ВАҲДАТ АЗ ДИДГОҲИ ҲАЗРАТИ АЛӢ(к)(2)

 4- Тарошидани сари навзод

Чаҳорумин суннате, ки дар ибтидои таваллуд бояд анҷом шавад ва мавриди инояти падару модар бошад, тарошидани мӯи сари навзод аст, ки мустаҳаб аст дар рӯзи ҳафтум анҷом шавад. Имом Содиқ(а) аз падаронаш чунин ривоят мекунад:

[1] » أَمَرَ بِحَلْقِ شَعْرِ الصَّبِيِّ الَّذِي يُولَدُ بِهِ الْمَوْلُودُ عَنْ رَأْسِهِ يَوْمَ سَابِعِهِأَنَّ رَسُولَ اللَّهِ»

 «Паёмбари Акрам(с) дастур дод то сари навзод дар рӯзи ҳафтуми таваллуд тарошида шавад».

Садақа ҳамвазни мӯи сари навзод

Имом Содиқ(а) мефармояд:

[2]«وَ تَصَدَّقَتْ بِوَزْنِ شَعْرِهِمَا فِضَّةً - رُءُوسَهُمَا — الحَسَنِ وَ اْلحُسَيْن وَ حَلَقَتْ فَاطِمَةُ «

«Фотима(а) сари ду фарзанди худ (имом Ҳасан ва имом Ҳусайн(а) -ро тарошид ва ҳамвазни мӯи сари онон нуқра садақа дод.»

[3]» شَعْرَ حَسَنٍ وَحُسَيْنٍ وَزَيْنَبَ وَأُمِّ كُلْثُومٍ فَتَصَدَّقَتْ بِزِنَةِ ذَلِكَ فِضَّةً وَزَنَتْ فَاطِمَةُ بِنْتُ رَسُولِ اللَّهِ» .

«Ҳазрати Фотима духтари Расули Худо(с) мӯи Ҳасан ва Ҳусайн ва Зайнаб ва Умми Кулсумро вазн кард ва ба андозаи он нуқра садақа намуд».

5-  Интихоби ном

Панҷумин суннат аз суннатҳое, ки дар оғози таваллуди навзод мавриди таваҷҷӯҳи падару модар қарор мегирад интихоби ном аст.

 Интихоби ном масъалаи бисёр боаҳамият аст. Падару модар бояд фикр кунанд, ки ин навзод дар оянда ба таври ҳамеша бо ин ном сару кор хоҳад дошт ва ҳама ӯро бо ин ном садо хоҳанд кард ва ном сабабе барои таваҷҷӯҳ ба шахсияти тифл хоҳад буд. Агар номи нописанд ва мояи танаффури мардум бошад, бешак мавриди тамасхур қарор гирифта ва сабаби ранҷи рӯҳӣ ва озурдагии хотири кӯдак хоҳад шуд. Табиист, ки кӯдак сабаби ин нороҳатиҳоро интихоби нодурусти падар ва модар медонад.

Аз ин рӯ бояд диққат кард то аз номҳои хуб истифода шавад, ҳамчунон ки дар ривоёт ворид шуда барои фарзандони худ аз беҳтарин номҳо истифода кунед ва беҳтарин номҳо он аст, ки нишонаи бандагии Парвардигор ва ёдовари фазоил ва макорими ахлоқӣ бошад.[4] Инак назари шуморо ба гузидае аз ривоёт дар ин бора ҷалб менамоем.

1) Суннати номгузорӣ

Имом Содиқ(а) фармуд:

[5]«لاَ يُولَدُ لَنَا مَوْلُودٌ إِلَّا سَمَّيْنَاهُ مُحَمَّداً فَإِذَا مَضَى سَبْعَةُ أَيَّامِ فَإِذَا شِئْنَا غَيَّرْنَا وَ إِلَّا تَرَكْنَا»

«Ҳеҷ навзоде таваллуд намешавад, магар ин ки нахуст ӯро Муҳаммад меномем ва пас аз ҳафт рӯз, агар хостем номашро тағйир медиҳем вагарна ҳамон номро бар ӯ мегузорем».

2) Номи хуб ва ҳаққи фарзанд

Ибни Аббос аз Паёмбар(с) нақл мекунад, ки ҳазрат фармуд:

[6]«مِنْ حَقِّ الْوَلَدِ عَلَى الْوَالِدَيْنِ يُحَسِّنُ اسْمَهُ وَ يُحَسِّنُ أَدَبَهُ»

 «Ҳаққи фарзанд бар падару модар он аст, ки номи неке бар ӯ биниҳанд ва ба беҳтарин шакл ӯро тарбият намоянд».

3) Беҳтарин ҳадя ба фарзанд

 Ҳазрати Алӣ(к) аз Паёмбар(с) нақл мекунад, ки он ҳазрат фармуд:

إِنَّ أَوَّلَ مَا يَنْحَلُ أَحَدُكُمْ وَلَدَهُ الِاسْمُ الْحَسَنُ فَلْيُحْسِنْ أَحَدُكُمْ اسْمَ وَلَدِهِ[7]«

 «Аввалин ҳадяе, ки ҳар яке аз шумо ба фарзандаш мебахшад номи хуб аст, пас беҳтарин номро барои фарзанди худ интихоб кунед.»

Мӯсо ибни Бакр аз ҳазрати Абулҳасан(а) нақл мекунад:

[8]«أَوَّلُ مَا يَبَرُّ الرَّجُلُ وَلَدَهُ أَنْ يُسَمِّيَهُ بِاسْمٍ حَسَنٍ فَلْيُحْسِنْ أَحَدُكُمُ اسْمَ وَلَدِهِ»

 «Аввалин некӣ ва эҳсони мард ба фарзандаш он аст, ки номи хуб барои ӯ интихоб кунад, пас барои фарзандони худ аз беҳтарин номҳо истифода кунед».

4) Беҳтарин ном барои писарон

Дар ривоёт номҳои фаровоне барои писарон зикр гардида, вале рӯи чанд ном ба унвони беҳтарин номҳо таъкиди бештаре шудааст.

Ибни Умар аз Паёмбар(с) нақл мекунад, ки ҳазрат фармуд:

[9]«أَحَبُّ الأَسْمَاءِ إِلَى اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ عَبْدُ اللَّهِ وَعَبْدُ الرَّحْمَنِ»

  «Маҳбубтарин номҳо назди Худованд, Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон аст».

Аз Паёмбар(с) ривоят шудааст, ки фармуданд:

[10] «مَنْ وُلِدَ لَهُ أَرْبَعَةُ أَوْلَادٍ وَ لَمْ يُسَمِّ أَحَدَهُمْ بِاسْمِي فَقَدْ جَفَانِي» .

«Ҳар кӣ соҳиби чаҳор фарзанд шавад ва яке аз онҳоро ба номи ман нагузорад дар ҳаққи ман ҷафо кардааст»

Дар ривояте аз Паёмбар(с) омадааст, ки фармуд:

[11]» ومَنْ وُلِدَ لَهُ مَولُودُ ذَكَرٍ فَسَّماهُ مُحَمَّدًا حُبًا لِي َتَبَرُّكاً بِاسْمِي، كانَ هُوَ و مَولُودُهُ فِي اْلجَنَّةِ «

«Ҳар киро писаре ба дунё ояд ва аз сари меҳру муҳаббат ва барои табаррук ҷустан ба номи ман ӯро Муҳаммад биномад, худ ва навзодаш ҳар ду дар биҳишт хоҳанд буд.»

Ҷобир ба нақл аз Расули Худо(с) мегӯяд:

[12] «ما مِنْ بَيْتٍ فِيْهِ اِسْمُ مُحَمَّدٍ إلّا أوْسَعَ اللهُ عَلَيْهِمُ الرِّزْقَ فَإذا سَمَّيْتُمُوهُمْ فَلا تَضْرِبُوهُمْ وَ لا تَشْتِمُوهُمْ» .

«Хонае, ки номи Муҳаммад дар он бошад Худованд ризқу рӯзии он хонаро густарда гардонад, пас агар фарзандатонро Муҳаммад ном гузоштед, ӯро назанед ва дашномаш надиҳед.»

