Бо баҳори дилҳо (3)

  Чаро Қуръонро «Каломуллоҳ» номидаанд?

Аз он ҷо, ки Қуръони Карим маҷмӯаи суханони Худованд аст, ки фариштаи ваҳй ҳазрати Ҷабраил (а) барои ҳазрати Муҳаммад (с) овардааст ба он каломуллоҳ яъне суханони Худо номидаанд. Он ҳазрат каломи Худоро барои мардум қироат кардааст ва баъзе аз ёрони Паёмбар (с) он суханонро навиштаанд.  Дар Қуръон ва баъзе ривоятҳо низ аз ин китоби илоҳӣ ба унвони «каломи Худо» ёд шудааст.[1]

Чаро «Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим» дар   оғози сураҳо омадаст?

Ба чанд далел ҳамаи сураҳо ба ғайр аз сураи Тавба бо «Бисмиллоҳ» шурӯъ шудааст, ки се далели онро бароятон менависем;

чунон ки медонед ҳама чиз дар дунё фанопазир ва азбайнрафтанӣ аст, магар он чи ба Худованди меҳрубон иртибот дошта бошад. Бинобар ин барои ҷовидон мондан ва пурбаракат будани ҳар коре лозим аст онро бо номи Худо шурӯъ кунем ва ба ҳамин далел аст, ки Худованд ба ҳазрати Муҳаммад (с) дастур медиҳад, ки дар ибтидои паёмбариаш бо номи Худо корашро оғоз кунад ва аввалин ояте, ки бар Паёмбар (с) нозил шуд пас аз «Бисмиллоҳ» ин аст, ки »Бихон ба номи Парвардигорат«. Паёмбарони дигари илоҳӣ низ корашонро бо номи Худо оғоз мекарданд.[2] Пас барои он ки ҳадафи Қуръон анҷом ва башар ҳидоят шавад, Худованд ба Паёмбараш (с) дастур медиҳад, ки ҳар сураеро «Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон» оғоз кунад.[3]

Ҳамаи сураҳои Қуръон – ба ғайр аз сураи Тавба — бо номи Худованди меҳрубон – оғоз мешавад то инсон огоҳ шавад, ки ҳамаи дастурҳои илоҳӣ ба башарият ба хотири раҳмат ва меҳрубонии Худованд бар инсонҳост. Вале сураи Тавба чун барои эълони безорӣ аз мушрикон ва »марг бар кофирон« нозил шудааст, »Бисмиллоҳ« надорад,[4]

“Бисмиллоҳ” дар аввали ҳар сура баёнгари ин аст, ки сураи қаблӣ ба поён расида ва сураи дигаре оғоз шудааст, ҳол агар ҳар сура бо «Бисмиллоҳ» оғоз намешуд, бисёре аз мардум наметавонистанд бифаҳманд, ки сураи қаблӣ тамом шуда ва сураи наве оғоз шудааст, пас ёдгирӣ ва ҳифзи сураҳо мушкил буд.

Ваҳй чист?

Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар воқеъ барои дарёфти сухани Худо байни Ӯ ва паёмбаронаш иртиботи маънавӣ эҷод мешавад, ки ба ин иртибот “ваҳй” мегӯянд.[5]

Ваҳй расондани маъно (ва фаҳмондани он) ба касе (паёмбар) аст, ки бояд паёмро дарёфт кунад ба гунае, ки дигарон аз дарёфти он паём оҷиз ва нотавон бошанд«.[6]

Ваҳй бар чанд навъ аст?

Қабл аз посух ба ин пурсиш беҳтар аст дар маънои ояти 51-и сураи Шӯро диққат кунем. Худои Мутаол мефармояд: Ҳеҷ одаме наметавонад бо Худои худ сухан бигӯяд, магар аз роҳи ваҳй  ё аз паси парда ё  Худо фиристодае (фариштае) бифиристад, пас ба фармони ӯ он чи хоҳад (ба ӯ) ваҳй кунад, ҳамоно ӯ воло мартаба ва ҳаким аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин оят ваҳй бар се навъ аст;

А) Ваҳйи бевосита.

Яъне матолиби илоҳӣ бе воситаи фаришта дарёфт мешавад, ки дар ин сурат вақте Паёмбари Акрам (с) мехост ваҳйи илоҳӣ, яъне Қуръонро дарёфт кунад фишору сахтии зиёдеро таҳаммул мекард. Ин сахтӣ ба хотири бузургии ваҳйи илоҳӣ буд. Ҳазрати Муҳаммад (с) бо он ки аз кӯҳ устувортар ва собитқадамтар буд, дар айни ҳол таҳаммул ва дарёфти ваҳйи мустақим барои ӯ тоқатфарсо ва сахт буд.

Б) Ваҳйи бо восита.

Яъне ваҳй аз ҷониби Худо бо воситаи ҳазрати  Ҷабраил (а) ба паёмбарон (а) расонда мешавад. Дар ин сурат ҳазрати Ҷабраил (а) бар ҳазрати Пайғамбар (с) нозил мешуд ва ваҳйи илоҳиро ба он Ҳазрат (с) мерасонд.

В) Ваҳй аз пушти ҳиҷоб.

Яъне каломи илоҳӣ ба гӯши паёмбарон (а) мерасид ба гунае, ки ба ҷуз онҳо касе намешунид.

Ҳамон тавр ки ҳазрати Мусо (а) ҳангоми интихоб шуданаш ба пайғамбарӣ дар кӯҳи »Тур« ба ҳамин шева каломи Худоро шунид. Бархе ваҳйҳои Худо низ дар олами хоб ба паёмбарони илоҳӣ (а) мерасид.[7]

Ҳазрати Ҷабраил барои расонидани ваҳй чигуна  пеши Паёмбар (с) меомад?

Ҳазрати Ҷабраил (а) ба ду сурат пеши Расули Худо (с) меомад;

А) Гоҳе Худованди Тавоно, Ҷабраил (а)-ро ба сурати инсоне, тағйири шакл медод. Ӯ ба хидмати Пайғамбар (с) меомад ва ончиро Худованд ваҳй карда буд ба Паёмбар (с) мерасонд. Мутобиқи бархе аз ривоятҳо Ҷабраил (а) гоҳе ба сурати шахсе ба номи »Деҳяи Калбӣ« хидмати Паёмбар (с) меомад.

Б) Дар мавориди андаке ҳам Паёмбар (с) Ҷабраил (а)-ро ба сурати аслии худаш медид, ки гуфта шуда дар тамоми муддати нубуввати ҳазрати Муҳаммад (с) танҳо ду бор ҳазрати Ҷабраил (а)-ро ба сурати аслии худаш дидааст.[8]

 


[1]. Бақара, ояти 75; Тавба, ояти 5.

[2]. Ҳуд, ояти 41; Намл, ояти 30.

[3]. Тафсири Намуна, ҷ.1, саҳ. 13, бо тасарруф ва хулоса.

[4]. Толиқонӣ, Партаве аз Қуръон, ҷ.1, саҳ. 24.

[5]. Ваҳй дар луғат ба маънои ишораи сареъ мебошад  ва он чи дар матн омада, маънои истилоҳии ваҳй аст. Ниг. Ҳусейни Ҷавонороста, Дарсномаи улуми қуръонӣ, бахши дуюм, фасли аввал ва Маърифат, Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.1, саҳ. 7.

[6]. Ал-мизон, ҷ.12, саҳ. 292.

[7].Ат-Тамҳид, ҷ.1, саҳ. 250-30.

[8]. Тафсири Намуна, ҷ.20, саҳ. 485-501.

 Есин

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...