Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

  1. Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле ки онҳо дар ғафлат рӯйгардонанд.
  2. Ҳеҷ панди наве аз ҷониби Парвардигорашон барои онон намеояд, магар ин ки онҳо бозикунон ба он гӯш доданд.
  3. Дилҳояшон ғофил аст ва касоне, ки зулм карданд, розгӯиро пинҳон доштанд, ки оё ин [шахс] ҷуз башаре монанди шумост? Пас оё дар ҳоле ки шумо мебинед, ба сеҳр рӯй меоваред?
  4. [Паёмбар] гуфт: «Парвардигори ман ҳар суханеро, ки дар осмон ва замин бошад, медонад ва Ӯ шунавои доност».
  5. Балки гуфтанд: «[ин Қуръон] хобҳои парешон аст; балки онро бофтааст; балки ӯ шоир аст; пас бояд нишонае барои мо биёварад, ҳамон гуна ки пешиниён [бо нишонаҳое] фиристода шуданд».
  6. Пеш аз онҳо ҳеҷ ободие, ки онро нобуд кардаем имон наоварда буд; пас оё инҳо имон меоваранд?
  7. Ва пеш аз ту ба ҷуз мардоне, ки ба сӯи онҳо ваҳй мекардем [касеро] нафиристодем; пас агар намедонед аз огоҳон бипурсед.
  8. Ва онҳоро ҷасадҳое, ки таом нахӯранд, қарор надодем ва ҷовидон [ҳам] набуданд.
  9. Сипас ваъда [-и Худ]-ро бар онҳо бароварда кардем; онгоҳ онҳо ва ҳар киро, ки хостем наҷот бахшидем ва исрофкоронро ҳалок намудем.
  10. Ба таҳқиқ ба сӯи шумо Китобе нозил кардем, ки панд [ва ёд]-и шумо дар он аст; пас оё намеандешед?
  11. Ва чи бисёр ободиеро, ки [мардумаш] ситамгар буданд, ҳалок кардем ва баъд аз он қавми дигаре падид овардем.
  12. Пас замоне ки азоби Моро эҳсос карданд, ногаҳон онҳо аз он мегурехтанд;
  13. [Гуфтем:] нагурезед ва ба ҷое, ки дар он хушгузаронӣ мекардед ва ба хонаҳоятон бозгардед, то шояд шумо мавриди пурсиш қарор гиред.
  14. Гуфтанд: «эй вой бар мо! Ҳамоно мо ситамгар будем».
  15. Ва ҳамвора гуфторашон ин буд, то ин ки онҳоро даравшудаи хомӯш [ва ҳалок] гардонидем.
  16. Ва осмон ва замин ва он чиро, ки дар миёни он ду аст ба бозича наёфаридем.
  17. Агар мехостем саргармие бигирем, ҳатман онро аз назди Худ мегирифтем; агар Мо [ин корро] мекардем.
  18. Балки ҳақро бар ботил меафканем ва онро дарҳам мешиканад ва ногаҳон он [ботил] нобуд шавад ва вой бар шумо аз он чӣ васф мекунед!
  19. Ва ҳар кас, ки дар осмонҳо ва замин аст аз они Ӯст ва касоне, ки дар пешгоҳи Ӯ ҳастанд аз парастиши Ӯ такаббур намеварзанд ва монда намешаванд.
  20. Шабу рӯз тасбеҳ мегӯянд, дар ҳоле ки сустӣ намекунанд.
  21. Оё маъбудҳое аз замин гирифтанд, ки онҳо [мурдагонро] зинда мекунанд?
  22. Агар дар он ду (осмон ва замин) маъбудҳое ҷуз Худо буданд ҳатман табоҳ мешуданд; пас Худо Парвардигори Арш, аз он чи васф мекунанд муназзаҳ аст.
  23. Аз он чи анҷом медиҳад, пурсиш намешавад; дар ҳоле ки онҳо мавриди пурсиш қарор мегиранд.
  24. Оё маъбудҳое ҷуз Ӯ баргузидаанд? Бигӯ: «далели худро биёваред; ин панди касонест, ки бо ман ҳастанд ва панди касоне, ки пеш аз ман буданд». Балки бештарашон ҳақро намешиносанд, пас онҳо рӯйгардонанд.
