Расули Худо (с) ҳамеша уммати худро ба ростиву ростгӯӣ даъват намуда ва
ҳидояту растагориро дар ин ду хислати хубу писандида дониста ва барои касби ин ду хислат амр намуда ва фармуда аст:
قال رسول الله (ص): عَلَيْكُمْ بِالصِّدْقِ فَاِنَّهُ مَعَ البِرِّ وَ هُما فِى الْجَنَّةِ وَ اِيّاكُمْ وَالْكِذْبَ فَاِنَّهُ مَعَ الْفُجورِ وَ هُما فِى النّارِ
Шуморо ба ростгӯӣ суфориш мекунам чаро ки ростгӯӣ ҳамроҳ бо некӣ аст ва ҳар ду дар биҳиштанд ва аз дурӯғгӯӣ бипарҳезед чаро ки дурӯғгӯӣ ҳамроҳ бо бадкорӣ аст ва ҳар ду дар ҷаҳаннаманд.[1]
Дар муоширати мо чӣ дигаргунии бузурге ба вуҷуд омадааст, ки мардум барои дурӯғро рост қаламдод кардан чӣ қадар маблағҳои зиёде харҷ мекунанд. Шояд сабаби тарвиҷи дурӯғ он бошад, ки пештар ба кӯдакон тавсия мешуд, то дурӯғ нагӯянд, аммо имрӯз падару модар худашон дурӯғ мегӯянд. Дар ҳоле ки беҳтарин равиши муҳофизати кӯдакон аз дурӯғгӯӣ он аст, ки падару модар дурӯғгӯиро тарк кунанд ва дар назди кӯдакон коре, ки аз он изҳори дурӯғ маълум мегардад, анҷом надиҳанд.
Агар падару модарони азиз дар назди кӯдаки дилбандашон ростиро канор ниҳода ва хештан дурӯғ мегӯянд, оё фардо, ки он фарзандашон бузург шуда ва роҳу равиши омӯхтаашро бихоҳад дар зиндагии худ амалӣ гардонад, ҷуз дурӯғу дағал чизи дигареро метавонад ба кор гирад? Падару модар вақте ба баччаи хеш мегӯянд агар касе маро бихоҳад, бигӯ: дар хона нест. Ин кӯдак ҳам дорои ақлу шуъур аст. Вақте мегӯем писарам ростгӯ ва росткирдор бош, вале худамон бар хилофи гуфтаамон амал кардем, натиҷааш чӣ метавонад бошад? Ҳар кӣ ҳар чӣ бикорад, ҳамонро дарав мекунад. Касе, ки ҷав мекорад, интизори гандум дарав кардан набояд бошад. Худованди таоло дар сураи Моида асари ростгӯиро дар рӯзи қиёмат, ки дар он рӯз ҳеҷ чиз барои инсон суде намебахшад, ба нафъу фоидаи инсон дониста ва мефармояд:
« قَالَ اللّهُ هَذَا يَوْمُ يَنفَعُ الصَّادِقِينَ صِدْقُهُمْ لَهُمْ جَنَّاتٌ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا رَّضِيَ اللّهُ عَنْهُمْ وَرَضُواْ عَنْهُ ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ »
«Худованди маннон фармуд:Имрўз, рўзе аст, ки ростии ростгўён ба онҳо суд мебахшад. Барои онҳо боғҳое аз биҳишт аст, ки наҳрҳо аз зери (дарахтони) он мегузарад ва то абад ҷовидона дар он мемонанд. Ҳам Худованд аз онҳо хушнуд аст ва ҳам онҳо аз Худо хушнуданд, ин растагории бузург аст».[2]
Ба дурустӣ, ки Расули аъзам ҳазрати Муҳаммади мустафо(с) барои мо улгӯ ва намунаи комили инсоният аст, ки дар ҳар замина ва масъалае, ки бихоҳем метавонем аз зиндагӣ, достонҳо, аҳодис ва ривоятҳои Ӯ истифода намоем.
» قال رسول الله صلى الله عليه و آله وسلم :
إِذا رَأَيْتَ مِنْ أَخيكَ ثَلاثَ خِصالٍ فَارْجُهُ: اَلْحَياءُ وَالأَمانَةُ وَالصِّدْقُ»
Ҳар гоҳ дар бародари (динии) худ се сифатро мушоҳида намудӣ, ба ӯ умедвор бош: Ҳаё, амонатдорӣ ва ростгӯӣ.[3]
Яке аз он мавориде, ки метавонад барои мо омузанда ва роҳнамо бошад достонҳое аст, ки аз тариқи асҳобу бузургони динамон ба мо расида аст.
Натиҷаиростгӯӣ
Нақл аст, ки Паёмбари Аъзам(с) фармуд: Се нафар барои гардиш аз шаҳр берун рафтанд ва ба ғоре, ки дар даруни кӯҳе буд даромаданд. Дар онҷо ба ибодати Худо машғул шуданд. Ногаҳон санге аз болои кӯҳ афтод ва дари ғорро баст. Онҳо дар ғор зиндонӣ шуданд. Бо ҳам гуфтанд: Ба Худо қасам мо аз ин гирифторӣ наҷот намеёбем, магар ин ки ба Худо рост бигӯем. Пас биёед Худоро ба амали холисонае, ки фақат барои ӯ анҷом додаем қасам диҳем, то шояд дари ғор боз шавад ва мо халос шавем, чунки ин гирифторӣ ба хотири гуноҳонамон аст.
Яке аз он се нафар гуфт: Худоё! Ту медонӣ, ки ман замоне шефта ва фирефтаи як зани зебо ва хушсурате шудам ва барои расидан ба ӯ ва ком гирифтан молу сарвати зиёде сарф кардам, вале вақте ба ин ҳадаф расидам ва хостам ба ӯ наздик шавам ба фикри азоби охират ва оташи дузах афтодам ва он корро тарк кардаму худро ба гуноҳ олуда накардам. Худоё ин сангро аз дари ғор дур кун. Ногоҳ диданд, ки санг ҳаракате кард ва сурохие пайдо шуд.
Баъд аз он дуввумӣ гуфт: Худоё ту медонӣ, ки ман чанд нафарро аҷир кардам, то дар замине, ки бароям буд кор мекарданд, то барои ҳар кадом ним дирҳам бидиҳам. Пас чун корро тамом карданд музди онҳоро додам. Яке аз онҳо гуфт: Ман ба андозаи ду нафар кор кардам ва бояд як дирҳам бидиҳӣ ва камтар аз онро қабул намекунам. Ман ҳам ба ӯ як дирҳам надодам. Ӯ ҳам пулашро нагирифту рафт. Ман ҳам ним дирҳамашро сарфи кишоварзӣ кардам ва ризқам бештар шуд, то ин ки баъд аз муддате ҳамон коргар омад ва пулашро аз ман талаб кард. Ман ҳисоб кардам ва дидам, ки пули ӯ ҳудуди ҳаждаҳ ҳазор дирҳам шудааст. Бинобарин тамоми ин маблағро ба ӯ пардохтам. Худоё ту худ медонӣ, ки ман ин корро ба хотири ту ва ба ҷиҳати тарс аз зоти муқаддасат анҷом додам. Худоё ин сангро аз пеши ғор дур кун. Пас санг каме ҳаракат кард ва нуре аз берун пайдо шуд, ба ҳадде ки ҳамдигарро хуб диданд, вале боз ҳам наметавонистанд берун бираванд.
Севвумӣ гуфт: Худоё! Ту медонӣ вақте падару модари ман дар хоб буданд ман зарфи шире барои онҳо овардам. Хостам замин бигзорам. Тарсидам ҷонваре ба он лаб занад ва нахостам онҳоро бедор кунам, ки нороҳат шаванд. Ба ҳамин далел ширро нигаҳ доштам, то бедор шуданд ва нӯшиданд. Худоё! Агар медонӣ ин кор фақат барои ризои Ту буд, моро аз ин бало наҷот деҳ. Пас санг лағзид ва роҳи онҳо комилан боз шуд ва берун омаданд.
Пас Расули Худо(с) фармуд: Оре ҳар кас ростгӯ ва дурусткор бошад наҷот меёбад.
Ҳикоят мекунанд, ки марде нофармонии Худованди субҳонаҳу ва таолоро намуда, айбҳои бисёре дошт. Бо ин ҳол мекӯшид худро ислоҳ кунад, вале наметавонист. Бинобарин пеши як донишманд рафта, аз ӯ дархости роҳнамоӣ намуд, то битавонад айбҳои худро бартараф кунад. Марди донишманд ба ӯ дастур дод, то танҳо яке аз айбҳояшро муолиҷа намояд ва он айб дуруғгӯӣ буд. Ба ӯ тавсия намуд, то дар ҳар шароите ростгӯӣ пеша кунад ва аз ӯ паймоне барои ин кор гирифт. Чанде баъд мард, ки мехост шароб бинӯшад, онро харид ва ҷомеро пур намуд, аммо вақте онро ба даҳони худ наздик кард, ба худ гуфт: «вақте он донишманд аз ман бипурсад, ки оё шароб нӯшидӣ, чӣ посух хоҳам дод? Магар метавонам ба ӯ дурӯғ бигӯям? На, ҳаргиз нахоҳам шароб нӯшид».
Рӯзе баъд дар пайи гуноҳе буд, боз паймони ростгӯӣ бо донишмандро ба ёд оварда ва аз анҷоми он мунсариф гашт. Хулоса, ҳар бор, ки мехост гуноҳеро муртакиб гардад, барои дар назди он донишманд ба дурӯғ гуфтан маҷбур нашавад, худдорӣ менамуд. Дере нагузашта он мард аз тамоми айбҳои худ орӣ дур гашт.
Дар ҳикояти дигаре чунин омадааст. Кӯдаке бо шӯхӣ ва ҷиддӣ бисёр дурӯғ мегуфт. Рӯзе канори дарё шино менамуд ва худро ғарқшаванда вонамуд карда, фарёд мезад: кӯмак! Кӯмак!…. Ғарқ мешавам. Дӯстонаш ба ёриаш шитофтанд ва диданд, ки ӯ онҳоро фиреб дода, механдад. Писарак ин амали худро чанд бор такрор намуд.
Дар яке аз ин мавридҳо мавҷе боло омад ва қариб буд, ки писарак ғарқ шавад. Писарак ба фарёд задан ва кӯмак хостан шурӯъ кард, вале дӯстонаш гумон карданд, ки ӯ боз мисли ҳамеша ба онҳо дурӯғ мегӯяд, аз ин рӯ ба кӯмаки ӯ нарафтанд. То он ки раҳгузаре фарёди ӯро шуниду ба ёриаш шитофт ва наҷоташ дод. Писарак ба дӯстонаш гуфт: «Худованд маро ба хотири дурӯғ гуфтанам муҷозот кард. Баъд аз ин дигар ҳаргиз дурӯғ нахоҳам гуфт. Аз он пас он писар дигар ҳаргиз дурӯғе нагуфт».
