Намоз

Рӯзи маҳшар, ки ҷонгудоз бувад,  Аввали пурсиш аз намоз бувад.

Намоз робитаи мӯъминон бо Худо аст.

 Намоз аввалин фармон аст.

 Намоз маросими махсусе барои парастиши Худо ва розу ниёз бо Ӯст. Дар он лаҳза, одамӣ ба камол ва шукӯҳи бениҳояти Офаридгори ҷаҳон меандешад, саропо шефтаи он мешавад, дилу ҷонаш ба хузӯу хушӯъ ва фурӯтанӣ мегарояд, бо оҳанги фитрат дар баробари он ҳама камол ва азамат сари таъзим фурӯд меоварад, рукуъ мекунад, сар ба замин месояд, саҷда мекунад ва забон ба ситоиш мекушояд, ҳамду тасбеҳ мегӯяд.

Паёмбари акрам(с) мефармоянд:

Намоз шиори яктопарастӣ аст ва мусалмонон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд аз он ғафлат кунанд. Қуръони Карим ҳам мефармояд:

 Дар роҳи зиндагӣ аз шикебоӣ ва намоз кӯмак бигиред, ҳар чанд намоз худ кори сангине аст, магар бар фурӯтанҳо, ки ақида доранд саранҷом пеши Худои худ мераванд ва ба сӯи Ӯ боз мегарданд.

Намоз ба одам нишоти маънавии хоссе медиҳад ва аз пажмурдагӣ ва афсурдагии руҳӣ ҷилавгирӣ мекунад. Мо бояд дар намозҳо аз Худо бихоҳем, то гуноҳони мо ва  дигаронро  бибахшад, (яъне тавба кунем) ва бо Худои худ аҳд кунем, ки корҳои бадеро, ки анҷом додаем дигар такрор накунем ва онҳоро ҷуброн намоем. Худои Мутаол мефармояд:

Эй бандагони исрофкори ман! Эй бандагони маъсият- кори ман, эй бандагони ман, ки бар худатон зулм кардаед, аз раҳмати ман ноумед набошед, биёед ба сӯи ман, ман мепазирам, ман қабул мекунам, дар фазои тавба ворид бишавед. Ба ростӣ, ки Худованд раҳмону раҳим аст. Дар яке аз ҳадисҳои қудсӣ омадааст:“Нолаи гунаҳкорон дар  назди ман маҳбубтар аст, аз тасбеҳи тасбеҳгӯяандагон”.

Намоз барои мӯъмин сабаби устувор шудани тақво ва пешрафти ӯ дар дурустӣ ва растагорӣ аст, ҳамон гуна ки бенамоз будан барои гунаҳкор сабаби бештар шудани гуноҳ  ва пешрафт дар шақоват ва торикӣ аст, то он ҷо ки гунаҳкорро ба дӯзах мекашонад.

Тарки намоз

Дар Қуръон омадаст, ки баъзе аз аҳли ҷаҳаннамро дар ҳоле ки дар азоб ҳастанд, мепурсанд:  Шуморо чӣ андохт андар сақар?

Чӣ  чизе шуморо дар ҷаҳаннам қарор дод?

 Бигӯянд дар посух  ин нукта    боз,

Ки ҳар гиз набудем аҳли намоз.

Ба мискин надодем ҳаргиз таом,

Намудем парҳез аз ин маром.

Аз ин ҷо мефаҳмем, чаро намоз дар ислом инқадар муҳим аст, чаро Паёмбар(с) мегӯяд: Намоз амуди дин аст. Чун агар намоз бошад ва ба дурустӣ иҷро шавад, ҳама чиз дуруст мешавад. Агар мо намозро тарк кунем, ҳам дар дунё зарар мебинем ва ҳам дар охират.

Зиёнкор ҳастанд аз ҳар ҷиҳат.

Чи дар дори дунё чидар охират.

Аҳамияти намоз дар Ислом

Дар ин  ҳол хонед комил  намоз

 Бигардед машғули розуниёз            

 Ки бар муъминон бапарвардигор

Бувад воҷиб ин ҳукм дар рӯзгор.

Намоз ибодате аст, ки дар вақтҳои хос бар мӯъминон воҷиб гардидааст.

Оё ба посухи дузахиён гӯш фаро намедиҳед,он ҳангом ки аз онҳо пурсиданд: Чи чизе шуморо ба инҷо (дузах) кашондааст? Гуфтанд: Мо аз намозгузорон набудем.

Ҳамоно намоз, гуноҳонро ҳамчун баргҳои тирамоҳӣ фурӯ мерезад ва ғулу  занҷири гуноҳонро аз гардан мекушояд.

Паёмбари Ислом(с) намозро ба чашмаи оби гарме, ки бар дари сарои марде ҷараён дошта бошад, ташбеҳ кард, агар рӯзе панҷ бор худро дар он шустушӯ диҳад, ҳаргиз чирк ва олудагӣ дар бадани ӯ намонад. Ҳамоно касоне аз мӯъминон ҳаққи намозро шинохтаанд, ки зевари дунё аз намоз бозашон намедорад ва равшании чашмашон яъне амвол ва фарзандон монеи намозашон намешавад. Худои субҳон мефармояд:

Ба касбу тиҷорат гурӯҳе риҷол

Нагаштанд ғофил зи Рабби ҷалол

 

 Мардоне ҳастанд, ки тиҷорат ва хариду фурӯш, ононро аз ёди Худо ва барпо доштани намоз ва пардохти закот боз намедорад. Расули Худо (с) бо вуҷуди инки башорат ба биҳишт дода шуда буд, худро дар намоз хондан ба заҳмат меандохт, зеро Худованд ба ӯ фармуд: Хонаводаи хешро ба намоз фармон деҳ ва бар анҷоми он шикебо бош.

 

 

 

 

Охирин матолиб

Нигоҳе ба масъалаи Рӯза

Рӯза яке аз ибодатҳои воло ва барҷаста ба шумор меравад. Дар ин навиштор матолиберо дар бораи ин ибодати муҳим пешкаши шумо мегардонем. Таърифи рӯза он...

Моҳи Рамазон дар Қуръон

Худои Мутаол дар ояти 185 сураи Бақара мефармояд: شَهْرُ رَمَضَانَ اَلَّذِى أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْءَانُ. هُدىً لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَتٍ مِنَ الْهُدَى‏ وَالْفُرْقَانِ. فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمْ الْشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ...