Дуои имом Ҳусайн(а) дар рӯзи Арафа

Сайид Салоҳуддини Нуриддин[1]  Муқаддима:

“Дуои имом Ҳусайн(а) дар рӯзи Арафа” номи дуо ва муноҷотест бо Худо ва дарбардорандаи маориф ва муҳтавои бисёр баланд ва амиқ дар мавриди дунёву охират, ки дар рӯзи Арафа ва дар саҳрои Арафот (дар 20 километрии Макка), ки тавассути инсони комил ва абди солеҳи Худованд ҳазрати имом Ҳусайн(а) ва ҳамроҳони ӯ дар беруни хаймаҳо хонда шуд.

Мустаҳаб аст ин дуои нисбатан тулонӣ дар рӯзи Арафа пас аз намози аср то ғуруби он рӯз хонда шавад. Хонандагони ин дуо медонанд, ки дуои Арафаи ин абди солеҳи Худо — имом Ҳусайн(а), саросар нур ва ирфони Парвардигор аст ва омезае аз шӯр, ишқ, муҳаббат ва маърифат ба зоти поки Худованд аст.

Дар мавриди санади ин дуо аз ду роҳ метавон ба судури дуои Арафа аз имом Ҳусайн(а) яқин пайдо кард:

Роҳи нахуст: Баррасии мазомини дуо ва муқоисаи он бо иборот ва дуоҳои дигари худи Эшон ва ё фарзандон ва аҷдоди бузургвораш. Лизо муҳаққиқони зиёде ишора кардаанд, ки ин дуо ташобӯҳи зиёде бо дуоҳои имом Зайнулобидин (а) – фарзанди бузургворашон, дар китоби «Саҳифаи саҷодия» дорад, ки худи инро нишонаи равшан бар судури ин дуо аз имом Ҳусайн(а) медонанд.

Роҳи дуввум: Фасоҳат ва балоғати беназир ва маонии баланд ва болои он, ки имкон надорад аз мардуми ин замон — бо ин ҳама пешрафт дар илму адаб — содир шавад, то чи расад ба мардуми асри имом Ҳусайн(а) ва ин далели равшан бар судури он мебошад.

Муҳаққиқон низ пас аз баррасии зиёд зикр кардаанд, ки бар фарз ин дуо аз имом Ҳусайн(а) набошад метавон ба истиҳбоби он фатво дод ва низ дар сурати шаку тардид дар истиҳбоби он, бо таваҷҷуҳ ба маонӣ ва мазомини баланди он, метавонем бидуни ин ки ба имом Ҳусайн(а) нисбат диҳем, ин дуоро бихонем.

Имом Ҳусайн дар асри рӯзи Арафа

Асри рӯзи Арафа имом Ҳусайн(а) бо гуруҳе аз хонадону фарзандон ва ёрони худ, бо ниҳояти хоксорӣ ва хушуъ аз хаймаҳо берун омаданд ва дар ҷониби чапи кӯҳ истоданд. Имом Ҳусайн(а) чеҳраи мубораки худро ба сӯи Каъба гардонда монанди мискини ниёзманде, ки ғизо металабад, дастҳоро баробари сурати худ гирифт ва дуояшро бо ситоиши Худованд ин гуна оғоз кард:

”الحمدلله الذى لیس لقضائه دافع و لا لعطائه مانع و لا کصنعه صانع و هو الجواد الواسع”

Сипос Худовандеро сазост, ки чизе қазояшро дур намесозад ва аз ато ва бахшиши Ӯ ҷилавгирӣ намекунад ва ҳеҷ офаринандае офариниши Ӯро надорад ва Ӯ саховатманди оламгустар аст.