Ростгӯӣ
Ростгӯӣ, гуфтани сухани ҳақ ва мутобиқи воқеъ аст. Худованди мутаол дар Қуръони карим моро ба ростгӯӣ фармон дода ва мефармояд:
“يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ اتَّقُواْ اللّهَ وَكُونُواْ مَعَ الصَّادِقِينَ”
«Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва бо ростгӯён (ҳамроҳ) бошед».[4]
Худованди пок мефармояд:
«وَمَنْ أَصْدَقُ مِنَ اللّهِ قِيلًا»
» Ва чӣ касе дар сухан аз Худо ростгӯтар аст?».[5]
Ҳеҷ кас аз ӯ ростгӯтар нест ва росттарин китобҳо китоби Худост, мефармояд:
«قَالُوا هَذَا مَا وَعَدَنَا اللَّهُ وَرَسُولُهُ وَصَدَقَ اللَّهُ وَرَسُولُهُ»
» Гуфтанд: ин ҳамон аст, ки Худо ва фиристодааш ба мо ваъда доданд ва Худо ва фиристодааш рост гуфтанд….».[6]
Паёмбарон ростгӯёнанд
Худованди мутаол бисёре аз пайғамбарони худро ба хотири ростгӯияшон сутуда аст. Худованди мутаол дар мавриди паёмбараш Иброҳим(а) мефармояд:
“وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ إِبْرَاهِيمَ إِنَّهُ كَانَ صِدِّيقًا نَّبِيًّا”
» Ва дар ин китоб ба ёди Иброҳим пардоз, зеро ӯ паёмбари бисёр ростгӯй буд».[7]
Дар мавриди Исмоил мефармояд:
“وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ إِسْمَاعِيلَ إِنَّهُ كَانَ صَادِقَ الْوَعْدِ وَكَانَ رَسُولًا نَّبِيًّا”
«Ва дар ин китоб аз Исмоил ёд кун, зеро дурустваъда ва фиристода ва паёмбар буд».[8]
Дар бораи Юсуф(а):
«يُوسُفُ أَيُّهَا الصِّدِّيقُ»
«Эй Юсуф! Эй марди ростгӯй».[9]
Дар бораи Идрис(а):
«وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ إِدْرِيسَ إِنَّهُ كَانَ صِدِّيقًا نَّبِيًّا»
» Ва дар ин китоб аз Идрис ёд кун, ки ӯ ростгӯй паёмбар буд».[10]
Ростгӯӣ ҳамроҳи ҳамешагии Расули Худо(с) буд. Ақвом ва хешовандон ӯро ростгӯйи амин меномиданд. Модарамон Хадиҷа(рз) ҳангоми нузулу ваҳй бар вай мефармуд: Ба ростӣ, ки ту танҳо рост бар забон меронӣ…
Ақсоми садоқат
Садоқат бо Худованд
Бо ихлос дар тамоми корҳо барои Худованд ва бидуни ҳар гуна риё ва шӯҳратталабӣ, ин гуна садоқат имконпазир аст. Чунончи касе кореро бо нияти холис барои Худованд анҷом надиҳад, Худованд он амалро аз вай намепазирад. Инсони мусулмон дар тамоми ибодатҳо бо адои ҳаққи он ва анҷоми он ба гунаи писандида ихлос меварзад.
Садоқат бо мардум
Мусулмон дар суханони хеш бо дигарон дурӯғ намегӯяд. Аз Паёмбар(с) ривоят шуда, ки фармудаанд: «Чӣ хиёнате бузургтар аз онки дар сухани хеш бо бародарат дурӯғ бигӯӣ? ӯ туро бовар доштаву ту бо вай дурӯғ гуфта бошӣ!»
Садоқат бо хештан
Мусулмони ростгуфтор худро фиреб намедиҳад ва ба иштибоҳоташ эътироф намуда, онҳоро ислоҳ мекунад. ӯ ба хубӣ медонад, ки роҳи наҷот росгӯист. Паёмбар(с) фармуданд: «чизе, ки туро ба шак меандозад, ба хотири он чӣ туро ба шак намеандозад, раҳо кун! Бидон, ки дурӯғ машкук аст ва ростӣ осоиши хотир».
Фазилати ростгӯӣ
Худованди мутаол ростгӯёнро сутуда аст, зеро онҳо ҳамон порсоёни аҳли биҳиштанд, ба подоши ростгӯияшон.
