Хусусиёт ва вижагиҳои мардуми Кӯфа

Муҳаммадшарифи Давлат[1] Муқаддима:

Пеш аз ин ки бихоҳем дар мавриди хусусиёт ва вежагиҳои мардуми Кӯфа суҳбат кунем аввал бояд бо худи ин мардум ошно шуда нажод, насаб ва ақоиди онҳоро ба таври мухтасар ва гузаро баррасӣ кунем.

Пайрезии шаҳри Кӯфа

Шаҳри Кӯфа дар замони халифаи дувум дар соли 17-уми ҳиҷрӣ ба дасти фармондеҳи сипоҳи мусалмонон

— Саъд ибни Абиваққос (р),- пайрезӣ шуд.

Ин шаҳр ба хотири ҷанг бо эрониён бо ҳадафи бунёнгузории як подагони низомӣ дар наздикии Эрон ба ҷиҳати маркази пуштибонии неруҳои амалкунанда дар ҷанг буд.

Аммо пас аз бунёнгузории шаҳри Кӯфа ба иллати хушбодуҳаво будан ва канори дарёи Фурот қарор доштан ва ҳамсоягӣ бо Эрон ва вазъияти иқтисодии муносиб доштан, ки аз роҳи хароҷи ғаноими сарзаминҳои фатҳшуда ба даст меомад.

Ин шаҳр барои муҳоҷирати ақвом ва мардуми мухталиф бо сабабҳои гуногун аз сарзаминҳое ҳамчун Эрон, Яман, Ҳиҷоз ва ғ. маҳалли муносибе шуд[2].

 

Мардуфми Кӯфа

Мардуми  Кӯфаро аз лиҳози нажодӣ ва ақидати баррасӣ менамоем, то бо вежагиҳо ва хусусиёти онҳо бештар ошно гардем:

 

Нажоди мардуми Кӯфа

Дар як тақсимбандии куллӣ мардуми Кӯфаро метавон ба ду бахш, араб ва аҷам тақсим намуд.

Бахше аз арабҳои сокини Кӯфаро қабилаҳое ташкил медиҳанд, ки бо оғози футуҳоти исломӣ дар Эрон, аз шибҳи ҷазираи Арабистон ба қасди ширкат дар ҷанг ба самти Ироқ куч карданд ва саранҷом пас аз поёни футуҳот дар Кӯфа ва Басра маскан гузиданд.

Ин арабҳо ҳастаи аввалияи Кӯфаро ташкил медоданд. Аз ду тираи қаҳтонӣ ва аднонӣ буданд, ки ба онҳо ямониҳо ва назориҳо гуфта мешуд. Аз бист ҳазор хонаи сохташуда дар оғози таъсиси Кӯфа, дувоздаҳ ҳазор хона ба ямониҳо ва ҳашт ҳазор хона ба назориҳо ихтисос ёфт[3].

Дар ибтидо ямониҳо алоқаи бештаре нисбат ба хонадони Аҳли байт (алайҳимуссалом) доштанд ва лизо Муовия сармоягузории бештар рӯи онҳо намуд ва онҳоро ба худ наздиктар кард[4].

Бахши дигаре аз арабҳоро қабилаҳои (Банӣ Тағлиб) ташкил медоданд, ки қабл аз Ислом дар Ироқ сукунат гузида ва пайваста бо эрониҳо дар ҷанг буданд. Пас аз оғози футуҳоти исломӣ ин қабоил ба мусалмонон пайвастанд ва онҳоро дар футуҳот ёрӣ намуданд ва сипас бахше аз онҳо дар шаҳрҳои тоза таъсисшудаи исломӣ сукно гузиданд[5].

Аммо аносири ғайриараби Кӯфаро гурӯҳҳои бузурге ҳамчун маволӣ, серёниҳо ва нибтиҳо ташкил медоданд[6]. Маволӣ мумкин буд аз нажодҳои мухталифе монанди эронӣ, румӣ, туркҳо, ва ғ. бошанд, ки арабҳо ба ҳамаи онҳо аҷам мегуфтанд.

 

Ақоиди мардуми Кӯфа

Аз назари ақидатӣ метавон ҷомеаи Кӯфаро ба ду бахш мусалмон ва ғайримусалмон тақсим намуд.

Бахши ғайримусалмони Кӯфаро масеҳиёни араб аз Банӣ Тағлиб ва масеҳиёни Наҷрон ва масеҳиёни Нибтӣ, яҳудиёни рондашуда аз шибҳи ҷазиратулараб дар замони Умар ва маҷусиёни эронӣ ташкил медоданд[7]. Инон бахши кӯчаке аз кулли ҷамъияти Кӯфаро дар бар мегирифтанд.

Бахши мусалмонони Кӯфаро метавон шомили шиаёни Алӣ(а) ва ҳаводорони Банӣ Умая, хавориҷ ва афроди бетараф донист.

Рӯҳиёт ва вежагиҳо:

Низомнопазирӣ

Ҳастаи аввалияи шаҳри Кӯфаро қабоили саҳронишин ташкил медоданд, ки бо сабабҳои мухталиф дар футуҳоти исломӣ ширкат ҷустанд ва сипас аз саҳронишинӣ ва кучгарӣ ба шаҳрнишинӣ рӯй оварданд, аммо бо ин ҳол ахлоқу одати саҳронишинии худро аз даст надоданд.

Яке аз сифоти саҳронишинон, озодии беҳаду ҳаср дар саҳро ва биёбонҳо аст. Лизо мардуми Кӯфа аз ҳамон аввал ба даргирӣ бо амирони худ пардохтанд, ба гунае ки халифаи дувумро ба сутӯҳ оварданд, то ҷое ки аз дасти онон ин чунин шиква кард:

«واى نائب اعظم من ماة الف لایرضون عن امیر و لا یرضى عنهم امیر»[8]

Чӣ мусибат болотар аз ин ки бо сад ҳазор ҷамъият рӯ ба рӯ бошӣ, ки на онҳо аз амирони худ хушнуданд ва на амирон онҳо аз онон ризоят доранд.

Бинабар ин онон чи бо амирон ва фармондеҳони одил, ҳамчун Алӣ ибни Абитолиб (рз) ва Аммори Ёсир ва чи бо амирони золим монанди Зиёд ибни Абиҳ носозгор буданд.

Шояд битавон гуфт, ки ҳузури фаровони саҳоба ва ҳофизони Қуръон яке аз авомили ташдидкунандаи ин ахлоқи бад дар ин мардум буд, зеро онон худро муҷтаҳидон ва соҳибназарон дар муқобили ҳукумат ба ҳисоб меоварданд. Бинобар ин то ҳангоме ки метавонистанд ва бар ҷони худ тарс надоштанд, дар муқобили ҳукумат меистоданд. Намунаи ошкори онро дар ҷанги Сиффин мушоҳида мекунем, ба вежа он ки ҷамъи зиёде аз хавориҷи Наҳравонро ҳофизони Қуръон ташил медоданд[9].

Чунин ҷомеае арзиши амири одилу озодандешро намешиносад. Дар ин ҷомеа аз ин гуна амирон истифодаи бад мешавад ва дар муқобили онҳо ба мубориза бармехезанд ва аз фармонҳои онон итоат наменамоянд. Намунаи ҳамаи ин нишонаҳоро дар рафтори кӯфиён бо ҳазрати Алӣ (алайҳиссалом) ва ҳамин тавр имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ва ғ. мушоҳида мекунем. Амири муносиби ин ҷомеа амире монанди Зиёд ибни Абиҳ аст, ки бо хушунату зулм ононро маҷбур ба итоат дар баробари ҳукумат мекунад.

Аммо бар хилофи ҷомеаи Кӯфа, ҷомеаи Шомро мардуми мутамаддин ва ғайриараб ташкил медоданд, ки қарнҳо ба низомпазирӣ одат карда буданд. Аз ин рӯ Муовия ба роҳати тавонист чунин ҷомеаеро дар ихтиёр бигирад[10].

 Дунёталабӣ

Гарчи бисёре аз мусалмонони садри Ислом бо ҳадафи холис ва ба ҷиҳати ризои Худованд ва пешрафти Ислом дар футуҳоти исломӣ ширкат ҷустанд, аммо афрод ва қабоиле, ки ба қасди ба даст овардани ғаниматҳои ҷангӣ дар ин ҷангҳо ширкат мекарданд, кам набуданд. Инон пас аз сокин шудан дар Кӯфа розӣ набуданд, ки дунёи моддии худро аз даст диҳанд. Ҳар вақт нисбат ба дунёяшон эҳсоси хатар мекарданд, аз саҳнаи фидокорӣ дур мешуданд ва бар акс, ҳаргоҳ эҳсоси нафъ ва баҳрае менамуданд фавран худро фидокор ҷилва намуда дар он дохил мешуданд. Шоҳиди содиқи ин матлаб ҳузури куфиён дар ду ҷанги Ҷамал ва Сиффин аст.

Ҳангоме ки дар соли 36–уми ҳиҷрӣ Ҳазрати Алӣ (а) аз Мадина ба самти Ироқ барои муқобила бо шуришиёни мустақар дар Басра, раҳсипор шуд, аз Куфиён дархости кӯмак намуд. Куфиён, ки ҳанӯз ҳукумати Али (алайҳиссалом )-ро навпо медиданд ва аз сарнавишти ҷанг, ба хусус бо таваҷҷуҳ ба зиёдии лашкари Басра тарсон буданд, аз ин рӯ даъват барои ширкат накардан баҳона оварданд, то ин ки пас аз таблиғҳо ва ташвиқҳои фаровон танҳо 12 ҳазор нафар, яъне ҳудуди 10 дар сади ҷамъияти Кӯфа дар ин ҷанг ширкат ҷустанд[11]. Баъд аз ҷанг, яке аз шикоятҳои нобаҷои нухбагон ва хавоси онон нисбат ба ҳазрати Алӣ (кр), тақсим накардани ғаноим ба онҳо буд[12].

Аммо дар ҷанги Сиффин, ки кӯфиён ҳукумати ҳазрати Али (кр)-ро сомон ёфта медиданд ва умеди фаровоне ба пирузӣ доштанд, рағбати бештаре ба ширкат дар ҷанг нишон доданд, ба гунае ки теъдоди сипоҳиёни он ҳазрат дар ин ҷангро байни 65 то 120 ҳазор нафар навиштаанд[13], ки теъдоди афроди ғайрикӯфии он бисёр кам буд. Аз ин рӯ метавон теъдоди зиёди байаткунандагон бо Муслим ибни Ақилро бо ҳамин асл тавҷеҳ намуд, гарчи афроди андаке мухлис низ дар миёни онҳо буданд. Ҳатто пас аз вуруди Убайдуллоҳ ба Кӯфа, боз ҳам умеди пирӯзиро аз даст надоданд ва аз ин рӯ теъдоди зиёде ба ҳамроҳи Муслим дар муҳосираи қасри Убайдуллоҳ ширкат ҷустанд ва ҳангоме ки эҳсоси хатар намуданд ба суръат аз наҳзат канор рафтанд ва Муслим ва Ҳониро ба дасти Убайдуллоҳ супориданд. Ин эҳсоси хатар ҳангоме зиёд шуд, ки овозаи ҳаракати сипоҳи Шом аз сӯи тарафдорони Убайдуллоҳ дар миёни мардум паҳн шуд. Тарс аз лашкари Шомро низ метавон сабаби дунёталабии мардуми Кӯфа ба шумор овард[14].

Имом Ҳусайн(а) дар мавриди ин мардум фармуд:

«النَّاسُ‏ عَبِيدُ الدُّنْيَا وَ الدِّينُ لَعِقٌ عَلَى أَلْسِنَتِهِمْ يَحُوطُونَهُ مَا دَرَّتْ مَعَايِشُهُمْ فَإِذَا مُحِّصُوا بِالْبَلَاءِ قَلَّ الدَّيَّانُونَ‏»

Мардум бандагони дунё ҳастанд ва дин лақлақаи забони онҳост. То вақте ба дунболи дин мераванд, ки маишати онҳо барқарор бошад, аммо ҳангоме ки дар имтиҳон афтоданд, диндорон андак хоҳанд буд[15].

Пайравӣ аз эҳсосот

Бо мутолиаи зиндагии мардум Кӯфа метавонем ин хусусият ва вежагиро ба хубӣ дар он мушоҳида намоем. Иллати аслии ин хислатро метавон заъфи имони онон донист ва табъан аз афрод ва қабилаҳое, ки бо дидани шавкат ва қудрати Ислом ба он пайвастанд ва барои дунёи худ ба ҷанг рафтанд, интизоре ҷуз ин наметавон дошт.

Шояд маъруф шудани  куфиён ба фиребкорӣ ва бевафоӣ ба гунае, ки сабаби ба вуҷуд омадани масалҳое ҳамчун: «ағдару мин куфӣ», яъне фиребкортар аз мардуми Кӯфа, ношӣ аз ҳамин хасисаи эҳсосотӣ будани онҳо бошад.

