Тарҷумаи СУРАИ АЪРОФ

СУРАИ АЪРОФ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 206 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

  1. Алиф, лом, мим, сод.
  2. [Ин] китобест, ки ба сӯи ту нозил шудааст, пас набояд аз он дар синаат тангӣ бошад; то ба василаи он ҳушдор диҳӣ ва панде барои мӯъминон бошад.
  3. Он чиро, ки ба сӯи шумо аз ҷониби Парвардигоратон нозил шудааст, пайравӣ кунед ва ҷуз Ӯ аз дигар сарпарастон пайравӣ накунед; чӣ андак панд мегиред.
  4. Чӣ бисёр ободие, ки [аҳли] онро ҳалок кардем ва уқубати Мо шабонгоҳ ё дар ҳоле ки онон дар хоби нимрӯз буданд, ба онҳо расид.
  5. Ва ҳангоме ки уқубати Мо ба онҳо расид, суханашон ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «ба дурустӣ, ки мо ситамгар будем».
  6. Ва қатъан аз касоне, ки ба сӯи онҳо [паёмбарон] фиристода шуданд, савол хоҳем кард ва ҳатман аз фиристодагон [низ] савол хоҳем кард.
  7. Ва қатъан аз рӯи илм [кирдорашонро] барояшон ҳикоят хоҳем кард ва Мо [аз ҳолашон ғофил ва] ғоиб набудем.
  8. Ва дар он рӯз санҷиш [-и аъмол] ҳақ аст ва касоне, ки мизонҳои [амали] онҳо сангин аст, пас онон худ растагоронанд.
  9. Ва касоне, ки мизонҳои [амали] онҳо сабук аст, пас онон касоне ҳастанд, ки ба хотири ситаме, ки нисбат ба оятҳои Мо мекарданд, ба худашон зиён расонданд.
  10. Ва дар ҳақиқат шуморо дар замин қудрат додем ва барои шумо дар он асбоби маишат қарор додем; чӣ андак шукргузорӣ мекунед.
  11. Ва ба таҳқиқ шуморо офаридем, сипас ба шумо сурат бахшидем, онгоҳ ба фариштагон гуфтем: «ба Одам саҷда кунед!» Пас саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки аз саҷдакунандагон набуд.
  12. [Худо] фармуд: «ҳангоме ки ба ту амр кардам, чӣ чизе туро боз дошт, аз ин ки саҷда накардӣ?» [Иблис] гуфт: «ман аз ӯ беҳтарам; маро аз оташ офаридӣ ва ӯро аз гил офаридӣ».
  13. [Худо] фармуд: «пас, аз он [мақом] фуруд ой, туро сазовор нест, ки дар он [мақом] такаббур варзӣ! Пас берун шав, ки ту аз хоршудагонӣ».
  14. [Иблис] гуфт: «маро то рӯзе, ки [мардум] барангехта шаванд, мӯҳлат деҳ!»
  15. [Худо] фармуд: «ҳамоно ту аз мӯҳлатдодашудагонӣ».
  16. [Иблис] гуфт: «пас ба сабаби он ки маро гумроҳ кардӣ, ҳатман барои [гумроҳ кардани] онҳо [бар] роҳи рости Ту менишинам.
  17. Сипас аз пеши рӯяшон ва аз пушти сарашон ва аз тарафи росташон ва аз тарафи чапашон, қатъан ба суроғашон меравам ва бештари онҳоро шукргузор намеёбӣ».
  18. [Худо] фармуд: «аз он [мақом] бо нангу хорӣ берун шав! Ҳар кас аз онон аз ту пайравӣ кунад, ҳатман ҷаҳаннамро аз ҳамаи шумо пур мекунам.
  19. Ва эй Одам! Ту ва ҳамсарат дар биҳишт сукунат гузинед ва аз ҳар ҷо, ки мехоҳед бихӯред ва наздики ин дарахт нашавед, ки аз ситамгарон хоҳед шуд».
  20. Ва шайтон он дуро васваса кард, то он чиро аз шармгоҳҳояшон, ки аз назарашон пӯшида буд, барояшон ошкор созад. Ва гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз ин дарахт манъ накардааст, ҷуз барои он ки [мабодо] ду фаришта шавед ё аз мондагорон гардед».
  21. Ва барояшон қасам хӯрд, ки ман қатъан аз хайрхоҳони шумо ҳастам.
  22. Пас онҳоро бо фиреб [аз мақомашон] фурӯ овард ва ҳангоме ки аз [меваи он] дарахт чашиданд, шармгоҳҳояшон бар онҳо ошкор шуд ва шурӯъ карданд, бо барги [дарахтони] биҳишт худашонро бипӯшонанд. Ва Парвардигорашон онҳоро нидо дод, ки: «оё шуморо аз он дарахт манъ накардам ва ба шумо нагуфтам, ки ҳамоно шайтон барои шумо душмани ошкорест?»
  23. [Одам ва Ҳавво] гуфтанд: «Парвардигори мо! Бар худамон ситам кардем ва агар моро наомурзӣ ва моро набахшӣ, ҳатман аз зиёнкорон хоҳем буд».
  24. [Худо] фармуд: «фуруд оед, дар ҳоле ки душмани ҳамдигар ҳастед ва барои шумо дар замин, то муддате қароргоҳ ва баҳрамандӣ хоҳад буд».
  25. [Худо] фармуд: «дар он зиндагӣ мекунед ва дар он мемиред ва аз он берун оварда мешавед».
  26. Эй фарзандони Одам! Ба яқин либосе бар шумо фурӯ фиристодем, ки шармгоҳҳои шуморо мепӯшонад ва сабаби зинат аст ва либоси парҳезгорӣ, ин беҳтар аст. Ин аз нишонаҳои Худост, бошад, ки онон панд гиранд.
  27. Эй фарзандони Одам! Шайтон шуморо фиреб надиҳад, ҳамон гуна, ки падару модаратонро аз биҳишт берун овард, дар ҳоле ки либосашонро аз [тани] онҳо берун сохт, то шармгоҳҳояшонро ба   онҳо ошкор намояд. Ҳамоно ӯ (шайтон) ва гурӯҳаш, аз он ҷое, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Дар ҳақиқат Мо шайтонҳоро сарпарасти касоне қарор додем, ки имон намеоваранд.
  28. Ва ҳангоме ки [кори] зиште анҷом диҳанд, гӯянд: «падаронамонро бар ин [кор] ёфтем ва Худо моро ба он фармон додааст». Бигӯ: «қатъан Худо ба [кори] зишт фармон намедиҳад; оё чизеро, ки намедонед бар Худо нисбат медиҳед?»
  29. Бигӯ: «Парвардигори ман ба адолат амр кардааст ва рӯи худро дар ҳар масҷиде [ба ҳангоми ибодат ба сӯи Ӯ] рост намоед ва Ӯро бихонед, дар ҳоле ки дин [-и худ]-ро барои Ӯ холис кардаед. Ҳамон гуна ки офариниши шуморо оғоз кард, бозмегардед».
  30. Гурӯҳеро ҳидоят кард ва гурӯҳе [дигар] гумроҳӣ бар онон сазовор гардид. Дар ҳақиқат онҳо ба ҷои Худо шайтонҳоро сарпараст гирифтанд ва гумон мекунанд, ки ҳидоят ёфтаанд.
