Золимон дар Қуръон (Худо дар мавриди золимон чӣ мегӯяд)

1.Пинҳон кардани ҳақиқат:

إِنَّ الَّذِينَ يَكْتُمُونَ مَا أَنْزَلْنَا مِنَ الْبَيِّنَاتِ وَالْهُدَى مِنْ بَعْدِ مَا بَيَّنَّاهُ لِلنَّاسِ فِي الْكِتَابِ أُولَئِكَ يَلْعَنُهُمُ اللَّهُ  وَ یَلعَنُهُمُ اللعِنُون

Касоне ки нишонаҳои равшан ва раҳнамудеро, ки фиристодем баъд аз онки барои мардум дар китоб тавзеҳ додаем пинҳон медоранд, ононро Худо ва муъминон онҳоро лаънат мекунанд. 

2.Ҷазои қатли як муъмин:

وَمَنْ يَقْتُلْ مُؤْمِنًا مُتَعَمِّدًا فَجَزَاؤُهُ جَهَنَّمُ خَالِدًا فِيهَا وَغَضِبَ اللَّهُ عَلَيْهِ وَلَعَنَهُ وَأَعَدَّ لَهُ عَذَابًا عَظِيمًا

Ва ҳар кас мӯъминеро амдан (барқасд) бикушад ҷазояш дузах аст, ки дар он мондагор хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм мегирад ва лаънаташ мекунад ва азоби бузург барояш омода сохтааст.

3.Биҳиштиён ҳатто золимонро лаънат мекунанд:

فَأَذَّنَ مُؤَذِّنٌ بَيْنَهُمْ أَنْ لَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الظَّالِمِينَ

Пас овоздиҳандае дар миёни онон фарёд мезанад, ки лаънати Худо бар ситамкорон бод. 

4.Лаънати шоҳидон бар золимон:

… أَلَا لَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الظَّالِمِينَ

Огоҳ бошед лаънати Худо бар ситамгарон бод.

5.Золимон ҳидоят намешаванд:

وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ * أُولَئِكَ جَزَاؤُهُمْ أَنَّ عَلَيْهِمْ لَعْنَةَ اللَّهِ وَالْمَلَائِكَةِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ

Ва Худованд қавми золимонро ҳидоят намекунад,онон сазояшон ин аст, ки лаънати Худо ва фариштагон ва мардум ҳамаги бар онон аст.

6.Узрхоҳӣ барои золимон фойда надорад:

يَوْمَ لَا يَنْفَعُ الظَّالِمِينَ مَعْذِرَتُهُمْ وَلَهُمُ اللَّعْنَةُ وَلَهُمْ سُوءُ الدَّار

Рузе, ки золимонро узр хоҳияшон фоида намедиҳад ва барои онон лаънат аст ва барояшон бадтарин ҷойгоҳ аст.

7.Оқибати золимон:

إِنَّ الَّذِينَ يُؤْذُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ لَعَنَهُمُ اللَّهُ فِي الدُّنْيَا وَالْآَخِرَةِ وَأَعَدَّ لَهُمْ عَذَابًا مُهِينًا

Бегумон касоне, ки Худо ва Паёмбмри ӯро озор мерасонанд Худо ононро дар дунё ва охират лаънат карда ва барояшон азоби хоркунанда омода сохтааст.

8.Золимон ҳеҷ роҳе надоранд:

ما لِلظّالِمِینَ مِنْ حَمِیم وَ لا شَفِیعٍ یُطاعُ

Барои ситамгарон на ёваре аст ва на шафоаткунандае, ки суханаш пазируфта шавад.

9.Азоби махсус барои золимон:

إِنَّا أَعْتَدْنَا لِلظَّالِمِينَ نَارًا أَحَاطَ بِهِمْ سُرَادِقُهَا وَ إِن يَسْتَغِيثُوا يُغَاثُوا بِمَاءٍ كَالْمُهْلِ يَشْوِى الْوُجُوهَ بِئْسَ الشَّرَابُ وَسَائتْ مُرْتَفَقًا

Мо барои ситамгарон оташе амода кардаем, ки саропардаҳои он эшонро иҳота кунад ва агар фарёдрасе хоҳанд ба обе чун мисси гудохта, ки чеҳраҳоро бирён мекунад фарёдрасӣ шаванд, ки бад нушиданӣ ва бад ҷойгоҳе аст.

10. Золимро ҳам Худо намебахшад ва ҳидоят намекунад:

إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُواْ وَ ظَلَمُواْ لَمْ يَكُنِ اللَّهُ لِيَغْفِرَ لَهُمْ وَ لَا لِيهَْدِيَهُمْ طَرِيقًا — إِلَّا طَرِيقَ جَهَنَّمَ خَلِدِينَ فِيهَا أَبَدًا  وَ كاَنَ ذَالِكَ عَلىَ اللَّهِ يَسِيرًا

Ба дурусти касоне, ки куфр варзиданд ва зулм карданд, ҳаргиз Хдуо ононро намеомурзад(намебахшад) ва ононро ба ҳеҷ роҳе роҳнамоӣ нахоҳад кард-  магар ба роҳи ҷаҳаннам, дар ҳоле ки ҷовидона дар он мондагоранд ва ин кор барои Хдуо осон аст.

11. Зулм ба як шахс = зулм ба ҳама

مَنْ قَتَلَ نَفْسَا بِغَیرِ نَفْسٍ أوفَسادٍ فِی الأَرضِ فَکانَّما قَتَلَ النَّاسَ جمیعا

Ҳар кас инсонеро бидуни муртакиб шудани қатл ва ё фасод дар руи замин бикушад гуё ҳамаи инсонҳоро куштааст.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...