5) Беҳтарин ном барои духтарон

Сакунӣ яке аз асҳоби имом Содиқ(а) мегӯяд:

وَ أَنَا مَغْمُومٌ مَكْرُوبٌ فَقَالَ لِي يَا سَكُونِيُّ مَا غَمُّكَ؟ فَقُلْتُ وُلِدَتْ لِي ابْنَةٌ فَقَالَ يَا دَخَلْتُ عَلَى أَبِي عَبْدِ اللَّهِ » .[13] سَكُونِيُّ عَلَى الْأَرْضِ ثِقْلُهَا وَ عَلَى اللَّهِ رِزْقُهَا تَعِيشُ فِي غَيْرِ أَجَلِكَ وَ تَأْكُلُ مِنْ غَيْرِ رِزْقِكَ فَسَرَى وَ اللَّهِ عَنِّي فَقَالَ: مَا سَمَّيْتَهَا؟ قُلْتُ: فَاطِمَةَ: قَالَ: آهِ آهِ آهِ ثُمَّ وَضَعَ يَدَهُ عَلَى جَبْهَتِهِ إِلَى أَنْ قَالَ: أَمَا إِذَا سَمَّيْتَهَا فَاطِمَةَ فَلَا تَسُبَّهَا وَ لَا تَلْعَنْهَا وَ لَا تَضْرِبْهَا»

«Назди имом Содиқ(а) рафтам, дар ҳоле ки ғамгин ва андуҳгин будам. Имом ба ман фармуд: Эй Сакунӣ! Чаро андуҳгинӣ? Гуфтам соҳиби духтаре шудаам. Имом фармуд: Эй Сакунӣ! Сангиниаш бар замин аст ва рӯзиаш бар Худо, умраш аз умри ту ҷудо ва рӯзие, ки мехӯрад ғайр аз рӯзии туст. Сакунӣ гӯяд: Ба Худо савганд! Ғаму андуҳ аз ман дур шуд. Сипас Имом фармуд: Ӯро чӣ номидӣ? Арз кардам: Фотима. Ҳазрат се маротиба фармуд: Оҳ, оҳ, оҳ. Онгоҳ дасти худро бар пешонӣ ниҳод… Сипас фармуд: Ҳоло ки ӯро Фотима номидӣ ҳаргиз дашномаш мадеҳ, нафринаш макун ва ҳаргиз ӯро мазан».[14]

Хулоса

 Бар асоси омӯзаҳои динӣ падару модари мусулмон баъд аз таваллуди фарзанди худ корҳоеро бояд анҷом диҳанд, ки таъкиди фаровоне шудаанд ва дар шахсияти кӯдак ва ояндаи ӯ нақши муассире доранд. Монанди гуфтани азон ва қомат дар гӯши фарзандон, ки яке аз осораш дурии шайтон аз навзод мебошад, бардоштани коми навзод, хатна кардан дар зудтарин замон, ки сабаби суръати рушду нумӯи ҷисмонӣ ва мояи таҳорат ва покизагии ҷисм ва таровати бештари рӯҳ мешавад, тарошидани мӯи сари навзод, ки мустаҳаб аст дар рӯзи ҳафтум анҷом шавад, интихоби номи некӯ, ки беҳтарин номҳо он аст, ки нишонаи бандагии Парвардигор ва ёдовари фазоил ва макорими ахлоқӣ бошад. 

Ҳалимҷони Ҳакимҷон

 



[1] . Мустадрак, ҷ.15, саҳ.142.

[2] . Васоил, ҷ.21, саҳ.431.  

[3] . Муваттаъ, ҷ.2, саҳ.631.

[4] . Саидалӣ Ҳусейнзода, Тарбияти фарзанд, саҳ.66.

[5] . Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.101, саҳ.131.

[6] . Ҷамъ-ул-ҷавомеъ ва ҷомеъ-ул-кабир, ҷ.7, саҳ.304.

[7] . Биҳор-ул-анвор, ҷ.101, саҳ.130.

[8] . Кофӣ, ҷ.6, саҳ.18.

[9] . Сунани Ибни Моҷа, ҷ.2, саҳ.1229, Сунани Абудовуд, ҷ.4, саҳ. 443.

[10] . Шайхи Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, ҷ.7, саҳ. 438, Уддат-уд-доӣ, саҳ. 87.

[11] . Канз-ул-уммол, ҷ.16, сағ.555.

[12] . Маҷма-ул-варом, ҷ.1, саҳ.32.

[13] . Шайх Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, ҷ.8, саҳ.112.

[14] . Қоимӣ Муқаддам, Равишҳои осебзо дар тарбият, саҳ.17.  

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...