ИХТИЛОФ САБАБИ НОБУДИИ УММАТҲОСТ

Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васалам умматашро хӯб таълим дод ва ба ростӣ ҳӯҷҷатро барояшон тамом кард ва онҳоро аз ҷаҳлу ҳавопарастӣ, ихтилофандозию тафриқабозӣ ва фитнаҳо барҳазар дошт. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васалам дар ҳақиқат умматашро ба роҳи ҳаққу адолат, имону инсондӯстӣ ва Худотарсию Худопарастӣ ҳидоят кард.

Эй уммати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васалам! Ин мо ҳастему суханони равшану ҳаққи Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васалам, ки бибинем бо он чӣ гӯна муомила ва рафтор хоҳем кард!!!!

Бор Худоё! Эй кушоиш диҳандаи ҳар сахтӣ ва эй офаринанда ва нигаҳдорандаи осмонҳою замин ва эй ҳидояткунандаи дилҳою ақлҳо!

Гиромитарин дурудҳо ва афзунтарин баракатҳои худро бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васалам банда ва фиристодаат фурӯ бифрист, ки хотами паёмбарони гӯзашта ва кушояндаи дарҳои баста ва ошкоркунандаи ҳақ бо далелу бӯрҳон аст. Аз байн барандаи лашкарҳои ботил ва барҳамкӯбандаи ҳайбати гӯмроҳону золимон аст. Он гӯна, ки бори вазнини рисолатро бар дӯш кашид ва ба фармонат эй Парвардигор қиём кард ва бо шитоб дар роҳи хушнӯдии ту қадам бардошт ва ҳатто як қадам ба ақаб барнагашт ва иродаи Ӯ суст нашуд ва дар пазиришу гирифтани ваҳй нерӯманд буд. Ҳофизу нигаҳбони аҳду паймони ту буд ва дар иҷрои фармонат талош кард, то он ҷо ки нури ҳақро ошкор ва роҳро барои ҷоҳилон равшан сохт ва инсонҳое, ки дар фитнаву гуноҳ фурӯ рафта буданд ҳидоят шуданд. Парчамҳои ҳақро барафрошт ва аҳкоми нурониатро барпо кард. Пас Ӯ паёмбари амин ва мавриди эътимод ва ганҷинадори илми ниҳони ту эй Парвардигор Олам ба сӯи мардӯм аст.

Парвардигоро! Подоши рисолати Ӯро аҷри бузӯрг, пазириши гувоҳӣ ва шафоъат ва қабули гӯфтори Ӯ қарор деҳ, чунки дорои мантиқи одилона ва ҷудокунандаи роҳи ҳақ аз ботил буд.

Бор Худоё! Байни мо ва Паёмбарат дар неъматҳои ҷовидон ва зиндагонии хӯш ва орзуҳои бароварда ва хостаҳои ба анҷом расида, дар камоли оромиш ва дар ниҳояти итминон, ҳамроҳ бо бахшишҳо ва ҳадяҳои боарзиш, ҷамъ гардон!

Бор Худоё! Рӯҳи поки Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васаламро аз мо хӯшнуд гардон ва умматашро бар золимон пирӯз бифармо!

Охирин матолиб

ИХТИЛОФ САБАБИ НОБУДИИ УММАТҲОСТ

Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васалам умматашро хӯб таълим дод ва ба ростӣ ҳӯҷҷатро барояшон тамом кард ва онҳоро аз ҷаҳлу ҳавопарастӣ, ихтилофандозию тафриқабозӣ...

Нақши Форсҳо дар Ислом аз манзари Расули Худо(с)

Расули акрам(с) дар бораи Форсҳо мефармоянд: ‏لَوْ كَانَ الدِّينُ عِنْدَ ‏الثُّرَيَّا‏ ‏لَذَهَبَ بِهِ رَجُلٌ مِنْ فَارِسَ ‏أَوْ قَالَ مِنْ أَبْنَاءِ فَارِسَ ‏حَتَّى يَتَنَاوَلَهُ Агар дин...

ҲИКМАТҲОИ РАМАЗОН

Фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ба тамоми мусулмонон ба хусӯс шумо ҳамдиёрони азиз муборак бошад! Дар ин моҳи шарифу муқаддас, аз Парвардигори олам қабл аз...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *