РӮЗА ВА САЛОМАТӢ

قال رسول الله (ص): لكل شيئ زكاة و زكاة الجسد الصوم

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

 Барои  ҳар чизе закоте аст ва закоти бадан рӯза аст.

Оини муқаддаси Ислом ва маҷмӯаи аҳкоми ҳаётбахши он, барои раҳоии инсон аз доми хостаҳои пасти ҷисмонӣ ва ҳайвонӣ аст. Айёми рӯзадорӣ беҳтарин вақтҳо барои ибодат,  намоз, дуо ва қироати Қуръон ва зикру хайрот аст. Зеро дар ин айём инсон барои ҳузури қалб, ихлос ва таваҷҷӯҳ ба Худо  нисбат ба ҳар замони дигар омодатар аст. Моҳи мубораки Рамазон беҳтарин замон барои ибодат ва таваҷҷӯҳ ба Худо аст. Рӯза аз куҳантарин ибодатҳост, ки дар миёни тамоми қавмҳо ва миллатҳои ҷаҳон роиҷ будааст.

  Дар тамоми адёни осмонӣ ҳатто оинҳои ғайри осмонӣ, ки ранги мазҳабӣ доранд монанди будоӣ, монавӣ ва ғайра, рӯза ҷузъи аҳкоми воҷиб ба шумор меравад.

  Дар дини Ислом, мусулмонон ҳар сол як моҳ бояд рӯза бигиранд. Худованд ин рӯзаро сабаби раҳоӣ аз мушкилоти моддӣ ва маънавӣ қаламдод кардааст. Мо мусулмонон ба осори маънавии рӯза таваҷҷӯҳи зиёде дорем. Дар ҳоле, ки рӯза ҳамон андоза, ки бар рӯҳу равони инсон асар дорад, бар ҷисм ва бадани инсон ҳам асар дорад.

Расули Акрам (с) мефармоянд :صوموا تصحوا  “ Рӯза бигиред то солим ва тандуруст бимонед”.  [1]

Ба ҳамин хотир, рӯза таъминкунандаи саломатии рӯҳӣ ва ҷисмии инсон аст. Яке аз фоидаҳои бузурги рӯза сафои ботин ва покизагии рӯҳ аст. Бо таҷриба собит шудааст, ки ҳар гоҳ шикам аз ғизои сангин холӣ бошад, рӯҳияи парҳезгорӣ дар инсон қавӣ мегардад. Ҳар гоҳ шикам пур аз ғизои гуногун бошад, сустӣ ва беҳолӣ саросари вуҷуди инсонро фаро мегирад ва майл ба покизагии ботинӣ дар ӯ суст мегардад.

Рӯза бузургтарин зомини саломатии тан аст. Рӯза аз назари беҳдошти ҷисм ва саломатии бадан дорои фоидаҳои фаровоне аст ва дар саломатии меъда ва поксозии он аз таомҳои гуногун,  ки сабаби бемориҳои бисёре аст, асари зиёде дорад, чун меъда маркази бемориҳост.

Расули Худо (с) мефармоянд: المعدة بيت الداء و الحمية هي الدواء  “Меъдаи одамӣ хонаи ҳамаи бемориҳо аст ва парҳез аз ғизо дармони он аст[2]

Бар асари хӯрдани ғизоҳои гуногун, миқдоре аз  ғизо аз дастгоҳи ҳозима мегузарад ва сарфи молекулаҳои бадан намешавад, балки дар зери пӯсти бадан ва атрофи қалб ва дигар марказҳои ҳассоси бадан  захира мешавад. Ҳаминҳо ҳастанд, ки пас аз муддате сабаби уфунатҳо ва чирк гирифтан мешаванд ва беҳтарин шароитро барои рушди микробҳо фароҳам месозанд ва сабаби пайдоиши бемориҳои мухталиф мешаванд.

Аз ин рӯ, рӯза сабаби покизагии комили тамоми дастгоҳҳо ва тамоми молекулаҳои бадан мегардад ва сабаби бемориҳоро ба куллӣ аз бадан хориҷ  мекунад. Рӯза тамоми дастгоҳҳои баданро аз хастагии доимӣ берун меоварад ва ба ҷисм нишоти тоза мебахшад. Ҷисмро аз бемориҳо ва дардҳо озод месозад ва фарбеҳиро аз байн мебарад ва чарбиҳои зиёдии баданро об карда нерӯи фикриро тақвият мекунад. Рӯза барои системаи ҳозимаи бадан, баъд аз як сол кори пай дар пай,  навъе истироҳати якмоҳа ва созанда ба ҳисоб меояд ва даричае аз саодат ва саломатиро ба рӯи инсон боз мекунад, ки зиндагиро ширинтар мегардонад.