Худованд мефармояд:
«أُولَئِكَ الَّذِينَ صَدَقُوا وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُتَّقُونَ»
» Онан касоне ҳастанд, ки рост гуфтаанд ва онон ҳамон парҳезгоронанд …».[11]
Ростӣ оромиши хаёл аст. Расули Худо(с) фармудаанд: » Ростӣ пеша кунед, ҳатто агар дар он хатареро мутаваҷҷеҳи худ бубинед, зеро дар он наҷоту раҳоӣ мебошад». Боз фармуда: «ҳамоно ростӣ инсонро ба сӯйи накӯкорӣ раҳнамоӣ мекунад, ва накӯкорӣ инсонро ба биҳишт раҳнамун мегардад. Ҳамоно шахс рост мегӯяд, то дар назди Худованд бисёр ростгӯй ва сиддиқ навишта шавад. Дурӯғ инсонро ба маосӣ ва гуноҳ ва гуноҳ инсонро ба сӯи дузах мекашонад. Ҳамоно шахс дурӯғ мегӯяд, то дар назди Худованд каззоб ва бисёр дурӯғгӯ навишта шаванд».
Ростгӯиро баргузин ва бигзор оташи сидқат ба сахтӣ бигудозад.
Бузурге фармудааст:
Забонро ростӣ омӯз, то шод гардӣ
Кӯдаконро фиреб надиҳед
Паёмбар (с) дар аҳодиси худ таъкид намудаанд, ки мусулмон бояд аз ҳама гуна дурӯғ парҳез намояд. Чунончи “як зани ансорӣ мегӯяд, ки боре Паёмбар (с) дар хонаи мо буд ва ман кӯдакамро фарёд карда, гуфтам: биё, ба ту як чиз медиҳам. Паёмбар (с) фармуд: чӣ мехоҳӣ бидиҳӣ? Ман арз кардам: як хурмо дар даст дорам онро ба ӯ медиҳам. Паёмбар (с) фармуданд: агар дар дасти шумо чизе намебуд, ин сухани шумо дурӯғ ба ҳисоб меомад.
Умуман, вақте кӯдак гиря мекунад, ё нороҳат мешавад, барои орому хушҳол кардани ӯ мегӯем: ба ту чизе медиҳам…, аммо ҳеҷ чизе ба ӯ намедиҳем. Маҳз аз ҳамин ҷо дурӯғгӯӣ ба кӯдак одат мегардад ва ин бадахлоқӣ ноогоҳона дар кӯдак пайдо мешавад. Мутаассифона, дар тамоми хонаводаҳо имрӯз ҳарфҳои дар боло зикршуда зиёд истифода мешавад ва ҳарфи дурӯғ мисли тире ба дили кӯдак менишинад ва асараш баъд аз бузург шудан зоҳир хоҳад гардид, гарчи мо намедонем.
Худованд дурӯғгӯёнро лаънат кардааст
Бадтарин ҷазо ва сазое, ки дар Қуръони карим дар бораи дурӯғгӯён баён шудааст ин аст: “Лаънати Худованд бар инсонҳои дурӯғгӯй аст”.
Матлаби лаънат ин аст, ки инсон сазовори раҳмати Парвардигор нест ва ба лаънати дурӯғгӯӣ ӯ аз раҳмати Парвардигор маҳрум мегардад. Имрӯзҳо дар муоширати мо тамоми корҳо ва фаъолиятҳо бо дурӯғ анҷом меёбад. Оё дар гӯшаҳои зиндагӣ гӯшаи покизае, ки дар он дурӯғ набошад, ба назаратон меояд? Бо дурӯғ мол ба даст меоварем, бо дурӯғ ҳар кореро анҷом медиҳем ва онро як ҳунар медонем.
Зарарҳои дурӯғ
Паёмбар (с) мефармоянд: “вақте инсон сухани дурӯғе мегӯяд, фариштаи раҳмат аз сабаби бадбӯйии он дурӯғ ба андозаи як мил фирор мекунад. Аз ин матлаб маълум мегардад, ки зарари дурӯғ, то як мил[12] меравад, пас худ қазоват кунед, ки хонаи мо аз наҳсу бадбахтии дурӯғ чӣ гуна маҳфуз мемонад?
Воқеаи шайх Абдулқодири Гелонӣ ва тавсияи модараш ба ростгӯӣ
Шайх Абдулқодири Гелонӣ (рҳ) мефармояд: Ман аз даврони кӯдакӣ ба сидқу ростгӯӣ тарбият ёфтаам. Боре аз Макка ба Бағдод барои талаби илм ҳаракат кардам. Модарам ба ман чиҳил динор дод, то харҷи роҳ ва сафарам намоям ва ба ман таъкид намуд, ки ростгӯйиро ҳамеша пеша бигирам. Вақте ба сарзамини Ҳамадон расидам, гурӯҳе аз дуздон ҷилавӣ маро гирифтанд ва корвонро нигоҳ доштанд. Яке аз дуздон назди ман омад ва гуфт: Чӣ чизе ҳамроҳ дорӣ? Гуфтам чиҳил динор ҳамроҳ дорам. ӯ маро назди бузургонаш бурд. Сардори дуздон аз ман пурсид. Ман ҳақиқатро комилан гуфтам. ӯ гуфт: Чӣ чизе туро ба ростгӯйӣ водор намуд? Гуфтам: Модарам ба ман таъкид карда буд, ки ҳамеша рост гӯям. Аз ин рӯ, ман метарсам, ки мабодо аҳду паймони модарамро бишканам. Сардори дуздон бо шунидани ин сахт мутаассир шуд ва эҳсоси хавфу хашият намуд. Ҳамон лаҳза фарёд бароварда, либосҳояшро тика-тика кард ва гуфт: Аҷиб! Ту метарсӣ, ки мабодо паймони модарро бишканӣ, пас ман чӣ гуна натарсам аз он ки аҳди Худовандро бишканам? Онгоҳ фармуд, то ҳарчи аз корвон гирифтаанд, баргардонанд ва гуфт: Ман дигар аз дуздиву ҳама гуна гуноҳ тавба кардам. Дуздони дигар гуфтанд: Ту, ки дар дуздӣ сардори мо будӣ, чӣ хуб аст, ки имрӯз дар тавба кардан низ сарвари мо бошӣ. Мо ҳамагӣ тавба мекунем. Бад-ин тартиб ба баракати сидқу ростгӯйӣ ҳамагӣ тавба карданд. Каромати ростгӯйиро бубинед, ки то чӣ андоза аст? Дуздони сангдилро ба роҳи рост кашонид ва ин ҳамон матлабест, ки дар ҳадиси Паёмбар (с) омадааст: “Ҳамеша сухани рост бигӯ”, зеро ростӣ инсонро ба сӯйи гуноҳ нахоҳад бурд, балки ба сӯйи некӣ ҳидояту роҳнамоӣ хоҳад кард ва некӣ инсонро ба биҳишт мерасонад.
Дар замони ҷоҳилият қабл аз Ислом низ ростгӯйӣ ҷони инсонҳои бисёреро наҷот додааст. Дар ростгӯйӣ раҳматҳои Худованд фуруд меояд ва одами ростгӯ дорои иззату эҳтироми хос буда, зиндагиаш покиза аст ва асари ростгӯии ӯ ба дигарон низ сироят хоҳад кард.
Дурӯғ як лаънат аст
Беш аз ин чӣ гӯем, ки дурӯғ бадтарин ва бузургтарин бало ва мусибат аст, ки аз рӯйи имрӯза қонунҳои байналмилалӣ низ гуноҳ ба ҳисоб меравад ва қабл аз Ислом низ гуноҳ буд ва дар Ислом низ гуноҳ ба ҳисоб меравад ва агар дурӯғгӯии касе исбот гардад, дар шариату қонун ҷазо дода мешавад, чунки муртакиби гуноҳ шудааст. Дурӯғ бадтарин бало ва одат аст, ки дар ҳеҷ шариате ҷоиз набудааст, зеро дурӯғ сифати шайтон аст ва ростгӯӣ сифати Худованд. Касоне, ки масъулияти тарбияти фарзандонро ба ӯҳда доранд, бояд дар робита бо дурӯғгӯии кӯдакон хеле эҳтиёткор ва пайваста бояд муроқиби онҳо бошанд.
Сайидолими СИРОҶ
Ёсин