Гуногун

Фақр ва бениёзӣ

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд: Ғурбат барои сарватманд, ҳамчун Ватан шавад ва Ватан барои тангдаст, чунон ғурбат гардад.

Анвои сабр

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд: Шакебоӣ бар ду гуна аст; [яке] сабр бар ончи хуш надорӣ [сабр бар тоат] ва [дигаре] шакебоӣ аз ончи дӯст дорӣ

Хирад, адаб ва машварат

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд: Ҳеҷ сарвате монанди хирад ва ҳеҷ фақре чун нодонӣ нест. Меросе чун адаб [ва фарҳехтагӣ] ва пуштибоне чун машварат кардан нест.

Саховат ва дархост

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд: Саховат бахшишест, ки бе дархост бошад, аммо бахшише, ки пас аз дархост бошад ё ба хотири шарм аст ё аз тарси

Саховат ва дархост

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд: Саховат бахшишест, ки бе дархост бошад, аммо бахшише, ки пас аз дархост бошад ё ба хотири шарм аст ё аз тарси

Гузашт дар ҳоли тавоноӣ

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд: Он ки бар муҷозот кардан тавонотар аст, ба гузашт намудан сазовортар аст. (Наҳҷулблоға, ҳикмати 52)

Айбҳои тавонгарон

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд: То вақте давлатат боқист, айбат пинҳон аст. (Наҳҷулбалоға, ҳикмати 51)

Унс бо мардум

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд: Дилҳои мардон [раманда ва] ваҳшӣ аст. Пас ҳар кас бо онҳо унс гирад, ба ӯ рӯй меоваранд. (Наҳҷулбалоға, ҳикмати 50)

Асари гуруснагӣ ва серӣ

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд: Аз ҳамла [ва шиддати амали] инсони бузургвор онгоҳ, ки гурусна шавад битарсед ва аз ҳамлаи инсони паст онгоҳ, ки сер гардад.

Роҳи пирӯзӣ

Ҳазрати Алӣ(каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) фармуд: Пирӯзӣ дар гарави дурандешӣ ва дурандешӣ дар гарави ба кор андохтани фикр [у андеша] ва андеша дар гарави ҳифзи асрор аст.