Имом Ҳусайн(а) сипас ба баёни гӯшае аз неъматҳои бепоёни Худованд, ки инсонро дар тамоми мароҳили рушду камол дар бар гирифта, мепардозад ва меҳрубонии модарон, дояҳо, мувозибату парасторӣ ва дилсӯзии ононро аз лутфу иноятҳои Худованд мешуморад. Сипас ба зарурати шукри неъматҳои илоҳӣ ишора мекунад ва худро аз адои як шукр низ оҷиз ва нотавон мебинад. Ҳар фарозе аз ин дуо, даричае аз нур ва тавҳид ва ишқу муҳаббат ба Худовандро ба сӯи дили инсон мекушояд ва ибороти дуо ва муҳтавои он, нишон медиҳад, ки имом Ҳусайн(а) дар ҳоли ин дуо яксара аз худ ва олам ғофил гашта, тамоми ҷаҳонро ба як сӯ ниҳода, бо ҳамаи вуҷуд ҳузури Худованд ва иҳотаву ишрофи Ӯ ба ҳамаи зарроти ҳастӣ ва нуфузи илм, қудрат ва ҳаёти Ӯро бар так-таки заррот ва мавҷудоти олам мушоҳида менамояд ва он чиро ки дида, бар забон овардааст. Имом Ҳусайн(а) мехоҳад бо ин дуо, инсон ва Худоро бишносонад ва наздикии онро бо ҳам бинамоёнад. Ӯ бо ин дуо, мантиқитарин ва воқеитарин робитаи инсон бо Худовандро бо зеботарин шакл ба тасвир мекашад.

Дуои Арафа ҳамоиши шинохт ва худсозӣ

Ҳазрати имом Ҳусейн(а) баъд аз зуҳри рӯзи Арафа ҳамроҳ бо фарзандон ва гурӯҳе аз асҳоб, аз хаймаҳои худ дар саҳрои Арафот берун омаданд ва рӯй ба домани “кӯҳи Раҳмат” ниҳоданд ва дар самти чапи кӯҳ рӯй ба Каъба, ҳамойше ташкил доданд, ки мавзӯи он ба муносибати рӯзи Арафа (рӯзи шинохт), шинохт ва созандагӣ буд. Ин ҳамойш, танҳо ҷанбаи илму маърифат надошт, балки шинохти ҳамроҳи бо амал ва созандагӣ, тазкияву худсозӣ буд, ки феҳристи матолиби он ҳамойш иборат буданд аз:

1. Шинохти Худованд ва сифоти илоҳӣ;

2. Шинохти худ ё хештаншиносӣ;

3. Шинохти ҷаҳон;

4. Шинохти охират;

5. Шинохти Паёмбарон(а);

6. Худсозӣ бо сифоти илоҳӣ;

7. Парвариши нафс бо камолоти илоҳӣ;

8. Тавба ва бозгашт ба сӯи Худои меҳрубон;

9. Дур кардани сифоти накӯҳида аз худ бо тасбеҳи Парвардигор;

10. Фарогирии роҳи таълиму тарбият аз Худо;

11. Шинохт ва дархости беҳтарин масъалаҳо;

12. Табдили худпарастии нафс ба худопарастӣ;

13. Табдили худбартарбинии нафс ба тавозуъ ва фурутанӣ;

14. Табдили худхоҳии нафс ба исор ва ғайрхоҳӣ;

15. Таълими мафоҳим ва адабиёти Қуръон.

Ҳамон тавр ки ишора шуд дуои Арафа дуои тулонӣ ва дорои маонии амиқ ва мавзуоти фаровоне аст, ки мо дар ин ҷо ба фарозҳои бисёр андаке аз он дуо ишора мекунем ва шефтагонро тавсия мекунем, ки ба матни дуо дар китобҳои дуо руҷуъ намоянд.

 

Фарозҳои андаке аз дуои Арафаи имом Ҳусайн(а)

1-  Ситоиши Ҳақ Таоло:

Ситоиш сазовори Худовандест, ки кас натавонад аз фармони қазояш сарпечӣ кунад ва монее нест, ки вайро аз эътои атоё, боз дорад. Ва санъати ҳеҷ санъатгаре ба пои санъати Ӯ нарасад. Бахшадаи бедареғ аст. Ӯст, ки бадоеи хилқатро бисиришт ва саноеи гуногуни вуҷудро бо ҳикмати хеш устувор сохт… .

2-  Таҷдиди аҳду мисоқ бо Худо:

Парвардигоро ба сӯи ту рӯй овардам. Ва ба рубубияти ту гувоҳӣ медаҳам. Ва эътироф мекунам, ки ту тарбияткунанда ва парварандаи манӣ. Ва бозгаштам ба сӯи туст. Маро бо неъмат оғоз фармудӣ қабл аз ин ки чизи қобили зикре бошам… .

3-  Худшиносӣ:

Пеш аз ҳидоят маро бо сунъи зебоят мавриди раъфат ва неъматҳои бекаронат қарор додӣ. Офаринишамро аз қатраи оби равон падид овардӣ. Ва дар торикиҳои сегонаи ҷанине сукунатам додӣ; миёни хуну гӯшту пӯст. Ва маро шоҳиди офариниши хеш нагардондӣ ва ҳеҷ як аз умурамро ба худам во нагузоштӣ… .