  31. Эй фарзандони Одам! Дар ҳар масҷиде зинати худро баргиред ва бихӯреду биошомед ва        исроф накунед; ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад.
  32. Бигӯ: «чӣ касе зинати Худоро, ки барои бандагонаш берун овардааст ва рӯзиҳои покизаро ҳаром кардааст?» Бигӯ: «ин дар зиндагии дунё барои касонест, ки имон овардаанд [агарчи дигарон низ аз он истифода мекунанд] дар ҳоле ки дар рӯзи қиёмат махсус [-и мӯъминон] хоҳад буд». Ин гуна оятҳоро барои гурӯҳе, ки медонанд, баён мекунем.
  33. Бигӯ: «Парвардигори ман танҳо зиштиҳоро, он чи аз онҳо ошкор аст ва он чи пинҳон ва гуноҳ ва ситами ба ноҳақро ҳаром кардааст ва ин ки чизеро шарики Худо қарор диҳед, ки Худо далеле бар он нафиристодааст ва ин ки чизеро, ки намедонед ба Худо нисбат диҳед».
  34. Ва барои ҳар уммате аҷалест ва ҳангоме ки аҷали онон бирасад, лаҳзае таъхир намекунанд ва пешӣ намегиранд.
  35. Эй фарзандони Одам! Агар паёмбароне аз худатон ба сӯи шумо биёянд, ки оятҳои Маро бар шумо мехонанд [аз онҳо итоат кунед] ва ҳар касе, ки парҳезгорӣ кунад ва ислоҳ намояд, пас на тарсе бар онҳост ва на онон андӯҳгин шаванд.
  36. Ва касоне, ки оятҳои Моро такзиб карданд ва аз пазириши он такаббур варзиданд, онон аҳли дӯзаханд; онҳо дар он мондагоранд.
  37. Ва чӣ касе золимтар аст аз касе, ки бар Худо дурӯғ бибандад ё оятҳои Ӯро такзиб кунад? Ононанд, ки баҳраашон аз [ончи дар Лавҳи маҳфуз] навишта шуда, ба онҳо мерасад; то ҳангоме ки фиристодагон (фариштагон)-и Мо ба суроғашон биёянд [ва] рӯҳашонро ба таври комил бигиранд, гӯянд: «куҷост он чи ғайр аз Худо мехондед?» Гӯянд: «онҳо аз назари мо гум шудаанд» ва бар зидди худашон гувоҳӣ диҳанд, ки онҳо кофир будаанд.
  38. [Худо] фармуд: «дар миёни умматҳое аз ҷин ва инс, ки пеш аз шумо гузаштанд, дар оташ дохил шавед». Ҳар гоҳ уммате дохил шавад [гурӯҳи] ҳамонандашро лаънат мекунад. То ҳангоме ки ҳамагӣ дар он [оташ] ба якдигар бипайванданд, пайравонашон дар бораи пешвоёнашон гӯянд: «Парвардигори мо! Онҳо моро гумроҳ карданд, пас азобе ду баробар аз оташ ба онон бидеҳ». [Худо] мефармояд: «барои ҳар як [аз шумо азобе] ду баробар аст, валекин намедонед».
  39. Ва пешвоёнашон ба пайравонашон мегӯянд: «пас шуморо ҳеҷ бартарие бар мо нест; пас ба сабаби он чи ки анҷом медодед, азобро бичашед».
  40. Дар ҳақиқат касоне, ки оятҳои моро такзиб карданд ва аз [пазириши] он такаббур варзиданд, дарҳои осмон барояшон кушода намешавад ва дохили биҳишт намешаванд, магар ин ки шутур дар сӯрохи сӯзан дарояд ва ин гуна муҷримонро ҷазо медиҳем.
  41. Барояшон бистаре аз ҷаҳаннам аст ва аз болояшон пӯшишҳое [аз он] аст ва ин гуна ситамгаронро ҷазо медиҳем.
  42. Ва касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд -ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавоноияш таклиф намекунем- онон аҳли биҳиштанд, онҳо дар он ҷовидонанд.
  43. Ва он чи дар синаҳояшон аз кина аст, берун оварем; дар ҳоле ки аз зери онҳо наҳрҳо ҷорист ва гӯянд: «ситоиш Худорост, ки моро ба ин [биҳишт] ҳидоят кард ва агар Худо моро ҳидоят накарда буд, ҳаргиз мо ҳидоят намеёфтем; қатъан фиристодагони Парвардигорамон ба ҳақ омадаанд». Ва ба онон нидо дода мешавад, ки: «ин биҳиштест, ки онро ба сабаби он чи анҷом медодед, ба ирс бурдаед».
  44. Ва аҳли биҳишт аҳли дӯзахро нидо диҳанд, ки: «ба яқин он чиро, ки Парвардигорамон ба мо ваъда дода буд, ҳақ ёфтем ва оё [шумо низ] он чиро, ки Парвардигоратон ваъда дода буд, ҳақ ёфтед?» Гӯянд: «оре!» Ва нидодиҳандае дар миёни онҳо нидо диҳад, ки: «лаънати Худо бар ситамгарон бод».
  45. [Ҳамон] касоне, ки [мардумро] аз роҳи Худо боз медоранд ва мехоҳанд онро мунҳариф намоянд ва онон ба охират кофир буданд.
  46. Ва дар байни он ду [гурӯҳ] ҳиҷобест ва бар аъроф мардоне ҳастанд, ки ҳар як [аз он ду гурӯҳро] аз чеҳраашон мешиносанд ва аҳли биҳиштро, ки ҳанӯз дохили он нашуданд, дар ҳоле ки онҳо умедворанд, нидо медиҳанд, ки: «салом бар шумо бод».
  47. Ва ҳангоме ки чашмҳояшон ба тарафи аҳли дӯзах гардонида шавад, гӯянд: «Парвардигори мо! Моро бо гурӯҳи ситамгарон қарор мадеҳ».
  48. Ва асҳоби Аъроф мардонеро, ки онҳоро аз чеҳраашон мешиносанд нидо диҳанд, гӯянд: «ҷамъияти шумо ва такаббур варзиданатон [азобро] аз шумо дафъ намекунад».
  49. Оё инҳо касоне ҳастанд, ки қасам хӯрдед, ки Худо ҳаргиз раҳмате ба онон намерасонад? [Онгоҳ ба мӯъминон гуфта мешавад:] ба биҳишт дохил шавед, дар ҳоле ки на тарсе бар шумост ва на шумо андӯҳгин мешавед.
  50. Ва аҳли дӯзах аҳли биҳиштро нидо диҳанд, ки: «аз об ё аз он чи Худо ба шумо рӯзӣ додааст, бар мо фурӯ резед!» Гӯянд: «ҳамоно Худо он дуро бар кофирон ҳаром кардааст».
  51. Касоне, ки динашонро ба саргармӣ ва бозӣ гирифтанд ва зиндагии дунё онҳоро фиреб дод, пас имрӯз онҳоро фаромӯш мекунем, ҳамон гуна ки дидори ин рӯзашонро фаромӯш карданд ва оятҳои Моро инкор мекарданд.
  52. Ва ба дурустӣ, ки барояшон китобе овардем, ки онро аз рӯи илм баён кардем; то ҳидоят ва раҳмате бошад барои гурӯҳе, ки имон меоваранд.
  53. Оё ҷуз оқибати онро интизор ҳастанд? Рӯзе, ки оқибати он биёяд, касоне, ки онро аз пеш фаромӯш карда буданд, мегӯянд: «ба дурустӣ, ки фиристодагони Парвардигорамон ба ҳақ омаданд; пас оё барои мо шафоаткунандагоне ҳастанд, то бароямон шафоат кунанд ё [ба дунё] бозгардонида шавем, то ғайр аз он чи ки анҷом медодем, амал кунем?» Қатъан ба худашон зиён карданд ва он чи [ба дурӯғ] мебофтанд, аз онон гум шуд.
  54. Ҳамоно Парвардигори шумо Худост, Зоте, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид; сипас бар Арш истиқрор ёфт; рӯзро ба шаб мепӯшонад, дар ҳоле ки онро ба шитоб металабад ва хуршед ва моҳ ва ситорагонро дар ҳоле ки ба амри Ӯ ром шудаанд [офарид] огоҳ бошед, ки офариниш ва фармонравоӣ танҳо барои Ӯст; пурбаракат аст Худое, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
  55. Парвардигоратонро бо тазарруъ [ва ошкоро] ва пинҳонӣ бихонед; ҳамоно Ӯ таҷовузкоронро дӯст намедорад.
  56. Ва дар замин баъд аз ислоҳи он фасод накунед ва Ӯро бо тарс ва умед бихонед; қатъан раҳмати Худо ба некӯкорон наздик аст.
  57. Ва Ӯ Зотест, ки бодҳоро пешопеши [борони] раҳмати Худ муждадиҳанда мефиристад; то ҳангоме ки абри гаронеро бардорад, онро ба сӯи сарзамине мурда равон кунем; пас ба василаи он, обро мефиристем ва бо он [об] аз ҳаргуна меваҳо бурун оварем; ин гуна мурдагонро [аз қабрҳо] берун меоварем; бошад, ки шумо панд гиред.
  58. Ва сарзамини покиза, рӯйиданиаш ба хости Парвардигораш берун меояд ва он [сарзамине] ки палид аст, ҷуз фоидаи кам берун намеояд. Ин гуна нишонаҳоро барои гурӯҳе, ки шукргузорӣ мекунанд, гуногун баён мекунем.
  59. Ба яқин Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем, пас гуфт: «эй қавм [-и ман]! Худоро бипарастед, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ барои шумо нест; ҳамоно ман бар шумо аз азоби рӯзи бузург метарсам».
  60. Ашрофе аз қавмаш гуфтанд: «ҳамоно мо туро дар гумроҳии ошкор мебинем».
  61. Гуфт: «эй қавм [-и ман]! Ҳеҷ гумроҳие дар ман нест, валекин ман паёмбаре аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён ҳастам;
  62. Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо насиҳат мекунам ва аз ҷониби Худо он чиро медонам, ки [шумо] намедонед.
  63. Ва оё тааҷҷуб кардед, ки панде аз ҷониби Парвардигоратон бар [забони] марде аз шумо бароятон омад, то шуморо ҳушдор диҳад ва то парҳезгорӣ кунед? Ва бошад, ки шумо мавриди раҳмат қарор гиред».
  64. Ва ӯро такзиб карданд; пас ӯ ва касонеро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, наҷот додем ва касонеро, ки оятҳои Моро дурӯғ шумориданд, ғарқ кардем. Ба дурустӣ, ки онҳо гурӯҳе кӯр [-дил] буданд.
  65. Ва ба сӯи [қавми] Од бародарашон Ҳудро [фиристодем]. Гуфт: «эй қавм [-и ман]! Худоро бипарастед, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ барои шумо нест; пас оё парҳезгорӣ намекунед?»
  66. Ашрофе аз қавмаш, ки куфр варзиданд, гуфтанд: «ҳамоно мо туро дар аблаҳӣ мебинем ва қатъан мо туро аз дурӯғгӯён мепиндорем».
  67. Гуфт: «эй қавм [-и ман]! Ҳеҷ аблаҳӣ дар ман нест, валекин ман Паёмбаре аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён ҳастам;
  68. Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва ман барои шумо насиҳатгари амин ҳастам.
  69. Ва оё тааҷҷуб кардед, ки панде аз ҷониби Парвардигоратон бар [забони] марде аз шумо бароятон омад, то шуморо ҳушдор диҳад? Ва ёд кунед ҳангомеро, ки баъд аз қавми Нӯҳ шуморо ҷонишинон [-и онон] қарор дод ва шуморо дар офариниш тавоноӣ бахшид; пас неъматҳои Худоро ёд кунед; бошад, ки шумо растагор шавед».
  70. Гуфтанд: «оё ба сӯи мо омадаӣ, то Худои ягонаро бипарастем ва он чиро, ки ниёгонамон мепарастиданд, раҳо кунем? Пас агар аз ростгӯён ҳастӣ, он чиро, ки ба мо ваъда медиҳӣ, бароямон биёвар».
  71. Гуфт: «ба дурустӣ, ки палидӣ ва ғазаб аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо воқеъ шудааст. Оё бо ман дар бораи номҳое ки шумо ва падаронатон онро номгузорӣ кардаед [ва] Худо ҳеҷ далеле ба он нафиристодааст, баҳс ва мунозара мекунед? Пас мунтазир бошед, ҳамоно ман ҳамроҳи шумо аз мунтазирон ҳастам».
  72. Пас ӯ ва касонеро, ки бо ӯ буданд, бо раҳмате аз ҷониби Хеш наҷот додем ва решаи касонеро, ки оятҳои Моро такзиб карданд ва аз мӯъминон набуданд, буридем.
  73. Ва ба сӯи [қавми] Самуд бародарашон Солеҳро [фиристодем]. Гуфт: «эй қавм [-и ман]! Худоро бипарастед, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ барои шумо нест. Ба таҳқиқ далеле аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо омадааст; ин модашутури Худо мӯъҷизае барои шумост, пас ӯро раҳо кунед, ки дар замини Худо бихӯрад ва ҳеҷ бадие ба ӯ нарасонед, ки азоби дардноке шуморо фаро мегирад.
  74. Ва ёд кунед, ҳангоме ки шуморо пас аз [қавми] Од ҷонишин [-и онон] қарор дод ва шуморо дар замин ҷой дод, ки дар даштҳояш қасрҳое месозед ва [аз] кӯҳҳо хонаҳое метарошед; пас неъматҳои Худоро ёд кунед ва дар замин фасодкорона саркашӣ накунед».
  75. Ашрофе аз миёни қавмаш, ки такаббур меварзиданд, ба гурӯҳе аз мустазъафон аз миёни онҳо, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «оё яқин доред, ки Солеҳ аз ҷониби Парвардигораш фиристода шудааст?» Гуфтанд: «дар ҳақиқат мо ба он чи ки [ӯ] ба он фиристода шудааст, имон дорем».
  76. Касоне, ки такаббур варзиданд, гуфтанд: «дар воқеъ, мо ба чизе, ки шумо ба он имон овардаед, кофирем».
