Барномаи ғизоӣ дар моҳи Рамазон

Барномаи ғизоии мо дар моҳи мубораки Рамазон набояд нисбат ба қабл хеле тағйир кунад

ва дар сурати имкон бояд сода бошад. Ҳамчунин бояд тавре танзим шавад ки бар рӯи вазни табии инсон таъсири зиёде надошта бошад.

Бо таваҷҷӯҳ ба соъоти тӯлонии гуруснагӣ дар рӯз, бояд ғизоеро масраф кунем, ки ба кундӣ ва дер ҳазм мешаванд мисли ғизоҳое, ки ҳовии фибри зиёд ва фаровоне ҳастанд. Ғизоҳои дерҳазм маъмӯлан 8 соъат дар дастгоҳи гувориши мемонанд. Вале ғизоҳои  зудҳазм фақат 3 то 4 соъат дар меъдаи инсон боқӣ мемонанд ва фарди рӯзадор хеле зуд эҳсоси гуруснагӣ хоҳад намуд.

Ғизоҳои дерҳазм иборатанд аз:  ҳубӯбот ва ғаллот мисли ҷав, гандум, лӯбиё, орди сабусдор, биринҷ ва ғайра (ки карбоҳидротҳои печида номида мешаванди).

Ғизоҳои зудҳазм иборатанд аз ғизоҳое, ки ҳовии қанд, орди сифед ва ғайра ҳастанд (, ки ба ин гурӯҳи карбоҳидротҳои тасфия шуда гуфта мешавад).

Ғизоҳое, ки ҳовии фибри ғизоӣ ҳастанд, иборатанд аз: ғизоҳое, ки ҳовии сабус,  гандуми сабусдор, ғаллот ва ҳубӯбот ва  анвоъи сабзиҳо монанди лӯбиёи сабз,  нахуд, ҷуворимакка, эсфиноҷ, барги лабӯ, меваиҳои бо пӯст, меваҳои хӯшк дар офтоб қоқшуда мисли зардолӯ,  анҷир  ва олӯи хӯшк бодом  ва ғ .

Ғизоҳои масрафӣ бояд дар ҳолати таъодул бо якдигар бошанд. Аз ҳамаи гурӯҳҳои ғизоӣ мисли мева, сабзиҷот, зелен, гӯшт ва мурғу моҳӣ, нон ва ғаллот ва гурӯҳи шир ва лабаниёт бояд дар барномаи ғизоии мо вуҷуд дошта бошад .

Ғизоҳои сурхшуда бояд ба миқдори каме масраф шаванд, зеро боиси адами ҳазм, сӯзиши дил ва сардард ва ихтилол дар вазни муносиби бадан мешаванд.

Аз чӣ ғизое парҳез кунем?

1 — Ғизои сурхшуда ва чарбу равғанӣ

2- Ғизое, ки ҳовии қанди зиёд бошад

3 — Хӯрдани ғизои зиёд ба хусус ҳангоми саҳарӣ

4 — Хӯрдани чойи зиёд ҳангоми саҳарӣ. Чой боиси афзоиш идрор шуда ва аз ин тариқ намакҳои маъдание, ки дар тӯли рӯз бадан ба онҳо ниёз дорад, дафъ мешаванд.

5 — Сигарет: агар шумо наметавонед кашидани сигорро як дафъа қатъ кунед, кӯшиш намоед чанд ҳафта пеш аз моҳи мубораки Рамазон масрафи онро ба тадриҷ ва кам-кам коҳиш диҳед.

Инро ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки: Ҳеҷ коре ғайри мумкин нест ва шумо ҳатман аз уҳдаи ин кор бармеоед. Инсон вақте ирода намеояд, ҳатман ба хостаи хеш мерасад.

Чӣ ғизоҳоеро масраф кунем?

1 — Масрафи карбоҳидротҳои мураккаб дар саҳар ки муддати тӯлонитаре дар бадан боқӣ мемонанд ва дер ҳазм мешаванд ва боиси мешаванд, ки камтар гурусна шавед .

2- Ҳалим як манбаи олӣ ва дорои протеин буда ва аз ғизоҳое аст,  ки дер ҳазми бадан мешавад. Ин ғизоро метавон бо 400 грам гандуми хӯрдшуда ва бо пӯст ва ё бидуни пӯст таҳия намуд, ки он ба салиқаи шумо бастагӣ дорад. Аввал 4-5 соат гандумро дар об тар мекунем ва баъд бо пиёз ва дигар чизҳое, ки худи ошпаз салоҳ медонад омода мешавад. Албатта баъзеҳо ин ғизоро бо гушт ҳам омода мекунанд, ки ҳамроҳи он аз гуштҳои мурғу, кабку ва ғ. истифода мешавад.

3 – Хирмо манбаи олии қанд, карбоҳидрот, фибр, потосиюм ва монезиюм мебошад .

4 — Мағзи бодом ғанӣ аз амлоҳ хусусан калсиюм  ва фибр мебошад .

5 — Банан манбаи ғании потосиюм монезиюм ва карбоҳидрот мебошад.

6- Масрафи зиёди об ё обмева дар фосилаи байни ифтор ва замони хоби мо боиси таъмини оби мавриди ниёзи бадани мо мешавад.

Ёсин

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...