4-  Рози офариниши инсон:

Вале маро барои ҳадафи олӣ яъне ҳидоят (ва расидани ба камол) мавҷуди комил ва солим ба дунё овардӣ. Ва дар он ҳангом, ки кӯдаки хурдсол дар гаҳвора будам, аз ҳаводис ҳифз кардӣ. Ва маро аз шири ширину гуворо тағзия намудӣ. Ва дилҳои парасторонро ба ҷониби ман маътуф доштӣ. Ва бо муҳаббати модарон ба ман гармию фурӯғ бахшидӣ… .

5-  Тарбияти инсон дар донишгоҳи илоҳӣ:

То ин ки бо гавҳари сухан маро гӯё сохтӣ. Ва неъматҳои бекаронатро бар ман тамом кардӣ. Ва сол ба сол бар рушд ва тарбияти ман афзудӣ. То ин ки фитрат ва сарнавиштам ба камоли инсонӣ расид. Ва аз назари тавон эътидол ёфт. Ҳуҷататро бар ман тамом кардӣ, ки маърифат ва шинохтатро ба ман илҳом фармудӣ… .

6-  Неъматҳи Худованд:

Оре, ин лутфи ту буд, ки аз хоки пок унсури маро биёфаридӣ. Ва розӣ нашудӣ, эй Худоям, ки неъматеро аз ман дареғ дорӣ. Балки маро аз анвои васоили зиндагӣ бархурдор сохтӣ. Бо иқдоми азим ва марҳамати бекаронат бар ман ва бо эҳсони амиқи худ нисбат ба ман, то ин ки ҳамаи наъматҳоятро дар бораи ман такмил фармудӣ… .

7-  Гувоҳӣ ба бекаронии неъматҳоӣ илоҳӣ:

Илоҳӣ! Ман ба ҳақиқати имонам гувоҳӣ диҳам ва низ ба тасмимоти яқини худ ва ба тавҳиди сареҳ ва холисам ва ба ботини нодидании наҳодам ва пайвастҳои ҷараёни нури дидаам ва хатҳои кашидашуда бар пешониам ва равзанаҳои танафусиам ва нармаҳои теғаи биниам ва овозгирҳои пардаи гушам ва он чи дар зери лабҳои ман пинҳон аст… .

8-  Нотавонии башар аз баҷо овардани шукри илоҳӣ:

Гувоҳӣ медиҳам, эй Парвардигор, ки агар қарнҳо зинда бимонам ва талош кунам то шукри яке аз неъматҳои туро баҷо оварам, натавонам, магар боз ҳам тавфиқи ту рафиқам шавад, ки он худ мазиди неъмат ва сабаби шукри дигар ва ситоиши ҷадид ва решадор бошад… .

9-  Ситоиши Худои ягона:

Бо ин ҳол ман бо тамоми ҷидду ҷаҳду тушу тавонам то он ҷо, ки вусъам мерасад бо имон ва яқини қалбӣ гувоҳӣ медиҳам ва изҳор медорам:

Ҳамду ситоиш Худоеро, ки фарзанде надорад, то меросбараш бошад. Ва дар фармонравоӣ на шарике дорад, то бо вай дар офариниш бар зиддият бархезад ва на дастёре дорад, то дар сохтани ҷаҳон ба вай ёрӣ диҳад… .

10-  Хостаҳои як инсони мутаолӣ:

Худовандо! Чунон кун, ки аз ту биму тарс дошта бошам, ончунон ки гӯӣ туро мебинам ва маро бо тақвоят растагор кун! Аммо ба хотири гуноҳонам маро ба шақоват дучор масоз! Муқаддар кун, ки сарнавишти ман ба хуйру салоҳи ман бошад. Ва дар тақдиротат хайру баракат ба ман ато фармо!

11-  Сипос ба тарбиятҳои илоҳӣ:

Худовандо! Ситоиш аз они туст, ки маро офаридӣ. Ва маро шунавову бино гардондӣ! Ва ситоиш сазавори туст, ки маро биёфаридӣ ва хилқатамро некӯ биёростӣ. Ба хотири лутфе, ки ба ман доштӣ ва… .

12-  Ниёзҳои тарбиятӣ аз Худо:

Ва маро ба мушкилоти рӯзгор ва кашмакашии шабҳо ва рӯзҳо ёрӣ фармой! Ва маро аз ранҷҳои ин ҷаҳон ва меҳнатҳои он ҷаҳон наҷот бидеҳ ва шарри бадиҳое, ки ситамкорон дар замин мекунанд нигоҳ бидор… .

13-  Шикоят ба пешгоҳи Худованд:

Худоё! Маро ба кӣ во мегӯзорӣ? Оё ба хешованде, ки пайванди хешовандиро хоҳад гусаст? Ё ба бегона, ки бар ман барошуфтанд? Ё ба касоне ки маро ба истизъоф ва истеъмор кашонданд? Дар сурате ки ту Парвардигори ман, молик ва соҳиби сарнавишти ман ҳастӣ.

14-  Эй мураббии Паёмбарон ва фиристандаи кутуби осмонӣ:

Эй Худои ман ва эй Худои падарони ман – Иброҳим, Исмоил, Исҳоқ ва Яъқуб ва эй Парвардигори Ҷаброил, Микоил ва Исроил. Ва эй тарбияткунандаи Муҳаммад (с), хотами паёмбарон ва фарзандони баргузидааш. Эй фурӯфиристандаи Таврот, Инҷил, Забур ва Фурқон…

15-  Латифи беҳамто:

Сипос Худоеро ки кас сарпечӣ аз фармонаш натавонад ва садди  роҳ бар лутфаш набандад ва дастеро сохтан ва офаридан ба монанди ӯ нашояд. Густараи бахшандагиаш бепоён аст. Тозаҳои хилқат сириштаи дасти Ӯст ва устувории олам падидомадаи ҳикмати Ӯст. Ҳар амалеро подоше дархур диҳад ва ҳар нолон ва парешонеро раҳмати сазовори Ӯ фурӯ борад. Зулоли лутфаш яксара ҷорӣ аст. Нидои бандагонро бишнавад ва андӯҳу бало аз халқ бигардонад ва ситамкоронро ба сахтӣ фурӯ нишонад. Ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест ва ҳеҷ касу ҳеҷ чизро ёрои баробари  бо Ӯ нест. На масале дорад ва на ҳамтое. Шунавову бино, меҳрубон ва огоҳ аст ва бар ҳар чиз тавоност.

16-  Оғози вуҷуди ман:

Худоё, ба сӯи ту рӯй овардаам, бо эътирофи Худовандиат ва забони гӯё ба Парвардигориат. Фарҷоми корам бо туст чунон ки оғози вуҷудам лутфи ту буд. Пеш аз он ки ман бошам, аз лутф саршорам кардӣ ва аз хок офаридиям. Аз бало ва шиддати рӯзгор дар амонам доштӣ. Лаҳзае аз лутфу меҳрат бар ман коста нашуд. Замоне ба вуҷудам овардӣ, ки ҷаҳон ба нури ҳидояти Расулат рушан буд. Пас дар ин аср рушдам додӣ ва ҳамчун гузашта аз некӯӣ ва меҳрубоният бедареғ бар ман фурӯ боридӣ. Кори офаринишам бо ту буд, то он ки бо хилқати комил ва бе нақс дари зиндагиро ба рӯям кушудӣ ва дар кӯдакӣ нигаҳбонам будӣ ва меҳрубонии модарро бароям барангехтӣ ва ин гуна рушдам додӣ. Пас туро бузӯрг медорам, эй меҳрубонтарин ва эй лабрез аз раҳмат.

17-  Ту паноҳгоҳи манӣ:

Ту паноҳгоҳи манӣ, ба ҳангоме ки роҳҳо бо ҳамаи вусъат, бар ман саъбу душвор шаванд ва фарохҳои замин бар ман танг гардад. Ва агар раҳмати ту набуд ман акнун аз ҳалокшудагон будам. Ва ту маро аз хатоҳоям боз медорӣ. Ва агар пардапӯшии ту набуд аз расвоён будам.

