушсухану хушчеҳра буданд ва бидуни ин ки биханданд, ҳамеша табассуме бар лаб доштанд ва бидуни ин ки чеҳраашонро қаҳролуд ва хашмгин кунанд андуҳгин ба назар мерасиданд. Бидуни ин ки аз худ зиллату хорӣ нишон диҳанд, ҳамвора мутавозеу хоксор буданд. Дилнозук ва ба ҳамаи мусалмонон меҳрубон буданд. Чизе аз он ҳазрат дархост нашуд, ки ҷавоби рад диҳанд, ҳаргиз ҳоҷати дигаронро рад накарданд; агар барои ҳазрат мумкин буд ҳоҷати ўро бароварда мекарданд вагарна бо забони нарму ширине ўро розӣ менамуданд.

Расули Худо(с) агар се рўз яке аз асҳоби худро намедиданд аз ҳоли вай ҷўё мешуданд; агар дар сафар буд дар ҳаққаш дуо мекарданд ва агар дар хона буд ба дидораш мерафтанд ва агар мариз буд ба аёдаташ мешитофтанд. Агар марде ворид мушуду дар хидмати он ҷаноб менишаст, ҳаргиз ҳазрат он маҷлисро тарк намекарданд то вақте ки худи он шахс бармехост ва маҷлисро тарк мекард.

Ҳаргиз дида нашуд, ки Расули Худо(с) бо касе мусофаҳа (дастфишорӣ кардан ҳангоми салому алейк) кунанд ва он ҳазрат зудтар аз дигарӣ дасташонро аз дасти вай бикашанд то вақте ки он шахс дасти ҳазратро раҳо созад.

Ҳаргиз дида нашуд, ки бо касе дар ҳоҷате ҳамкорӣ кунанд, вале зудтар аз вай даст аз кор бардоранд.

Вақте бо касе ҳамсўҳбат мешуданд дида нашуд , ки пештар аз ў хомўш бимонанд.

Ҳаргиз дида нашуд, ки пеши касе пои худро дароз кунанд. Расули Худо(с) рўзҳои панҷшанбе ба сафар мебаромаданд, саъй доштанд ба ҳамсафарони худ кўмак кунанд ва дар ин бора мефармудан: «Бузурги ҳар қавм касе аст, ки дар ҳангоми сафар ба ҳамроҳони худ кўмак кунад». Он ҳазрат шахсан ўҳдадори ҷамъоварии ҳезум мешуданд.

Ҳар вақт дар ҳангоми намоз агар касе ба хидматашон меомад ва дар канорашон менишаст, он ҳазрат ба хотири ў намозро зудтар тамом мекарданд ва рў ба ў намуда мефармуданд: Оё ҳоҷате ё мушкиле дорӣ? — пас аз он ки ҳоҷати ўро бароварда мекарданд, дубора ба намоз меистоданд.

Агар касе ба ҳузурашон мерасид ўро иззату икром мекарданд ва барои ў зерандоз паҳн мекарданд ва ё ўро бар ҷои худ менишонданд. Нигоҳашон ба дигарон кўтоҳ буд ва ба чеҳраи ҳеҷ кас нигоҳи тунд намеандохтанд.

 Хашму ғазабашон фақат барои Худо буд ва ҳаргиз барои хештан ғазаб намекарданд. Дар ҳолати хашму ризоят фақат ҳаққу ҳақиқатро мегуфтанд.

 Хайруллоҳ Файзуллоҳ

 

 

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...