  25. Ва пеш аз ту ҳеҷ Паёмбаре нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй мекардем, ки дар ҳақиқат ҳеҷ маъбуде ҷуз Ман нест, пас Маро бипарастед.
  26. Ва гуфтанд: «[Худои] Раҳмон фарзанде гирифтааст». Ӯ муназзаҳ аст; балки [он фариштагон] бандагоне арҷманданд;
  27. Дар сухан бар Ӯ пешӣ намегиранд ва онҳо ба фармони Ӯ амал мекунанд;
  28. Он чи дар пеши рӯяшон ва он чи пушти сарашон аст, медонад ва [фариштагон] ҷуз барои касе, ки [Худо] розӣ бошад, шафоат намекунанд ва онҳо аз бими Ӯ дар ҳаросанд.
  29. Ва ҳар кас аз онҳо бигӯяд: «ҳамоно ман маъбуде ғайри Ӯ ҳастам», пас ӯро дар ҷаҳаннам ҷазо медиҳем; ин гуна ситамгаронро сазо медиҳем.
  30. Оё касоне, ки куфр варзиданд нанигаристаанд, ки осмонҳо ва замин баста буданд, онгоҳ онҳоро кушодем ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Пас оё имон намеоваранд?
  31. Ва дар замин кӯҳҳои устувор қарор додем, ки [мабодо] онҳоро биларзонад ва дар он дарраҳо [ва] роҳҳое қарор додем, то шояд онҳо ҳидоят шаванд.
  32. Ва осмонро сақфе нигаҳдошташуда қарор додем ва онҳо аз нишонаҳои он рӯйгардонанд.
  33. Ва Ӯ Зотест, ки шабу рӯз ва хуршеду моҳро офарид; ҳар як дар мадоре шиноваранд.
  34. Ва пеш аз ту барои ҳеҷ башаре ҷовидонагӣ муқаррар накардем ва оё агар бимирӣ, пас онҳо ҷовидон мемонанд?
  35. Ҳар нафсе чашандаи марг аст ва шуморо бо бадӣ ва хубӣ барои имтиҳон меозмоем ва ба сӯи Мо бозгардонида мешавед.
  36. Ва касоне, ки куфр варзиданд, ҳангоме ки туро бибинанд, ҷуз масхараат намекунанд [мегӯянд] оё ин ҳамон аст, ки маъбудҳои шуморо [ба бадӣ] ёд мекунад? Дар ҳоле ки онҳо худ ёди [Худои] Раҳмонро мункиранд.
  37. Инсон аз шитоб офарида шуд; ба зудӣ нишонаҳои Худро ба шумо нишон медиҳам; пас [дар азоб] аз Ман шитоб нахоҳед.
  38. Ва мегӯянд: «агар ростгӯед ин ваъда (қиёмат) кай хоҳад буд?»
  39. Агар касоне, ки куфр варзиданд замонеро медонистанд, ки наметавонанд оташро аз чеҳраҳояшон ва на аз пуштҳояшон боздоранд ва на онҳо ёрӣ шаванд [шитоб намекарданд].
  40. Балки [қиёмат] ногаҳон ба онҳо биёяд, пас онҳоро ҳайрон гардонад ва наметавонанд онро баргардонанд ва на онҳо мӯҳлат дода шаванд.
  41. Ва ба таҳқиқ паёмбароне пеш аз ту масхара карда шуданд; пас сазои он чи масхара мекарданд, ба масхаракунандагони аз онҳо фуруд омад.
  42. Бигӯ: «чӣ касе дар шабу рӯз шуморо аз [азоби Худои] Раҳмон нигоҳ медорад?» Балки онҳо аз ёди Парвардигорашон рӯйгардонанд.
  43. Оё барои онҳо маъбудҳое ғайр аз Мо ҳаст, ки онҳоро [аз азоб] боз доранд? Дар ҳоле ки на тавони ёрии худашонро доранд ва на онҳо аз ҷониби Мо ҳамроҳӣ мешаванд;
  44. Балки онҳо ва падаронашонро баҳраманд сохтаем, то ин ки [муддати] умр бар онҳо тӯлонӣ шуд. Ва оё намебинанд, ки мо ба суроғи замин меойем, дар ҳоле ки онро аз атрофаш мекоҳем? Пас оё онҳо пирӯзанд?
  45. Бигӯ: «фақат шуморо аз тариқи ваҳй ҳушдор медиҳам». Ва карҳо, ҳангоме ки ҳушдор дода шаванд даъватро намешунаванд.
  46. Ва агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онҳо бирасад, қатъан мегӯянд: «эй вой бар мо! Ба дурустӣ, ки мо ситамгар будем».
  47. Ва тарозуҳои адлро рӯзи қиёмат мегузорем ва касе ҳеҷ ситаме намешавад ва агар [амал] ҳамсанги донае аз сипандон бошад, онро меоварем ва ҳисобрасии Мо кофӣ аст.
  48. Ва ба таҳқиқ ба Мӯсо ва Ҳорун, Фурқон ва рӯшноӣ ва панде барои парҳезгорон додем,
  49. Касоне, ки дар ниҳон аз Парвардигорашон метарсанд ва онҳо аз қиёмат дар ҳаросанд.
  50. Ва ин [Қуръон] панди бобаракате аст, ки онро нозил кардаем; пас оё шумо онро мункиред?
  51. Ва ба таҳқиқ пеш аз ин ба Иброҳим рушд [ва камол]-ашро додем ва ба [ҳоли] ӯ доно будем.
  52. Ҳангоме ки ба падараш ва қавми худ гуфт: «ин ҳайкалҳо чист, ки шумо ба парастиши онҳо дил бастаед?»
  53. Гуфтанд: «падарони худро парастишгари онҳо ёфтаем».
  54. Гуфт: «ба таҳқиқ шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкор будаед».
  55. Гуфтанд: «оё бароямон ҳақро овардаӣ ё ту аз бозигарон ҳастӣ?»
  56. Гуфт: «балки Парвардигори шумо Парвардигори осмонҳо ва замин аст; Зоте, ки онҳоро офарид ва ман бар ин [сухан] аз гувоҳон ҳастам.
  57. Ва ба Худо қасам, баъд аз ин ки пушткунон баргардед, қатъан барои бутҳои шумо нақшае мекашам».
  58. Пас онҳоро реза-реза кард, магар [бути] бузургашонро; шояд, ки онҳо ба сӯи он бозгарданд.
  59. Гуфтанд: «чӣ касе бо маъбудҳои мо чунин кардааст? Ҳамоно ӯ аз ситамгарон аст».
  60. Гуфтанд: «шунидем ҷавонеро, ки ба ӯ Иброҳим гуфта мешавад, аз онҳо [ба бадӣ] ёд мекард».
  61. Гуфтанд: «ӯро дар баробари чашмони мардум биёваред, то шояд онҳо гувоҳӣ диҳанд».
  62. Гуфтанд: «эй Иброҳим! Оё ту ин [кор]-ро бо маъбудҳои мо кардаӣ?»
  63. Гуфт: «балки онро ин [бути] бузургашон кардааст; пас аз онҳо бипурсед, агар сухан мегӯянд».
  64. Онгоҳ ба худашон омаданд ва гуфтанд: «Ба дурустӣ, ки шумо ситамгаред».
  65. Сипас онҳо сарафканда шуданд [ва гуфтанд] ба таҳқиқ медонӣ, ки онҳо сухан намегӯянд.
  66. Гуфт: «пас оё ба ҷои Худо чизеро мепарастед, ки на ҳеҷ нафъе ба шумо мерасонад ва на зараре барои шумо дорад?
  67. Нафрин бар шумо ва бар он чи ҷуз Худо мепарастед; пас оё намеандешед?»
  68. Гуфтанд: «ӯро бисӯзонед ва маъбудҳоятонро ёрӣ кунед, агар мехоҳед коре кунед».
  69. Гуфтем: «эй оташ! Бар Иброҳим сард ва саломат бош».
  70. Ва хостанд барои ӯ нақша бикашанд, пас онҳоро зиёнкортарин [мардум] қарор додем.
