Берун рафтани огоҳонаи имом Ҳусайн (а) аз Макка

Шаҳриддини Муҳаммадамин[1]

 Дар субҳи сешанбеи ҳаштуми зилҳиҷҷа дар соли 60-уми ҳиҷрӣ ­– рӯзи тарвияи ҳоҷиён – дар ҳоле ки ҳаҷгузорон ба самти Арафот мерафтанд, Имом Ҳусайн(а) ҳамроҳи Бани Ҳошим ва низ ҷамъе аз шиаёни Кӯфа ва Басра аз Макка хориҷ шуданд ва ба самти Куфа ҳаракат карданд.[2]

 Пурсиш

Чаро Имом Ҳусайн(а) аз Макка хориҷ шуданд ва дар Макка намонданд?

  Посух

Дар посух ба ин пурсиш, ки чаро Имом Ҳусайн(а) дар рӯзи тарвия, он ҳам дар ҳоле ки ҳамаи ҳоҷиён барои рафтан ба Арафот шитоб доштанд, аз Макка хориҷ шуда ва ба ҷониби Кӯфа ҳаракат карданд, бояд гуфт:

1. Муслим ибни Ақил намоянда ва сафири хосси Имом Ҳусайн(а) бар асоси фармон ва дастури Имом Ҳусайн(а) пас аз 45 рӯз коршиносӣ ва арзёбии вазъияти амниятӣ–сиёсии шаҳри Кӯфа ва низ мизони омодагии мардум, рӯзи бистум ё бисту якуми Зилқаъда гузориши худро бо пайки вижа -Қайс ибни Мусаҳҳар- барои Имом(а), ки дар Макка буд, фиристод ва назари ниҳоии худро инчунин навишт:

و قد بايعني من اهل الكوفه ثمانيه عشر الفا فعجّل حين ياتيك كتابي فإن الناس كلهم معك…

“Ҳаждаҳ ҳазор нафар аз аҳли Кӯфа бо ман байъат карданд. Ҳамин ки номаамро хондӣ бо шитоб ҳаракат кун, ки дар ҳақиқат ҳамаи аҳли Кӯфа бо ту ҳастанд[3]

Гузориши арзёбии Муслим ибни Ақил далолат бар нақши таъйинкунандаи ҳузури фаврӣ ва зудҳангоми Имом Ҳусайн(а) дар буҳрони Кӯфа дошта аст, чунки мумкин буд пеш аз расидани Ҳусайн ибни Алӣ(а) ҳукумати марказии Шом вориди амал шуда ва бо эъзоми нерӯи вижа аз Шом ё фиристодани намояндаи сиёсии дигаре ба ҷои Нуъмон ибни Башир монеъи ҳузури Имом Ҳусайн(а) шуда ва шароит дигар шавад.

Бинобар ин Имом Ҳусайн(а) фавран бошитоб аз Макка ба тарафи Кӯфа ҳаракат карданд.

 

2. Имом Ҳусайн(а) намехостанд, хуне дар Макка, ки макони муқаддас аст, рехта шавад, то эҳтиром ва амнияти Макка аз байн наравад. Аз ин рӯ ба Абдуллоҳ ибни Зубайр гуфтанд: Ба Худо савганд дӯст медорам ду ваҷаб дуртар аз Макка кушта шавам, то аз ин ки як ваҷаб наздиктар ба Макка кушта шавам:

و الله لان اقتل خارجا منها بشبرين احبّ الي من ان اقتل داخلا منها بشبر.[4]

Ҷои шигифтӣ аст, ки ҳарами амни Худо барои Имом Ҳусайн(а), ки сарвари ҷавонони биҳишт, набераи Расули Худо(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва фарзанди Алии Муртазо (саломуллоҳ алайҳ) ва Фотимаи Заҳро (саломуллоҳ алайҳо) сарвари занони биҳишт ва ғ. ҳаст амният надорад.

Ёсин


[1]. Донишпажӯҳи забон ва адабиёти форсӣ.

[2]. Ансобул ашроф, ҷ.3, саҳ.160; Алфутуҳ, ҷ.5, саҳ.119; Таърихи Табарӣ, ҷ.3, саҳ.293-301; Иршоди Шайх Муфид, саҳ.218; Аттаҳзиб, ҷ.5, саҳ.436, ҳадиси 162; Алистибсор, ҷ.2, саҳ.327, ҳадиси 1160.

[3]. Таърихи Табарӣ, ҷ.4, саҳ.235, Мусирул аҳзон, саҳ.32; Ахборут тивол, саҳ.235 ва 243; Ақдул фарид, ҷ.5, саҳ.126.

[4]. ал-Комил фит таърих, Ибни Асир, ҷ.4, саҳ.38; ал-Бидояту ван ниҳоя, ҷ.8, саҳ.169.

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...

Тарҷумаи СУРАИ НИСО

СУРАИ НИСО Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 176 оят дорад.   Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй мардум! Аз Парвардигоратон битарсед, Зоте, ки...