Қироатҳои сабъа 2

Қироатҳои сабъа

Авомили ихтилофи қироатҳо

Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб дар қироати Қуръон ихтилофоте падид омад. Ин ихтилофот муҷиб шуд, то мусҳафи воҳиде таҳия шавад ва аз рӯи он нусхаҳои мутааддид ва муттаҳидушакле таҳия гардад ва ба марокизи муҳимми қаламрави исломӣ фиристода шавад. Ҳарчанд ин иқдом бисёр муассир буд, аммо авомили гуногуне сабаби ихтилофи муҷаддади қироатҳо шуд, ки дар инҷо ба бархе аз муҳимтарини онҳо ишора мешавад.

  1. Ибтидоӣ будани хатти арабӣ: Хат дар ҷомеаи арабии он рӯз, дар мароҳили ибтидоии худ буд. Усули китобат устувор нашуда ва мардуми араб фунуни хат ва равиши навиштани саҳеҳро намедонистанд. Дар он расмулхат, як калима ба шакле навишта мешуд, ки ба чанд ваҷҳ қобили хондан буд. Нуни охари калимаро ба шакле менавиштанд, ки бо “р” фарқе надошт ва низ шакли “вов” бо “ё” яке буд. Чи басо “мим” охари калима ба шакли “вов” ва “дол”-ро ба сари кофи куфӣ ва айни васатро ба шакли “ҳ” менавиштанд. Гоҳе ҳуруфи як калимаро ҷудо аз якдигар менавиштанд; “ё”-ро ҳазф мекарданд, чунон ки “ийлофиҳим” ба шакли “илофиҳим” навишта мешуд, ки худ барои хонанда эҷоди ишкол мекард.

Ҳамчунин дар расмулхати ибтидоии он замон, “вов” ва “ё” бидуни ҳеҷ иллате ҳазф мешуд, ки худ яке аз муҳимтарин авомили ибҳом ва ихтилоф дар қироат, балки дар тафсир ба шумор меомад. Масалан дар ояти ﴿ …وَصَالِحُ الْمُؤْمِنِينَ[1] “вов” аз “صالحوا”ҳазф ба сурати “و صالحُ المؤمنین” навишта шудааст, лизо маълум набуд, ки ин калима муфрад аст ё ҷамъи музоф. Хулоса ин гуна норасоиҳо дар расмулхати масоҳифи аввалия мушкилоти бисёреро ба хусус барои милали ғайри араб ба бор овард.

  1. Бе нуқта будани ҳуруф: Яке аз авомиле ки дар қироати Қуръон мушкилоти фаровоне эҷод намуд, бе нуқта будани ҳуруф ва ҷудо накардани ҳуруфи нуқтадор аз бенуқта буд; лизо миёни “س” ва “ش” ҳеҷ фарқе набуд, ҳамчунин миёни “”, “” ва “” ва ҳуруфи “”, “” ва “” ва … тафовуте вуҷуд надошт. Хонанда бояд бо диққат дар маънои ҷумла ва таркиби каломӣ, ҳуруфро ташхис медод; масалан Ибни Омир ва куфиён ﴿… نُنشِزُهَا[2] ва дигарон “نَنشرَُها” хондаанд.
  2. Холи будан аз алоим ва ҳаракот: Калимот дар масоҳифи аввалия, ори аз ҳар гуна эъроб ва ҳаракот сабт мешуд, лизо барои хонандаи ғайри араб мушкил буд, то ташхис диҳад вазн ва ва ҳаракати калима чигуна аст. Ҳатто барои касоне, ки бо забони арабӣ оншо буданд, душвор буд, то бидонанд шакли калима чигуна аст; масалан мушахас набуд “” феъли амр аст, ё феъли мутакаллими музореъ, ё исми тафзил, ё феъли мозӣ аз боби ифъол; лизо Ҳамза ва Касоӣ ояти ﴿ قَالَ أَعْلَمُ أَنَّ اللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ﴾[3]-ро ба сиғаи амр хондаанд ва дигарон ба сиғаи феъли музории мутакаллим.
  3. Набудани алиф дар калимот: яке дигар аз авомиле, ки дар қироат мушкил меофарид, набудани алиф дар расмулхати он рӯз буд. Хатти арабии куфӣ аз хатти сериёнӣ нашъат гирифта аст. Дар хатти сериёнӣ, навиштани алиф васати калима марсум набуд ва онро исқот мекарданд ва чун Қуръон дар ибтидо бо хатти куфӣ нигошта мешуд, алифҳои васати калима монанди “سماوات”-ро наменавиштанд (ба ин сурат: سموت). Баъдҳо ки алоими мушахаса эҷод шуд, алифро сирфан бо аломати алифи кучак дар болои калима мушахас месохтанд.

Исқоти “алиф” васати калима дар бисёре аз маворид маншаи ихтилофи қироат гардид; масалан Нофеъ, Абуамр ва Ибни Касир [4]﴿ مَا يَخْدَعُونَ﴾-ро “و ما یخادِعُونَ” хондаанд.[5]

Ингуна авомил муҷиб гардид, ки қурроъ бар сари расидан ба қироат, бо ҳам ихтилоф кунанд ва ҳар як тибқи иҷтиҳоди худ ва далоиле ки дар даст доштанд, қироати худро тавҷеҳ бинамоянд.

Инҳисори қироатҳо ба ҳафт

Қаблан ба инояти мусалмонон нисбат ба қироати Қуръон ишора шуд ва баён гардид, ки мардум дар тамоми давраҳо, нисбат ба қироати шахсиятҳои маъруф ва ҳифзу тадвин ва пазириши ҳамаи онҳо эҳтимом меварзиданд; ҳамчунин мардуми ҳар минтақае ба қории маҳаллӣ ва минтақаи худ тваҷҷӯҳи бештаре доштанд ва ҳеҷ кас аам аз омма ва хосса бар ин сира мустамар эътироз надоштааст.

Ин равиши ҳамешагӣ дар фарогирӣ ва омӯзиши қироат то авоили қарни чорум идома дошт, то ин ки нобиғаи фарзонаи Бағдод, яъне Ибни Муҷоҳид, ки дар ҷазби қулуби мардум ва нуфуз дар миёни сарон ва мақомоти давлатӣ варзидагӣ дошт, зоҳир гардид.[6] Вай курсии Шайхулқурроъро ба таври расмӣ ба худ ихтисос дод ва оммаи мардум ба ӯ рӯй оварданд.

Ибни Муҷоҳид бисёр муқайяд ва сахт пойбанд ба тақлид аз қироати пешиниён буд. Абдулвоҳид ибни Абиҳошим мегӯяд: касе аз Ибни Муҷоҳид пурсид: чаро Шайх, қироати хос ихтиёр намекунад? Ӯ дар посух гуфт: ниёзи мо дар ҳифзи дастовардҳои аимаи пешин, беш аз он аст, ки қироате ихтиёр кунем, то пас аз мо ривоҷ ёбад”.[7]

Ибни Муҷоҳид тамоми кушиши худро барои садди боби иҷтиҳод дар қироат ба кор бурд ва ба таври нисбӣ тавфиқе ҳосил кард, зеро шароити ҳоким бар он даврони торик ва нобасомони ҷомеаи исломӣ, ӯро кӯмак кард, то дар хостаҳояш пируз шавад ва мухолифони худро мунзавӣ созад. Масъалаи ҳасри қироатҳо дар ҳафт қироат аз ҷумла корҳои ӯст ва агар ноҳамгунӣ ва нақсе дар ин кор аз ҷиҳати адади ҳафт ё тарҷеҳи бархе ба бархеи дигар вуҷуд дорад, нохоста ва аз рӯи саҳв будааст.

Дуктур Субҳи Солеҳ мегӯяд: “Бештарин саҳми сарзаниши ин амали таваҳум офарин-ки танҳо қироати муътабар, қироати қуррои сабъа аст- мутаваҷҷеҳи Ибни Муҷоҳид аст, ки дар раъси қарни чоруми ҳиҷрӣ дар Бағдод, ба ҷамъоварии ҳафт қироат аз ҳафт тан аз аимаи Макка, Мадина, Басра, Куфа ва Шом даст зад ва танҳо инон ба вусуқ, амонат ва диққат дар забти қироат маъруф шуданд; дар ҳоле ки ин амал мелоки воқеӣ надошт ва сирфан як тасодуф ва иттифоқ аст, зеро дар байни аимаи қурроъ, афроди бисёр қобили таваҷҷӯҳе ҳастанд, ки аз қуррои сабъа бартаранд”.[8]

Ба ҳар ҳол бо вуҷуди мухолифатҳое, ки буд, Ибни Муҷоҳид қироатҳоро дар ҳафт қироат мухтасар кард. Ин ҳафт қироат ҳар кадом ду ровӣ доранд, ки зайлан меояд.

Қориёни ҳафтгона ва роивиёни онҳо

  1. 1. Ибни омир: Абдуллоҳ ибни Омири Яҳсабӣ, (м.118ҳ.қ) қории Шом; ду ровии ӯ Ҳишом ибни Амор (153-245) ва Ибни Заквон (173-242) ҳастанд.
  2. 2. Ибни Касир: Абдуллоҳ ибни Касири Дорамӣ, (м.120ҳ.қ) қории Макка; ду ровии ӯ Баззӣ (170-250) ва Қунбул (191-295) ҳастанд.
  3. 3. Осим: Осим ибни Абинаҷуди Асадӣ, (м.128ҳ.қ) қории Куфа; ду ровии ӯ Ҳафс ибни Сулаймон (90-180) ва Шуъба Абубакр ибни Аёш (95-193) ҳастанд.

Ҳафс қироати Осимро дақиқтар медонист ва қироати Осимро ӯ мунташир кард, ки то имрӯз дар аксари кишварҳои исломӣ мутадовил аст.

  1. 4. Абуамр: Заббон Абуамр ибни Алои Мозонӣ, (м.154ҳ.қ) қории Басра; ду ровии ӯ Дури, Ҳафс ибни Умар(м.246ҳ.қ) ва Сусӣ Солеҳ ибни Зиёд (м.261ҳ.қ) ҳастанд.
  2. 5. Ҳамза: Ҳамза ибни Ҳабиби Заёт (м.156ҳ.қ) қории Куфа; ду ровии ӯ Халф ибни Ҳишом (150-229) ва Халлод ибни Холид (м.220) ҳастанд. Инон қироатро бо восита аз ӯ гирифтаанд.
  3. 6. Нофеъ: Нофеъ ибни Абдурамони Лайсӣ, (м.169ҳ.қ) қории Мадина; ду ровии ӯ Исо ибни Миноъ (120-220) маъруф ба Қолун ва Варш, Усмон ибни Саид, (110-197) ҳастанд. Ин қироате аст, ки имрӯз дар бархе аз кишварҳои мағриби арабӣ ва офриқоӣ роиҷ аст.
  4. 7. Кассоӣ: Алӣ ибни Ҳамза, (м.189ҳ.қ) қории Куфа; ду ровии ӯ Лайс ибни Холид (м.240) ва Даврӣ, Ҳафс ибни Умар, (м.246) ҳастанд.

Баъдҳо се нафари дигар бар ин ҳафт нафар изофа карданд, ки қуррои ашара (қуррои даҳгона) номида шудаанд. Чаҳор қории дигар низ, ки хилофи машҳур қироат мекарданд, вале мақбули омма буданд, бар қуррои ашара афзуда шуданд, қи қуррои арбаа ашар (қуррои чаҳордаҳгона) ном гирифтанд. Дар инҷо аз зикри номи онҳо худдорӣ мекунем.[9]

 


[1]. Таҳрим, ояти 4.

[2]. Бақара, ояти 259.

[3]. Бақара, офти 259.

[4] . Бақара, ояти 9.

[5] . Улуми қуръонӣ, Аллома Маърифат

[6] . Иллати мувафақияти Ибни Муҷоҳид дар ҳасри қироатҳо ҳамин ду амр аст; яъне маҳорати болои ӯ дар илми қироат ва нуфузаш дар миёни замомдорони он замон.

[7] . Маърифатул қурроил кибор, ҷ.1, с.217.

[8] . Мабоҳис фи улуми Қуръон, с.148-247.

[9] . Баргирифта бо талхис ва изофот аз: А) Улуми қуръонӣ, Аллома Маърифат, с. 190-191; Б) Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.2, с.226-231.

 

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.