18-  Неъмати бедорӣ:

Илоҳӣ, забонам ту кушудӣ ва сухан гуфтанам ту омӯхтӣ. Лутфатро бар ман тамом кардӣ ва маро ба меҳр парварондӣ. Фитратамро ту ба камол расондӣ ва сириштамро ту андозаи некӯ бахшидӣ. Ба насими маърифатат, ки дар зеҳнам вазондӣ ва аҷоиби ҳикматат, ки дар баробари дидаам ба тасвир кашидӣ ҳуҷҷатро бар ман тамом фармудӣ. Ба шигифтиҳои хилқат, чашми диламро кушудӣ ва барои сипосгузорӣ ва ёди худ бедорам намудӣ. Итоат ва ибодати худро бар ман воҷиб кардӣ ва паёми расулонатро дар густараи фаҳмам ҷой кардӣ ва ин ҳама аз сари лутф ва эҳсон буд, ки бо ман доштӣ ва дар он бар ман миннат наҳодӣ (пас эй меҳрубон туро сипос).

19-  Меҳрубонии беинтиҳо:

Латифо! Он дам, ки маро офаридӣ ба лутфу эҳсони ҳамешагиат, неъмат бар ман тамом кардӣ ва роҳ бар андӯҳ ва неқматам бастӣ. Ҷаҳолат ва ҷасорати ман бо ту ҳаргиз туро аз раҳнамунии ман ба он чи ба ту наздикам кунад, бозат надошт; он гуна ки чун садоят задам посухам гуфтӣ ва чун дасти хоҳиш ба сӯят баровардам атоям кардӣ. Чун итоатат кардам шукргузорам шудӣ ва чун сипосат гуфтам лутфатро бар ман афзудӣ ва ин ҳама, камоли лутфи ту бар ман аст ва меҳрубонии беинтиҳои ту бо ман, эй саросар покӣ ва меҳр.

20-  Нотавонӣ дар сипос:

Поку муназзаҳӣ, эй Худои ман; эй оғозгар; эй баргардонандаи халқ. Сифотат некӯву иззатат беинтиҳост. Номҳоят баланд аст ва неъматҳоят бешумор. Кадом неъмататро ҳисоб кунам? Аз кадом лутфи ту ном оварам? Ба сипоси кадом эҳсонат бархезам, ки лутф ва неъмати ту на дар шумора ояд ва на дар ҳисори дониши кас ғунҷад?! Ва ман – эй меҳрубон – забон ба иқрор мекушоям, ки бар ҳеҷ кадом аз он ҳама неъмати бешумор дар ҷисму ҷонам шукре натавонам гуфт, магар ба лутфе, ки ту бар ман раво дорӣ ва он низ шукри дигаре металабад.

21-  Неъматҳои бешумор:

Бор Илоҳо! На ман ва на ҳамаи шуморишгарони хилқат агар дар паи шумориши неъматҳои ту бароем, на ёрои шумора карданаш хоҳем дошт ва на андозаашро тоб хоҳем овард. Ки дар китоби нотиқ ва паёми содиқат фармудӣ: “Агар бихоҳед неъматҳои Худоро бишуморед, нахоҳед тавонист”. Ва ҳақиқат ҳамон аст, ки ту дар китоби худ фармудӣ ва паёмбарони ту бар мо бархонданд.

22-  Сипоси Яктои бениёз:

Худоё! Бо ҳамаи вуҷудам шаҳодат медиҳам ва аз сари имон ва яқин забон ба иқрор мекушоям, ки Худоеро ки на фарзанде дорад ва на шарике ва на ёваре, то дар хилқат ёриаш кунад. Пок ва муназзаҳ аст, ки агар худое ҷуз Ӯ дар осмон ва замин буд, густараи хилқат ба нобудӣ меафтод ва аз ҳам мешикофт.

Сипос Худои Якто ва беҳамтои бениёзеро, ки ниёзе барои Ӯ нест; ба баландои сипосмандии малоики муқарраби Худо ва фариштагону расулони илоҳӣ.

23-  Хоҳони некиҳо:

Азизо! Чунон хавфу хашяти худро дар дилам андоз, ки гӯӣ бар ҳайбати пуршукӯҳи ту чашм духтаам. Ҳакимо! Ба ресмони тақво ба диёри саодатам кашон ва ба занҷири гуноҳ ба чоҳи шақоватам фурӯ мабар. Саҳифаи сарнавиштамро аз неки пур кун ва тақдирро хуҷаста дор, то ба он чи аз ман дур доштӣ иштиёқ наварзам ва аз он чи ту пеш овардӣ дурӣ накунам. Худоё! Дарунамро бениёзӣ бахш, қалбамро аз яқин саршор кун, амаламро покиза ва холис гардон. Дар чашмонам нури биноӣ ва дар динам нури басират битоб ва маро бар он ки бар ман ситам варзад, пирӯз дор. Илоҳӣ! Дар андӯҳ ва гирифторӣ, ту тасалоям бош. Айбҳоямро ту бипӯшон ва бар гуноҳонам қалами авф бикаш. Дасти шайтонро аз осеб расондан ба ман кӯтоҳ фармо ва маро дар дунё ва охират баландмартаба дор.

24-  Дурӣ ҷустан аз бадиҳо:

Меҳрубоно! Туро сипос, ки маро офаридӣ ва шунаво ва биноям гардонидӣ. Туро сипос, ки маро офаридӣ ва аз сари раҳмат ба хилқати некӯ оростӣ, дар ҳоле ки аз хилқатам бениёз будӣ. Эй Павардигори ман! Чунон ки маро офаридӣ ва хилқатамро некӯ доштӣ ва аз лутф саршорам кардӣ ва ҳидоятам намудӣ ва аз хубиҳо лабрезам кардӣ ва бениёзам намудӣ ва азизам бахшидӣ, ба ҳамон сон ҳар рӯзу шаб аз ҳаводиси рӯзгор дар амонам дор ва аз андӯҳи дунё ва гирифтории охират раҳоям соз ва аз ситами ситамкорон дурам дор.

25-  Дар паноҳ бурдан ба Ӯ аз палидиҳо:

Бор Илоҳо! Аз он чи дар ҳаросам афканад, дар амонам дор; ҷону динамро ту худ дар паноҳи ҳимояти худ гир; дар сафар нигаҳбонам бош; дар он чи рӯзиям мекунӣ баракат деҳ; дарунамро дар пешгоҳи худ хору хозеъ дор ва дар чашми мардум иззатам бахш; аз ситами шаётини ҷинну инс амонам деҳ; парда аз гуноҳам бар накаш; дарунамро ба палидӣ олӯда масоз; маро ба зиштӣ мубтало макун; лутфатро аз ман боз магир ва ба ғайри худат маро во нагузор.

26-  Эй меҳрубони ман:

Эй меҳрубони ман! Маро ба ғайри худат во нагузор, ки чун хеш ва наздики ман бошад, аз ман бибурад ва чун бегона ва ноошно бошад ба сарзанишам гирад ё он ки заиф ва ниёзмандам созад ва ҳол он ки ту Худои ман ва молики умури манӣ. Пас шикояти бекасӣ ва ғурбат ба даргоҳи ту овардам ва аз дурии манзили абадӣ ва хориам ба назди ту шиква мекунам. Пас эй азиз, бо ман хашм магир, ки ҷуз аз хашми ту намеҳаросам ва ҳол он ки лутфу меҳрубонии ту — эй поктарин — ҳамвора пеши рӯям густарда будааст.

Пас эй меҳрубон, туро ба нури ҷамолат мехонам, ки ба он осмону заминро равшан сохтӣ ва тирагиҳоро аз ҳам даридӣ, ки маро дар лаҳзаи ғазабат аз дунё набарӣ ва партави хашматро бар ман фурӯ наборӣ, ки ту аз меҳру хушнӯдӣ лабрезӣ.

27-  Танҳо паноҳи ман:

Эй меҳрубон! Аз гуноҳони бузӯрг ба бурдбориат дар мегузарӣ. Неъмати бешуморатро аз сари лутф фурӯ меборӣ ва эҳсони беинтиҳоятро аз рӯи саховат ҷорӣ мекунӣ. Эй ёвари ман ба ҳангоми сахтиву андӯҳ; эй ҳамроҳи ман ба ҳангоми танҳоӣ; эй фарёдраси ман ба ҳангоми ранҷу дард; эй ҳамаи неъматҳои ман аз ту; эй меҳрубон Худои ман, танҳо ту паноҳи манӣ он гоҳ, ки замин бо ҳамаи паҳнояш бар ман танг ояд. Агар меҳри ту набошад ҳалок хоҳам шуд, ки ту ҳангоми лағзиш дастгири манӣ агар пардапӯшии ту набошад расво хоҳам шуд, ки ту айбҳоямро мепӯшӣ ва агар ёрии ту набошад шикаст хоҳам хурд, ки ту бар душманон пирӯзам медорӣ.

Ёсин



[1]. Донишпажӯҳи доктории ирфони назарӣ

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.