  77. Пас он модашутурро куштанд ва аз фармони Парвардигорашон сарпечӣ карданд ва гуфтанд: «эй Солеҳ! Агар ту аз фиристодагон [-и Худо] ҳастӣ, он чи ба мо ваъда медиҳӣ, барои мо биёвар».
  78. Пас зилзила ононро фаро гирифт ва субҳгоҳон дар хонаҳояшон ба зону афтода мурданд.
  79. Пас [Солеҳ] аз онҳо рӯй гардонид ва гуфт: «эй қавм [-и ман]! Ба таҳқиқ паёми Парвардигорамро ба шумо расондам ва шуморо насиҳат кардам, валекин [шумо] насиҳаткунандагонро дӯст намедоред».
  80. Ва Лутро [ба ёд овар] ҳангоме ки ба қавмаш гуфт: «оё [кори] зиштеро анҷом медиҳед, ки ҳеҷ як аз ҷаҳониён, пеш аз шумо онро анҷом надодааст?
  81. Қатъан шумо аз рӯи шаҳват, ба ҷои занон ба суроғи мардон меравед, балки шумо гурӯҳи исрофкоред».
  82. Ва посухи қавмаш ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «ононро аз ободиатон берун кунед; дар ҳақиқат онҳо мардуме ҳастанд, ки покдоманиро металабанд».
  83. Пас ӯ ва хонадонашро наҷот додем, ҷуз занаш, ки аз боқимондагон [дар азоб] буд.
  84. Ва борон [-и азоб]-ро бар онҳо борондем; пас бингар саранҷоми гуноҳкорон чигуна буд!
  85. Ва ба сӯи [қавми] «Мадян» бародарашон Шуайбро [фиристодем] гуфт: «эй қавм [-и ман]! Худоро бипарастед, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ барои шумо нест. Ба таҳқиқ далеле аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо омадааст; пас паймона ва тарозуро адо кунед ва ба мардум чизҳояшонро кам надиҳед ва дар замин, баъд аз ислоҳ шуданаш фасод накунед; ин барои шумо беҳтар аст, агар мӯъмин ҳастед.
  86. Ва бар сари ҳар роҳе нанишинед, то [мардумро] битарсонед ва аз роҳи Худо касеро, ки ба Ӯ имон овардааст, боз доред, дар ҳоле ки каҷии онро мехоҳед. Ва ба ёд оваред ҳангомеро, ки кам будед, пас шуморо бисёр гардонид ва бингаред, ки саранҷоми муфсидон чигуна буд!
  87. Ва агар гурӯҳе аз шумо ба чизе, ки ба он фиристода шудаам имон оварданд ва гурӯҳе имон наоварданд, пас сабр кунед, то Худо миёни мо ҳукм кунад ва Ӯ беҳтарин ҳукмкунандагон аст».
  88. Ашрофе аз миёни қавмаш, ки такаббур меварзиданд, гуфтанд: «эй Шуайб! Қатъан ту ва касонеро, ки имон овардаанд, аз ободиамон берун мекунем ё ҳатман ба оини мо бозмегардед». Гуфт: ва оё [бояд бозгардем] ҳарчанд моил набошем?
  89. Агар ба оини шумо бозгардем, баъд аз он ки Худо моро аз он наҷот дод, қатъан бар Худо дурӯғ бастаем ва барои мо шоиста нест, ки ба он боз гардем, магар ин ки Худое, ки Парвардигори мост, бихоҳад; илми Парвардигори мо ҳама чизро фаро гирифтааст; танҳо бар Худо таваккал кардаем. Парвардигори мо! Байни мо ва байни қавми мо ба ҳақ кушоиш деҳ ва Ту беҳтарин кушоишдиҳандагонӣ».
  90. Ва ашрофе аз миёни қавмаш, ки куфр варзиданд, гуфтанд: «агар аз Шуайб пайравӣ кунед, ҳамоно шумо дар ин сурат зиёнкор хоҳед буд».
  91. Пас зилзила ононро фаро гирифт ва субҳгоҳон дар хонаҳояшон ба зону афтода, мурданд.
  92. Касоне, ки Шуайбро такзиб карданд [чунон нобуд шуданд, ки] гӯё дар он ҷо набуданд; касоне, ки Шуайбро такзиб карданд онон зиёнкор буданд.
  93. Пас [Шуайб] аз онон рӯй гардонид ва гуфт: «эй қавм [-и ман]! Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо расондам ва шуморо насиҳат кардам, пас чигуна бар [ҳоли] гурӯҳи кофирон андӯҳгин шавам?»
  94. Ва дар ҳеҷ ободие паёмбаре нафиристодем, магар ин ки аҳли онро ба сахтӣ ва зиён гирифтор кардем; то шояд тазаррӯъ кунанд.
  95. Сипас некиро ба ҷои бадӣ қарор додем, то он ки фузунӣ ёфтанд ва гуфтанд: «дар воқеъ ба ниёгонамон [низ] зиён ва роҳатӣ расида буд». Пас ногаҳон ононро дар ҳоле ки онҳо дарк намекарданд, гирифтор сохтем.
  96. Ва агар аҳли ободиҳо имон меоварданд ва тақво пеша мекарданд, қатъан аз осмону замин баракотеро бар онон мекушодем, валекин такзиб карданд, пас ба сабаби он чи анҷом медоданд, онҳоро баргирифтем.
  97. Ва оё аҳли ободиҳо дар амонанд, аз ин ки азобамон шабонгоҳ ба онон расад, дар ҳоле ки онҳо хоб бошанд?
  98. Ва оё аҳли ободиҳо дар амонанд, аз ин ки азобамон нимрӯз ба онон расад, дар ҳоле ки онон саргарми бозӣ ҳастанд?
  99. Ва оё аз макри Худо дар амонанд? Пас ҷуз гурӯҳи зиёнкорон [худро] аз макри Худо дар амон намебинанд.
  100. Ва оё барои касоне, ки заминро, пас аз аҳлаш ба ирс мебаранд, равшан нашудааст, ки агар бихоҳем онҳоро [низ] ба сабаби гуноҳонашон [ба азоб] мерасонем ва бар дилҳояшон мӯҳр мениҳем? Онгоҳ онҳо намешунаванд.
  101. Ин ободиҳо, баъзе аз хабарҳояшро бар ту ҳикоят мекунем ва дар ҳақиқат паёмбаронашон бо далелҳои равшан ба сӯи онҳо омаданд, пас ба сабаби он чи аз пеш такзиб карда буданд, имон намеоварданд; ин гуна Худо бар дилҳои кофирон мӯҳр мениҳад.
  102. Ва барои бисёри онҳо ҳеҷ аҳде наёфтем ва қатъан бештари ононро нофармон ёфтем.
  103. Онгоҳ баъд аз онон (паёмбарон), Мӯсоро бо нишонаҳои Худ ба сӯи Фиръавн ва ашрофаш фиристодем; пас ба он [нишонаҳо] зулм карданд; пас бингар оқибати муфсидон чигуна буд!
  104. Ва Мӯсо гуфт: «эй Фиръавн! Ба дурустӣ, ки ман фиристодае аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён ҳастам.
  105. Сазовор аст, ки бар Худо ҷуз [сухани] ҳақ нагӯям. Ба таҳқиқ нишонае аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо овардаам; пас Банӣ Исроилро бо ман бифирист».
  106. [Фиръавн] гуфт: «агар мӯъҷизае овардаӣ, пас онро биёвар, агар аз ростгӯён ҳастӣ».
  107. Онгоҳ [Мӯсо] асои худро афканд; пас ногаҳон он [асо] аждаҳои ошкоре шуд;
  108. Ва дасташро берун овард, пас ногаҳон он [даст] барои бинандагон сафед [ва нуронӣ] гашт.
  109. Ашрофи қавми Фиръавн гуфтанд: «бешак, ин [шахс] ҷодугари доност,
  110. Мехоҳад шуморо аз сарзаминатон берун кунад; пас чӣ фармон медиҳед?»
  111. Гуфтанд: [эй Фиръавн!] «ӯ ва бародарашро боздор ва гирдоварандагон [-и соҳирон]-ро ба шаҳрҳо бифирист;
  112. То ҳар соҳири доноеро ба назди ту оваранд».
  113. Ва соҳирон ба назди Фиръавн омаданд, гуфтанд: «агар мо пирӯз шудем, қатъан барои мо подоше ҳаст?»
  114. Гуфт: «оре ва бешак, шумо аз наздикон [-и ман] хоҳед буд».
  115. Гуфтанд: «эй Мӯсо! Ё ин ки ту [асоятро] меафканӣ ва ё мо меафканем?»
  116. [Мӯсо] гуфт: «биафканед». Ва ҳангоме ки афканданд, чашмони мардумро афсун карданд ва онҳоро ҳаросон карданд ва ҷодуи бузурге [ба вуҷуд] оварданд.
  117. Ба Мӯсо ваҳй кардем, ки: «асоятро биафкан». Пас ногаҳон он [асо] он чиро ба дурӯғ месохтанд, мебалъид.
  118. Пас ҳақ воқеъ шуд ва он чи анҷом медоданд, ботил шуд.
  119. Пас дар он ҷо мағлуб шуданд ва хор гаштанд.
  120. Ва соҳирон ба саҷда афтоданд.
  121. Гуфтанд: «ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем:
  122. Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун».
  123. Фиръавн гуфт: «пеш аз он ки ба шумо иҷозат диҳам, ба ӯ имон овардед? Ҳатман ин найрангест, ки дар ин шаҳр онро ба кор гирифтаед, то аҳлашро аз он берун кунед; пас ба зудӣ хоҳед донист!
  124. Қатъан дастҳо ва пойҳоятонро бар хилоф [-и якдигар] мебурам; сипас ҳатман ҳамаи шуморо ба дор меовезам».
  125. [Соҳирон] гуфтанд: «яқинан мо ба сӯи Парвардигорамон боз мегардем.
  126. Аз мо интиқом намегирӣ; ҷуз ин ки ба оятҳои Парвардигорамон, замоне ки ба сӯи мо омад, имон овардем. Парвардигори мо! Сабрро бар мо фурӯ рез ва моро мусулмон бимирон».
  127. Ва ашрофе аз миёни қавми Фиръавн гуфтанд: «оё Мӯсо ва қавмашро раҳо мекунӣ, то дар замин фасод кунанд ва ту ва маъбудонатро раҳо кунанд?» Гуфт: «ба зудӣ писаронашонро мекушем ва занонашонро зинда нигоҳ медорем ва қатъан мо бар онҳо тасаллут дорем».
  128. Мӯсо ба қавмаш гуфт: «аз Худо ёрӣ биҷӯед ва сабр кунед, дар ҳақиқат замин аз они Худост; онро ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, ба ирс медиҳад. Ва оқибат барои парҳезгорон аст».
  129. [Қавми Мӯсо] гуфтанд: «пеш аз он ки ба сӯи мо биёӣ ва пас аз он ки назди мо омадӣ, озор дидаем». Гуфт: «умед аст Парвардигоратон душмани шуморо ҳалок кунад ва шуморо дар замин ҷонишин [-и онон] гардонад ва бингарад, ки чигуна амал мекунед».
  130. Ва ба дурустӣ, ки Мо фиръавниёнро ба хушксолӣ ва камбуди меваҳо гирифтор кардем, бошад, ки онҳо панд гиранд.
  131. Ва ҳангоме ки некӣ [ва неъмат] ба онон мерасид, мегуфтанд: «ин сазовори мост». Ва агар ба онҳо бадӣ мерасид, ба Мӯсо ва касоне, ки бо ӯ буданд фоли бад мезаданд. Огоҳ бошед, фоли бадашон танҳо назди Худост, валекин бештарашон намедонанд.
  132. Ва гуфтанд: «ҳар гуна мӯъҷизае, ки онро барои мо биёрӣ, то моро бо он ҷоду кунӣ, пас мо ба ту имон намеоварем».
  133. Пас тӯфон ва малах ва кана ва қурбоқаҳо ва хунро бар онҳо фиристодем, дар ҳоле ки нишонаҳои равшане буданд. Пас такаббур варзиданд ва гурӯҳе гуноҳкор буданд.
  134. Ва ҳангоме ки азоб бар онҳо воқеъ шуд, гуфтанд: «эй Мӯсо! Парвардигоратро ба он аҳде, ки дар назди ту дорад, барои мо бихон; агар азобро аз мо бардорӣ, қатъан ба ту имон меоварем ва ҳатман Банӣ Исроилро бо ту мефиристем».
  135. Ва ҳангоме ки азобро то муддате ки онҳо ба он мерасиданд аз онон бардоштем, ногаҳон онҳо паймоншиканӣ карданд.
  136. Пас, аз онҳо интиқом гирифтем ва ононро дар дарё ғарқ кардем, ба сабаби он ки онҳо оятҳои моро такзиб карданд ва аз он ғофил буданд.
  137. Ва машриқҳо ва мағрибҳои заминро, ки дар он баракат ниҳодем, ба гурӯҳе, ки мустазъаф шуда буданд, ба ирс додем ва ваъдаи неки Парвардигорат бар Банӣ Исроил ба хотири сабр карданашон таҳаққуқ ёфт ва он чи Фиръавн ва қавмаш месохтанд ва он чиро, ки бармеафроштанд, вайрон кардем.
  138. Ва Банӣ Исроилро аз дарё гузарондем; пас ба гурӯҳе расиданд, ки ба [парастиши] бутҳое ки доштанд рӯй оварда буданд, гуфтанд: «эй Мӯсо! Барои мо [низ] маъбуде қарор бидеҳ, ҳамон гуна, ки барои онҳо маъбудҳоест». [Мӯсо] гуфт: «дар ҳақиқат шумо гурӯҳе ҳастед, ки нодонӣ мекунед!
  139. Ба яқин онҳо, он чи онон дар он ҳастанд, нобудшаванда аст ва он чи ки анҷом медиҳанд, ботил аст».
  140. [Мӯсо] гуфт: «оё барои шумо маъбуде ҷуз Худо биҷӯям, ҳол онки Ӯ шуморо бар ҷаҳониён бартарӣ додааст?»
  141. Ва ҳангоме ки шуморо аз [чанги] фиръавниён наҷот додем, дар ҳоле ки шуморо ба бадтарин навъ азоб медоданд; писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда нигоҳ медоштанд ва дар инҳо озмоише бузург аз ҷониби Парвардигоратон буд.
  142. Ва ҳангоме ки бо Мӯсо сӣ шаб ваъда гузоштем ва онро бо даҳ шаб [-и дигар] комил намудем, пас қарори ваъдаи Парвардигораш бо чиҳил шаб поён ёфт ва Мӯсо ба бародараш Ҳорун гуфт: «дар миёни қавмам ҷонишини ман бош ва ислоҳ кун ва аз роҳи муфсидон пайравӣ накун».
  143. Ва ҳангоме ки Мӯсо ба қарори ваъдаи Мо омад ва Парвардигораш бо ӯ сухан гуфт, арз кард: «Парвардигоро! [Худатро] ба ман бинамо, то ба Ту бингарам». [Худо] гуфт: «ҳаргиз Маро нахоҳӣ дид валекин ба кӯҳ бингар ва агар дар ҷояш қарор гирад, пас ба зудӣ Маро хоҳӣ дид». Ва ҳангоме ки Парвардигораш ба кӯҳ таҷаллӣ намуд, онро [ба хок] яксон гардонид ва Мӯсо беҳуш афтод ва ҳангоме ки ба ҳуш омад, гуфт: «муназзаҳӣ Ту! Ба сӯи Ту бозгаштам ва ман нахустини мӯъминонам».
  144. Гуфт: «эй Мӯсо! Ба яқин Ман бо паёмҳои Худ ва бо сухан гуфтани Худ, туро бар мардум баргузидам; пас он чиро ба ту додаам бигир ва аз шукркунандагон бош».
  145. Ва дар лавҳҳо дар бораи ҳар чизе, панд ва баёни ҳама чизро, барои ӯ навиштем ва [гуфтем] онро маҳкам бигир ва ба қавмат фармон деҳ, то некӯтарини онро бигиранд; ба зудӣ сарои нофармононро ба шумо нишон медиҳам.
  146. Ба зудӣ касонеро, ки дар замин ба ноҳақ такаббур меварзанд, аз оятҳоям рӯйгардон месозам ва агар ҳар нишонаеро бибинанд, ба он имон намеоваранд ва агар роҳи ҳидоятро бибинанд, онро роҳ [-и худ] намегиранд ва агар роҳи гумроҳиро бибинанд, онро роҳ [-и худ] мегиранд. Ин ба сабаби он аст, ки онҳо оятҳои Моро такзиб карданд ва аз он ғофил буданд.
  147. Ва касоне, ки оятҳои Мо ва лиқои охиратро дурӯғ шумориданд, амалҳояшон табоҳ мешавад; оё ҷуз он чи анҷом медоданд ҷазо дода мешаванд?
  148. Ва қавми Мӯсо баъд аз [рафтани] ӯ, аз зеварҳояшон муҷассамаи гӯсолае ки садои гов дошт, баргирифтанд. Оё нанигаристанд, ки он [гӯсола] бо онҳо сухан намегӯяд ва ба ҳеҷ роҳе ҳидояташон намекунад? Онро [ба парастиш] гирифтанд, дар ҳоле ки ситамгар буданд.
  149. Ва ҳангоме ки [ҳақиқат] ба дастонашон афтод ва диданд, ки онҳо воқеан гумроҳ шудаанд, гуфтанд: «агар Парвардигорамон бар мо раҳм накунад ва моро наёмурзад, қатъан аз зиёнкорон хоҳем буд».
  150. Ва ҳангоме ки Мӯсо ғазабнок [ва] андӯҳгин ба сӯи қавмаш бозгашт, гуфт: «пас аз ман чӣ бад ҷонишине бароям будед! Оё аз амри Парвардигоратон пешӣ мегиред?» Ва лавҳҳоро афканд ва сари бародарашро гирифт, дар ҳоле ки ӯро ба сӯи худ мекашид [Ҳорун] гуфт: «эй писари модар [-и ман]! Дар ҳақиқат ин қавм маро нотавон шумориданд ва наздик буд, ки маро бикушанд, пас бо [хор кардани] ман душманонро шод макун ва маро бо гурӯҳи ситамгарон қарор мадеҳ».
  151. Гуфт: «Парвардигоро! Маро ва бародарамро биомурз ва моро дар раҳмати Худ дохил кун ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ!»
  152. Дар ҳақиқат касоне, ки гӯсоларо [ба парастиш] гирифтанд, ба зудӣ хашме аз тарафи Парвардигорашон ва хорие дар зиндагии дунё, ба онон хоҳад расид ва ин гуна дурӯғбофонро ҷазо медиҳем.
  153. Ва касоне, ки бадиҳоро анҷом доданд, сипас баъд аз он тавба карданд ва имон оварданд, қатъан Парвардигори ту пас аз он омурзандаи меҳрубон аст.
  154. Ва ҳангоме ки хашми Мӯсо фурӯ нишаст, лавҳҳоро гирифт, дар ҳоле ки дар навишта [ҳо]-и он, ҳидоят ва раҳмате буд барои касоне, ки онҳо аз Парвардигорашон метарсиданд.
  155. Ва Мӯсо аз миёни қавмаш ҳафтод мардро барои ваъдагоҳи Мо баргузид ва ҳангоме ки зилзила ононро фаро гирифт, гуфт: «Парвардигоро! Агар мехостӣ онон ва маро пеш [аз ин] ҳалок мекардӣ, оё моро ба сабаби он чи бехирадони аз мо анҷом доданд, ҳалок мекунӣ? Ин ҷуз имтиҳони ту нест, дар ҳоле ки ҳар касро бихоҳӣ, ба он гумроҳ мекунӣ ва ҳар касро бихоҳӣ, ҳидоят мекунӣ. Ту сарпарасти моӣ; пас моро биомурз ва моро раҳм кун ва Ту беҳтарини омурзандагонӣ.
  156. Ва дар ин дунё ва дар охират барои мо некӣ муқаррар кун. Ба яқин мо ба сӯи Ту боз гаштаем». [Худо] гуфт: «азобамро ба ҳар кас, ки бихоҳам, онро мерасонам ва раҳмати Ман ҳама чизро фаро гирифтааст ва ба зудӣ онро барои касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд ва закот медиҳанд ва касоне, ки онҳо ба оятҳои Мо имон меоваранд, муқаррар хоҳам намуд.
  157. [Ҳамон] касоне, ки аз ин фиристода, паёмбари дарс нахонда пайравӣ мекунанд, ки ӯро назди худ дар Таврот ва Инҷил, навишташуда меёбанд, дар ҳоле ки ононро ба маъруф  амр мекунад ва ононро аз мункар наҳй мекунад ва покизаҳоро барояшон ҳалол мекунад ва палидиҳоро бар онҳо ҳаром месозад ва бори сангини онҳо ва занҷирҳоеро, ки бар онон буд, аз онҳо бармедорад; пас касоне, ки ба ӯ имон оварданд ва ӯро гиромӣ доштанд ва ӯро ёрӣ намуданд ва аз нуре ки бо ӯ нозил шуд, пайравӣ карданд, онон худ растагоранд.
  158. Бигӯ: «эй мардум! Дар ҳақиқат ман фиристодаи Худо ба сӯи ҳамаи шумо ҳастам; Зоте, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест; зинда мекунад ва мемиронад; пас ба Худо ва фиристодаи Ӯ, Паёмбари дарснахондае, ки ба Худо ва суханонаш имон дорад, имон биёваред ва аз ӯ пайравӣ кунед, шояд, ки шумо ҳидоят шавед».
  159. Ва аз қавми Мӯсо гурӯҳе ҳастанд, ки ба ҳақ ҳидоят мекунанд ва ба он ҳукм мекунанд.
  160. Ва ононро ба дувоздаҳ [гурӯҳ, аз] наводагон [-и Яъқуб] ки ҳар як уммате буданд, тақсим кардем ва ба Мӯсо, ҳангоме ки қавмаш аз ӯ об хостанд, ваҳй кардем, ки: «бо асоят ба санг бизан», онгоҳ аз он дувоздаҳ чашма ҷӯшид; ба ростӣ, ҳар гурӯҳе обишхӯри худро шинохт ва абрро бар онон соябон гардонидем ва бар онон «манн» (шираи асалгуна) ва «салво» (парандаи кабкмонанд) фурӯ фиристодем. Аз покизаҳои ончи ки рӯзиятон додаем бихӯред ва бар Мо ситам накарданд, балки бар худ ситам мекарданд.
  161. Ва ҳангоме ки ба онон гуфта шуд: «дар ин ободӣ сокин шавед ва аз ҳар ҷо бихоҳед, аз он бихӯред ва бигӯед: «омурзиш мехоҳем» ва саҷдакунон аз дар ворид шавед, то хатоҳои шуморо бароятон биомурзем; ба зудӣ некӯкоронро фузунӣ мебахшем».
  162. Пас касоне аз онон, ки ситам карданд, суханро ба ғайри он чи ки ба онон гуфта шуда буд, тағйир доданд; онгоҳ бар онон, ба сабаби ин ки ҳамеша ситам мекарданд, азобе аз осмон фуруд овардем.
  163. Ва онҳоро аз ободие, ки канори дарё буд, бипурс; онгоҳ, ки дар [рӯзи] шанбе аз ҳад мегузаштанд, ҳангоме ки моҳиёнашон рӯзи шанбе (истироҳатӣ) ошкоро назди онҳо меомаданд ва рӯзе, ки шанбе набуд, ба сӯи онҳо намеомаданд. Ин гуна ононро ба он чи ки нофармонӣ мекарданд, имтиҳон мекунем.
  164. Ва ҳангоме ки гурӯҳе аз онон гуфтанд: «чаро гурӯҳеро панд медиҳед, ки Худо ҳалоккунандаи онҳост ё азобкунандаи онҳо ба азоби сахтест?» Гуфтанд: «то дар назди Парвардигоратон узре бошад ва шояд, ки онон парҳезгорӣ кунанд».
  165. Ва ҳангоме ки он чиро ба он ёдовар шуда буданд, фаромӯш карданд, касонеро, ки аз бадӣ наҳй мекарданд, наҷот додем ва касонеро, ки ситам карданд, ба сабаби он чи ки нофармонӣ мекарданд, ба азоби баде гирифтор кардем.
  166. Ва замоне ки дар баробари он чи аз он наҳй шуда буданд сарпечӣ карданд, ба онҳо гуфтем: «маймунҳои хори рондашуда бошед».
  167. Ва ҳангоме ки Парвардигорат эълон кард, ки қатъан то рӯзи қиёмат касеро бар онон мефиристад, ки ононро ба азоби баде гирифтор кунад. Ба яқин Парвардигори ту зудкайфар аст ва ба дурустӣ, ки Ӯ омурзандаи меҳрубон аст.
  168. Ва онҳоро дар замин ба гурӯҳҳое тақсим кардем, ки баъзе аз онон солиҳ ва баъзе аз онон ғайри ин ҳастанд ва онҳоро бо некиҳо ва бадиҳо имтиҳон кардем, то шояд онон бозгарданд.
  169. Ва пас аз онҳо ҷонишинон [-и ношоист] ҷонишин шуданд, ки китобро ба ирс бурданд, дар ҳоле ки моли нопойдори [ин дунёи] пастро мегиранд ва мегӯянд: «ба зудӣ бахшида хоҳем шуд». Ва агар моли нопойдоре монанди он барояшон бирасад, онро мегиранд. Оё паймони Китоб [-и илоҳӣ] аз онҳо гирифта нашудааст, ки бар Худо ҷуз ҳақ нагӯянд? Ва он чиро дар он [китоб] аст омӯхтаанд ва сарои охират барои касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд беҳтар аст; оё намеандешед?
  170. Ва касоне, ки ба Китоб тамассук меҷӯянд ва намозро барпо медоранд; ба яқин Мо аҷри ислоҳгаронро табоҳ намекунем.
  171. Ва ҳангоме ки кӯҳро бар болои онон барафроштем, гӯё ин ки он соябонест ва яқин карданд, ки он бар [сари] онҳо хоҳад афтод: он чиро ба шумо додем бо қувват бигиред ва он чи дар он аст ёд кунед, шояд, ки шумо парҳезгор шавед.
  172. Ва ҳангоме ки Парвардигорат аз фарзандони Одам, аз пуштҳояшон наслашонро баргирифт ва онҳоро бар худашон гувоҳ гардонид [фармуд:] «оё Парвардигори шумо нестам?» Гуфтанд: «оре, гувоҳӣ додем». То мабодо рӯзи қиёмат бигӯед: «дар ҳақиқат мо аз ин ғофил будем».
  173. Ё мабодо бигӯед: «ҷуз ин нест, ки ниёгонамон аз қабл ширк варзида буданд ва [мо низ] насле пас аз онон будем. Оё моро ба сабаби он чи ботилгароён анҷом доданд, ҳалок мекунӣ?»
  174. Ва ин гуна оятҳоро баён мекунем ва шояд онон бозгарданд.
  175. Ва бар онҳо хабари касе (Балъами Боуро)-ро, ки оятҳоямонро ба ӯ дода будем, бихон; пас [ӯ] аз он [оятҳо] ҷудо шуд ва шайтон дар пайи ӯ афтод; онгоҳ, аз гумроҳон гашт.
  176. Ва агар мехостем, ҳатман [мақоми] ӯро бо ин [оятҳо] боло мебурдем, валекин ӯ ба замин гаравид ва аз ҳавои [нафси] худ пайравӣ кард, пас мисоли ӯ ҳамонанди мисоли саг аст; агар бар ӯ сахт гирӣ, забон бароварад ё раҳояш кунӣ [боз ҳам] забон бароварад; ин масали гурӯҳест, ки оятҳои Моро такзиб карданд; пас ин достонро ҳикоят кун, бошад, ки онҳо тафаккур кунанд.
  177. Чи бад аст масали гурӯҳе, ки оятҳои моро такзиб карданд ва бар худашон ситам мекарданд.
  178. Ҳар касро, ки Худо ҳидоят кунад, пас ӯ ҳидоятёфтааст ва ҳар касро, ки гумроҳ кунад, пас онон худ зиёнкоранд.
