АҲАММИЯТИ ТАВҲИД ВА ХУДОШИНОСӢ

Марде назди Расули Худо(с) омад ва ба ӯ арз кард: “Ба  ман  донишҳои ғариба ва навпайдоро биомӯз!” Пайғамбар(с) ба ӯ фармуданд: “Бо асоси дониш чӣ кардаӣ, ки аз  навпайдои он мепурсӣ?!

Он мард арза дошт: Асоси дониш чист? Пайғамбар(с) фармуданд: Шинохти Худо он гӯна, ки шоистаи Ӯст. Он мард дубора пурсид: Чи шинохте шоистаи Ӯст? Пайғамбар(с) фармуданд: Ин ки Ӯро бе мислу шарик бидонӣ, якто ва ягона, ошкору пинҳон, аввалу охир, ки ҳамтое надорад. Ин аст шинохте, ки шоистаи Худо аст. Сипас Расули Худо(с) фармуданд: Худоро бо монанд кардан ба ину он наметавон шинохт, балки Худо бо далел ва нишонаҳои мавҷуд дар ҷаҳон, ки бар Парвардигор будани Ӯ шаҳодат медиҳанд шинохта мешавад.”[1]

Маърифат ва шинохти Худои Мутаол болотарин дониш ва боарзиштарин фазилат  аст. Бар ҳар инсоне воҷиб аст, ки Офаридгори худро бишносад ва бо шинохт ва маърифат, Ӯро ибодат ва итоат кунад.

Дар ривояте  дар тафсири ин оят: «Ҷин ва инсонро наофаридам магар барои онки маро бипарастанд.»[2]омадааст, ки Худо инсонро барои маърифат офарида ва ибодату парастиши Худо дар пайи маърифати Ӯ мебошад.

Ёсин

 


[1] . Муснади Имом  Рабиъ ибни Ҳабиб, саҳ.311.

[2] . Сураи Зориёт, ояти 56.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.