Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ1

Чакида

Наҳзати ҳусайнӣ дар низоми илоҳӣ[2] аз ҷойгоҳи мумтозе бархурдор аст. Қонунҳое, ки дар ҳастӣ барои камоли инсонӣ қарор дода шуда, ба зеботарин шакл дар он таҷаллӣ кардааст. Натанҳо қонунҳои таквинӣ,[3] балки ҳамаи меъёрҳои арзишӣ, чӣ шаръӣ ва чӣ ахлоқию урфӣ дар он ба рӯшанӣ намоён аст. Ибтило ва имтиҳони илоҳӣ, он ҳам имтиҳоне, ки дар шаъни авлиё ва муқаррабони даргоҳи аҳадият аст, зуҳури қудрати интихоб ва ихтиёри инсон, амал ба таклиф ва анҷоми вазифа ба беҳтарин шакл, убудият, бандагӣ ва итоат, ризо ва итминони нафс дар баробари хостаҳои ҳазрати Ҳақ (ҷалла шаънуҳ), ҳама дар наҳзати ҳусайнӣ ва саҳнаи Карбало ба зуҳури комил расидааст.

Калидвожаҳо:Низоми илоҳӣ, наҳзати ҳусайнӣ, ихтиёри инсон, масъулият ва таклиф.

 

Низоми илоҳӣ

Низоми илоҳӣ, чун аз иҳотаи илми Худованд бар ҳамаи ҳастӣ нашъат гирифта аст,[4] беҳтарин низоми мумкин аст. иҳотаи илми Худо бар ҳастӣ, ба маънои иҳотаи илмии Ӯ ба тамоми ҳастӣ ва он чи ки барои як низоми комил лозим аст, мебошад. Ва ин низоми ҳастӣ, чун аз он илм ба вуҷуд омада, дар натиҷа, низоми офариниш ба беҳтарин ваҷҳи мумкин халқ шудааст;[5] ”Он касе, ки ҳар чизеро некӯ офарид.”[6] Як муҳандисе, ки ба тамоми шароити як сохтумони хуб илм дорад, табиатан вақте онро месозад, бар асоси илми худ онро ба беҳтарин шакли мумкин ба вуҷуд меоварад.

Олам махлуқи худоест, ки ба ҳар коре қодир аст; ”Моликияти осмону замин ва он чи дар онҳо аст аз они Худост ва Ӯ бар ҳар коре тавоност.”[7]Ва олими алалъитлоқ аст; Ӯст он ки он чи дар замин аст, ҳамаро барои шумо офарид, сипас, ба (офариниши) осмонҳо пардохт ва ҳафт осмонро устувор кард ва Ӯ ба ҳар чизе доност.”[8]

Хайри касир дар низоми илоҳӣ

Дар офариниши олам хайру маслиҳат фаровон аст ва агар Худо  аз офариниши он сарфи назар мекард, кори нописанде буд, зеро тарки хайри фаровон, худ шарри фаровон аст,[9] дар ҳоле, ки Худои Субҳон аз кори нописанд мубарро буда ва ҳикими доност; “Ва гуфтанд: он чи дар шиками ин чорпоён аст ихтисос ба мардони мо дорад ва бар ҳамсарон (занҳо)-и мо ҳаром шудааст ва агар (он чи дар шиками онҳо аст) мурда бошад, ҳама (зану мард) дар он шариканд, ба зудӣ (Худо ) тавсифи ононро сазо хоҳад дод, зеро Ӯ ҳакими доност.” [10]

Яҳудиён бо ин нисбати нораво Худои Субҳон (ҷалла шаънуҳ)-ро васф менамуданд. Худои Ҳаким (ҷалла шаънуҳ) онҳоро сарзаниш мекунад ва мефармояд, Худое, ки ҳам ҳаким аст ва ҳам доно ба умури ҳакимона, чӣ гуна ин кори нописанд ва ғайриҳакимонаро анҷом медиҳад?

 

Ҳадафмандии низоми илоҳӣ

Акнун, ки Худои Субҳон (ҷалла шаънуҳ) ин низомро бо илми бепоёни худ халқ кардааст, аз офариниши он ҳадаф дорад; “Онон, ки Худоро (дар ҳамаи аҳвол), истода ва нишаста, (ва дар ҳоли) ба паҳлӯ оромида ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳо ва замин меандешанд (ба ҳадафмандии ҳастӣ пай бурда ва мегуянд:) Парвардигоро! Инҳоро беҳӯда наофаридаӣ, муназзаҳ (аз кори беҳӯда)-ӣ! пас моро аз азоби оташ нигаҳ бидор.”[11] Ва дар миёни офариниш, барои ҷинну инс умуман, ва барои инсон хусусан ҳадафи вижае дарад; “Ва ҷинну инсонро, ҷуз барои бандагӣ (ки мояи рушду камоли онҳост) наофаридам.”[12]

Ин оёт ва оёти фаровони дигаре, ки дар Қуръони Карим вуҷуд дорад, нишон медиҳад, ки ҷойгоҳи инсон дар ин низоми илоҳӣ чӣ гуна аст.

Инсоне, ки оғози офариниши ӯ Худои Субҳон аст; “Худо  шуморо офарид”[13] ва ҳадаф аз хилқат ва омаданаш ба ин дунё, ба камол расидан, он ҳам фақат аз роҳи ибодат ва бандагии Холиқ аст; “Ва ҷинну инсонро, ҷуз барои бандагӣ наофаридам” [14] ва ҳадафи поёнии ӯ, бозгашт ба сӯи оғозгари ҳастии ӯ ва расидан ба камоли мутлақ аст;“Худое, ҷуз Ӯ (Аллоҳ) нест, роҳ (ва мақсади поёнии ҳама) ба сӯи Ӯст”.[15] ”Чӣ гуна мункири Худо  мешавед, дар ҳоле, ки шумо набудед, пас шуморо ҳаёт бахшид, сипас шуморо мемиронад, боз дубора ҳаёт мебахшад онгоҳ ба сӯи Ӯ бозгардонда мешавед”[16], пас, ин инсон аз ҷойгоҳи мумтоз ва муҳиме дар ин низом бархурдор аст.

 

Қавонини ҳоким дар низоми илоҳӣ

Дар низоми илоҳӣ қонунҳои таквинӣ ва ташриие ҳокиманд, ки таваҷҷӯҳ ба онҳо нақши муҳимме дар сайри такомулии инсон хоҳад дошт. Аз муҳимтарини он қонунҳо, онҳое, ки аз барҷастатарин вижагиҳои инсон дар ин низоми илоҳӣ ба шумор мераванд, ҳақоиқе аст, ки дар зайл ба шарҳи онҳо мепардозем:

1. Инсон толиби хайр аст

Инсон зотан толиби хайру камол аст ва ба шиддат барои ба даст овардани он мекӯшад; “Ба ростӣ ӯ (инсон) шефтаи хайр аст”.[17]

Албатта, камолу хайр ва арзиш донистани он, дар нигоҳи инсонҳо гуногун аст. Бархе молу матои дунё ва модиётро камол мепиндоранд ва фақат барои онҳо арзиш қоиланд; “Ҳубби хостаҳо (-и нафсонӣ) аз занону фарзандон ва амволи фаровон аз зару сим ва асбҳои нишондор (маркабҳои хуб) ва домҳо ва киштзор барои мардум ороста шуда, (аммо бидонед) инҳо мояи баҳраварии зиндагии (кӯтоҳи) дунё аст ва (ҳол он ки) фарҷоми некӯ (зиндагии ҷовид) назди Худост.”[18] “Зиндагии дунё, ҷуз бозӣ ва саргармӣ нест ва қатъан зиндагии охират барои касоне, ки парҳезкорӣ мекунан беҳтар аст”[19] ва бархе, камолоти рӯҳӣ ва ақлӣ ва неъматҳои ухравиро фаротар аз модиёт ва хайроти дунявӣ медонанд ва билахира, толиби камоли ҳақиқӣ, яъне зоти Борӣ Таоло ҳастанд; “Худо  ба мардону занони мӯъмин боғҳое ваъда додааст, ки аз зери (дарахтони) он наҳрҳо ҷорӣ аст. Дар он ҷовидона хоҳанд буд ва масканҳо ва хонаҳои покиза дар биҳиштҳои ҷовидон, (вале ризо) ва хушнудии Худо  бузургтар аст. Ин (биҳишти Ризвон, ки болотарин дараҷаи биҳишт аст), ҳамон растагории бузурге аст”. [20]

 

Меъёрҳои арзиш

Дар низоми илоҳӣ барои хайрот ва арзишҳо меъёрҳое қарор дода шуда, ки дар зер ба онҳо ишора мешавад:

а: Меъёрҳои шаръӣ: Меъёрҳои шаръӣ дар воқеъ, ҳамон милокҳое аст, ки шариат афъолро бо онҳо арзишгузорӣ карда ва дар қолаби “вуҷуб” ё “истиҳбоб” баён намудааст, монанди некӯ будани намоз ва вуҷуби анҷоми он, некӯ будани даст кашидан бар сари ятим ва истеҳбоби он ва ғ.

б: Меъёрҳои ахлоқӣ: Қазоёе, ки ҳусни онҳо бидуни баёни шариат ва бидуни таваҷҷӯҳ ба урф собит аст, монанди ҳусни адолат, ҳусни вафодорӣ ва ғ.

в: Арзишҳои урфӣ: Меъёрҳое, ки урф барои арзишгузории афъол таъйин кардааст, монанди ҳусни бархостан пеши бузургтарон барои эҳтироми онҳо ва ғ.

 

2. Инсон дар низоми илоҳӣ соҳибихтиёр аст

Инсон дар низоми илоҳӣ соҳибихтиёр офарида шуда ва корҳои худро аз рӯи ирода ва ихтиёр анҷом медиҳад. Тамоми оёти Қуръон, ки дар мавриди подошу ҷазо аст, бинобар ихтиёр доштани инсон аст. Агар инсон соҳибихтиёр набуд ва корҳои худро аз рӯи ирода ва ихтиёри хеш анҷом намедод, савобу иқоб маъно пайдо намекард. Оёти дигаре низ дар Қуръон вуҷуд дорад, ки ин матлабро собит мекунад:

“Бигӯ: Ҳақ аз Парвардигоратон (расида) аст, пас ҳар кӣ бихоҳад (бо ихтиёри хеш) имон оварад ва ҳар кӣ бихоҳад (бо иродаи худ) инкор кунад.” [21]“Мо роҳро ба ӯ (инсон) нишон додем, ё сипосгузор хоҳад буд, ё носипос.”  [22]

3. Таклиф ва масъулияти инсон дар низоми илоҳӣ

Яке аз натиҷаҳои ихтиёр, таклиф аст. Инсон дар ин низоми илоҳӣ ва нашъаи дунявӣ, чун ихтиёр дорад, мукаллаф аст ва дар баробари худ, Худо ва дигарон масъул мебошад.

Расули Худо (с) фармуд: “Ҳамаи шумо (ба навъе) дар бораи зердастони худ ҳоким ва масъулед. (Ҳар) марде нисбат ба аҳлу аёли худ (монанди як) ҳукмфармо аст ва дар бораи онҳо бозхост хоҳад шуд. Ва зан дар хонаи шавҳараш (ба навъи дигаре) ҳукмрон аст ва ӯ дар баробари он масъул аст. Ва як ходим нисбат ба моли раиси худ масъул аст ва дар бораи он пурсида хоҳад шуд. Ва як фарзанд нисбат ба моли падараш масъул аст. Ҳамаи шумо (ба гунае) ҳоким ва масъулед ва нисбат ба зердастони худ бозхост хоҳед шуд”. [23]

Инсони соҳибихтиёр ва масъул, бори сангини масъулияти хилофати илоҳиро бар дӯш мекашад; “Мо амонат (и илоҳӣ ва бори таклиф)-ро бар осмонҳо ва замин ва кӯҳҳо арза кардем, пас, аз бардоштан (ва қабули он) сар боз заданд ва аз он ҳароснок шуданд, ва инсон онро бардошт (ва ин масъулияти бузургро қабул кард), ростӣ ӯ ситамгари нодон аст”. [24]

Худои Субҳон аз тариқи паёмбарон, инсонро аз ин масъулияти бузург огоҳ карда ва тамоми ниёзҳои ӯро барои амал кардан ба вазифаҳояш баён кардааст; “Барои ҳар уммате паёмбаре аст[25]”. “Барои ҳар қавме ҳидоятгаре аст”. [26]

4. Ибтило ва имтиҳон дар низоми илоҳӣ

Яке дигар аз лавозими ихтиёр, ибтило ва имтиҳон аст, зеро ихтиёр замоне маъно пайдо мекунад, ки инсон дар баробари дуроҳиҳо ва чандроҳиҳо қарор бигирад. Бо сахтиҳо дасту панҷа нарм кунад, то истеъдодҳои нуҳӯфта дар ӯ ба марҳалаи зуҳур ва феълият бирасад. Дар баробари хайроту шурур қарор гирад ва бо ихтиёри худ якеро интихоб кунад. Бо анҷом додани аъмоли нек, бар камоли худ биафзояд ва ё бо иртикоби маосӣ ва аъмоли бад, бар шиқоъ ва бадбахтии худ.

Қуръони Карим мефармояд:

“Ҳамон (Худое), ки маргу зиндагиро ба вуҷуд овард, то шуморо имтиҳон кунад, ки кадоматон некӯкортаред.”[27]

“Барои ҳар як аз шумо (умматҳо) шариъат ва роҳи рӯшане қарор додем. Ва агар Худо мехост шуморо як уммат қарор медод, вале (Худо  хост) шуморо дар он чи ба шумо додааст имтиҳон кунад. Пас, дар корҳои нек бар якдигар пеша гиред. Бозгашти (ҳамаи) шумо ба сӯи Худост онгоҳ дар бораи он чи дар он ихтилоф мекардед огоҳатон хоҳад кард.”[28]

“Ӯст касе, ки шуморо дар замин ҷонишин қарор дод (ва мақоми хилофатуллоҳӣ ба шумо иноят фармуд) ва баъзе аз шуморо бар бархе дигар ба дараҷоте бартарӣ дод то шуморо дар он чи ба шумо додааст имтиҳон кунад.”[29]

“Оё мардум гумон карданд, ҳамин, ки гуфтанд имон овардем раҳо мешаванд ва мавриди имтиҳон қарор намегиранд?”[30]

Бинобар ин, қонуни ибтило ва имтиҳон як қонуни умумӣ барои ҳамаи инсонҳо аст ва касе аз он истисно нест. Имтиҳони сахт, ки дар он мӯъминон фарёд сар диҳанд, ки  -Ёрии Худо  кай хоҳад буд? — “Оё гумон кардед, дохили биҳишт мешавед ва ҳол он ки ҳануз монанди он чи бар (сари) пешиниёни шумо омад, бар (сари) шумо наёмадааст? Онҳо дучори сахтӣ ва зиён шуданд ва ба такон даромаданд, то ҷое, ки паёмбар ва касоне, ки бо вай имон оварда буданд, гуфтанд: Ёрии Худо кай хоҳад буд? Огоҳ бошед, ки ёрии Худо  наздик аст.”[31]

Дар низоми илоҳӣ инсонҳои бузург бо имтиҳоноти бузург ва балоҳои азим озмоиш мешаванд ва ҳарчи муқаррабтар ва наздиктар ба Худо бошанд, шиддат ва сахтии ибтилову имтиҳон зиёдтар хоҳад буд.

Имом Содиқ(а) фармуд: “Имтиҳон ва ибтилои паёмбарон аз ҳамаи мардум бештар ва сахттар аст, сипас, касоне, ки дунболарави онҳоянд, онгоҳ ҳар кӣ ба онҳо шабеҳтар аст.”[32]

Ҳазрати Алӣ(а) мефармояд: “Рехтани бало ва имтиҳон ба (сари) мӯъмин, сареътар аз рехтани борон ба замин аст.”[33]

Дар ин имтиҳонҳо ва ибтилоҳо аст, ки истеъдодҳо шукӯфо ва камолот ба феълият мерасанд, дар ин гирифториҳо ва озмоишҳо аст, ки инсон қудратманд мегардад, фикраш пешрафт мекунад, пухта мешавад, чунончи ҳазрати Амир(а) мефармояд: “Бо сарват ва роҳатӣ хушнуд мабош, ва бо фақру балову гирифторӣ ғамгин машав, зеро (ҳамчунон ки) тилло вақте дар оташ қарор мегирад, холис мегардад, мӯъмин низ бо қарор гирифтан дар балову гирифторӣ холистару комилтар мешавад.”[34]

