Сифати имон
Бидон ва огоҳ бош, ки маънои Имон ва мурод аз он, эътиқод ба дил ва иқрор ба
забон ва амал ба аъзову ҷавориҳ ва аркон аст ва бидон, ки имонро чандин мартаба ва манзилат ҳаст. Аз ҳама камтар ба забон аст, ки онро Ислом мегӯянд ва болтар аз онро Имони тақлидӣ номидаанд, ки бо тақлид аз дигарон ҳосил мешавад. Аз ин комили тар ва болтар имони яқинӣ аст ва он имоне аст, ки бар асари таҳқиқ ба даст меояд ва болотарин маротиби Имон ба шумор меравад. Касеро, ки дар ин роҳ (расидан ба ҳақиқат) қадам бармедорад, дар истилоҳ, Солик мегӯянд.
Сифати сидқу ростӣ
Дар роҳи расидан ба Ҳаққу ҳақиқат, наздиктарин роҳ ба мақсуд ва вусул ба матлуб, роҳу тариқи сидқу ростӣ аст ва бояд донист, ки сидқу ростиро панҷ мартаба аст:
Аввал: Сидқ дар ният, яъне Солик дар ҳар ибодате, ки анҷом медиҳад, қасди ризои Худои субҳон намояд.
Дувум: Сидқ дар қавлу гуфтор.
Сеюм: Сидқ дар қасд ва азм. Масалан ҳаргоҳе ки солик азм намуд, ки дар шаби бархезад ва Намоз ба ҷой оварад, шакку тардиде дар азму иродаи ӯ эҷод нашавад.
Чаҳорум: Сидқ дар вафо ба азму ирода.
Панҷум: Сидқ дар аъмолу кирдор.
Сифати инобат
Инобат ба маъни бозгаштани солик ба сӯи Худованд бо истиқбол кардани се чиз аст: Аввал ба ботин ки ҳамешаи дил ба ҷониб ҳақ бошад ва дар афкору кирдор ва азму иродаҳояш, талаби қурбу наздикӣ ба Худои субҳонро намояд. Дуввум ба қавлу гуфтори хеш ҳамеша ҷониби Ҳақро нигаҳ дорад. Сеюм ба аъмоли зоҳир ва некӯ, ки ҳамеша сабаби қурбу наздикӣ ба сӯи Худо ҳастанд, худро ороста гардонад.
Сифати ихлос
Мақсуд аз Ихлос ин аст, ки толиби ҳақ, ҳарчӣ мегӯяд ва анҷом медиҳад, дар он талаби қурб ва наздикии Худои субҳонро намояд беғараз аз ағрози моддӣ ва дунявӣ. Ҳар тасмиме мегирад, бояд ҷанбаи ухравӣ дошта бошад ва бо он чизе, ки аҳдофи дунявии ӯро таъмин мекунад машғул нашавад, мисли ҳуббу ҷоҳталабӣ, талаби раёсат ва ё тамаъи савоби охират.
Сифати тавба
Тавба ба маънои пок шудан аст. Пок шудан аз гуноҳ ва бозгашту руҷӯъ аз дурии ҳазрати Ҳақ ба қурбу наздикии Ӯ. Ба иборати дигар, тарки гуноҳон дар ҳол ва қасд бар тарк дар истиқбол ва тадоруки тақсироти гузашта аст. Мисли ҳуқуқи воҷибае, ки бар гардани тоиб ва тавбакунанда мебошад, хоҳ ин ҳуқӯқ, ҳуқӯқ илоҳӣ бошад ё ҳуқӯқи мардум. Ҳаққуллоҳ ва ҳаққуннос.
Сифати фақр
Фақир ба касе гуфта мешавад, ки рағбат ба молу лаззатҳои дунявӣ надорад ва агар молу сарвате дар дасти ӯ ояд ба он дилбаста нагардад. Ҷиҳати иқболе, ки лозим аст бар сулӯки роҳи ҳақиқат ва иштиғол ба муроқиба, ҷониби илоҳиро нигаҳ дошта бошад то ғайри ҳақ ҳиҷоби ӯ нашавад ва дар ҳақиқат ин фақр шуъбае аз зуҳду парҳезгорист.
Сифати муҳосиба
Муроду мақсуди соҳибони роҳи тариқат аз муҳосиба он аст, ки тоату ибодатҳо ва гуноҳону маъсиятҳои хешро ҳамеша ва ҳамаҷо ҳисоб кунад. Агари тоъати ӯ беш аз маъсият аст, ба неъмати ҳое, ки Худои субҳон ба ӯ дода ва ризқу рӯзии ӯро, ки аз ибтидои хилқат то ҳол ба ӯ иноят карда аст бингарад. Пас бо ин ҳама неъматҳое, ки шимориши онҳо аз уҳдаи инсон хориҷ аст, бар узру тақсироти худ дар ҳамаи ҳолоту аҳволи зиндагии хеш воқиф ва огоҳ гардад.
Сифати тафаккур
Маънои фикр бештар аст аз зоҳир ба ботин ва аз сурат ба маъно ва аз ботин ба ҳақ ва чун маърифати сифоти камол ва зоти лоязол мунҳасир бар ду қисм аст, яке истидлол ва дигар кашф, пас маънои фикр бар ҳар ду тариқ итлоқи метавон кард. Бидон, ки ҳеҷ кас аз нуқсон ба мартабаи камол намерасад магар ба сайр кардан. Бинобарин ба ҳамин сабаб гуфтаанд: Аввал воҷиботи тафаккур ва назар аст ва дар Қуръони маҷид ишора ба фикру андеш, зиёда аз он аст, ки битавон шумурд.
Сифати хавф
Хавф аз Худованд гоҳе ба сабаби маърифати зот ва сифоти Худост ва гоҳе ба сабаби ҷинояти банда аз ҷиҳати иртикоб гуноҳон аст ва гоҳе ба сабаби ҳар ду ба ҳасби маърифати банда ба ҷалоли Худои Таоло ва ба айби нафаси худ ва тақсироту гуноҳони хеш мебошад. Бинобарин хоифтарини мардум аз Парвардгор касе аст, ки маърифати ӯ ба Парвардигор ва ба нафаси худ бештар аз дигар мардумон бошад. Ба ҳамин ҷиҳат Расули акрам (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуд: ман нисбат ба Худои субҳон хоифтарини шумо ҳастам.
Сифати раҷо
Тибқи фармудаи Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам):
» أالدّنیا مزرعة الآخرة «.
Дунё мазраъа ва киштзори охират аст ва дил ба манзалаи замин аст ва Имон ба манзалаи тухм аст дар ӯ ва тоатҳову ибодатҳо ба манзалаи пок кардан замин ва некӯ гардондани ӯ ва ҷорӣ кардани наҳр об аст ба сӯи он. Бинобарин агар ҳосил шуда бошад ин асбоб барои шахсе лоиқ аст, ки исми Раҷо, бар он шахс итлоқ шуда ва созгор бошад.
Сифати шукр
Шукр дар луғат ба маънои мадҳу сано барои неъматдиҳанда ба хотири неъматҳои бедарғи Ӯст. Чун ҷумлаи неъматҳо аз Худои Таъоло аст, Бинобарин беҳтарин аъмол, машғул будан ба шукру сипосии Ӯст ва машғул шудан ба шукру сипоси Худои субҳон ба се чиз ҳосил мешавад:
Аввал: маърифат ва шинохти неъматҳои мунъим ва неъматдиҳанда, ки офоқ ва тамоми нафасҳо аз он аст.
Дувум шодӣ ва шдмонӣ ба ба хотири расидан ба неъматиҳои фаровони Ӯ.
Сеюм: ҷаҳду кӯшиш намудан барои ба даст овардани ризояту хушнудии манъим ба қадари имкону тавон ва иститоат ва он ҳам фақат ва фақат ба хотири муҳаббати Ӯ бошад.
Сифати муҳаббат
Муҳаббат, майлу хостаи нафас аст ба он чизе, ки дар ақлу шуъур ба лаззат ё камоле муқорин ва наздик бошад ва муҳаббат қобили шиддат[1] ва заъф[2] аст. Аввали муҳаббат, иродат аст чаро ки иродат бемуҳаббат набошад. Чунон ки аз муноҷотҳои Сайидуссоҷидин, ҳазрати Зайналъодин (саломуллоҳ алайҳ) метавон дарёфт, ки фармуда аст: Бидон, ки муҳаббат мунтаҳои[3] мақомоти орифон аст ва камтар касе пайдо мешавад, ки ба ин мартаба бирасад.
Сифати таваккул
Бидон, ки таваккул манзиле аз манозили дин аст ва мақоме аз мақомоти мӯқинин ва болотар аз он инки дар ҷумлаи дараҷоти аълои муқаррабини ба даргоҳи илоҳӣ аст.
Сифати таслим
Муроду мақсуд аз Таслим он аст, ки ҳар чӣ солик онро ба худ нисбат дода бошад, ба Худои субҳон бисупорад ва ин мартаба болотар аз мартабаи таваккул мебошад… Бидон, ки барои солик лозим аст то дар мақоми таслим, тамоми умури худро ба ҳақ бисупорад то ба мартабаи Фано бирасад ва дар зоти поки илоҳи маҷзӯб гардад.
[1] Зиёд шудан
[2] Кам шудан
[3] Охирин мақсад