Бузӯргон ва аҳли маърифат, моҳи Раҷабро фӯрсати омодагӣ ва муқаддимаи барои моҳи мубораки Рамазон медонистанд. Моҳи Раҷаб, моҳи Шаъбон, як омодагие аст барои инки инсон дар моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи зиёфати илоҳӣ аст, битавонад бо омодагӣ ва маърифат ворид шавад. Омодаги ба чист? Дар дарҷаи аввал, омодагӣ ба таваҷҷуҳ ва ҳузӯри қалб аст; Хӯдро дар пешгоҳи илми илоҳӣ донистан, дар маҳзари Худо донистан «سُبْحانَ مَنْ أَحْصی کُلَّ شَیْءٍ عِلْمُهُ» ҳамаи ҳолоти хӯдро, ҳаракоти хӯдро, ниятҳои хӯдро, фикру қалби хӯдро дар маъраз ва ҳузӯри илми илоҳӣ донистан; Дар дарҷаи аввал, ин мӯҳим аст; Ва агар ин ҳосил шуд, он вақт таваҷҷӯҳи мо ба корҳоямон, ба ҳарфаҳоямон, ба рафту омадамон, ба сукӯтамон, ба гӯфтору рафторамон, бештар хоҳад шуд.
Моҳи Раҷаб, моҳи истиғфор аст
Моҳи Раҷаб фӯрсати хӯбе аст; Моҳи дӯо аст, моҳи таваҷҷӯҳ аст, моҳи истиғфор аст. Доим ҳам бояд истиғфор кунем. Ҳеҷ кас ҳам хиёл накунад, ки ман аз истиғфор бениёз ҳастам. Пайғамбари Худо (с) мефармояд, ки: إِنَّهُ لَيُغَانُ عَلَي قَلْبِي وَ إِنِّي لَأَسْتَغْفِرُ اللَّهَ فِي كُلِّ يَوْمٍ سَبْعِينَ مَرَّةً. «Бе шак Пайғамбар(с) ҳам ҳадди ақал рӯзе ҳафтод мартаба истиғфор мекард. Истиғфор барои ҳама аст; Бахусӯс моҳо, ки дар ин таҳаррӯкоти моддӣ, дар ин дӯнёи модди ғарқем ва олудаем. Истиғфор ва тавба бахше аз ин гуноҳ ва олӯдагиро покиза мекунад ва аз байн мебарад. Моҳи истиғфор аст; Иншоаллоҳ фӯрсатро мӯғтанам бишуморем. Иншоаллоҳ, ки бар мо ва шумо ин моҳ муборак бошад ва аз ин моҳ вақте вориди моҳи Шаъбон мешавем, бахше аз корро ба тавфиқи илоҳӣ анҷом дода бошем.
Таваҷҷӯҳ ба тавҳид ва азамати илоҳӣ
Яке аз хусӯсиёти дӯоҳои моҳи Раҷаб ин аст: таваҷҷӯҳ додан ба тавҳид, таваҷҷӯҳ додан ба Худо, ба асмо ва сифоти илоҳӣ.Хӯб аст аз фӯрсати ин рӯзҳои моҳи мубораки Раҷаб барои таваҷҷӯҳ ба тавҳид ва азамати илоҳӣ, неъматҳои Худо, талош дар роҳи касби маърифату хӯдсозӣ, қироати Қуръони Карим, дуо ва муноҷоти шабона, аъмоли ибодии мустаҳабӣ, монанди рӯза доштан ва ҳар кори неке талош кунем.
Агар ҳар инсони ҷавон, пир, зан ва мард дар моҳи Раҷаб ва сипас моҳи Шаъбон, робитаи хӯдро бо Худои Мутаол наздиктар ва беҳтар кунад, онгоҳ иншоаллоҳ бо омодагии дилҳо вориди моҳи мубораки Рамазон ва зиёфати илоҳӣ мешавад.
Ин моҳро бояд қадр донист ва охири ин моҳ, мутабаррик аст ба бузӯргтарин ҳодисаи таърих; Яъне Беъсати Пайғамбари Худо (с).
Аз Худованди Мутаол таманно дорем, ки ҳамаи моро дар роҳи бандагӣ, рӯшд ва касби илму маънавият ёрӣ намояд ва ба воситаи ҳузӯри пуршӯри фикру қалбҳои покиза дар ин айём, заминасози таҷаллӣ ёфтани баракот ва алтофи илоҳӣ дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоии ҳама гардад.