  71. Ва ӯ ва Лутро ба сӯи сарзамине наҷот додем, ки барои ҷаҳониён дар он баракат ниҳодаем.
  72. Ва Исҳоқ ва афзун [бар он] Яъқубро ба ӯ бахшидем ва ҳамаро шоиста қарор додем.
  73. Ва онҳоро пешвоёне қарор додем, ки ба фармони Мо ҳидоят мекарданд ва ба онҳо анҷом додани некиҳо ва барпо доштани намоз ва пардохтани закотро ваҳй кардем ва фақат ибодаткунандаи Мо буданд.
  74. Ва Лутро ҳикмат ва илмаш додем ва ӯро аз ободие ки [мардумаш] корҳои палид мекарданд, наҷот додем; ба дурустӣ, ки онҳо қавми бадкори фосиқ буданд.
  75. Ва ӯро ба раҳмати Худ даровардем; ҳамоно ӯ аз шоистагон буд.
  76. Ва Нӯҳро [ёд кун] онгоҳ ки пеш аз ин нидо кард; пас ӯро иҷобат кардем ва ӯ ва хонаводаашро аз андӯҳи бузург наҷот додем.
  77. Ва ӯро бар қавме, ки нишонаҳои Моро такзиб карданд ёрӣ додем; бегумон онҳо гурӯҳи баде буданд; пас ҳамаи онҳоро ғарқ кардем.
  78. Ва Довуд ва Сулаймон, замоне ки дар бораи киштзор, он ҳангом, ки гӯсфандони мардум шабона дар он чарида буданд, ҳукм карданд ва бар доварии онҳо шоҳид будем.
  79. Пас он [ҳукм]-ро ба Сулаймон фаҳмондем ва ба ҳар як ҳикмат ва илм додем ва кӯҳҳо ва парандагонро ба ҳамроҳи Довуд ром сохтем, ки [бо ӯ] тасбеҳ мегуфтанд ва Мо анҷомдиҳанда [-и ин кор] будем.
  80. Ва сохтани зиреҳро ба хотири шумо ба ӯ таълим додем, то шуморо аз сахтии ҷангҳоятон ҳифз кунад; пас оё шумо сипосгузор ҳастед?
  81. Ва барои Сулаймон боди тундро [ром кардем] ки ба фармони ӯ ба сӯи сарзамине равон мешуд, ки дар он баракат ниҳодаем ва Мо ба ҳар чизе доно будем.
  82. Ва аз шайтонҳо касоне барояш ғаввосӣ мекарданд ва коре ғайр аз он [низ] анҷом медоданд ва Мо нигоҳдорандаи онҳо будем.
  83. Ва Аюб, ҳангоме ки Парвардигорашро нидо кард, ки ба ман ранҷ расидааст, дар ҳоле ки Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ;
  84. Пас ӯро иҷобат кардем ва ранҷеро ки дар ӯ буд, дур сохтем ва хонаводааш ва монанди онҳоро ҳамроҳи онон ба ӯ додем, то раҳмате аз ҷониби Мо ва панде барои ибодаткунандагон бошад.
  85. Ва Исмоил ва Идрис ва Зулкифлро [ёд кун] ки ҳама аз сабркунандагон буданд.
  86. Ва онҳоро дар раҳмати Худ даровардем; ҳамоно онҳо аз шоистагон буданд.
  87. Ва соҳиби моҳӣ (Юнус) дар он ҳангом ки хашмгин рафт ва гумон кард, ки ҳаргиз бар ӯ танг намегирем ва дар торикиҳо нидо кард, ки маъбуде ҷуз Ту нест; Ту муназзаҳӣ! Ба дурустӣ, ки ман аз ситамгарон будам;
  88. Пас ӯро иҷобат кардем ва ӯро аз ғам наҷот додем ва ин гуна мӯъминонро наҷот медиҳем.