Ҳастӣ, мадрасаи бузурге аст, ки қарор аст инсонҳо дар он тарбият шуда ва бо мувафақият дар имтиҳонот, мақоми хилофати илоҳиро касб кунанд ва ба камоли матлубе, ки барои онҳо дар назар гирифта шуда, ноил гарданд; “Ва чун Иброҳимро Парвардигораш бо калимоте (имтиҳоноти сахт) озмоиш кард, ва вай он ҳамаро ба анҷом расонид (Худо  ба ӯ) фармуд: ман туро (мақоми бузург дода ва) имоми мурдум қарор додам. (Иброҳим) Пурсид: Ва аз фарзандонам (ҳам қарор медиҳӣ?) (Худо) фармуд: Паймони ман ба бедодгарон намерасад.”[35]

Ҳазрати Иброҳим(а) бо муваффақият имтиҳонотро пушти сар гузошт ва сарбаланд аз он берун омад, дар натиҷа ба мақоми шомихи имомат ноил шуд. Ӯ ин мақомро барои фарзандони худ дархост намуд, ки ҷавоб шунид, онон ки дар ин дори озмоиш ва имтиҳони бузург баҳои олӣ наёвардаанд, ҳаргиз ба ин мақом ноил намегарданд.

5. Илтизом ва пойбандӣ ба вазифа

Пойбанд будан ба таклиф ва вазифа, аз масоили муҳиме аст, ки нақши асосӣ дар сарнавишти инсон дорад. Инсон бояд ба тааҳҳудоти шаръӣ, ахлоқӣ ва вазоифе, ки дар низоми илоҳӣ барои ӯ таъйин шудааст, пойбанд бошад то ба ҳадафе, ки барои халқи ӯ дар назар гирифта шуда ноил гардад. Нуктаи муҳим ин аст, ки инсон бояд худро масъули анҷоми вазифа бидонад, на дастёбӣ ба натиҷа, ҳатто дар умуре, ки интизори дастрасӣ ба натиҷаи дунявӣ дар онҳо вуҷуд дорад. Авлиёи илоҳӣ худро маъмур ба анҷоми вазифа медонистанд, на расидан ба натиҷа; “Ман ҷуз бимдиҳандаи ошкор нестам.”[36]

Ин мавзӯъ дар равиши сиёсии авлиёи илоҳӣ, бисёр рӯшан аст. Онҳо барои ислоҳи иҷтимоъ қиём мекунанд ва агар дар қиёми худ ба зоҳир шикаст бихӯранд ҳам, аҳмияте барои онҳо надорад, ончи барои онон муҳим аст, амал кардан ба вазифа аст.

Нуктаи муҳими дигаре, ки авлиёи илоҳӣ дар ҳаракоти сиёсии худ шадидан онро риоят мекунанд, бакоргирии васоили машрӯъ дар пешбурди аҳдофи сиёсӣ аст. Онҳо ҳаргиз аз макру ҳилаи ғайримашрӯъ ва нодуруст барои расидан ба ҳадаф истифода намекунанд.

 

Ҷойгоҳи наҳзати ҳусайнӣ дар низоми илоҳӣ

Акнун, вақти он расидааст, ки ба таҳлили қиёми ҳусайнӣбипардозем ва бубинем ҷойгоҳи он дар низоми илоҳӣ чӣ гуна аст?

Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) бар асоси қавонини ҳоким дар низоми илоҳӣ, инсонест мухтору соҳибихтиёр, дар интихоби зиштиҳо ва зебоиҳо озод, ва нисбат ба аъмоли худ масъул аст. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) чун мухтор аст, мавриди имтиҳон ва ибтило қарор мегирад, ва чун инсони вижае аст, ба сахттарин ибтилоот ва имтиҳонот озмӯда мешавад. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ба таклифҳои худ ба беҳтарин ваҷҳ амал мекунад ва бо дироят дар тамоми имтиҳонот муваффақ мегардад. Инак, ба тавзеҳи бештари ин ҳақиқат мепадозем.

 

Қиём аз рӯи масъулият ва амал ба таклиф

Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) аз оғози наҳзат, то лаҳзаи шаҳодат ба некӯтарин ваҷҳ ба вазифаҳои илоҳии худ амал кард, ки матолиби зайл гӯёи ин воқеият аст.

а) Ҳаром будани байъат бо Язид

Вақте Муовия аз дунё рафт ва Язид бар сари хилофат омад, Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) фармуд: “-Мо аз они Худоем ва ба сӯи Ӯ боз мегардем. [37]Бояд бо ислом худоҳофизӣ кард, ҳангоме, ки уммати исломӣ ба ҳокиме мисли Язид гирифтор ояд. Ва ман шунидам, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мефармуд: Хилофат ва ҷонишинии ман бар Оли Абӯсуфиён ҳаром аст.”[38]

Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) бо вуҷуди ин ки мухолифи ҳукумати Муовия низ буд ва борҳо аз ҳукумати ӯ бо лаҳни тунд эътироз мекард,[39] вале ба хотири ин ки Муовия зоҳири шариатро риоят мекард ва қарордоди сулҳе, ки байни Имом Ҳасан (алайҳиссалом) ва Муъовия буд, Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ба қиём вазифадор набуд, вале ҳангоми ба ҳукумат расидани Язид, акнун касе дам аз хилофат мезад, ки аҳкоми шариатро нобуд карда ва ошкоро муртакиби фасод мешуд. Язид шароб мехӯрд ва намоз намехонд, аҳкоми шариатро ба бозӣ мегирифт ва сагбозу маймунбоз буд.[40]

Ҳамин Язид буд, ки беэҳтиромона дар Мадинаи Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) воқеаи Ҳарраро ба вуҷуд овард. Ин ҷанг аз беобурӯиҳои бузурги ҳукумати Язиди нопок аст. Ӯ ба Мадина, шаҳри Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҳамла кард ва садҳо саҳобаро кӯшт ва се рӯз шаҳри Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро барои сарбозони шомии худ ҳалол кард. Дар ин се рӯз занони зиёде бева ва садҳо духтари бокира ҳомила шуданд. Ин ҷиҳоди Язиду язидиён буд. Ҳамин Язид буд, ки хонаи Худо(=Каъба)-ро бо манҷаниқ мавриди ҳамла қарор дод ва онро ба оташ кашид.[41]

Чунин касе мехост ҳукумати исломиро идора кунад. Инҷо хатари нобудии дин буд. Муслимин ва ақоиди онҳоро таҳдид мекард. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом), ки фалсафаи вуҷудии ӯ ҳифзи дин ва ҳидояти муслимин аст, вазифаи шаръии ӯ талаб мекард, ки бар зидди мисли Язид қиём кунад, зеро илова бар зуҳури бепардаи ҳукумати ботил, бархе мусалмонон низ, ки акнун огоҳ шуда буданд, чӣ касе мехоҳад бар сарнавишти онҳо ҳукумат кунад, барои кӯмак ба Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) эъломи омодагӣ карданд[42] ва бинобар нақле 18 ҳазор нафар бо Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) байъат карданд.[43]

Аз тарафе, Язид бо исрор аз Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) тақозои байъат мекард ва ба сӯи ӯ пайк мефиристод. Чунон ки дар номае ба ҳокими Мадина навишт: “Аммо баъд: Аз Ҳусайн ва Абдуллоҳ ибни Умар ва Абдуллоҳ ибни Зубайр ба шиддат байъат бигир ва онҳоро рухсат мадеҳ то байъат кунанд, вассалом.”[44]

Яъқубӣ нақл мекунад, дар нома чунин навишта шуда буд: “Замоне, ки ин номаи ман ба ту расид, пас аз хондани он, Ҳусайн ибни Алӣ ва Абдуллоҳ ибни Зубайрро эҳзор кун ва аз онҳо барои ман байъат бигир, агар имтиноъ варзанд –ва байъат накунанд- гардани ҳардуи онҳоро бизан ва сарҳояшонро барои ман бифирист.”[45]

Бинобар ин, шароит барои қиём бар зидди золим муҳаё буд ва Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) қиёмро масъулияти шаръии худ медонист, ба ҳамин хотир, барои адои таклиф қиём намуд. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ба унвони як мукаллаф ва вазифадор наметавонист дасти байъат ба золим бидиҳад ва ҳукумати ҷаврро таъйид кунад. Қуръон мефармояд:“Пас, аз дуруғгӯён итоат макун, дӯст доранд нармӣ кунӣ то нармӣ намоянд ва аз ҳар қасамхурдаи пастфитрат фармон мабар, — он кӣ — айбҷӯ аст ва барои хабарчинӣ гом бармедорад, касе, ки монеи хайр, мутаҷовиз, гуноҳпеша аст, густох -ва- гузашта аз он зинозода аст, -ин саркашиҳо ба хотири ин аст- ки молдору писардор аст, чун оёти мо бар ӯ хонда шавад гӯяд: Афсонаҳои пешиниён аст.[46]

Язид ҳамаи ин сифотро доро буд. Ӯ дар ботин ҳеҷ эътиқоде ба дин надошт, аз назари ӯ дин асотир ва афсонае беш набуд.[47]

Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)  нақл мекунад: “Эй мардум! Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ), фармуд: Касе, ки шоҳи золимро бинад, ки ҳароми Худоро ҳалол мекунад, аҳди Худоро мешиканад, бо суннати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мухолифат мекунад, дар миёни бандагони Худо  бар асоси гуноҳу таҷовуз рафтор мекунад, вале дар муқобили ӯ бо амал ё гуфтор изҳори мухолифат нанамояд, бар Худо  аст, ки ӯро бо ҳамон золим дохили дӯзах кунад. Огоҳ бешед, инҳо (Язид ва пайравонаш) ҳамвора дар итоати шайтонанд ва тоати Худои Раҳмонро тарк кардаанд, ва фасодро ошкор ва аҳкоми илоҳиро таътил намудаанд, байтулмолро ба худ ихтисос дода ва ҳароми Худоро ҳалол ва ҳалои Ӯро ҳаром кардаанд.”[48]

Бинобар ин, қиёми Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) аз рӯи таклиф буд. Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) ба хотири вазифае, ки Қуръон ва суннат барои мубориза бо зулм бар ӯ воҷиб карда буд, қиём кард.

 

б) Вуҷуби ҳукумати солиҳон

Зарурати ҳукумати солеҳ, як зарурати ақлӣ аст ва ниёз ба бурҳон ва истидлол надорад, чунон ки ҳаргоҳ фарде ҳукумати инсонҳоро бар ӯҳда гирифтааст, худро аслаҳи мардум муаррифӣ кардааст. Қуръон низ ин аслро пазируфта ва онро асолатан ҳаққи Худо  ва сипас ба изну иҷозаи худ ба анбиё ва солиҳон ато мекунад; “Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро итоат кунед ва Паёмбар ва сарпарастони амри худро (низ) итоат кунед.”[49]

Муовия низ ин асли бадеҳиро наметавонист ба осонӣ инкор кунад, лизо маҷбур шуд, Язидро бартарини афрод барои нишастан бар маснади хилофат муаррифӣ намояд. Ӯ, дар Мадина, дар яке аз ҷамъомаде, ки барои муаррифӣ ва байъат гирифтан барои Язид ташкил дода буд, гуфт: “Эй мардум! Ба Худо қасам, агар касе беҳтар аз Язид барои хилофати мусалмонон мешинохтам, барои Язид байъат намегирифтам!” Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) бархост ва фармуд: “Ба Худо  савганд! Касе, ки аз ҷиҳати падар, модар ва худаш аз Язид беҳтар аст-ро раҳо кардаӣ». Муовия, ки манзури Имом (алайҳиссалом)ро медонист, гуфт: Гӯё худатро дар назар дорӣ?” Имом (алайҳиссалом) фармуд: “Оре, Худо  туро ислоҳ кунад.” [50]

Бино ба қавли дигаре, Имом (алайҳиссалом) фармуд: “Ба Худо  қасам! Ман ба хилофат сазовортар аз ӯям, зеро падарам беҳтар аз падари ӯ ва ҷаддам низ аз ҷадди ӯ ва модарам беҳтар аз модари ӯ ва худам беҳтар аз ӯям.”[51]

Имом (алайҳиссалом) дар ҷои дигар мефармояд: “Ба ҷонам қасам! Имом ва пешво нест, магар касе, ки ба Қуръон амал кунад ва роҳи қисту адолатро дар пеш гирад ва тобеи ҳақ бошад ва худро дар роҳи ризои Худо  вақф созад.”[52]

Низ фармуд: “Эй мардум! Агар шумо аз Худо  битарсед ва ҳақро барои аҳлаш бишносед ин кор беҳтар боиси хушнудии Худо хоҳад буд ва мо Аҳли байти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба вилоят ва раҳбарӣ бар шумо, аз ин муддаиёни чизе, ки шоистаи онҳо нест ва амалкунандагон ба ҷавру таҷовуз, шоистатарем.”[53]

Имом (алайҳиссалом) дар ҷавоби волии Мадина, ки аз он ҳазрат хост бо Язид байъат кунад фармуд: “Мо хонадони нубувват ва маъдини рисолат ва маҳали омаду рафти малоика ҳастем. Худо  бо мо оғоз кард ва бо мо хатм намуд. Язид марди фосиқ, шаробхор, қотили нафсе, ки )Худо  қатлашр) ҳаром карда, фисқи худро ошкор карда аст, ва )инсони солиҳе( мисли ман бо (фосиқе) чун ӯ байъат намекунад.”[54]

Ақлу шаръ ва торих гувоҳ аст, ки Имом Ҳусайн (алайҳиссалом), на танҳо аз Язиди фосиқ, ки аз тамоми афроди замони худ, солиҳтар буд ва ҳукумат бар муслимин ва пешвоии онҳо танҳо шойистаи ӯ буд, ба ҳамин ҷиҳат, Имом (алайҳиссалом) мудом ин масъаларо ёдовар мешуд. Шароит низ ба гунае буд, ки сукут аслан маслиҳат набуд.

 

в) Вуҷуби амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Адои фаризаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, аз муҳимтарин воҷиботи шаръӣ ва динӣ мебошад. Қуръони Карим мефармояд: “Мардону занони боимон, дӯстони якдигаранд, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд ва намозро барпо медоранд ва закот медиҳанд ва аз Худо  ва Паёмбараш фармон мебаранд. Онон ҳастанд, ки Худо  ба зудӣ машмули раҳматашон қарор хоҳад дод, ки Худо  тавоно ва ҳаким аст.”[55]

Аҳамияти амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, дар ривоятҳо чунин баён шудааст: “-Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар — фаризаи азимест, ки дигар фарзҳо ба воситаи он барпо мешавад.”[56] Ё гуфта шуда “Комилтарин фариза ва шарифтарину бофазилаттарини онҳост.”[57]

Идома дорад …

Ёсин


 

[2] . Манзур аз низоми илоҳӣ, сохтори олами хилқат ва қонуну қоидаҳои ҳоким дар он мебошад.

[3]. Қонунҳои таквинӣ ба қонунҳое гуфта мешавад ки дар низоми ҳастӣ қарор дода шуда ки тахаллуфнопазир буда ва гурезе аз он нест, монанди омаду шуди шабу рӯз тибқи қонуни хос, гардиши фаслҳои сол бар асоси қонуни махсус, ва хусусиятҳое, ки дар бораи инсон ҷорӣ аст, мисли ихтиёр ва иродаи инсон, ин ки сарнавишти ӯ то андозаи бисёр зиёде дар  дасти худаш аст ва ғ.

[4] . Дар истилоҳи фалсафа ба чунин илме, илми иноӣ гуфта мешавад.

[5]. Ибни Сино, Ишорот ва танбиҳот, намати ҳафтум, фасли бисту дуввум.

[6]. Саҷда, 7: “الَّذي أَحْسَنَ كُلَّ شَيْ‏ءٍ خَلَقَه‏”

[7]. Моида, 120: » لِلَّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا فِيهِنَّ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ»

[8]. Бақара, 29: » هُوَ الَّذِي خَلَقَ لَكُمْ مَا فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا ثُمَّ اسْتَوَى إِلَى السَّمَاءِ فَسَوَّاهُنَّ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ »

[9]. Ибни Сино, ал-Ишорот ва ал-танбиҳот, намати ҳафтум, фасли бисту севвум. Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки аҳсан будани низом нисбат ба аволим (и таҷарруд, ниматаҷарруд ва моддӣ) мутафовит аст. Низоми аҳсан вақте дар мавриди ҷаҳони моддӣ ба кор меравад аз онҷо, ки дар моддиёт, тазоҳум ва мусодима вуҷуд дорад, маънояш ин аст, ки олами модда ба гунае халқ шудааст, ки дар он, махлуқоти бештаре аз камолоти беҳтаре баҳраманд гарданд ва роҳи камолро бипаймоянд.

[10]. Анъом, 139:

«وَ قَالُوا مَا فِي بُطُونِ هَذِهِ الْأَنْعَامِ خَالِصَةٌ لِذُكُورِنَا وَ مُحَرَّمٌ عَلَى أَزْوَاجِنَا وَ إِنْ يَكُنْ مَيْتَةً فَهُمْ فِيهِ شُرَكَاءُ سَيَجْزِيهِمْ وَصْفَهُمْ إِنَّهُ حَكِيمٌ عَلِيمٌ”

[11]. Оли Имрон, 191:

“الَّذِينَ يَذْكُرُونَ اللَّهَ قِيَامًا وَ قُعُودًا وَ عَلَى جُنُوبِهِمْ وَ يَتَفَكَّرُونَ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَ الْأَرْضِ رَبَّنَا مَا خَلَقْتَ هَذَا بَاطِلًا سُبْحَانَكَ فَقِنَا عَذَابَ النَّارِ”

[12]. Зориёт,  56: “وَ مَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَ الْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ”

[13]. Наҳл, 70:  “ وَاللَّهُ خَلَقَكُمْ”

[14]. Зориёт, 56.

[15] . Ғофир, 3: “لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ إِلَيْهِ الْمَصِيرُ ”

[16]. Бақара, 28: “ كَيْفَ تَكْفُرُونَ بِاللَّهِ وَكُنْتُمْ أَمْوَاتًا فَأَحْيَاكُمْ ثُمَّ يُمِيتُكُمْ ثُمَّ يُحْيِيكُمْ ثُمَّ إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ “

[17]. Одиёт, 8: “وَإِنَّهُ لِحُبِّ الْخَيْرِ لَشَدِيدٌ”

[18]. Оли Имрон, 14:

“زُیِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ الشَّهَوَاتِ مِنَ النِّسَاء وَالْبَنِينَ وَالْقَنَاطِيرِ الْمُقَنطَرَةِ مِنَ الذَّهَبِ وَالْفِضَّةِ وَالْخَيْلِ الْمُسَوَّمَةِ وَالأَنْعَامِ وَالْحَرْثِ ذَلِكَ مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَاللَّهُ عِندَهُ حُسْنُ الْمَآبِ”

[19]. Анъом, 32: “وَمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلَّا لَعِبٌ وَلَهْوٌ وَلَلدَّارُ الْآخِرَةُ خَيْرٌ لِلَّذِينَ يَتَّقُونَ”

[20]. Тавба, 72:

 “وَعَدَ اللَّهُ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا وَمَسَاكِنَ طَيِّبَةً فِي جَنَّاتِ عَدْنٍ وَرِضْوَانٌ مِّنَ اللَّهِ أَكْبَرُ ذَلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ”

[21]. Каҳф, 29: “وَقُلِ الْحَقُّ مِنْ رَبِّكُمْ فَمَنْ شَاءَ وَمَنْ شَاءَ فَلْيَكْفُرْ”

[22]. Инсон, 3: “ إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا ”

[23]. Аволиллаолӣ, Ибни Абиҷумҳури Эҳсоӣ, 1/51, ба ҳамин мазмун: Шуаб-ул-имон, Байҳақӣ, 6/ 411.

[24]. Аҳзоб, 72: “اِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ عَلَى السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالْجِبَالِ فَأَبَيْنَ أَنْ يَحْمِلْنَهَا وَأَشْفَقْنَ مِنْهَا وَحَمَلَهَا الْإِنْسَانُ إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا”

[25]. Юнус, 47: “وَلِكُلِّ أُمَّةٍ رَّسُولٌ”

[26]. Раъд, 7: “وَلِكُلِّ قَوْمٍ هَادٍ”

[27]. Мулк, 2: ” الَّذِي خَلَقَ الْمَوْتَ وَالْحَيَاةَ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلاً وَهُوَ الْعَزِيزُ الْغَفُورُ”

[28]. Моида, 48:

“لِكُلٍّ جَعَلْنَا مِنكُمْ شِرْعَةً وَمِنْهَاجًا وَلَوْ شَاء اللَّهُ لَجَعَلَكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَلَكِن لِّيَبْلُوَكُمْ فِي مَآ آتَاكُم فَاسْتَبِقُوا الخَيْرَاتِ إِلَى الله مَرْجِعُكُمْ جَمِيعًا فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ فِيهِ تَخْتَلِفُونَ”

[29]. Анъом, 165:

“ وَهُوَ الَّذِي جَعَلَكُمْ خَلاَئِفَ الأَرْضِ وَرَفَعَ بَعْضَكُمْ فَوْقَ بَعْضٍ دَرَجَاتٍ لِّيَبْلُوَكُمْ فِي مَا آتَاكُمْ إِنَّ رَبَّكَ سَرِيعُ الْعِقَابِ وَإِنَّهُ لَغَفُورٌ رَّحِيمٌ”

[30]. Анкабут, 2:  “أحسب النَّاسُ أَنْ يُتْرَكُوا أَنْ يَقُولُوا آمَنَّا وَهُمْ لَا يُفْتَنُونَ”

[31]. Бақара, 214:

 “أَمْ حَسِبْتُمْ أَنْ تَدْخُلُوا الْجَنَّةَ وَلَمَّا يَأْتِكُمْ مَثَلُ الَّذِينَ خَلَوْا مِنْ قَبْلِكُمْ مَسَّتْهُمُ الْبَأْسَاءُ وَالضَّرَّاءُ وَزُلْزِلُوا حَتَّى يَقُولَ الرَّسُولُ وَالَّذِينَ آمَنُوا مَعَهُ مَتَى نَصْرُ اللَّهِ أَلَا إِنَّ نَصْرَ اللَّهِ قَرِيبٌ”

[32]. Кофӣ, 2 /252: “إنّ أشد الناس بلاء الأنبياء، ثم الذين يلونهم، ثم الأمثل فالأمثل.”

[33]. Биҳор, 67 /222:  “إنّ البلاء أسرع إلى المؤمن التقي من المطر إلى قرار الأرض”

[34]. Ғурар-ул-Ҳикам, ҳадиси 10394:

” لا تفرح بالغناء والرخاء، ولا تغتم بالفقر والبلاء، فإن الذهب يجرب بالنار، والمؤمن يجرب بالبلاء”

[35]. Бақара, 124: “ وَإِذِ ابْتَلَى إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا قَالَ وَمِن ذُرِّيَّتِي قَالَ لاَ يَنَالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ “

[36]. Шуаро, 115: “إِنْ أَنَا إِلاَّ نَذِيرٌ مُّبِينٌ”

[37]. Бақара, 165: “ إِنَّا لله و انا إِلَيْهِ راجِعُون‏”

[38]. Мақтали Хоразмӣ, 1/184, Луҳуф, 1/8:

“إنا لله و إنا إليه راجعون و على الإسلام السلام إذ قد بليت الأمة براع مثل يزيد و لقد سمعت جدي رسول الله(ص) يقول: الخلافة محرمة على آل أبي سفيان”

[39]. Ибни Қутайба, ал-Имома ва ал-сиёса, 1/ 146.

[40]. Торихи Табарӣ, 4/ 369, ал-Бидоя ва ал-ниҳоя, 6/ 234, Торихи Хулафо, 182, ал-Ахбор-ул-тивол, 266. ал-Комил фитторих, 2/186, ал-Сират-ул-Ҳалабия, 1/266.

[41]. Биҳор, 61/111, Торихи Ислом, 1/562, Торихи Хулофо, 182, ал-Сират-ул-Ҳалабия, 1/ 267, Вафиёт-ул-Аъён, Ибни Халкон, 6/276.

[42]. Табарӣ, 5/347 — 353.

[43]. Нувайрӣ, Ниҳоят–ул- ирб, 20/425.

[44]. Торихи Яъқубӣ 1/ 205:

“ أما بعد فخذ حسينا وعبد الله ابن عمر وعبد الله بن الزبير بالبيعة أخذا شديدا ليست فيه رخصة حتى يبايعوا والسلام.”

[45]. Торихи Яъқубӣ 1/ 205:

“إذا أتاك كتابي هذا، فأحضر الحسين بن علي، وعبد الله بن الزبير، فخذهما بالبيعة لي، فإن امتنعا فاضرب أعناقهما، وابعث لي برؤوسهما”

[46]. Қалам, 10 – 15:

“فَلا تُطِعِ الْمُكَذِّبينَ، وَدُّوا لَوْ تُدْهِنُ فَيُدْهِنُون،‏ وَلَا تُطِعْ كُلَّ حَلَّافٍ مَهِينٍ، هَمَّازٍ مَشَّاءٍ بِنَمِيمٍ، مَنَّاعٍ لِلْخَيْرِ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ، عُتُلٍّ بَعْدَ ذَلِكَ زَنِيمٍ، أَنْ كَانَ ذَا مَالٍ وَبَنِينَ، إِذَا تُتْلَى عَلَيْهِ آيَاتُنَا قَالَ أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ”

[47]. ал-Комил фит таърих, 2/ 186.

[48]. Табарӣ, 5/403, ал-Комил фит торих, 2/552:

“أيها الناس إن رسول الله صلى الله عليه و آله و سلم قال: من رأى سلطانا جائرا مستحلا لحرم الله ناكثا لعهد الله مخالفا لسنة رسول الله يعمل في عباد الله بالإثم والعدوان، فلم يغير عليه بفعل ولا قول كان حقا على الله أن يدخله مدخله. ألا وإن هؤلاء قد لزموا طاعة الشيطان وتركوا طاعة الرحمن وأظهروا الفساد وعطلوا الحدود واستأثروا بالفيء وأحلوا حرام الله وحرموا حلاله.”

[49]. Нисоъ, 59: “يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ وَأُولِي الامر مِنْكُمْ”

[50]. Мавсуату калимот-ул-имом-ул-Ҳусейн(а), / 263.

[51]. Ҳамон, / 263.

[52]. Табарӣ, 5/353, ал-Комил фит торих, 2/ 534:

“فلعمري ما الإمام إلاَّ العامل بالكتاب والاخذ بالقسط والدائن بالحق والحابس نفسه عن ذات اللَّه”

[53] . Табарӣ, 3/306, Ансоб-ул-ашроф, 3/ 380:

“أيها الناس فإنكم إن تتقوا وتعرفوا الحق لأهله يكن أرضى لله ونحن أهل البيت أولى بولاية هذا الأمر عليكم من هؤلاء المدعين ما ليس لهم والسائرين فيكم بالجور والعدوان”

[54]. ал-Луҳуф, саҳ.24:

 “إنا أهل بيت النبوة و معدن الرسالة و مختلف الملائكة و بنا فتح الله و بنا ختم الله و يزيد رجل فاسق شارب الخمر قاتل النفس المحرمة معلن بالفسق و مثلي لا يبايع بمثله.”

[55]. Тавба, 71:

“وَالْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ يَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَيُقِيمُونَ الصَّلَاةَ وَيُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَيُطِيعُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ أُولَئِكَ سَيَرْحَمُهُمُ اللَّهُ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ”

[56]. Аволи-ал-лаолӣ, 3/67: “فریضه عظیمه بها تقام الفرائض”

[57]. Ҳамон: “أتم الفرائض و اشرفها و افضلها”

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,