Аҳаммияти баҳсҳои ахлоқӣ

لَقَدْ مَنَّ اللّهُ عَلَى الْمُؤمِنِينَ إِذْ بَعَثَ فِيهِمْ رَسُولًا مِّنْ أَنفُسِهِمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِن كَانُواْ مِن قَبْلُ لَفِي ضَلالٍ مُّبِينٍ 

Тарҷумаи оят: Яқинан Худованд бар мӯъминон миннат ниҳод (ва неъмати бузурге бахшид) ҳангоме ки паёмбаре аз ҷинси худашон дар миёни онон мабъус кард то оёту нишонаҳои хешро бар онон бихонад ва покашон гардонад ва китобу ҳикмат ба онҳо биёмӯзад. Ҳарчанд пеш аз он дар гумроҳӣ ва залолати ошкоре буданд.[1]

Хулосаи тафсир аз ояи шарифа

Аз аҳдофи биъсати Паёмбари Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) тазкияи нафсҳо ва тарбияти инсонҳо ва парвариши ахлоқи ҳасана буда аст. Ҳатто  метавон гуфт, ки тиловати оёти илоҳӣ ва таълими китобу ҳикмат, муқаддимае барои масъалаи тазкияи нафсҳо ва тарбияти инсонҳо аст. Ҳамон чизе, ки ҳадафи асливу асосии илми ахлоқро ташкил медиҳад.

Шояд ба ҳамин далел дар ояи шарифа “тазкия” бар “таълим” пешӣ гирифта ва қабл аз он омада аст, чаро ки ҳадафи аслӣ ва ниҳоӣ, “тазкия” аст ҳарчанд дар амал, “таълим” муқаддам бар он мебошад. Вале агар дар ояи дигаре мушоҳида мекунем, ки Худованди субҳон “таълим”-ро бар “тазкияи ахлоқ” муқаддам дошта ва фармуда аст:

رَبَّنَا وَابْعَثْ فِيهِمْ رَسُولًا مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِكَ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَيُزَكِّيهِمْ إِنَّكَ أَنتَ العَزِيزُ الحَكِيمُ

Тарҷумаи оят: Парвардигоро! Дар миёни онон фиристодаҳое аз худашон мабъус намо то оёти Туро бар онон бихонад ва китобу ҳикмат ба онон биёмӯзад ва покизаашон гардонад, зеро ки Ту худ шикастнопазир ва ҳаким ҳастӣ.[2]

 Фармудаи Худованди субҳон дар ин ояи карима, нозир ба тартиби табиъӣ ва хориҷии он аст, ки маъмулан “таълим” муқаддимае барои “тарбият ва тазкия” мебошад. Бинобарин ҳар кадом аз ояҳо ба яке аз абъоди ин масъала менигарад.

Эҳтимоли дигар ин аст, ки манзур аз ин тақдиму таъхир, ин аст, ки ин ду вожа[3] дар якдигар таъсири мутақобил доранд. Яъне ҳамон гуна ки омӯзишҳои саҳеҳ, сабаби боло бурдани сатҳи ахлоқ ва тазкияи нафсҳо мешавад, вуҷуди фазоили ахлоқӣ дар инсон низ сабаби боло бурдани сатҳи илму дониши ӯст. Чаро ки инсон вақте метавонад ба ҳақиқати илму огоҳӣ бирасад, ки аз “лаҷоҷат” ва “кибру ғурур” ва “худпарастӣ” ва “таъассуби кӯркӯрона”, ки садди роҳи пешрафтҳои илмиаш ҳастанд, холӣ бошанд. Дар ғайри ин сурат ин гуна мафосиди ахлоқӣ, ҳиҷобе бар чашму дили ӯ меафканад, ки натавонад чеҳраи ҳақро  ончуноне ки ҳаст, мушоҳида намояд ва дар натиҷа аз қабул ва пазириши он боз мемонад.

Таваҷҷӯҳ ва эҳтимоми фавқулода ва беназири Қуръони маҷид ба масоили ахлоқӣ ва таҳзиб нафсҳо ба унвони як масъалаи асосӣ ва зербиноӣ аз ояҳои фаровоне қобили истифода аст. Ояи мавриди баҳс, биъсати паёмбареро, ки мураббии ахлоқӣ ва муаллими китобу ҳикмат аст, ба унвони миннати бузург ва неъмати азиме аз ноҳияи Худованди субҳон шуморида аст ва ин далелу санад бар аҳамияти ахлоқ аст.[4]

 


[1] Сураи Оли Имрон, ояи 164

[2] Сураи Бақара, ояи 129

[3] Таълиму тарбият

[4] Ахлоқ дар Қуръон, тадвини алломаи фақеҳ, Макорими Шерозӣ (ҳафазаҳуллоҳ)

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...