  89. Ва Закариё, дар он ҳангом ки Парвардигорашро нидо кард, Парвардигоро! Маро танҳо магузор ва Ту беҳтарин ворисонӣ;
  90. Пас ӯро иҷобат кардем ва Яҳёро ба ӯ бахшидем ва ҳамсарашро барои ӯ шоиста гардонидем. Ҳамоно онҳо дар некиҳо шитоб мекарданд ва Моро бо умед ва тарс мехонданд ва барои Мо фурӯтан буданд.
  91. Ва он (Марям)-ро, ки домани худро пок нигаҳ дошт; пас аз рӯҳи Худ дар ӯ дамидем ва ӯ ва писарашро нишонае барои ҷаҳониён қарор додем.
  92. Ба таҳқиқ ин аст уммати шумо, ки уммати ягона аст ва Ман Парвардигори шумо ҳастам, пас Маро бипарастед.
  93. Ва кори [дини] худро дар байнашон пора-пора карданд; ҳама ба сӯи Мо бозмегарданд.
  94. Ва ҳар кас корҳои шоиста анҷом диҳад, дар ҳоле ки ӯ мӯъмин бошад, пас барои кӯшиши ӯ носипосӣ нест ва қатъан Мо [аъмоли] ӯро менависем.
  95. Ва ободие ки [мардуми] онро ҳалок кардем, маҳол аст, ки онҳо бозгарданд;
  96. То замоне ки [роҳи] Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ кушода шавад, дар ҳоле ки онҳо аз ҳар баландӣ ба шитоб фуруд оянд.
  97. Ва ваъдаи ҳақ (қиёмат) наздик шавад, пас ногаҳон чашмони касоне, ки куфр варзиданд, ба боло дӯхта шавад [гӯянд:] эй вой бар мо! Ба дурустӣ, ки аз ин [рӯз] дар ғафлат будем, балки ситамгар будем.
  98. Ба яқин шумо ва он чи ба ҷуз Худо мепарастед, ҳезуми дӯзах ҳастед, дар ҳоле ки шумо бар он ворид мешавед.
  99. Агар онҳо маъбудҳое буданд, вориди он намешуданд ва ҳар як дар он ҷо мондагоранд.
  100. Барояшон дар он ҷо нолаҳо [-и дарднок] аст ва онҳо дар он ҷо намешунаванд.
  101. Ҳамоно касоне, ки қаблан аз ҷониби Мо барояшон некӣ дода шудааст, онҳо аз он [дӯзах] дур карда мешаванд.
  102. Овози он (дӯзах)-ро намешунаванд ва онҳо дар он чи худашон бихоҳанд, ҷовидонанд.
  103. Ваҳшати бузург онҳоро андӯҳгин намекунад ва фариштагон ба истиқболашон меоянд [ва мегӯянд] ин ҳамон рӯзи шумост, ки шумо ваъда дода мешудед.
  104. Рӯзе ки осмонро дарҳам мепечем, монанди печидани тумори номаҳо; ҳамон гуна, ки офариниши нахустинро оғоз кардем, онро бозмегардонем ваъдаест бар ӯҳдаи Мо; қатъан Мо анҷомдиҳандаем.
  105. Ва ба таҳқиқ дар Забур, пас аз Зикр (Таврот) навиштем, ки бандагони шоистаам вориси он замин хоҳанд шуд.
  106. Қатъан дар ин [баён] паёме барои гурӯҳи ибодаткунандагон аст.
  107. Ва туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем.
  108. Бигӯ: «ҷуз ин нест, ки ба сӯи ман ваҳй мешавад, ки маъбуди шумо маъбуди ягона аст; пас оё шумо таслим мешавед?»
  109. Ва агар рӯй гардонанд, пас бигӯ: «ба таври яксон ба шумо хабар додам ва намедонам, ки он чи ваъда дода мешавед, наздик аст ё дур.
  110. Дар ҳақиқат Ӯ сухани ошкорро медонад ва [низ] он чиро, ки пинҳон мекунед, медонад.
  111. Ва намедонам, шояд он озмоише барои шумо ва баҳрамандӣ то муддате бошад».
  112. [Паёмбар] гуфт: «Парвардигоро! Ба ҳақ доварӣ кун ва Парвардигори мо [Худои] Раҳмон аст, ки дар баробари он чи васф мекунед, ёрӣ хоста мешавад».

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...