  179. Ва ба таҳқиқ бисёре аз ҷинну инсро барои дӯзах офаридем; барояшон дилҳоест, ки бо он намефаҳманд ва барояшон чашмҳоест, ки бо он намебинанд ва барояшон гӯшҳоест, ки бо он намешунаванд, онон монанди чорпоёнанд, балки онҳо гумроҳтаранд; онон худ ғофилонанд.
  180. Ва номҳои нек танҳо аз они Худост; пас Ӯро бо он [номҳо] бихонед ва касонеро, ки дар номҳояш каҷравӣ мекунанд, раҳо кунед; ба зудӣ ба он чи ки амал мекарданд, ҷазо дода мешаванд.
  181. Ва аз миёни касоне, ки офаридем, гурӯҳе ҳастанд, ки ба ҳақ ҳидоят мекунанд ва ба он ҳукм мекунанд.
  182. Ва касоне, ки оятҳои Моро такзиб карданд, ба зудӣ аз ҷое, ки намедонанд, андак- андак ононро гирифтор хоҳем кард.
  183. Ва ба онҳо мӯҳлат медиҳам; ҳамоно нақшаи Ман устувор аст.
  184. Оё тафаккур накарданд, ки ҳамнишини онон (Паёмбар) ҳеҷ гуна девонагӣ надорад? Ӯ ҷуз ҳушдордиҳандаи ошкор нест.
  185. Оё дар малакути осмонҳо ва замин ва он чи ки Худо офаридааст, нанигаристаанд? Ва ин ки шояд аҷалашон дар воқеъ наздик шуда бошад? Пас баъд аз он ба кадом сухан имон меоваранд?
  186. Ҳар киро Худо гумроҳ кунад, пас барои ӯ ҳеҷ ҳидоятгаре нест ва онҳоро дар саркашиашон, дар ҳоле ки саргардонанд, раҳо мекунад.
  187. Дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд, ки чӣ вақт фаро мерасад? Бигӯ: «илми он танҳо назди Парвардигори ман аст ва ҷуз Ӯ онро дар вақташ ошкор намесозад [ин ҳодиса] дар осмонҳо ва замин сангин аст; ҷуз ба таври ногаҳонӣ ба суроғи шумо намеояд». Аз ту мепурсанд, гӯё ту аз он огоҳ ҳастӣ, бигӯ: «илми он танҳо назди Худост, вале бештари мардум намедонанд».
  188. Бигӯ: «барои худам молики ҳеҷ суду зараре нестам, магар он чи Худо бихоҳад ва агар ғайб медонистам, ҳамоно хайри бисёр [барои худ] фароҳам мекардам ва ҳеҷ бадие ба ман намерасид; ман ҷуз ҳушдордиҳанда ва башоратдиҳанда, барои гурӯҳе, ки имон меоваранд, нестам».
  189. Ӯ Зотест, ки шуморо аз як нафс офарид ва ҳамсарашро аз ӯ падид овард, то бо ӯ ором гирад ва ҳангоме ки бо ӯ ҳамхоб шуд, ба сабукӣ бордор шуд ва бо он [бори сабук, зиндагиро] гузаронд. Пас чун сангин шуд ҳарду ба даргоҳи Худо, Парвардигори хеш дуо карданд, ки: «агар [фарзанди] солиҳе ба мо бидиҳӣ, қатъан аз шукргузорон хоҳем буд».
  190. Пас замоне ки Худо [фарзанди] солиҳе ба онҳо дод, барои Ӯ, дар он чи ба онҳо дода буд, шариконе қарор доданд ва Худо бартар аст аз он чи шарик [-и Ӯ] қарор медиҳанд.
  191. Оё чизеро шарик [-и Худо] қарор медиҳанд, ки ҳеҷ чизеро намеофаринад? Дар ҳоле ки онҳо офаридашудаанд;
  192. Ва наметавонанд онҳоро ёрӣ кунанд ва на худашонро ёрӣ медиҳанд.
  193. Ва агар онҳоро ба сӯи ҳидоят даъват кунед, аз шумо пайравӣ намекунанд; барои шумо яксон аст, чӣ онҳоро даъват кунед ё шумо хомӯш бошед?
  194. Дар ҳақиқат касонеро, ки шумо ба ҷои Худо мехонед, бандагоне ҳамонанди шумо ҳастанд; пас онҳоро бихонед ва агар ростгӯ ҳастед, бояд шуморо иҷобат кунанд.
  195. Оё барояшон пойҳоест, ки бо он роҳ мераванд? Ё барояшон дастҳоест, ки бо он бигиранд? Ё барояшон чашмҳоест, ки бо он бибинанд? Ё барояшон гӯшҳоест, ки бо он бишунаванд? Бигӯ: «шарикони худро бихонед; сипас нақша бикашед ва мӯҳлат надиҳед».
  196. Дар ҳақиқат сарпарасти ман Худост, Зоте, ки ин Китобро нозил кард ва Ӯ солиҳонро сарпарастӣ мекунад.
  197. Ва касонеро, ки ба ҷои Ӯ мехонед, наметавонанд ёриатон кунанд ва на худашонро ёрӣ медиҳанд.
  198. Ва агар онҳоро ба сӯи ҳидоят даъват кунед, намешунаванд. Ва онҳоро мебинӣ, ки ба сӯи ту нигоҳ мекунанд, дар ҳоле ки онҳо намебинанд.
  199. Афвро пеш гир ва ба [кори] шоиста фармон деҳ ва аз ҷоҳилон рӯй гардон.
  200. Ва агар аз тарафи шайтон васвасае ба ту расад, пас ба Худо паноҳ бибар; ба дурустӣ, ки Ӯ шунавандаи доност.
  201. Ҳамоно касоне, ки парҳезгорӣ карданд, замоне ки васвасае аз тарафи шайтон ба онҳо бирасад [Худоро] ёд мекунанд, пас ногаҳон онон бино мешаванд.
  202. Ва бародаронашон онҳоро дар гумроҳӣ мекашанд; сипас кутоҳӣ намекунанд.
  203. Ва ҳангоме ки ояте барои онҳо наёварӣ, мегӯянд: «чаро [худат] онро барнагузидӣ?» Бигӯ: «танҳо аз он чи аз ҷониби Парвардигорам ба сӯи ман ваҳй мешавад, пайравӣ мекунам. Ин [Қуръон] далелҳои равшангаре аз ҷониби Парвардигоратон ва ҳидояту раҳматест, барои гурӯҳе, ки имон меоваранд».
  204. Ва ҳангоме ки Қуръон хонда шавад, пас ба он гӯш фаро диҳед ва сукут кунед; бошад, ки шумо мавриди раҳмат қарор гиред.
  205. Ва Парвардигоратро дар [дили] худат аз рӯи тазарруъ ва тарс ва бидуни садои баланд, субҳгоҳон ва шомгоҳон ёд кун ва аз ғофилон мабош.
  206. Дар ҳақиқат касоне, ки назди Парвардигори ту ҳастанд, аз ибодаташ такаббур намеварзанд ва Ӯро ба покӣ ёд мекунанд ва танҳо барои Ӯ саҷда мекунанд.

ЁСИН

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...

Одоби тиловати Қуръони Карим

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...