Дар илми тиб ҳам аз рӯза ба унвони доруе барои дармони бемориҳои гуногун истифода мешавад.

Аз     замонҳои қадим,    рӯза   дар дастури     кори табибон   будааст ва   аз   он   ба унвони «Рӯзаи тиббӣ»     ёд мекунанд. Табиби машҳури ҷаҳони Ислом Ибни Сино фасле аз китоби “Қонун”-и  худро  ба табобат бо рӯза ихтисос додааст.

Табибони бисёре ин равишро беҳтарин равиши дармон ташхис додаанд. Донишманди машҳури рус Алексей Сафорин барои муолиҷаи беморон аз рӯза истифода мекард. Ӯ мегӯяд: Ҷисм ҳангоми рӯза, ба ҷои ғизо аз маводди дохилӣ истифода намуда ва онҳоро масраф мекунад ва маводди касиф ва нопокро, ки дар ҷисм ҳаст ва решаи бемориҳост, аз байн мебарад. Ба ин тариқ рӯза сабаби беҳбудии ҳамаи бемориҳост ва аз ин рӯ, ҷисми худро ба василаи рӯза аз дохил покиза кунед.

 Бахше аз бемориҳое, ки ин донишманд тавонистааст ба воситаи рӯза муолиҷа кунад иборатанд аз бемории сил,  дарди чашм,  бемориҳои асабӣ, ларзиши андом, камхунӣ  ва ғайра.[3]

Донишманди амрикоӣ доктор Карл менависад: “Ҳар шахси бемор бояд дар ҳар сол, муддате аз хурданӣ парҳез кунад. Зеро ҳангоме, ки ғизо ба тан мерасад, микробҳо дар ҳоли рушд аст ва ҳангоме, ки аз ғизо парҳез мекунад, микробҳо заъиф мешаванд». Ӯ дар идома мегуяд: “Рӯзае, ки Ислом воҷиб кардааст, бузургтарин зомини саломатии тан мебошад[4].”

Доктор Отобо Хангарии олмонӣ  дар муддати 50 сол, ки аз таъсиси бемористони ӯ мегузарад, зиёда аз 50 ҳазор нафарро дар ин дармонгоҳ ба воситаи рӯза шифо додааст.

Дар дини мубини Ислом, барои таъмини саломатии ҷисму ҷон, дастури содда ва амалӣ дода шудааст ва он рӯзаи якмоҳа дар  сол аст. Агар касе ин рӯзаи соддаи исломиро ҳамасола мураттаб анҷом диҳад ва ҳангоми ифтор ва саҳар аз зиёдаравӣ дар ғизо хӯрдан худдорӣ намояд, маводди зоиди бадани ӯ  рӯи ҳам ҷамъ намешавад, то ниёз ба рӯзаи тиббии 40 рӯза бошад, ки дар тамоми муддати 40 рӯз бояд ғизоро мутлақан нахӯрад.

Рӯзаи Исломӣ хонатаконии бисёр муфиде барои бадан хоҳад буд ва бадан бар асари ниёзи фаровон ба маводди ғизоӣ дар рӯз, захираи худро тадриҷан сарф намуда, нишоти тозае пайдо мекунад. Дар ниҳоят ҳамон натоиҷе, ки аз тарафи рӯзаи тиббӣ, бо он  ҳама заҳмат ба даст меояд, ба соддагӣ фароҳам хоҳад шуд.  [5]

Умедворем Худованд ба баракати ин амали ибодӣ барои мо сафои ботин ва саломатии бадан марҳамат фармояд.

                      Таҳияи Ҳақдоди Маърифат



[1] . Канз-ул- уммол, ҳадиси 23572.

[2] . Сафинат-ул- биҳор, моддаи тиб.

[3] . Нақши рӯза дар дармони бемориҳо, с. 15.

[4] . Нақши рӯза дар дармони бемориҳо, с. 16.

[5] . Рӯза равиши навин барои дармони бемориҳо, с. 7. 

Охирин матолиб

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...