Яке аз мувафақтарин  касоне ки тавонист аз эҳсосоти куфиён ба хубӣ баҳрабардорӣ намояд, ҷаноби Мухтори Сақафӣ буд. Албатта куфиён, боз ба маҳзи эҳсоси хатар ӯро танҳо гузоштанд, то ба дасти Мусъаб ибни Зубайр кушта шуд[16].

 Вижагиҳо ва хусусиёти дигар

Баъзе аз нависандагони муосир хусусиёти зерро барои ҷомеаи Кӯфа бар шуморидаанд:

1. Таноқуз дар рафтор;  

 2. Фиребгарӣ;

3. Тамарруд бар волиён;

4. Рӯҳияи фирор дар ҳангоми рӯёрӯӣ бо мушкилот;

5. Бадахлоқӣ;   6. Тамаъ;

7. Таҳти таъсири таблиғот қарор гирифтан[17].

Бо таваҷҷуҳ ба матолибе, ки аз китобҳо дар бораи вежагиҳои мардуми Кӯфа  нақл кардем, дар ҳоли ҳозир низ ин мардум бо ҳамин сифатҳо ва вежагиҳо зиндагӣ мекунанд. Зеро банда дар як сафари зиёратиям ба ин кишвар, қариб ҳамаи ин сифот ва вежагиҳоро дар ин мардум мушоҳида намудам. Аз ҷумла  риоят накардани назофат дар шаҳр ва маконҳои муқаддас, бадахлоқӣ, зуд асабонӣ шудан, таассуби беҷо байни якдигар ва рӯзахӯр будани бисёре аз ин мардум дар моҳи мубораки рамазон. Хеле ҷои таассуф аст, бо ин ки ин мардум мусалмонанд вале дар ҳақиқат имон дар қалбҳои инҳо русух накарда аст. Аз Худованди манон мехоҳем ин мардумро шуур ва фаҳми дуруст ва ахлоқмадорӣ ато намояд, чун ин макони пок маҳалли ибодат ва дафн паёмбарон ва авлиёи Худо мебошад.

Ёсин


[1]. Коршиноси аршади улуми ҳадис

[2]. Таҷорубул умам, ҷ.2, саҳ.15.

[3] . Алҳаётул иҷтимоия вал иқтисодия фил Кӯфа,  с.42.

[4] . Таърихи тамадуни исломӣ, ҷ.4, саҳ.338.

[5] . Алҳаётул иҷтимоия, саҳ.42.

[6] . Ҳаётул имом Ҳусайн (а), саҳ.279.

[7] . Ҳаётул имом Ҳусайн (а), ҷ.2, саз.441.

[8]. Таърихи Табарӣ, ҷ.3, саҳ.243.

[9]. Муруҷуз заҳаб, ҷ.2, саҳ.405.

[10]. Ҷамҳарату хутабил араб фи усурил арабиятиз зоҳир, ҷ.1, с.420.

[11]. Таърихи Табарӣ, ҷ.4, саҳ.277.

[12]. Ҳамон, ҷ.4, саҳ.545.

[13]. Ҳамон, ҷ.4, саҳ.59; Муруҷуз заҳаб, ҷ.2, саҳ.385.

[14]. Таърихи Табарӣ, ҷ.4, с.277.

[15]. Мавсуату калимотил имомил Ҳусайн (алайҳиссалом), саҳ.373.

[16]. Таърихи Табарӣ, ҷ.4, саҳ.558.

[17]. Ҳаётул имомил Ҳусайн (алайҳиссалом), ҷ.2, саҳ.420.

 

Охирин матолиб

Нигоҳе ба масъалаи Рӯза

Рӯза яке аз ибодатҳои воло ва барҷаста ба шумор меравад. Дар ин навиштор матолиберо дар бораи ин ибодати муҳим пешкаши шумо мегардонем. Таърифи рӯза он...

Моҳи Рамазон дар Қуръон

Худои Мутаол дар ояти 185 сураи Бақара мефармояд: شَهْرُ رَمَضَانَ اَلَّذِى أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْءَانُ. هُدىً لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَتٍ مِنَ الْهُدَى‏ وَالْفُرْقَانِ. فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمْ الْشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ...