Тавсифи Худо аз забони ҳазрати Алӣ(к)

 

Он чи дар пеши рӯ доред, тарҷумаи калимоте аст гуҳарбор, аз пешвои яктопарастон, шогирди шоистаи Расули Аъзам(с) ҳазрати Алӣ(к), ки дар ҷавоби шахсе, ки аз он ҳазрат хоста буд Худоро барояш васф кунад, эрод фармуданд.

Ростӣ чӣ тавсифи расое! Ин қуллаи як тавсифи инсонӣ аз Худои бемислу монанд аст. Ин тавсиф барои касе, ки аз қудрати фаҳм ва хиради кофӣ  бархӯрдор аст, дар шинохти Худо ва сифоти Ӯ беҳтарин тавсифи мумкин аст, ки инсонро дар шинохти Офаридгори хеш бениёз месозад.

“Ситоиш Худоеро сазовор аст, ки набахшидан бар моли Ӯ наяфзояд ва бахшидан Ӯро фақир насозад, зеро ҳар бахшандае ҷуз Ӯ амволаш коҳиш ёбад ва ҷуз Ӯ ҳар кас аз бахшиш даст кашад, мавриди сарзаниш қарор гирад. Ӯст бахшандаи анвои неъматҳо ва баҳраҳои фазоянда ва тақсимкунандаи рӯзӣ, ва махлуқот ҳама резахори суфраи Ӯянд, ки рӯзии ҳамаро тазмин карда ва андозаашро таъйин фармуд. Ба муштоқони хеш ва хосторони он чи дар назди Ӯст роҳи равшанро нишон дод. Саховати Ӯ дар онҷо ки аз Ӯ бихоҳанд, бо онҷо ки аз Ӯ дархост накунанд, бештар нест.

Худо аввалест, ки оғоз надорад, то пеш аз Ӯ чизе буда бошад ва охирест, ки поён надорад, то чизе пас аз Ӯ вуҷуд дошта бошад. Мардумак ва сиёҳии чашмҳоро аз мушоҳидаи худ боз доштааст. Замон бар Ӯ намегузарад, то дучори дигаргунӣ гардад ва дар маконе қарор надорад, то пиндори ҷобаҷоӣ нисбат ба Ӯ раво бошад. Агар он чи аз даруни маъданҳои кӯҳҳо берун меояд ва ё он чи аз лабони пур аз хандаи садафҳои дарё хориҷ мешавад; аз нуқраҳои холис ва тиллоҳои ноб, дурҳои ғалтон ва марҷонҳо ҳамаро бибахшад, дар саховати Ӯ камтар асаре нахоҳад гузошт ва густардагии неъматҳояшро поён нахоҳад дод. Дар пеши Ӯ онқадар аз неъматҳо вуҷуд дорад, ки ҳар чи инсонҳо дархост кунанд тамомӣ напазирад, чун Ӯ бахшандаест, ки дархости ниёзмандон чашмаи бахшандагии Ӯро намехӯшконад ва исрору дархостҳои паёпай Ӯро ба бухл варзидан намекашонад.

Эй пурсиш кунанда! Дуруст бингар он чиро, ки Қуръон аз сифоти Худо баён медорад, ба он эътимод кун ва аз нури ҳидояташ баҳра гир ва он чиро, ки шайтон туро ба донистани он во медорад ва китоби Худо онро бар ту воҷиб накарда ва дар суннати Паёмбар(с) ва имомони ҳидоятгар наёмада раҳо кун ва илми онро ба Худо вогузор, ки ин ниҳояти ҳаққи Парвардигор бар туст.

Бидон онҳое, ки дар илми дин устуворанд, Худо онҳоро аз фурӯ рафтан дар он чи, ки  бар онҳо пӯшидааст ва тафсири онро намедонанд ва аз фурӯ рафтан дар асрори ниҳон бениёз сохтааст ва онҳоро аз ин рӯ, ки ба аҷзу нотавонии худ дар баробари ғайб ва он чи, ки тафсири онро намедонанд эътироф мекунанд, ситоиш фармуд ва тарки жарфнигарии онҳо дар он чи, ки Худо бар онҳо воҷиб насохтаро росих будан дар илм шиносондааст. Пас ба ҳамин миқдор басанда кун! Ва Худоро бо мизони ақли худ арзёбӣ макун, то аз табоҳ шудагон набошӣ.

Ӯст Худои тавоное, ки агар ваҳм ва хаёли инсонҳо бихоҳад барои дарки андозаи қудраташ талош кунад ва афкори баланд ва дур аз васвасаҳои донишмандон бихоҳад жарфои ғайби малакуташро дарнавардад ва қалбҳои саросар ишқи муштоқон барои дарки кайфияти сифоти Ӯ кушиш намояд ва ақлҳо бо талоши васфнопазир аз роҳҳои бисёр зариф ва борик бихоҳанд зоти Ӯро дарк кунанд, дасти қудрат бар синаи ҳама навохта бозгардонад, дар ҳоле ки дар торикиҳои ғайб барои раҳоии худ ба Худои Субҳон паноҳ мебаранд ва бо ноӯмедӣ ва эътироф ба аҷз аз маърифати зоти Худо боз мегарданд, ки бо фикру ақли норасои башарӣ наметавон Ӯро дарк кард ва андозаи ҷалол ва иззати Ӯ дар қалби андешмандон роҳ намеёбад.

Худое, ки падидаҳоро аз ҳеҷ офарид, намунае дар офариниш надошт, то аз он истифода кунанд ва ё нақшае аз офаринандаи пеш аз худ, ки аз он дар офаридани мавҷудот баҳра гирад. Ва намунаҳои фаровон аз малакути қудрати хеш ва шигифтиҳои осори раҳмати худ, ки ҳама бо забони гӯё ба вуҷуди Парвардигор гувоҳӣ медиҳандро ба мо нишон дода, ки бе ихтиёр моро ба шинохти Парвардигор мехонанд. Дар он чи офарида осори санъату нишонаҳои ҳикмати Ӯ падиддор аст, ки ҳар як аз падидаҳо ҳуҷҷат ва бурҳоне бар вуҷуди Ӯ мебошанд. Гарчи бархе махлуқот ба зоҳир сокитанд, вале бар тадбири Худоӣ гӯё ва нишонаҳои равшане бар қудрат ва ҳикмати Ӯянд!

Худоё гувоҳӣ медиҳам он кас, ки туро ба аъзои гуногуни падидаҳо ва мафосиди ба ҳам пайваста, ки ба фармони ҳакимонаи ту дар лобалои азулот падид омада, ташбеҳ мекунад ҳаргиз дар жарфои замири худ туро нашинохта ва қалби ӯ бо яқин унс нагирифтааст ва намедонад, ки ҳаргиз барои ту ҳамонанде нест ва  гӯё безории пайравони гумроҳ аз раҳбарони фосиди худро нашунидаанд, ки мегӯянд: Ба Худо савганд мо дар гумроҳии ошкор будем, ки шуморо бо Худои ҷаҳониён мусовӣ пиндоштем.

Дуруғ гуфтанд мушрикон, ки туро бо бутҳои худ ҳамонанд пиндоштанд ва бо ваҳм ва хаёли худ гуфтанд, пайкари чун бутҳои моро дорад ва бо пиндори нодуруст туро таҷзия карданд ва ба аъзои гуногуни махлуқот туро ташбеҳ карданд. Худоё гувоҳӣ медиҳам онҳое, ки туро бо чизе аз офаридаҳои ту баробар шуморанд, аз ту рӯй бартофтаанд ва он ки аз ту рӯйгардон шавад, бар асоси оёти муҳками Қуръон ва гувоҳии бурҳонҳои равшани ту кофир аст. Ту ҳамон Худои номаҳдуде ҳастӣ, ки дар андешаҳо нағунҷӣ, то чигунагии зоти туро дарк кунанд  ва дар хаёл ва ваҳм наёӣ, то туро маҳдуд ва дорои ҳолати гунонгун пиндоранд.

Он чиро офарид бо андозагирии дақиқе устувор кард ва бо лутфу меҳрубонӣ назмашон дод ва ба хубӣ тадбир кард. Ҳар падидаро барои ҳамон ҷиҳат, ки офарида шуд, ба ҳаракат даровард, чунон, ки на аз ҳадду марзи хеш таҷовуз намояд ва на дар расидан ба мароҳили рушди худ кӯтоҳӣ кунад ва ин ҳаракати ҳисобшударо бедушворӣ ба сомон расонад, то бар асоси иродаи  Ӯ зиндагӣ кунад. Пас чигуна мумкин аст сарпечӣ кунад, ки ҳамаи мавҷудот аз иродаи Ӯ сарчашма мегирад?

Худое, ки падид оварандаи мавҷудоти гуногун аст, бидуни эҳтиёҷ ва андеша ва фикре, ки ба он рӯй оварад ё ғаризае, ки дар дарун пинҳон дошта бошад ва бетаҷриба аз ҳаводиси гуазашта ва бешарике, ки дар эҷоди умури шигифтангез ёриаш кунад, мавҷудотро офарид, пас офариниш комил гашт ва ба ибодат ва итоат пардохтанд. Даъвати Ӯро пазируфтанд ва дар баробари фармони илоҳӣ сустӣ ва даранг накарданд ва дар иҷрои фармони илоҳӣ таваққуф напазируфтанд. Пас каҷиҳои ҳар чизеро рост ва марзҳои ҳар якро равшан сохт ва бо қудрати Худоӣ, байни ашёи зидди ҳам ҳамоҳангӣ эҷод кард ва васоили иртиботи онҳоро фароҳам сохт ва мавҷудотро аз назари ҳудуд, андоза, ғароиз, шаклҳо, қолабҳо ва ҳайатҳои гуногун тақсим ва устувор фармуд ва бо ҳикмат ва тадбири хеш ҳар якро ба сириште, ки худ хост даровард.”[1] . Наҳҷулбалоға, хутбаи 91.

 


 

Охирин матолиб

Бо баҳори дилҳо (3)

  Чаро Қуръонро «Каломуллоҳ» номидаанд? Аз он ҷо, ки Қуръони Карим маҷмӯаи суханони Худованд аст, ки фариштаи ваҳй ҳазрати Ҷабраил (а) барои ҳазрати Муҳаммад (с)...

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз: